|

Ширкатҳои дорои масъулияти махдуд (ШДММ)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-05

Ширкатҳои дорои масъулияти махдуд (ШДММ). Онҳо дар шакли ҷамъият (ширкат) таъсис дода шуда, сармояи уставиашон ба ҳиссаҳои муайян тақсим карда мешаванд. Иштирокчиёни он барои ўҳдадориҳои ширкат ҷавобгар нестанд. Онҳо мувофиқи маблағҳои саҳмгузоштаи худ, барои подош кардани таваккалии масраф ва зарари он ҷавобгарӣ ҳис мекунанд. Ҳадду ҳудуди аъзогӣ дар ширкат маҳдуд мебошад. Тибқи қоидаҳои қабулгар-дида аъзоёни ШДММ набояд аз як ё худ якчанд нафар зиёд бошанд. Дар аснои зиёд гардидани аъзоёни ширкат он ногузир ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ табдил ҳоҳад ёфт.
Фонди уставии ширкат аз ҳисоби аъзоҳаққии (50% маблағ ҳангоми дохилшавӣ ва 50% боқимонда дар давоми сол пардохта мешавад) аъзоёни ширкат ташкил карда мешавад.
Органи роҳбарикунандаи олии ширкатро маҷлиси умумӣ ташкил медиҳад. Ба зиммаи он масъалаҳои асосӣ — қабул ва тағ-йир додани устави ширкат, ҳаҷми сармояи уставӣ, ташкил додани узвиятҳои роҳбарикунандаи ширкат, таҳсиси ҳисоботҳои солона, азнавсозӣ ё худ маҳв сохтани корҳона вогузошта мешавад.
Яке аз шаклҳои табдилёфтаи ШДММ — ҷамъияти (ширкати) дорои масъулияти илова (изофа) мебошад. Фарқияти ин ширкат нисбат ба ШДММ дар он аст, ки аъзоёни ширкат ҳама дар якҷоягӣ ва боякоҳангӣ масоилҳои умдаи ширкатро ҳаллу фасл мекунанд.

Дидан карданд: 1876

Мавзӯъҳои монанд:

МОҲИЯТ ВА ШАКЛҲОИ СОҲИБКОРӢ

Шаклҳои ташкилию хуқуқии сохибкорӣ

Ширкатҳои дорои масъулияти махдуд (ШДММ)

Таъминот бо захираҳо

Омилҳои муайянкунандаи амалиётҳои фаъолияти сохибкори

Муҳити берунаи сохибкорӣ. Бозор – мухити мавҷудияти сохибкорон

Мохияти мухити сохибкори, озодии иқтисоди – унсури пешбарандаи мухити сохибкори

Фаъолияти сохибкори дар бозорҳои қоғазҳои қимматнок ва хизматрасониҳои бонки.

Таснифоти сохибкори. Шаклҳо ва намудҳои сохибкори

Вазифаҳои сохибкори

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: