|

Усули муайян намудани арзиши гумруки дар асоси тархи арзиш

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-04-27

Арзиши гумрукии мол тибқи усули нархгузорӣ дар асоси тарҳи арзиш дар он ҳолате муайян карда мешавад, ки моли нархгузоришавандаи шабеҳ ва ҳамҷинс бе тағйири ҳолати аввалиаш фурўхта шавад.
Дар раванди истифодаи усули тарҳи арзиш барои муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи воҳиди моле чун асос қабул карда мешавад, ки тибқи он моли шабеҳ ва ҳамҷинс дар баробари воридоти моли нархгузоришаванда ба шахсони бо фурўшанда новобаста ба миқдори хеле зиёд яклухт фурўхта мешавад.
Инчунин дар баробари ин мол бояд ҳамзамон бо воридоти моли нархгузоришаванда дар як вақт фурўхта шавад ва дар сурати дар ин муддат фурўхта нашуданаш бояд дар давраи наздиктари воридоти моли нархгузоришаванда, яъне дар муддати на дертар аз 90 рўзи тақвимии воридоти моли нархгузоришаванда фурўхта шавад.
Аз нархи воҳиди мол хароҷоти зерин тарҳ мешавад:
1) хароҷоти комиссионии пардохтшаванда ё мувофиқашудаи пардохт ё иловапулӣ бо мақсади гирифтани фоида ва пўшонидани тамоми хароҷоти марбути фурўши моли воридотии ҳамин навъ ё намуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) маблағи боҷҳои воридотӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми воридот ё фурўши он супурда мешаванд;
3) хароҷоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда барои борбарӣ, суғурта, корҳои борбардорӣ ва борфарории дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашаванда.
Моли ҳамон як намуд ё гурўҳ ҳамон молест, ки ба гурўҳ ва дараҷаи моли дар соҳаи муайяни саноат истеҳсолшуда марбут аст, моли шабеҳ ё ҳамҷинсро дар бар мегирад, вале танҳо бо ин хусусиятҳо маҳдуд намешавад.
Бояд қайд намоем, ки ҳангоми дар фурўш набудани моли шабеҳ ё ҳамҷинси нархгузоришаванда дар ҳамон ҳолате, ки ҳангоми воридот қарор дошт, бо ҳоҳиши декларант нархи моли коркардшуда бо тарҳи арзиши иловашуда ва риояи талаботи қисмҳои 2 — 4 моддаи 358 КГҶТ истифода шуда метавонад.

Дидан карданд: 980

Мавзӯъҳои монанд:

Идоракунии кормандон дар Мақомоти гумрук

Банақшагирии ташкили дар идоракунӣ дар Мақомоти гумрук

Ташкил ва танзим ҳамчун вазифаи идоракунӣ

Қабули қарорҳои идоракуни дар раванди идоракунӣ

Раванди идоракуни дар Мақомоти гумрук

Сохтори идоракунӣ дар Мақомоти гумрук

Хусусияти хоси идоракуни дар Мақомоти гумрук

Ташкили системаи идоракунӣ дар Мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсад ва вазифаҳои фанни “Идоракуни ва ташкили фаъолияти гумрук”

Хироҷҳои гумруки ва намудҳои онҳо

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: