|

Мохият ва вазифаҳои нарх

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-04-29

Дар ҳаёти воқеии инсон нарх ва фаҳмиши он ба як чизи содда ва муқаррарӣ табдил ёфтааст. Аз кўдаки хурдсол то одамони синну соли гуногун онро бо мавриду бе маврид талаффуз менамоянд.
Дар олами бозори муосир ягон чиз бидуни нарх хариду фурўш карда намешавад. Ҳар як неъмат, молу маҳсулот, хадамот ва миллион раванду ҳодисаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҳоҳ дар доираи ҳоҷагидории инфиродӣ ва ҳоҳ ҳоҷагии ҷаҳонӣ бошад, ба доираи нуфус ва таъсири нарху нархгузорӣ кашида мешавад.
Нарх яке аз омилҳои муҳимтарини иқтисоди бозорӣ буда, ҳамчун манобеъи асосии таъмини маълумот барои қабул намудани чораҳои таъхирнопазири идора хизмат мекунад.
Нарх ҳамчун фишанги асосии танзими фаъолияти бисёрҷан-баи ҳоҷагидории фирма, тарҳрезию идоракунӣ, тавлиду фурўш, тиҷорату молия ва мустаҳкамгардонии робитаҳои ҳамдигарию бурунмарзӣ баромад мекунад.
Нарх гарчанде дар назар содда намояд, ҳам он дорои сеҳру муаммоҳои беинтиҳо мебошад. Аз ин ҷо мутафаккирон таи қар-нҳои зиёд барои кушодани ин сирру асрори нарх кўшишҳои зиёде ба харҷ додаанд.
Намоёнтарин ашҳосоне, ки бо таври илмӣ ба ин масъала шуғл варзидаанд — классикони «иқтисоди сиёсӣ» (А. Смит, Д. Ри-кардо, К. Маркс) буданд. Онҳо якўмин шуда, назарияи хароҷо-тии нархро тавсиф намудаанд.
Чи тавре маълум аст, нарх ҳамчун ифодаи пулии арзиш (ё худ қиммат)-и мол баромад мекунад. Арзиш, меҳнати дар мол таҷассумёфтаи молистеҳсолкунанда мебошад. Нарх дар ин асно тибқи хароҷоти миёнаи корҳонаҳое, ки ин гурўҳи молҳоро тавлид кардаанд, ташкил карда мешавад.
Аз таърифи марксистии нарх хулоса бар меояд, ки ҷавҳари марказии онро назарияи меҳнатии арзиш ташкил медиҳад.
Аз сабаби соф сирати назариявӣ доштани ҳам арзиш ва ҳам меҳнат ва миқдоран ченнашаванда будани онҳо, нарх ҳам ба муаммоҳои онҳо дучор гардида, аз рўи маҷмўи масрифотҳо ҷамъбаст карда мешавад.
Баробари ин бояд тазаккур дод, ки дар олами иқтисод ва табиат на ҳама чиз маврид ва натиҷаи масрафи меҳнат мебошад (замин, об, сарватҳои табиат, зеризаминӣ). Аз ин нигаҳ қиммати ҳақиқии ин чизҳоро тибқи методологияи марксистӣ муайян кардан аз имкон берун мебошад.
Дар шароити ҳозира оиди ташаккули нарх ду равияро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: а) равияи бозорӣ ва б) равияи тав-лидотӣ (масраф).
Равияи бозорӣ, рафторе дар таҳқиқи нарху нархгузорие мебошад, ки дар мояи омўзиши конъюктураи бозор, тақозо, арза, рақобат ва дигар омилҳову амали механизми бозор сурат мегирад.
Равияи тавлидотӣ, чунон шакли ҳисобу китоби нархмуқар-раркуние дониста мешавад, ки он дар чорчўбаи масрифоти ис-теҳсолӣ (сарфи меҳнати ҷорӣ) ташкил карда мешавад.
Равияи аввал (бозорӣ), равияе мебошад, ки тарафдорони он нархро ҳамчун шакли ифодаи қиммати неъматҳо, ки дар раванди муомилот зуҳур мегардад қадршиносӣ менамояд. Дар ин маъ-нидодкуни ду лаҳза назаррас мебошад:
— лаҳзаи якўм — нарх мустақиман бо қиммат ва манфиатнокии мол ҳамчун объекти истеъмол алоқаманд мебошад;
— лаҳзаи дуввўм — нархи мол ҳамчун моҳияти иқтисодӣ фақат ҳангоми мубодила шудани он ба пул ё худ ба моли дигар зоҳир мегардад. Аз гуфтаҳои боло хулоса бар меояд, ки нарх бидуни мол, хариду фурўш, бозор ва унсурҳои асосии он имконнопазир аст. Нархро танҳо бозор қобилияти муайян кардан дорад.
Равияи дуввўм (тавлидотӣ) равияе мебошад, ки дар асоси таҳлили нархгузорӣ алоқамандии нарх бо омилҳои истеҳсолот (меҳнат) гузошта мешавад. Таҳқиқи он чӣ тавре дар аввал қайд карда гузаштем, аз назарияи меҳнатии арзиш (К. Маркс) ғизо мегирад. «Нарх шакли бо пул ифода ёфтаи арзиш мебошад».
Таи солҳои охир, ки адабиётҳои бешумори иқтисодӣ дастраси мо гардидаанд, маълум мегардад, ки перомуни нарх таъ-рифҳои мухталиф вуҷуд доранд. Дар байни онҳо метавон якеро номбар намуд, ки ба қадри имкон маъқули иқтисоддонон гардидааст. «Нарх баробар аст ба хароҷотҳои истеҳсолкунанда ҷамъи санъати менеҷер»(24, 7).
Муаллифони китобчаи «Стратегияи нархгузорӣ» тавонистанд нархро аз нигаҳи худ чунин тавсиф диҳанд. «Нархи моли мушаххас — ифодаи пулии маҷмўи омилҳои нархро муайянкунанда мебошад, ки дар айни ҳол амал менамоянд». (24, 7).
Моҳияти аслии нарх бо воситаи вазифаҳо(функсияҳо)-и он дарк ва таҳлил карда мешавад. Дар аксарияти фанҳои мушаххаси иқтисодӣ, вобаста бо хислат ва объекти таҳлил вазифаҳои гуногуни нарх пешниҳод карда мешавад. Охирон аз сират ва му-ҳити амал дар ҳавзаҳои гуногуни иқтисод (соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, ғайримоддӣ), сатҳи таҳлил (микро, макро, мезо, мегоиқтисод), хислати соҳа (саноат, нақлиёт, савдо...), тарз ва услуби амалӣ гардондани худи механизми нарх, характери низоми иқтисодӣ (бозорӣ, амрӣ, суннатӣ, мухталат...), тарзи танзиму истифода ва ғайра вобастагӣ дорад.

Новобаста аз гуногуншаклию фаррохии мазмуну мундариҷа метавон чунин вазифаҳои нархро ҷудо кард.

Дидан карданд: 4153

Мавзӯъҳои монанд:

Мохият ва вазифаҳои нарх

ТАРЗУ ХУСУСИЯТҲОИ АСОСИИ НАРХГУЗОРӢ ДАР САНОАТ ВА КИШОВАРЗӢ

ТАРОФАҲОИ ХИДМАТРАСОНИҲОИ АҲОЛӢ ВА ГУМРУК

ИМКОНИЯТҲОИ ИСТИФОДАБАРИИ ТАРОФАҲОИ ХИДМАТРАСОНИҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

ТАВСИФ, МОҲИЯТ ВА НАМУДҲОИ АСОСИИ ХИДМАТРАСОНИХОИ ИСТЕЪМОЛИ

СТРАТЕГИЯҲОИ НАРХГУЗОРИИ БОЗОРГОНӢ

АМАЛ ВА МЕХАНИЗМИ ТАНЗИМИ НАРХ ДАР БОЗОР

МОҲИЯТИ АМАЛИ НАРХҲОИ ИҚТИСОДИ БОЗОРГОНӢ

ТАВСИФ ВА ТАСНИФОТИ СИСТЕМАИ НАРХИ ИҚТИСОДИ БОЗОРГОНӢ

РОҲУ УСЛУБҲОИ НАРХГУЗОРИИ БА ЭЪТИБОРГИРАНДАИ ВАЗЪИ БОЗОР

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: