|

Зинаҳои гузаронидани тадкикотбарии маркетинг ва самтҳои асосии он.

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-04-28

Чараёни гузаронидани тадқиқотбарии маркетинги аз якчанд зинаҳои пайдарҳам иборат аст:
Зинаи якум. Ҳалли натичаи тадқиқотбарии маркетинг вобаста аз муайян намудани масъалаи гузошта шуда. (Мисол: дигаргуншавии рафтори харидорон нисбати моли рақибон).
Зинаи дуюм. Тартибдиҳии нақшаи тадқиқотбарии маркетинг, гузоштани мақсад, муайянкунии макон ва усулҳои тадкикотбари. Дар ин чо инчунин ҳудуди тадқиқотбари, технологияи интиҳоби респондентон, яъне чавобдиҳандагони пурсишномаҳо ва миқдори онҳо дар ҳолати гузаронидани пурсишнома ё мушоҳидабари нишон дода мешавад.
Баъд нақша ва технологияи таҳлили ахборотҳои чамъовардашуда коркард карда шуда графики корҳои тадқиқотбари тартиб дода мешавад. Ва дар охир чамъи харочотҳо барои гузаронидани тадқиқотбарии маркетинг ва барои масъалаҳои алоҳидаи харочотҳо бо чудогиаш нишон дода мешавад.
Зинаи сеюм. Аввал чамъоварии ахбортҳои дуюм ва баъд чамъоварии ахборотҳои якум гузаронида мешавад.
Зинаи чорум. Интиҳоби бевоситаи ахбороти дуруст, сифатнок ва тозакунии ахборотҳои нодаркор.
Зинаи панчум. Пуррашавии бонки рақамҳо ва ғуншавии онҳо.
Зинаи шашум. Вақте, ки тавсифу ҳачми ахборотҳо барои ҳалли масъалаҳои дар пеш гузоштаи тадқиқотбарони маркетинг кифоя бошад, он гоҳ онҳоро ба чадвалҳою нақшаҳо (графикҳо) чойгир менамоянд, то ин ки ҳолати истифодабари ва таҳлили он мушаххас ва қулай бошад.
Зинаи хафтум. Коршиносон (экспертон), муттахасисони маркетинг ва менечерон ахборотҳоеро, ки дар натичаи тадқиқотбарии маркетинг дастрас шудаанд, бодиққат аз назар гузаронида, омўхта баъд хулосабардори менамоянд.
Зинаи хаштум. Дар натичаи хулосабардори, пешгўикунии тараққиёти вазъи бозор, эҳтиёчоти истеъмолгарон, самтҳои рақобатнокии фирмаҳо муайян карда шуда, коркарди тавсияҳо барои таъмини оптималии ҳалли масъалаҳои тадқиқотбарии маркетинги бештар ба намуди ҳисобот ва нақша ё дастури маркетинги бозори бароварда мешавад.
Самтҳои асосии тадқиқотбарии маркетингро, бозор, мол, истеъмолгарон, рақибон, нархҳои молҳо, ҳаракати молҳо, алоқаҳои робитави, гуногунсохтории бозори молҳо, муҳити дохили, ташкили савдо ё тичорат, миёнравҳо, нақшаи фаъолияти маркетинги ва худи чараёни банақшагири дар фирмаю ташкилотҳо, хизматрасони, хадамот ва ғайра ташкил медиҳад.
Равияҳои асосие, ки самти муосири тадкикотбарии маркетингро нишон медиханд, асосаназ тадкикотбарии амали ва бунеди иборат аст.
1. Тадкикотбарии амали гуфта, тадкикотбарии аники масъалаҳои амалиро барои чустучуи карори фаъолияти маркетингию корҳонаю ташкилотҳо меноманд. Мисол: муайянкунии вазъи бозор, фахмидани сабабҳои ичро нашудани накшаҳои тактикию стратеги, пасткунии номуайяни дар чараени кабули карори рохбари оиди фаъолияти маркетинги.
2. Тадкикотбарии бунеди ин чунин тадкикотбарии маркетинги мебошад, ки на барои ичрои вазифаҳои аники амали, балки барои васеъ намудани донишҳои умуми равона карда шудааст. Мисол: болоравии сатхи зиндагии мардум шарти васеъшавии доираи фуруши молҳои аз чихати техники мураккаб ба монанди чанггиракҳо, хавотозаккунакҳо, мошинҳои чомашуи, тавдонҳои барки, телевизорҳои замонави, мошинҳои сабукрав ва гайра мебошад. Гайр аз ин даромади миёнамохаи аҳоли хар чи кадар афзоиш ёбад, дар баробари конеъ гардонидани талаботҳои чисмонии онҳо доираи талаботҳои фикронию аклонии онҳо низ васеъ мешаванд. Ин дар навбати худ боиси васеъшавии донишҳои иҷтимои мешавад.
Ҳама гуна тадқиқотбариҳои маркетинги бояд объективи, дақиқ ва пайдарҳам бошанд. Самти муҳим барои маркетологҳо риояи присипҳои зерини тадқиқотбарии маркетинг мебошад:
____ доими – тадқиқотбари бояд доими бошад;
____ даври – тадқиқотбари бояд ҳамаи чабҳаҳои бозор ва тамоми сохтори онро дар зинаҳои чараёни бозор, ба тамоми омилҳо ва алоқамандиашон дар бар мегирад.
____ комплекси – тадқиқотбари ба худ мачмуи корҳо оиди чамъовари, коркард, таҳлили рақамҳоро дар баробари омузиши мавқеъ ва алоқамандии он бо амалиётҳои дигар меомузад, ки рафтори комплексиро мефахмонад.
____ алоқаманди ва ҳаракати мақсаднок – равия, мавқеъ ва қисматҳои гузаронидани тадқиқотбари бояд бо мақсад ва вазифаи фаъолияти иштирокчии бозор алоқамандии зич дошта, талаботи реалии онро дар таҳлили ахбороти мушахас нишон медиҳад;
____ сарчашмаҳҳои зиёди ахборот – истифодаи ахборотҳои зиёд аз сарчашмаҳои гуногун ки тадқиқотбарии маркетингро ҳаматарафа пурра намуда, дар ҳар лаҳза онро аниқ менамояд ва назорат мебарад. Инчунин тадқиқотбариро аз ахборотҳои нодаркор тоза менамояд.
____универсали – тадқиқотбари барои қонеъ гардонидани тамоми талаботҳои ахборотии иштирокчиёни бозор барои қабули қарори оптималии он равона мешавад.
____ илми – тадқиқотбари бояд аниқ, ҳақикқи ва аз чиҳати илми асоснок шуда бошад.
Дар рафти гузаронидани тадқиқотҳои маркетинги асосан бозор, рақибон, истеъмолкунандагон, нархҳо ва иктидори дохилии корҳона тадкик карда мешаванд.
Тадқиқоти бозор – ин самти аз ҳама пахнгардидаи тадқиқотҳои маркетинги мебошад. Вай бо мақсади гирифтани маълумотҳо оиди шароитҳои бозори ва муайянсозии фаъолияти ширкат гузаронида мешавад. Аксарият муттахасисон чунин мешуморанд, ки бе тадкикоҳои бозори чамъ овардан, таҳлил намудан ва мукоиса намудани маълумотҳое, ки барои кабули карор, интиҳоби бозор, муайянсозии ҳаҷми фуруш, пешгуи ва банакшагириии фаъолити бозори зарур хастанд, номумкин мебошад.
Дар ин ҳолат бозор, сохтори он, чугрофия ва гунчоиш, динамикаи фуруш, вазъияти ракобат, имкониятҳо ва хатарҳо таккик карда мешаванд. Натичаҳои асосии тадқиқотҳои бозор ин пешгуии тарракиёти он, баҳодиҳии конъюнктура ва муайянсозии омилҳои асосии муваффакияти ширкат дар бозор мебошанд. Рохҳои самараноки ракобат ва имкониятҳои баромадан ба бозорҳои нав муайян ва мушаххас гардонида мешавад.
Тадқиқоти истеъмолкунандагон имконият медихад, ки мачмуи омилҳои водоркунанда (даромад, вазъияти оилави, чинс ва синну сол, маълумот), ки истеъмолкунандагон дар вакти интиҳоби молу хизматрасониҳо мувофики онҳо амал мекунанд, омухта шавад. Ба сифати объект омузиш истеъмолкунандагони инфироди, оилаҳо, ҳочагиҳои ҳонаги ва инчунин ташкилотҳо баромад мекунанд. Предмети тадкикот хавасмандкунии рафтори истеъмолкунандагон дар бозор ва омилҳои муайянкунандаи он мебошад. Мақсади ин гуна тадкуикот — ба сегментҳо чудокунии истеъмолкунандагон ва интиҳоби сегментҳои мақсадноки бозор мебошад.
Тадқиқоти рақибон бо мақсади гирифтани маълумоти зарури барои таъмини бартарият дар бозор ва имкониятҳои хамкори бо рақибони имконпазир гузаронида мешавад. Бо ин мақсад ҷонибҳои мусби ва манфии фаъолияти онҳо таҳлил карда мешавад, ҳиссаи онҳо дар бозор ва назари истеъмолкунандагон ба воситаҳои маркетингии онҳо омухта мешавад. Гайр аз ин иктидори модди, молияви, мехнати, ташкили ва идоракунии фаъолияти рақибон омухта мешавад. Натичаи ин гуна тадкикотҳо интиҳоби рохҳо ва имкониятҳои ба даст овардани мавкеъи бо манфиат дар бозор мебошад.
Тадқиқоти молҳо бо хадафи муайянсозии мувофикати техники – иқтисоди ва сифати онҳо бо бо дарҳост ва талаботи харидорон ва инчунин таҳлили ракибатпазирии молҳо амали карда мешавад. Дар ин чо объекти тадкикот хусусиятҳои истеъмолии молҳо, таасуроти харидорон ба моли нав, талаботи онҳо, гуногунрангии молҳо, сатҳи хизматрасони ва г. мебошанд. Натичаи тадкикотҳо ба ширкат имконият медихад, ки мувофики талаботи истеъмолкунандагон сифат ва сатҳи ракобат пазирии молро баланд бардорад, Самтҳои фаъолияти худро вобаста ба зинаҳои гуногуни «давраҳои хаёти»-и мол муайян созад ва молҳои навро кор карда барояд.
Тадқиқоти нархҳо ба муайянкунии сатх ва мутаносибии нархҳо равона карда шудааст.Ин чо ба сифати объекти тадкикот харочотҳо барои коркард, истехсол ва фуруши молҳо, таъсири ракобат аз чониби дигар ширкатҳо, рафтор ва назари харидорон ба нарх ва ғайраҳо баромад мекунанд. Дар натича мутаносибии самараноки харочот ва нарх (шароитҳои дохили, харочотҳои истехсоли), инчунин нарх ва фоида (шароитҳои беруна) интиҳоб карда мешаванд.
Тадқиқоти низоми хавасмандкунии фуруш ва реклама яке аз Самтҳои мухими тадқиқотҳои маркетинги мебошад. Мақсади асосии он муайян сохтани он ки чи гуна, кай ва бо ёрии кадом воситаҳо фурушро бехтар хавасманд намуд ва инчунин чорабиниҳои рекламавиро бомуваффакият амали кард. Ба хайси объекти тадкикот ин чо рафтори таъминотчиҳо, миёнаравҳо, харидорон, самаранокии реклама, робита бо истеъмолкунандагон баромад мекунанд. Натичаи тадкикотҳо имконият медиханд, ки сиёсати «public relations» (муносибат бо мардум) амали карда шавад, муносибати хуб нисбат ба ширкат ва моли у фарохам оварда шавад ва гайр аз ин усулҳои бавучудории тақозо аҳоли муайян карда шавад.

Дидан карданд: 2204

Мавзӯъҳои монанд:

Принсипҳои маркетинг

Маркетинг ҳамчун назарияи бозории менеҷмент

Моҳият, мазмун ва принсипҳои маркетинг

Тадқиқотҳои маркетинги

Тадқиқи мархилавии бозори байналмиллали

Ошкорсозии муамоҳо ва тасвият додани мақсадҳои маркетинги

Макромухити маркетинги

Татқиқотбарии маркетинг ва зарурияти он дар шароити муосир

Зинаҳои гузаронидани тадкикотбарии маркетинг ва самтҳои асосии он.

Мохият ва мақсади маркетинг

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: