|

Татқиқотбарии маркетинг ва зарурияти он дар шароити муосир

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-04-29

Дар тадкикотбарии маркетинг мафхуми маълумот ва ахборот чой дорад.
Маълумот – ин факту ракамҳои омории корҳонаю ташкилотҳо мебошад. Мисол: ракамҳои омории корҳона оиди фуруш дар соли 2004 2,600 хазор сомони, соли 2005 – 2,750 хазор сомони; соли 2006 — 3,240 хаз. сомони ташкил намудааст. Ин факат раками ҳоли бе ягон тахлил ва омузиш, ки мо онҳоро маълумот меномем.
Ахборот бошад, омузиш, тахлил, санчиш ва хулосабардории маълумотҳоро меноманд. Мисол: хачми фуруши махсулот дар фабрикаи каннодии ш. Душанбе дар солҳои 2004 – 2006 дар хачми 3,800 хаз. сомони афзуд ва сабаби афзоиши хачми фуруши махсулоти канноди, истифодаи ашёи ҳоми баландсифат борчомаи назаррабо, ки дар натичаи истифодаи техникаи муосир тайёр карда шуда, барои конеъ кардани талаботҳои гуногуни истеъмолгарони бозори дохили равона карда шудааст, мебошад. Ва мо ин гуна тахлилу омузиш ва хулосабардории маълумотҳоро ахборот меномем.
Пеш аз он, ки тадқиқотбарии маркетингро гурўҳбанди намоем, бояд ахборотҳоро ба ду қисм чудо намоем:
1). Ахборотҳои аввалин ё ин ки рўи мизи.
2). Ахборотҳои дувумин ё мавчуда.
Ба ахборотҳои аввалин – ахборҳои беруни, маълумотҳои омори, ба монанди ахборотҳои Кумитаи давлатии омори назди Ҳукумати Чумҳурии Точикистон, ҳисоботҳои Палатаи Савдо, ҳисоботҳои ширкатҳои истеҳсоли, миёнрави, рекламанигари, ташкилотҳои соҳави, бонкҳо, ахборотҳои нашрияви ва ғайраҳо дохил мешаванд, ки ҳар як тадқиқотбарии маркетинг вобаста аз соҳаи тадиқоқтбариаш онҳоро чамъовари намуда, дар дафтари ахборотҳо нигоҳ медорад ва дар мавриди зарури аз онҳо истифода мебарад. Бинобар ин, чунин ахборотҳоро ахборотҳои рўи мизи меноманд.
Ба ахборотҳои дувумин ё мавчуда – хисоботҳои солона, семоҳаю, шашмоҳа, моҳона ва ҳаррузаи корҳонаю ташкилотҳо, оиди фаъолияти иқтисодию иҷтимоиашон дохил мешаванд.
Гуруҳбандии тадқиқотбарии маркетинг аз ду қисмат иборат аст, ки ҳар яки онҳо аз зертадқиқотҳо иборат мебошад.
1). Тадқиқотбари барои муайянкунии масъалаҳо.
2). Тадқиқотбари барои ҳалли масъалаҳо.
Тадқиқотбари барои муайянкуниии масъалаҳо ҳалли чунин масъалаҳоро дар бар мегирад:
___ тадқиқотбарии вазъу иктидори бозор;
___ тадқиқотбарии кисматҳои бозор;
___ тадқиқотбарии тавсифи бозор;
___ тадқиқотбарии фуруши молҳо;
___ тадқиқотбарии пешгуиҳо;
___ тадқиқотбарии самти кори;
Тадқиқотбари барои ҳалли масъалаҳо бошад аз чунин зерқисматҳо иборат аст:
___ тадқиқотбарии таксими бозорҳо ба гуруҳҳои харидорон ё истеъмолгарон (сегментҳо).
___ тадқиқотбарии молҳо;
___ тадқиқотбарии нархҳо;
___ тақиқотбарии ҳаракати молҳо;
___ тадқиқотбарии таксимотҳои молҳо;
___ тадкикотбарии хизматрасони пайваста ба мол;

Дидан карданд: 1581

Мавзӯъҳои монанд:

Принсипҳои маркетинг

Маркетинг ҳамчун назарияи бозории менеҷмент

Моҳият, мазмун ва принсипҳои маркетинг

Тадқиқотҳои маркетинги

Тадқиқи мархилавии бозори байналмиллали

Ошкорсозии муамоҳо ва тасвият додани мақсадҳои маркетинги

Макромухити маркетинги

Татқиқотбарии маркетинг ва зарурияти он дар шароити муосир

Зинаҳои гузаронидани тадкикотбарии маркетинг ва самтҳои асосии он.

Мохият ва мақсади маркетинг

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: