|

Мохияти мухити сохибкори, озодии иқтисоди – унсури пешбарандаи мухити сохибкори

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-04-29

Соҳибкорӣ бо мавҷудияти омилҳои берунаю дохилии муайян дар мамлакат рушд меёбад. Муҳити соҳибкорӣ гуфта вазъияти мусоиди иҷтимоӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ, шаҳрвандию ҳуқуқиро мефаҳманд, ки озодии иқтисодии соҳибкоронро таъмин менамояд. Муҳити соҳибкорӣ дар асоси тараққӣ ёфтани қувваҳои истеҳсолкунанда, такмилёбии муносибатҳои истеҳсолӣ, фаҳмиши баланди ҷамъиятию давлатӣ, ташаккулёбии бозор ва дигар шароитҳо ташкил мегардад.
Олимони машҳуре, ки ба тадқиқи шароитҳои мусоиди тараққиёти соҳибкорӣ машғуланд, ба он ақидаанд, ки муҳити соҳибкори ҳозиразамон ва аз рўи қонун амалкунанда озодии иқтисодии заруриро бояд таъмин намояд ва боиси тараққӣ ёфтани навовариҳои ташкилию ҳоҷагидорӣ гардад. Ин ду унсурҳои асосии муҳити соҳибкорӣ дар Сарқонуни мамлакат нишон дода шудаанд. Дар ин бора чунин гуфта шудааст: Ҳар кас ҳуқуқи истифодаи озоди қобилият ва моликияти худро барои фаъолияти соҳибкорӣ дорост, ғайр аз бо қарори суд, ҳеҷ касс аз молияти худ маҳрум намешавад; соҳибӣ, истифодабарӣ ва амрдиҳии замин ва дигар захираҳои табии аз тарафи соҳиби моликият озодона амалӣ мегардад: дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои моликияти давлатӣ, хусусӣ, мунисипалӣ ва ғайра аз тарафи давлат шинохта ва баробар ҳимоя карда мешаванд.
Моҳияти озодии иқтисодӣ аз он иборат аст, ки давлат кафолати пурраи идоракунии иқтисодиётро ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ барои амаликунии фаъолияти соҳибкории қонунӣ медиҳад. Озодии иқтисодӣ онро мефаҳмонад, ки ба ҳамаи шаҳрвандон кафолати имконияти истифодаи пурраи қобилиятҳои худ, сифатҳои шахсии худ, моликият барои амаликунии фаъолияти иқтисодии фаъол дода мешавад. Дар алоқаманди бо ин татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки ҳолати монополии субъектҳои ҳоҷагидории алоҳида ва рақобати носолимро маън месозанд, аҳамияти калон доранд.
Аҳамияти калон барои таъмини озодии иқтисодӣ ва рушди соҳибкорӣ ин дар амал татбиқ намудани низомномаи сарқонуни мамлакат мебошад, ки дар он навишта шудааст:
1. Ҳуқуқи моликияти хусусӣ аз тарафи қонун ҳимоя карда мешавад.
2. Ҳар кас ҳуқуқи молик шудан ба амвол соҳиби кардан, истифода ва идоракунии
амволашро дорад.
3. Ҳуқуқи меросгузорӣ кафолат дода мешавад.
Классикони назарияи иқтисодӣ проблемаи барқароршавии муҳити соҳибкориро тадқиқ намуда, озодии иқтисодиро ҳамчун шарти муҳими соҳибкорӣ нишон доданд. Онҳо чун қоида зидди даҳолати давлатӣ ба фаъолияти ҳоҷагидории соҳибкорон дар бозори дохила буда, тарафдори аз тарафи давлат батанзимдарории фаъолияти беруна – иқтисодии соҳибкорон мебошанд.
Таърихи тараққиёти иқтисодиётҳои ҳозиразамон дар мамлакатҳои тараққикардаи ғарб ин таҷрибаи рушди соҳибкории озод мебошад. Дар мамлакатҳои ғарб соҳибкорон (ширкатҳо, иттиҳодияҳо) субъектҳои асосии пешбарандаи иқтисоди бозорӣ ба шумор рафта, дар асоси амалкунии қонунҳои иқтисодӣ ва озодии интиҳоби бозорҳои омилҳои истеҳсолот, озодии истеъмолот тараққӣ меёбанд. Рафтори озоди соҳибкорон бо аз тарафи давлат ҳимоя гардидани амволи онҳо, кафолат додани мавҷудияти ҳамаи намудҳои моликият ба ҳамаи омилҳои истеҳсолот, аз он ҷумла ҷоннок мегардад.
Ислоҳотчии машҳури иқтисодиёти ФРГ Людвиг Эрхард дар китоби худ «Некўаҳволӣ барои ҳама» навиштааст»: … давлат, аз он ҷумла вазири ҳоҷагӣ дар айни замон алоҳида муроҷиат намекунад, ба соҳибкорони алоҳида фармон намедиҳад… вай аз қарордодҳо, иҷозатномаҳо озод гардидааст. Давлат аз рўи шарти зерин амал мекунад: соҳибкор ҳамчун коргар, шаҳрванди дилҳоҳ дар давлат, бояд ки дар соҳаи фаъолияти шахсияш озод бошад».
Мустақилият ва озодии иқтисодии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ин беназоратии онҳоро нишон намедиҳад. Аз тарафи давлат – чораҳои батанзимдарории фаъолияти соҳибкорӣ андешида мешаванд, ки мувофиқи он масъулияти соҳибкорон аз назари ҳуқуқи муайян мегарданд. Яъне озодии иқтисодӣ як ҳудуди муайяни худро дорад. Ҳангоми муайянсозии ин ҳудудҳо принсипи зерин бояд асосӣ бошад: Соҳибкорӣ дар асоси қарори қабулкардаи мустақили субъекти он дар доираи қонун бояд рушд ёбад ва давлат набояд ба ҳаёти мушахаси кори соҳибкор даҳолат намояд. Агар дар мамлакат шумораи андозҳо ва фоизҳои баланди онҳо ё ин ки нақши иҷозатномадиҳии соҳибкорӣ баланд бошад, ин нишонаи набудани озодии иқтисодӣ ва мустақилият мебошад.

Дидан карданд: 1979

Мавзӯъҳои монанд:

МОҲИЯТ ВА ШАКЛҲОИ СОҲИБКОРӢ

Шаклҳои ташкилию хуқуқии сохибкорӣ

Ширкатҳои дорои масъулияти махдуд (ШДММ)

Таъминот бо захираҳо

Омилҳои муайянкунандаи амалиётҳои фаъолияти сохибкори

Муҳити берунаи сохибкорӣ. Бозор – мухити мавҷудияти сохибкорон

Мохияти мухити сохибкори, озодии иқтисоди – унсури пешбарандаи мухити сохибкори

Фаъолияти сохибкори дар бозорҳои қоғазҳои қимматнок ва хизматрасониҳои бонки.

Таснифоти сохибкори. Шаклҳо ва намудҳои сохибкори

Вазифаҳои сохибкори

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: