|

Таснифоти сохибкори. Шаклҳо ва намудҳои сохибкори

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-04-29

Фаъолияти соҳибкориро аз рўи аломатҳои зерин тасниф мекунанд: шакли моликият, қонунӣ будан, фарогирии масоҳат, тақсим шудан ба минтақаҳои гуногун, ҳайати ташкилкунандагон, шумораи кормандон ва дараҷаи фоиданокӣ, дараҷаи истифодаи навовариҳо.
Соҳибкорӣ аз рўи шакли моликият дар иқтисоди бозорӣ ба намудҳои хусусӣ ва давлатӣ ҷудо мешаванд. Моликияти хусусӣ дар шаклҳои инфиродӣ ва коллективӣ (шарикӣ) амал мекунанд. Моликияти давлатӣ бошад дар шаклҳои ҷумҳуриявию мунисипалӣ амал мекунанд.
Аз рўи аломати қонунӣ будани соҳибкорӣ он ба соҳибкориҳои қонунӣ, ғайриқонунӣ ва соҳибкории фиребдиҳанда ҷудо мешавад.
Соҳибкории ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад, агар он ба қайд гирифта нашуда бошад ё ин ки иҷозатномаи махсус надошта бошад ё ин ки ин фаъолият боиси зарари калон дидани шаҳрвандон гардад.
Соҳибкории фиребдиҳанда ин вақте, ки ба фаъолияти ҳаннотӣ соҳибкорон машғул мешаванд ё ин ки аз супоридани андоз пинҳон мешаванд. Барои ташкили соҳибкории ғайриқонунӣ масъулияти ҷиноӣ гузошта шудааст.
Вобаста ба тақсимоти фаъолият ба масоҳатҳои гуногун соҳибкорӣ мешаванд: маҳаллӣ, минтақавӣ, миллӣ, байналхалқӣ ва ҷаҳонӣ.
Вобаста ба ҳайати ташкилкунандагон соҳибкорӣ ба намудҳои занона ва ҷавонӣ ҷудо мешаванд.
Аз нуқтаи назари суръати тараққиёт ташкилотҳои соҳибкориро ба тезрушдкунанда, сусттараққикунанда фоиданок ва камсамар ҷудо мекунанд.
Аз нуқтаи назари истифодаи навовариҳо соҳибкорӣ мешаванд: ҷустуҷўӣ – эҷодӣ, маҳсулнок, ғайримаҳсулнок ….
Вобаста ба шумораи иштирокчиён соҳибкорӣ ба намудҳои инфиродӣ ва коллективӣ ҷудо мешаванд.
Аз рўи шумораи умумии коргарон соҳибкории хурд муайян мегардад. Агар дар ташкили ташкилоти соҳибкорӣ шаҳрвандони ҳориҷӣ иштирок карда бошанд, онро ширкати муштарак меноманд.
Соҳибкорӣ аз рўи самти фаъолият ва объекти сармоягузорӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:
— Соҳибкории истеҳсолӣ. Ин раванди истеҳсоли молҳои мушахас, иҷроиши корҳо ва хизматрасониҳоро дар бар мегирад. Ин намуди соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ амал мекунанд, бинобар ин ба намудҳои саноатӣ, сохтмонӣ, кишоварзӣ ва ғайра ҷудо мешаванд.
— Соҳибкории тиҷоратӣ. Ин номгўи соҳибкорӣ ба хариду фурўши молҳо нигаронида шудааст. Барои рушди ин намуди соҳибкорӣ ду шарти асосӣ бояд мавҷуд бошад: талаботи устувор ба молҳои фурўхташаванда бошад ва аз истеҳсолкунанда бо нархҳои паст гирифтани маҳсулот мумкин бошад.
— Соҳибкории молиявӣ – қарзӣ. Ин намуди фаъолият бо қоғазҳои қимматнок сару кор дорад. Барои ташкили соҳибкории молиявӣ – қарздиҳӣ ташкилотҳои зерин созмон дода мешаванд: бонкҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои молиявӣ – қарзӣ, биржаҳои фондию асъорӣ.
Мафҳуми хизматрасонии молиявӣ ба истифодаи маблағҳои пулии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, суғуртавӣ, бастани шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) алоқаманд аст.
Фаъолияти соҳибкории молиявӣ дар бозорҳои зерин амал менамоянд:
— дар бозори қоғазҳои қимматнок;
— дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ;
— дар бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ;
— дар бозори дигари хизматрасониҳои молиявӣ.

Дидан карданд: 5173

Мавзӯъҳои монанд:

МОҲИЯТ ВА ШАКЛҲОИ СОҲИБКОРӢ

Шаклҳои ташкилию хуқуқии сохибкорӣ

Ширкатҳои дорои масъулияти махдуд (ШДММ)

Таъминот бо захираҳо

Омилҳои муайянкунандаи амалиётҳои фаъолияти сохибкори

Муҳити берунаи сохибкорӣ. Бозор – мухити мавҷудияти сохибкорон

Мохияти мухити сохибкори, озодии иқтисоди – унсури пешбарандаи мухити сохибкори

Фаъолияти сохибкори дар бозорҳои қоғазҳои қимматнок ва хизматрасониҳои бонки.

Таснифоти сохибкори. Шаклҳо ва намудҳои сохибкори

Вазифаҳои сохибкори

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: abdujaborov.mehrojiddin@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2019-09-21

сохибкории машварати дар инчо кайд шудааст?


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: