|

Масъалаҳои техникии сохтани веб – саҳифаҳо

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-06-13

Аз ҳама асбоби боэътимоди тиҷорати электронӣ ин веб-сайт мебошад. Бо моҳияти худ веб-сайт маҷмўи барномаҳои компютери коркардаистодае, ки ба интернет доимӣ пайваст аст ва ба истифодабарандаи шабакаи интернет имкон медиҳад тавассути браузер контентҳоро аз назар гузаронад. Дар ин ҳолат, чун қоида, компутер дорои IP-суроғаи доимӣ ва номи доменӣ мебошад.
IP-суроға – ин суроғаи ягонаи компютерист, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Ин суроға аз пайдарпаии чор адади аз 0 то 255, ки бо рамзи нуқта аз ҳамдигар ҷудо мебошанд (м-н, 195.14.12.62), иборат аст. IP-суроғаҳо доимӣ ва тағйирёбанда мебошанд. Суроғаи доимӣ ба компутер як маротиба ҳангоми ба шабака пайваст шудан дода мешавад. Ҳангоми истифодабарии суроғаи тағйирёбанда бошад, барои фаъолии суроға таҷҳизоти дигари идоракунандаи интернет-трафик ҷавобгар аст.
Масалан, ҳангоме ки истифодабаранда ба шабака бо воситаи модем пайваст мешавад, дар бисёр ҳолатҳо провайдер дар ҳар пайвастшавӣ барои ў IP-суроғаи нав мебахшад. Барои веб-сервери доимӣ зарур аст, ки IP-суроғаи доимӣ бахшида шавад.
Номи доменӣ – ин ишораи ягонаи ҳарфию рақамӣ (ҳарфҳои аз А то Z, рақамҳои аз 0 то 9 ва дефис), ки элементи асосии суроғаи интернет ба ҳисоб меравад. Номи доменӣ идентификасияи веб-сайт ва почтаи электрониро дар интернет имкон медиҳад. Маҳз номи домениро истифодабарандагон барои дарёфти маълумот ё ирсоли маълумот бо почтаи электронӣ истифода мебаранд.
Номи домении қайдшуда бо хоҳиши соҳибаш фаъол ё ғайрифаъол шуда метавонад. Агар номи доменӣ фаъол бошад, он бо IP-суроғаи компутере, ки дар он веб-сайт ҷойгир аст, пайваст мешавад.
Маҷмўи қоидаҳои асосӣ бо мафҳуми низоми номҳои доменӣ (DNS, Domain Names System) машҳур аст. DNS номҳои ба монанди www.webnames.ru –ро бо IP-суроға пайваст мекунад. IP-суроғаро компутерҳо барои пайваст шудан боҳамдигар истифода мебаранд.
Номи доменӣ аз якчанд майдонҳо иборат аст, ки бо нуқта аз ҳам ҷудо мебошанд. Майдони рости канорӣ домени дараҷаи болоӣ номида мешавад. Аз тарафи рост ба чап номҳои домен ҷойгиранд, ки нисбатан дараҷаи пастанд. Ҳар як домени дараҷаи болоӣ дорои администратори минтақавӣ мебошанд, ки он ба идоракунӣ ва танзими стратегияи ин домен ҷавобгар мебошад.
Сохти иерархии номҳои доменӣ монанди дарахт (шоханок) мебошад. Номи пурраи доменӣ бо нуқта тамом мешавад, ки решаи дарахти домениро мефаҳмонад. Баъдан (аз рост ба чап) бо сохти иерархӣ доменҳои дараҷаи баланд ва баъд аз онҳо доменҳои дараҷаи дуюм, баъдан доменҳои дараҷаи сеюм. Доменҳои дараҷаи сеюм барои доменҳои дараҷаи дуюм – домени поёнӣ (зердомен ё субдомен) ба ҳисоб мераванд. Онҳо аз ҳамдигар бо аломати нуқта ҷудо мебошанд.
Низоми номҳои доменӣ барои истифодабарандаи канорӣ шаффоф буда, номҳоро ба суроғаҳои рақамӣ табдил медиҳад ва баръакс. Ин раванд ба системаи серверӣ такя мекунад, ки сервери номҳо ном дошта дар хотир маълумотҳои пайвастшавии номи доменӣ ва суроғаи рақамиро нигоҳ медорад. Ҳар як сервер ба минтақаи худ ҷавобгар аст ва номҳо ва суроғаҳои рақамии маҳдудро дар хотир доранд.
Ҳамаи серверҳои номҳо бо серверҳои решагӣ пайваст мебошанд, ки ин ба истифодабаранда барои ёфтани сервери дилхоҳ имкон медиҳанд. Аз сабаби дар дараҷаи реша амал карданашон, онҳоро серверҳои решагӣ меноманд. Яке аз серверҳои решагӣ ин «сервери эътиборнок» (Сервери решагии А) мебошад. Дар сервери эътиборнок нусхаи асосии файл ҷойгир шудааст, ки ҳамаи доменҳои дараҷаи баландро ташхис мекунад. Ин файл ба боқимонда серверҳои решагӣ аз рўи алгоритми гузошташуда нусхабардорӣ мешавад.
Серверҳои номҳо, монанди номҳои доменӣ, дар намуди иерархӣ ташкил карда шудаанд. Масалан, агар истифодабаранда хоҳиши пайвастшавӣ ба веб-сайти webnames.ru – дошта бошад, компутери истифодабаранда аз яке серверҳои решаги ёрӣ талаб мекунад. Сервери решагӣ дархостро ба сервере равона мекунад, ки дар он маълумотҳо дар бораи номҳои бо «.ru» тамом мешаванд, сабт карда шудаанд. Ин сервер дар навбати худ дархостро ба сервери сеюм медиҳад, ки ин сервер суроғаҳои рақамии ҳамаи номҳоро, ки бо webnames.ru тамом мешаванд, медонад. Ин сервер бошад, ба истифодабаранда суроғаи рақамиро бармегардонад, ки барои пайваст шудан ба веб - сайти www.webnames.ru кўмак марасонад.
Инак, барои он ки сайт ба кор дарояд, компутери дорои IP-суроғаи такрорнашаванда, номи доменӣ дошта ва ба шабакаи интернет пайваст лозим аст. IP-суроға аз тарафи провайдере, ки интернетро таъмин менамояд, дода мешавад. Номи домениро бошад, дар сайти ташкилот қайд кардан мумкин аст.
Барои ҷойгир намудани сайтҳо, чунин намуди хизматҳо мавҷуданд:

  • Сервери виртуалӣ – вақте ки истифодабаранда ҷоеро дар диски хостинг – провайдер иҷора мегирад. Ин намуди хизмат арзонтар мебошад, лекин тарафи манфии ин химатрасонӣ – имконпазирии сохтан ва дигаркунии ҳайати модулҳои серверӣ аст.
  • Collocation – хизматрасонӣ барои ҷойгиркунии маҷмўи комплексии истифодабаранда дар майдончаи провайдер.

Интихоби намуди ҷойгиркунии сайт, пеш аз ҳама аз масъалаҳое, ки ба он гузошта мешавад вобаста аст. Вобаста ба ин масъала платформаи аппаратӣ дигар карда мешавад. Ҳамчунин, интихоби барнома ва ҳаҷми роҳи – интернет низ дигар карда мешавад.

Таснифи веб – сайтҳо.
Аз нуқтаи назари техникӣ сайтҳо аз рўи ахбори мавҷуда, гурўҳбандӣ мешаванд. Саҳифаҳое, ки сервер инъикос мекунад, метавонанд тағйирнаёбанда (статикӣ) ва тағйирёбанда (динамикӣ) бошанд.
Веб-саҳифаҳои статикӣ дастӣ сохта мешаванд. Баъдан ба сайт дохил кунонида мешавад. Барои тағйир додани маълумоти ин саҳифа, ҳар бор истифодабаранда дар компутери худ бо истифодаи редактори HTML маълумотро дигар карда баъдан онро ба сайт дохил мекунад. Дар ин ҳолат барои дохил кардани сайт компутер бо барномаи веб – сервер (Apache, IIS) ва иҷозат ба протоколи FTP зарур аст.
Веб-саҳифаҳои динамикӣ истифодаи васеи технологияҳоро талаб мекунад ва мазмуну мундариҷаи он дар равиши пурсиш сохта мешавад. Ҳар саҳифаи инъикосгардида аз саҳифаи қолабӣ асос ёфта, ба он маълумотҳои мунтазам тағйирёбанда дохил карда мешавад. Маълумотҳо одатан дар базаи ахборӣ нигоҳ дошта мешавад. Вақте ки истифодабаранда саҳифаро талаб менамояд, маълумоти лозимӣ аз бонки маълумотҳо гирифта шуда, ба қолаб монда мешавад. Дар натиҷа саҳифаи нав сохта шуда ба веб-сервер, баъдан ба браузер, ки маълумотро инъикос мекунад, фиристода мешавад.
Ғайр аз динамикӣ пур кардани сайтҳо, унсорҳои идоракунанда низ динамикӣ сохтан имконпазир аст.
Агар маълумоти сайтро аз нав кардан лозим бошад, он гоҳ матни саҳифаи навро бо ёрии механизмҳои махсус ба базаи ахбори сайт дохил кардан зарур аст. Дар натиҷа, веб-сайт худ аз худ нав мешавад.
Интихоби веб–сервер барои сайти динамикӣ пуршаванда ба масъалаҳои ҳалшавандаи он вобастагӣ доранд. Онро бо якчанд параметрҳо муайян кардан мумкин аст:

  • имконияти истифодабарии забонҳои барномасозӣ ва системаи идоракунии базаи ахбори (СУБД) интихобшуда.
  • нархи веб-сервер (зиёда аз 60% серверҳои интернет Apache – ро истифода мебаранд)
  • дараҷаи якҷояшавӣ бо дигар системаҳои корпоративӣ – системаҳои корпоратии ахборӣ, системаҳои гардиши ҳуҷҷатҳо;
  • имконияти истифодабарии (истифода бурда тавонистани) стандартҳо ва протоколҳо, ки ташкилотҳои стандартии байналхалқӣ қабул кардааст. (W3C,OASIS…).

Қарорҳои на чандон зиёди стратегии қабулшудаи бизнес, то дараҷаи интихоби платформаи веб-сервер муҳим мебошад. Тавсифи сервер – ин фактори асосиест, ки эътимоднокии онро муайян мекунад, мустаҳкамии васлро таъмин менамояд. Дар ҳолати интихоби дурусти компонентҳо ва сифатнокии веб–васлҳо барои мизоҷон метавонад роҳи дурусти ҳамкорӣ бо корхонаҳо бошад. Аз ҳад зиёд бор кардан (перегузка)-и веб–сервер метавонад ба дастнорасии ягон маълумот барои истифодабаранда оварда расонад.
То ба наздикӣ корхонаҳои калон Microsoft Internet Information, Netscape – ро, корхонаҳои на он қадар калон бошад Apache – ро истифода мебурданд. Имрўзҳо бошад Apache коршоямии баъзе интернет – лоиҳаҳои калонро ба монанди Yahoo ба ўҳда дорад.

Дидан карданд: 4365

Мавзӯъҳои монанд:

Асосҳои барномасозии Web

Суғурта дар Интернет

Масъалаҳои техникии сохтани веб – саҳифаҳо

Таҳсилоти фосилавӣ дар интернет

Хизматрасонӣ дар шабакаи Интернет

Бехатарии пардохт дар Интернет

Сиcтемаҳои пардохти электронӣ дар асоси пулҳои электронӣ

Системаҳои пардохти электронӣ

Асосҳои назариявии тиҷорати электронӣ

Интернет- мағозаҳо

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: