|
youtaj

Шаклҳои ташкилию хуқуқии сохибкорӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-05

Дар байни донишмандон ва мутафаккирони соҳаи бизнес ҳамдигарфаҳмӣ на фақат оиди моҳият, сабаб, балки доираю ҳавза ва шаклу намудҳои ташкили соҳибкорӣ дида намешавад.
Таҷрибаи кунунии мамлакатҳои Ғарб нишон медиҳад, ки доираи амалиёт ва истифодаи бизнес (соҳибкорӣ) ҳадду ҳудуд надорад. Он дар ҳавзаҳои гуногуни ҳоҷагии халқ, бо тазоду сифатҳои ҳосаи худ эҳё гашта, ривоҷу равнақ меёбад. Бешубҳа раванди ташаккулу таҳаввули он таҳти омилҳои гуногуни таърихӣ, ҷуғрофӣ, демографӣ, табиӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва бурунмарзӣ ҳархела анҷом меёбад.
Ин сирати зоҳирӣ:
1) вобаста ба шаклу намудҳои моликият, ба сармоя, яъне шаклу намудҳои фирма дар низомҳои гуногуни иқтисодӣ;
2) ҳолат ва вазъи ташкили истеҳсолот, технология, пешрафти илму техника, иттилоот дар фирма;
3) нерўи истеҳсолӣ ва тарзу услуби ташкили он аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун: сармоя ва захираҳои худӣ, сармоя, қарз, ҷалб кардани захираҳои худӣ, сармояи қарз, ҷалб кардани захираҳои бегона;
4) тарзи истифодаи коргари кироя: худӣ, ҷалбкардашуда, аз ҳориҷ омада, доимӣ ва муваққатӣ коркунанда;
5) тарзу услуб, яъне «технология»-и дар амал истифода гардидани бизнес: соҳибкор ҳамчун тавлидгар, ҳамчун фурўшанда ё худ миёнарав;
6) ташкили шакл ва намудҳои соҳибкорӣ ва принсипҳои тадбиқи он: мустақил ё тобеъ будани соҳибкор, ҳамшарик ё якҷоя амалиёт гузаронидани он бо дигар соҳибкорон;
7) омилҳои айнӣ: манфиат ва ангезаи шахсӣ, касбу кор(их-тисос)-и соҳибкор, қобилияти фикрӣ ва ақлии он;
8) омилҳои субъективӣ: ҳавзаи тадбиқи фаъолият, ҳолати дороӣ (воситаҳои пулӣ, молӣ, молиявӣ, сарват), эътимоднокию эътибори фирма, қобилияти харидории омма, ҳаҷми бозор ва ғайра сурат мегирад.
Аз боиси гуногуншаклӣ ва шароитҳои ҳархелаи ташаккул фаъолияти соҳибкорӣ (бизнес) тибқи меъёрҳои гуногун:
— шакли моликият ба сармоя;
— шакли ташкили истеҳсолот, тақсими меҳнат, тахсис, кооператсия, комбинаткунонӣ;
— нерў (потенсиал)-и истеҳсолӣ — техникӣ, технологӣ, автоматизатсия, компютерикунонӣ...;
— тарзу услуби истифода, яъне ҷалб намудани нерўи коргарӣ;
— ҳавзаи шуғл, дар соҳаи истеҳсолот, тақсимот, мубодила, миёнаравӣ ва ғайра;
— тарзу услуби ташкили кор — алоҳида, оила, гурўҳ, коллектив ва ғайра;
— ҷалб намудани захираҳои иқтисодӣ — худӣ, бегона, қарзги-рифташуда...;
— дараҷаи тамаркази истеҳсолот (хурд, миёна, калон);
— истифодаи равандҳои такрористеҳсол (истеҳсолот, тақсим, мубодила, истеъмол) ва ғайра муайян карда мешавад.
Аз ин лиҳоз дар адабиётҳои муосири иқтисодӣ шакл ва намудҳои гуногуну мухталифи он тавсиф карда мешавад.
Асосан, таҳти шакли соҳибкорӣ маҷмўи меъёр ва низоми нормаҳои ҳуқуқӣ оиди ташкили фаъолияти соҳибкорӣ (бизнес) дар доираи худи фирма, байни фирмаҳо ва субъектҳои дигари иқтисодӣ ва байни корҳонаю ташкилотҳои гуногуни давлатӣ, ки раванди рушду нумўи иқтисод ва дараҷаи беҳбудии оммаро таъмин карда тавонад фаҳмида мешавад.
Асосан чунин шаклҳои соҳибкориро фарқ мекунанд:
— соҳибкории инфиродӣ;
— соҳибкории коллективӣ (бизнеси оилавӣ);
— ҷамъият ва ширкатҳои ҳоҷагӣ — иттиҳод, ассотсиатсия, картел, синдикат, трест, консернҳо, консорсиумҳо, корпоратси-яҳо, ширкатҳои рафиқона, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ;
— кооперативҳои истеҳсолӣ;
— соҳибкории давлатӣ (корҳонаҳои давлатӣ) ва ғайридавла-тӣ;
— ширкатҳои дорои масъулияти комил;
— ширкатҳои дорои масъулияти маҳдуд, ки дар доираи онҳо соҳибкорӣ дар ҳавзаи истеҳсолот, тиҷорат, молия, суғўрта, миёнаравӣ ва ғайра арзи вуҷуд мекунад.
Дар китобҳои дарсӣ ва масоилҳои таълимию методӣ соҳиб-кориро бештар аз нуқтаи назари моликият ва ҳаҷми он, яъне дараҷаи тамаркази истеҳсолот тавсиф медиҳанд. Дар асоси моликият фаъолияти соҳибкорӣ ба соҳибкории инфиродӣ (хусусӣ), рафиқона (шарикона), корпоратсияҳо (ширкатҳои саҳҳомӣ) ва дар мояи тамаркази истеҳсолот бошад, онро дар доираи корҳонаҳои хурд, миёна, калон таҳлил менамоянд.

Дидан карданд: 3044

Мавзӯъҳои монанд:

МОҲИЯТ ВА ШАКЛҲОИ СОҲИБКОРӢ

Шаклҳои ташкилию хуқуқии сохибкорӣ

Ширкатҳои дорои масъулияти махдуд (ШДММ)

Таъминот бо захираҳо

Омилҳои муайянкунандаи амалиётҳои фаъолияти сохибкори

Муҳити берунаи сохибкорӣ. Бозор – мухити мавҷудияти сохибкорон

Мохияти мухити сохибкори, озодии иқтисоди – унсури пешбарандаи мухити сохибкори

Фаъолияти сохибкори дар бозорҳои қоғазҳои қимматнок ва хизматрасониҳои бонки.

Таснифоти сохибкори. Шаклҳо ва намудҳои сохибкори

Вазифаҳои сохибкори

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: