|

Фаъолияти сохибкори дар бозорҳои қоғазҳои қимматнок ва хизматрасониҳои бонки.

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-04-29

Дар бозори қоғазҳои қиматнок намудҳои зерини фаҳолиятҳои касбӣ амал мекунанд: брокерӣ, дилерӣ, фаъолият оиди идораи қоғазҳои қимматнок, фаъолият оиди муайянкунии ўҳдадориҳои мутақобила (фаъолияти клирингӣ), фаъолияти депозиторӣ, фаъолият оиди ташкили савдо дар бозори қоғазҳои қиматнок.
Фаъолияти брокерӣ ин амалишавии савдоҳои шаҳрвандию ҳуқуқии қоғазҳои қиматнокро дар бар мегирад. Иштирокчии касбии бозори қоғазҳои қиматнок, ки ба фаъолияти брокерӣ машғул аст, брокер ном дорад ва аз мизоҷон супориш гирифта онҳоро бовиҷдона бояд иҷро намояд.
Фаъолияти дилерӣ ин амалишавии хариду фурўши қоғазҳои қиматнок аз номи худ ва аз ҳисоби худ бо роҳи эълонкунии нархҳои хариду фурўш бо мақсади ташкили хариду фурўши онҳо ба дигаронро дар бар мегирад. Дилерҳо фақат ташкилотҳои тиҷоратӣ шуда метавонанд.
Фаъолият оиди идоракунии қоғазҳои қиматнок ин ҳавасмандгардонии шахси ҳуқуқӣ ё ин ки соҳибкории инфиродиро оиди идораи хуби қоғазҳои қиматнок, воситаҳои пулиро дар бар мегирад.
Фаъолияти клирингӣ ин фаъолияте мебошад, ки ўҳдадориҳои мутақобилаи байни иштирокчиёни бозори қоғазҳои қиматнокро муайян месозад. Ба ин ўҳдадориҳои ҷамъкунию тафтиши иттилоот оиди баргузории савдои қоғазҳои қиматнок ва тайёр намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ дохил мекунанд.
Фаъолияти депозиторӣ ин фаъолиятро оиди нигоҳдории сертификатҳои қоғазҳои қиматнок ва баҳисобгирии ҳуқуқи соҳиби ба қоғазҳои қиматнокро дар бар мегирад.
Фаъолият оиди ташкили савдо дар бозори қоғазҳои қиматнок ин пешниҳоди хизматҳоро оиди баргузории бевоситаи савдоҳои ҳуқуқию шаҳрвандӣ дар байни иштирокчиёни бозори қоғазҳои қиматнокро дар бар мегирад. Биржаи фондӣ фақат ташкилотчии савдо дар бозори қоғазҳои қиматнок шуда метавонад.
Фаъолияти соҳибкориро дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ танҳо ҳамон ташкилотҳои кредитӣ мебаранд, ки иҷозатномаи Боки Миллии Тоҷикистонро доранд. Ин ташкилотҳо ҳуқуқи амаликунии амалиётҳои зерини бонкиро доранд:
1)Ҷалб намудани воситаҳои пули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои амонат (пасандоз).
2)Ҷобаҷогузории воситаҳои дар боло зикршударо аз номи худ ва аз ҳисоби худ.
3)Кушодани суратҳисобҳои бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
4)Бурдани ҳисоботҳо аз рўи супориши шахсони воқеию ҳуқуқӣ.
5)Инкасатсия – ин мувофиқи супориши муштариён аз ташкилотҳои қарздор ба суратҳисоби соҳибони маблағ гузаронидани воситаҳои пулӣ, векселҳо мебошад.
6)Хариду фурўши асъори ҳориҷӣ дар шаклҳои нақдию ғайринақдӣ.
7)Ҷалбкунии металҳои қиматнок барои пасандоз.
8)Додани кафолатҳои бонкӣ.
9)Амаликунии интиқоли маблағҳои пулӣ бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ.
Мувофиқи қонунгузорӣ ба ташкилотҳои кредитӣ машғулшавӣ ба истеҳсол, савдо ва фаъолияти суғуртавӣ маън аст.
Фаъолияти суғуртавӣ
Яке аз намудҳои муҳими соҳибкорӣ ин фаъолияти махсусгардонидашудаи суғуртавӣ мебошад. Ташкилотҳои суғуртавӣ мувофиқи қонунгузорӣ шартномавӣ кафолатро оиди ҷуброни зарарҳо ҳангоми хавфи нобудшавии амвол, саломатӣ, ҳаёт ва дигар намудҳои талафот ба суғурташудагон медиҳад. Ширкатҳои суғуртавӣ ҳангоми бастани шарномаҳо ҳаққи хизматрасонияшонро мегиранд. Ин намуди соҳибкорӣ бисёр ҳам хавфнок аст. Фаъолияти суғуртавӣ дар асоси шартномаи байни ташкилоти суғуртавӣ ва шаҳрванд ё ин ки шахси ҳуқуқӣ амалӣ мешавад. Мувофиқи шартнома манфиатҳои амволии зерин суғурта карда мешаванд:
1) Хавфи нобудшавии амвол.
2) Хавфи масъулияти шаҳрвандӣ – ин ҳангоми зарар дидани ҳаётӣ ё ин ки саломатии
одамон.
3)Хавфи зарарҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ бо сабабҳои аз соҳибкорон

Дидан карданд: 1985

Мавзӯъҳои монанд:

МОҲИЯТ ВА ШАКЛҲОИ СОҲИБКОРӢ

Шаклҳои ташкилию хуқуқии сохибкорӣ

Ширкатҳои дорои масъулияти махдуд (ШДММ)

Таъминот бо захираҳо

Омилҳои муайянкунандаи амалиётҳои фаъолияти сохибкори

Муҳити берунаи сохибкорӣ. Бозор – мухити мавҷудияти сохибкорон

Мохияти мухити сохибкори, озодии иқтисоди – унсури пешбарандаи мухити сохибкори

Фаъолияти сохибкори дар бозорҳои қоғазҳои қимматнок ва хизматрасониҳои бонки.

Таснифоти сохибкори. Шаклҳо ва намудҳои сохибкори

Вазифаҳои сохибкори

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: