|

Вазифаҳои асоси ва мақсади бонки тиҷорати

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-04-22

Вазифаҳое, ки бонки тиҷорати ичро менамояд, бо сатхи тараккиёти иктисодиёти мамлакат ва муносибатҳои бозори алокаманданд. Бинобар ин, вобаста ба сатхи муносибатҳои бозори, бонк метавонад дар назди худ вазифаҳои зиёдеро гузорад. Баъзе аз вазифаҳои асосии бонкро ба таври зерин шарх додан мумкин аст.
Яке аз вазифаҳои бонк миёнарави байни фурушандагон ва харидорон буда, вай дар додани карз низ накши миёнаравиро ичро менамояд. Миёнарави барои додани карз дар аз навтаксимсозии маблагҳои пулии муваккатан озодмондаи корҳонаҳо ва аҳоли ифода меёбад. Додани карз дар муздноки будани он, баргардонидан ва таъмини модди доштани он асос меёбад, вакте ки бонк ин вазифаи худро ичро менамояд, ба субъектҳои ҳочагидорие, ки ба маблагҳои пули зарурат пайдо мекунанд, талаботи онҳоро конеъ мекунонад. Гирандаи карз бошад бо ин пул маводи заруриро харидори намуда, фаъолияти хешро идома медихад ва аз фуруши махсулот даромад гирифта, фоида ба даст меорад. Аз даромадаш маблаги карзи гирифтаашро бо фоизаш баргардонида фаъолияташро давом медихад.
Бонк бо ин амали худ боиси ривоч ёфтани иктисоди бозори мегардад. Бояд тазаккур дод, ки бонк дар вакти додани карз фаъолияти карзгирандаро хаматарафа меомузад ва хатари барнагаштани карзро пешгири менамояд.
Маблагҳои пули дар чамъият метавонанд бе иштироки бонкҳо низ чо ба чо гузошта шаванд, яъне корҳонаҳо байни худ додугирифт намоянд. Аммо дар ин ҳолат хатари барнагаштани ин маблагҳои пули зиёд мешавад, зеро имкон дорад корҳонаи карздиханда аз пардохтпазирии корҳонаи кдрзгиранда хабар надошта бошад. Агар маблагҳои муваккатан озодмондаи як ё якчанд корҳона бо воситаи бонк ба карз дода шавад, бонк пеш аз хама фаъолияти молиявии корҳонаи карзгирандаро хаматарафа меомузад, баъд масъалаи додани карзро хал менамояд.
Вазифаи дигари бонки тиҷорати - ин хавасмандгардонии субъекти ҳочагидори ва аҳоли барои дар бонкҳо нигох доштани маблагҳои пули башумор меравад. Дар шароити иктисоди бозори инкишоф додани сохаҳои ҳочагии халк, бояд пеш аз хама на аз хисоби маблаггузориҳои ҳоричи, балки аз хисоби маблагҳои дохили ба рох монда шавад. Бинобар ин, бонкҳои тиҷоратиро на танҳо ба ифтитохи суратхисоб ва хисобҳои чори ва дар онҳо нигох доштани маблагҳои муваккатан озодмонда, балки зиёд шудани муштариён хавасманд мегардонад. Ин чорабини дар натичаи дуруст ба рох мондани сиёсати амонатии бонки тиҷорати татбик мегардад. Бонки тиҷорати бояд дар сиёсати худ барои зиёдтар чалб намудани амонату пасандозҳо фоизи онҳоро зиёд намояд. Дар шароити ҳозира корҳонаҳо ва аҳоли сатхи таваррумро мушохида намуда, рафти истифодаи маблагҳои пулиашонро муайян месозанд. Аз ин ру агар фоизе, ки аз амонатҳо ва пасандозҳо ба даст меоранд нисбат ба сатхи таваррум зиёд бошад, албатта пули худро дар бонкҳо нигох медоранд.
Кобили тазаккур аст, ки зиёд кардани фоизи амонатҳою пасандозҳо ҳоло гарави он шуда наметавонад, ки хачми амонат ва пасандозҳо зиёд шавад. Ба гайр аз фоиз боз бонкҳо гарави дар вакташ баргардонидани амонат ва пасандозҳоро бояд дода тавонанд.
Дар шароити имруза ягона гарави баргардонидани амонат ва пасандозҳо дар ҳолати бад шудани вазъи молиявии бонки тиҷорати, ин захираҳои хатмии онҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон ба хисоб меравад. Бонкҳо бояд ташкилоти сугуртавии амонат ва пасандозҳоро ташкил кунанд. Мавчудияти ин гуна ташкилот дорандагони маблагҳои пулиро бе шубха хавасманд менамояд, ки пулҳои муваккатан озоди худро дар бонкҳо нигох доранд. Хамин тарик, бонкҳо дар натичаи чалб намудани амонат ва пасандозҳо фонди инвеститсионии мамлакатро афзун гардонида имконияти инвеститсионии дохилиро барои рушди иктисодиёт ва истифодаи самараноки он таъмин менамоянд.
Вазифаи сеюми бонкҳои тиҷорати – миёнарави байни субъектҳои чудогонаи ҳочагидорист, ки дар шароити иктисоди бозори маънои навро ба худ мегирад. Дар даврае, ки моликияти чамъиятии инхисори (монополияи) давлати вучуд дошт тамоми хисоббаробариҳо байни субъектҳои ҳочагидори асосан тавассути бонки давлати сурат мегирифт ва хатари бонки аз ин амалиёт кариб вучуд надошт ва дар ҳолати мавчудият хам бисёр ночиз буд. Зеро шаклҳои пардохт аз тарафи бонки давлати муайян карда мешуд ва истифодаи дурусти онҳо барои хамаи субъектҳои ҳочагидорию бонкҳо хатми буданд. Акнун дар ҳолате, ки бонкҳо мустакил фаъолият мекунанд ва хисоббаробаркуни байни бонкҳои мустакил анчом дода мешавад, дар ин амалиёт хатари бонки ба миён меояд. Дар ин шароит чавобгарии бонкҳои тиҷорати барои ичро намудани супориши муштариён хеле зиёд гардид.
Дар тамоми мамлакатҳое, киба иктисоди бозори гузаштаанд ва гузашта истодаанд, дар бехтар намудан ва ривоч ёфтани пардохтҳои пулии бе истифодаи пули накд байни субъектҳои ҳочагидори, бонкҳои тиҷорати накши мухимро мебозанд ва бонкҳо ухдадоранд, самаранокии ин пардохтҳоро таъмин намоянд.
Бонкҳои тиҷоратие, ки барои фаъолияти бонки ичозатнома доранд, хукук доранд когазҳои киматнок нашр кунанд ва фурушанд, когазҳои киматноки дигаронро харидори намоянд ё барои нигохдори бигиранд ва гайра.
Бонкҳои тиҷорати метавонанд ба муштариёни худ дар бораи барориши когазҳои киматнок маслихатҳои музднок бидиханд ва аз номи муштариён ин когазҳои киматнокро дар бозор фурушанд. Бонкҳо метавонанд маблагҳои худро низ барои харидани когазҳои киматнок истифода намуда, даромад ба даст оваранд.
Омухтан ва арзёби намудани имкониятҳои бонки шароит фарохам меорад, ки барои бехтар намудани фаъолияти бонки чораҳои зарури андешида шавад, яъне барномаи дурнамои бонк ва фаъолияти он дар шароити иктисоди бозори ва барномаи идорасозии он тартиб дода шавад.
Тахлили имкониятҳои хизматрасонии бонки бояд аз нуктаи назари шароити дохилии бонк ва берунии он (мухити атроф) огоз ёбад. Шароити беруни хеле васеъ буда, бо самти сиёсати ҳочагидории давлат, чораҳои танзими иктисодиёт, инчунин бо накшаи назоратии Бонки милли (маркази) вобастагии зиёд дорад.
Тахлили шароити дохилии бонк аз арзёбии фаъолияти молиявию иктисоди, тахлили фехристи хизматрасони, таъмин будан бо техникаи ҳозиразамон, сатхи дониши кормандон ва дигар тарафҳои фаъолияти бонк огоз гардида, баъдан барномаи стратегии бонк тартиб дода мешавад.
Тахлили шароити берунии бонк аз омухтани талабот ба хизмати бонки огоз меёбад. Талабот-эхтиёчоти чамъиятро ба худ тачассум менамояд, ки аз талаботи истехсоли ва истеъмоли иборат аст. Ба талабот омилҳои зиёди дорои хусусияти сиёси, иктисоди, техники ва гайра таъсир мерасонад. Мохиятан мафҳуми талабот бо чунин саволҳо вобастаги дорад: "Барои чамъият хамин навъи хизматрасонии бонк зарур аст ё не?", "Ба кадом андоза ба ин навъи хизмат талабот вучуд дорад?" ва гайра.
Барои бонк донистани талабот барои навъи хизмат ҳоло нокифоя аст, вай бояд талаботи пардохтпазириро донад, яъне талаботе, ки таъминоти пули ва гаравии карзро дорад, инчунин муштариёнеро, ки ҳохиши бо онҳо муносибат кардан дорад, хаматарафа омузад.
Чараёни омухтани талабот ба хизмати бонки аз ду омили асоси иборат аст:
1.Омухтани сатхи талаботи чори;
 2.Ояндабинии талабот.
Омухтани сатхи талаботи чори, санчидани самти умумии эхтиёчоти муштариёни худи бонкро дар бар мегирад. Дар ин чараёни кор бояд хамон хизматҳои бонкие омухта шаванд, ки ба онҳо эхтиёчоти муштариён зиёдтаранд.
Барои ояндабинии талабот ба хизмати бонки, бояд самтҳо ва равиши талабот ба хизмати бонки дар бозори амалкунандаи ин хизматҳо хаматарафа омухта, хамаи омилҳои ба онҳо таъсиркунандаро барраси намуда, сатхи таъмини ин талаботро муайян кардан зарур аст.
Ба таври умуми ба ҳолати талабот омилҳои зерин таъсир мерасонанд:
а) омилҳои хусусияти сиёсидошта (кабули конун ва хуччатҳои меъёрии нав, дастурҳо ва гайра);
б) омилҳои иктисоди (тагйирёбии сатхи истехсолот, пардохтпазирии муштариён):
в) омилҳои пешрафти илмию техники;
г) тагйирёбии нархи хизмати бонки:
д) пайдоиш ва ривоч ёфтани ракобат аз тарафи дигар ташкилотҳои карзии гайрибонки ва ҳоказо.
Хамин тарик, омухтани талабот ба хизмати бонки дар назди кормандони бонк масъала мегузорад, ки эхтиёчоти муштариён ба хизмати бонки хаматарафа тахлил карда шуда, имконияти бонк барои дар бозор фаъолият намудан ва максади бонк муайян карда шавад. Хамаи ин кор талаб менамояд, ки фаъолияти ояндаи бонк барномарези карда шавад.

Дидан карданд: 5083

Мавзӯъҳои монанд:

Маркетинг дар низоми бонкӣ

Таърихи пайдоиши бонкҳо дар Тоҷикистон

Низоми бонкии Ҷумхурии Тоҷикистон дар замони ҳозира

Бонки миллии Тоҷикистон ва вазифаҳои он

Ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва вазифаи онҳо

Вазифаҳои асоси ва мақсади бонки тиҷорати

Муносибати бонки тиҷорати бо Бонки миллии Тоҷикистон

Захираҳои қарзи ва таснифи онҳо

Воситаҳои хусусии бонк

Воситаҳои пулии ҷалбшаванда

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: husni.din@inbox.ru
Санаи дохилгардида: 2018-10-04

Ба ман дар мавзуи "хизматрасонихои бонк" барои рисолаи хатм мавзу лозим


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: