Дата: 2016-04-29
Дар мамлакатҳои тараққиқардаи иқтисоди бозорӣ соҳибкорӣ ҳамчун маҷмўи ташкилотҳои соҳибкории якҷояшуда, соҳибкорони инфиродӣ ва иттиҳодияҳои ташкилотҳои соҳибкорӣвазифаҳои зеринро иҷро мекунад: умумииқтисодӣ, эҷодӣ – ҷустуҷўӣ (навоваранда), захиравӣ, иҷтимоӣ, ташкилотчигӣ.
Вазифаи асосии соҳибкорӣ ин вазифаи умумииқтисодӣ мебошад. Субъектҳои асосии бозор ташкилотҳои соҳибкорӣ мебошанд. Фаъолияти соҳибкорӣ ба истеҳсоли молҳо ва ба истеъмолгарони мушахас расонидани онҳо нигаронида шудааст. Харидорони ин моло шаҳрвандон, соҳибкорони дигар, давлат мебошанд. Фаъолияти соҳибкорӣ системаи қонунҳои иқтисодии иқтисоди бозорӣ (талабот ва пешниҳодот, рақобат, арзиш ва ғайра) амал мегардад. Тараққиёти соҳибкорӣ боиси рушди иқтисод, зиёдшавии ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилӣ ва даромади миллӣ мегардад, ки ин вазифаи умумииқисодӣ доштани фаъолияти соҳибкориро нишон медиҳад.
Соҳибкорӣ ҳамчун арзи ҳоҷагидории икқтисодии зиддибюрократӣ дорои хислати эҷодӣ – ҷустуҷўӣ ва навоваранда мебошад. Ин на фақат истифодаи ақидаи нав, балки ёфтани восита ва омилҳои нав барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда мебошад.
Вазифаи муҳими соҳибкорӣ ин вазифаи захиравӣ мебошад. Тараққиёти соҳибкорӣ истифодаи пурсамари захираҳои барқароршаванда ва маҳдуд мебошад. Захира гуфта ҳамаи шароитҳо ва омилҳои материалӣ ва ғайриматериалии истеҳсолотро дар назар доранд. Дар навбати аввла бояд захираҳои меҳнатӣ, замин ва боигариҳои он, ҳамаи воситаҳои истеҳсолот ва комёбиҳои илм, инчунин истеъдоди соҳибкорӣ пурсамар истифода бурда мешавад.
Вазифаи иҷтимоии соҳибкорӣ дар он зоҳир мегардад, ки он шумораи зиёди одамонро ба кор таъмин менамояд. Чӣ қадар, ки соҳибкорӣ хуб фаъолият намояд ба буҷети давлат ҳамон қадар зиёд маблағҳо ворид мешаванд, ки ин барои иҷро намудани барномаҳои иҷтимоии давлат нақши босазо мебозад.
Вазифаи ташкилотчигии соҳибкорӣ дар он зоҳир мегардад, ки соҳибкорон дар бораи ташкили кори худ мустақилона қарор мебароранд. Онҳо метавонанд номгўи маҳсулоти худро зиёд намоянд, соҳибкории дохилиширкатиро ташкил намоянд, сохторҳои мураккаби соҳибкориро ташкил намоянд, стратегияи фаъолияти худро иваз намоянд ва ғайра.
Просмотр: 3665
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved