|

Ҳолати ҳозираи мухити зист. Манбаҳо ва сарчашмаҳои ифлосшавии атмосфера.

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-04-22

Тасодуфӣ нест, ки ҳоло ба масъалаҳои муҳити зист олимон диққати махсус медиҳад. Бо ибрози таносуби экологӣ, экосистема, бўҳрони экологӣ, фалокати экологӣ на танҳо олимони соҳаи фанҳои табиатшиносӣ, балки ҳодимони давлатию сиёсӣ, кормандони ҳоҷагӣ низ машғуланд.
Дар охирҳои асри XX ибтидои асри XXI инкишофи босуръати илму техника боиси рўз аз рўз ифлосшавии муҳити зист бо моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ ва биологӣ гардид. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар як шахс алоқамандии байни организм ва муҳити атрофашро дар анамояд ва барои нигоҳдории баробарвазнии экологӣ дар табиат саҳмгузор бошад, зеро ки инсон як ҳиссаи табиат саҳмгузор буда, берун аз он вуҷуд дошта наметавонад, саломатӣ, маҳсули карӣ, рафтору кирдораш бо табиат вобаста аст.
Маълум аст, ки проблемаҳои экологӣ, яъне масъалаҳои марбут ва бадшавии ҳолати муҳити атроф дар бисёр минтақаҳои сайёра аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардаистодааст.
Зеро ин омилест, ки ба ҳамаи равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Аз ин рў, барои пешгирии шиддати вазъи экологӣ бояд тамоми ҷомеа ҷаҳонӣ бори масъалият дошта бошад.
Асосан ифлоскунандаҳо бо ду намуд, ки табиаташон аз ҳам фарқ мекунанд, тасниф мешаванд:
--- Ифлосшавии табиие, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ ба даҳолати одам пайдо мешаванд;
--- Ифлосшавии антропогенӣ, к ибо фаъолияти одам алоқаманд аст. Қисми таркибии онро ифлосшавии техногение, ки бе фаъолияти истеҳсолоти саноатӣ алоқаманд аст, ташкил медиҳад.

Аз рўи табиаташон чунин намудҳои ифлоскунандаҳо вуҷуд доранд:
1) Биологӣ, яъне ба муҳити атроф дохил шудан ва дар он афзоиш кардани организмҳои барои одам лозим ва ё дар экосистема пайдошавии гуруҳҳои бегонае, ки пеш вуkkk надоштанд;
2) Физикавӣ, (радиатсионӣ, гармӣ, шуоӣ, электромагнитӣ, ғулғуланок ва ҳоказо)
3) Кимиёви (ифлосшавии биосфера бо моддаҳои кимиёвӣ)

Экологҳо ифлоскунандаҳои кимиёвиро дар дараҷаи локалӣ ба чунин гуруҳҳо тақсим мекунанд:
1) Ҳавои атмосфера (нуқтаҳои аҳолинишин, минтақаҳои корӣ)
2) Биноҳои истиқоматӣ ва истеҳсолӣ
3) Обҳои рўизаминӣ ва зеризаминӣ
4) Ҳок
5) Маҳсулотҳои хўрока

Сарчашмаҳои ифлосшавии кимиёвиро ба чор гуруҳ тасниф кардан мумкин аст:
1) Дастгоҳҳои техникӣ, ки пасмондаҳои сахт, газмонанд ва моеъро ба муҳити атроф бароварда мепvtgfhnzyl/
2) Объектҳои ҳоҷагӣ, ки моддаҳои кимиёвии ифлоскунандаро истеҳсол ё захира мекунанд. Инчунин, майдонҳои махсус барои нигоҳдории пасмондаҳо.
3) Минтақаҳое, ки ба онҳо моддаҳои ифлоскунандаи кимиёвӣ ба воситаи нақлиёт дохил мешавад.
4) Олудашавии боришоти атмосферӣ, маишӣ, саноатӣ ва обҳои шорандаи кишоварзӣ, ки хусусияти планетарӣ доранд.

Ифлосшавии ҳавои атмосфера дар дараҷаи глобалӣ танҳо бо роҳи ғайримустақим, яъне ба воситаи тағйирёбии иқлим, вайроншавии пардаи озонии биосфера ва боронҳои кислотагӣ ба вуҷуд омада, метавонад бевосита ба саломатии одам таъсир расонад. Аз ҳама паҳншудатарин ифлоскунандаҳои ҳавои атмосфера оксиди нитроген, сулфур, гази карбонат, карбогидридҳо, фенол, аэрозолҳо, пайвастагиҳои буҳоршавандаи металлҳои вазнин ва дигар мураккаботи органикию ғайриорганикӣ доранд, дар муҳити газмонанд дар ҳолати муаллақ мавҷуданд. Онҳо қобилият доранд, ки дар таркибашон пайвастагиҳои мураккаби кимиёвии хусусияти баланди токсикӣ дошта ва барои ҳаётгузаронии организмҳои зинда зарарнок нигоҳ доранд.
Ба фикри аксари олимони ҷаҳон яке аз сарчашмаи асосии ифлосшавии таркиби атмосфера нақлиёти автомобили ба ҳисоб меравад, ки дар таркиби газҳои сухташудаи хҳорикунандааш сурб ва оксиди карбон дорад. Ин нишондиҳандаҳо дар шаҳрҳои калон то 50% ва дар шаҳрҳои калонтарин аз 85% зиёд газҳои сухташудаи нақлиёти автомобили таркиби атмосфераро ифлос мекунад.

Дидан карданд: 4280

Мавзӯъҳои монанд:

Экология - асоси назариявии ҳифзи муҳити зист

Сарватҳои табиӣ ва истифодаи онҳо

​Шароитҳои табиӣ ва таъсири фаъолияти

Шакли баҳисобгирии муҳосиби чист?

Омилҳои экологӣ. Биосфера. Тавсифи умумии биосфера

Ҳолати ҳозираи мухити зист. Манбаҳо ва сарчашмаҳои ифлосшавии атмосфера.

Экология ва саломатии инсон

Таъсири ифлосшавии мухити зист барои саломатии одам.

Проблемаҳои глобалии экалогӣ. Принипҳои самаранок истифода барии захираҳои табии.

Инкишофи техногенез ва омилхои ба он таъсиркунанда дар Точикистон

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: