|

Омилҳои муайянкунандаи амалиётҳои фаъолияти сохибкори

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-05

Фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун маҷмўи амалиётҳои соҳибко-рон оиди ба сомон расонидани корҳои пешбиникардашуда, яъне аз гузориши маблағҳои ибтидоӣ сар карда, то ба даст овардани фоида — ҳамчун ҳадафи ниҳоии фирма сурат мегирад. Ин давраи фаъолият дар адабиёти иқтисодӣ ҳамчун «бизнес — оператсия» (амалиётҳои корчаллонӣ) маънидод карда мешавад. Дар амалияи ҳоҷагидорӣ он ҳамчун муомилаи байни як ё якчанд субъект-ҳои иқтисодӣ (соҳибкорон) сурат мегирад.
Муайян кардани амалиётҳои ҷудогонаи бизнес имкон меди-ҳад, ки ҳар як соҳибкор тавонад оғозу охири корро муайян намояд, ҳисобу китобро оиди захираҳои иқтисодӣ (сармоя, меҳнат) ва натиҷаи ниҳоии истеҳсолот аниқ кунад. Одатан, тадбиқи ин вазифа бо воситаи паи ҳам ё худ мунтазаму мутаносибан ҳал кардани амалиётҳои пешбинишуда анҷом дода мешавад.
Дар адабиётҳои кунунии иқтисодӣ чунин омилҳои муайянкунандаи амалиётҳои фаъолияти соҳибкорӣ нишон дода мешаванд (4, 542-548):
— эҳёи ғоя (идея) ва пухтагии ният ва мақсад оиди оғози кор;
— банақшагирию бастани қарордодҳо (контрактҳо);
— таъминот бо захираҳо;
— тавлид ва фурўши молҳо.
Ғоя — ҳамчун нақшаи ибтидоии андеша оиди эҳё ва бунёд кардани фаъолият, муайян кардани самтҳои асосии соҳибкорӣ, густариши он ё худ дигар кардани ният ва ғайра сурат мегирад.
Баъд аз пайдо шудани нияту орзуҳои нек оиди ташкили шакл ва намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ марҳалаи дигар — муайян кардани сарчашма ва омилҳои ташаккули он, захираҳое, ки аз он маҳсулот истеҳсол карда ҳоҳад шуд, қобилият ва иқтидори корҳона, миқдори маҳсулоти истеҳсол кардашаванда, воситаҳои моддию молиявии худи соҳибкор, мўҳлати истеҳсол, фурўш, ҳаҷми фоидаи ба даст овардашаванда ва дигар масъалаҳо оғоз ва давом дода мешавад.
Баъд аз оғоз ва пухтагии нияту андешаҳо марҳалаи дуввум — тарҳрезии амалиётҳои соҳибкорӣ ба сомон мерасад. Дар ин мар-ҳала бо таври мушаххас роҳҳои ҳалли вазифа, муқоисаи мақсади ибтидоию интиҳоӣ, миқдори воқеии омилҳои истеҳсолот, восита ва тарзи дар амал тадбиқ гардонии ғояҳои қабулшуда, ҳалли масоили кам кардани хароҷот, меъёри даромаду фоида ва ғайра ташхис карда мешавад. Тарҳрезии комили шакл ва намуди со-ҳибкорӣ бо воситаи бизнес-план (нақшаи бизнес) ва бизнес-проект (лоиҳаи бизнес) ба роҳ монда мешавад.
Фаъолияти соҳибкорӣ бидуни равобити мутақобила бо дигар ашҳосони ҳуқуқӣ имконнопазир мебошад. Ин алоқамандӣ бо воситаи қарордодҳо мустаҳкам карда мешавад. Ҳар як соҳиб-кор бо молики захираҳо (сармоя, меҳнат, замин), бо харидорон, таъминотгарони унсурҳои маҳсулоти ниҳоӣ, бо иҷорадиҳанда-гону қарздиҳандагон ва ғайра шартномаҳо мебанданд. Шартнома бо молики қувваи коргарӣ, коргарони кироя, менеҷерон, роҳбарони кироя ва дигарон низ баста мешавад.
Дар асоси қарордодҳо соҳибкор имконият пайдо мекунад, ки фаъолияти худро бо барномагузориҳои нақшавӣ муқоиса намояд, вазъи ҳозираю ояндаи корҳонаи худро муайян кунад, нисбат ба талаботҳои қарордод фикру андешаҳои худро баён созад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки байни соҳибкорони инфиродӣ бисёр вақт бо тарзи хаттӣ шартнома баста намешавад. Қарордо-дҳо дар меҳвари боварӣ, қавли соҳибкор сурат мегирад.

Дидан карданд: 1848

Мавзӯъҳои монанд:

МОҲИЯТ ВА ШАКЛҲОИ СОҲИБКОРӢ

Шаклҳои ташкилию хуқуқии сохибкорӣ

Ширкатҳои дорои масъулияти махдуд (ШДММ)

Таъминот бо захираҳо

Омилҳои муайянкунандаи амалиётҳои фаъолияти сохибкори

Муҳити берунаи сохибкорӣ. Бозор – мухити мавҷудияти сохибкорон

Мохияти мухити сохибкори, озодии иқтисоди – унсури пешбарандаи мухити сохибкори

Фаъолияти сохибкори дар бозорҳои қоғазҳои қимматнок ва хизматрасониҳои бонки.

Таснифоти сохибкори. Шаклҳо ва намудҳои сохибкори

Вазифаҳои сохибкори

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: