|

Суғурта дар Интернет

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-06-14

Зери мафҳуми суғурта системаи муносибатҳои иқтисодӣ фаҳмида мешавад, ки он истифодабарии фондҳои мақсадноки воситаҳои пулиро барои рўйпўш кардани хароҷот ҳангоми ҳолатҳои нохушро дар назар дорад. Хизматрасонии суғуртавӣ иштироки ду тарафро дар назар дорад: суғурташаванда ва суғуртакунанда.
Суғурташаванда – - шахси ҳуқуқӣ ё ҷисмонӣ, ки шартнома мебандад оид ба саривақт супоридани пардохти суғуртавӣ.
Суғуртакунанда – шахси ҳуқуқӣ, маълумотдор, ки барои фаъолияти суғуртавӣ иҷозатномаи давлатӣ дорад. Вай мувофиқи шартнома барои пардохти маблағ ба шахси суғурташаванда ҳангоми ҳолатҳои нохуш ўҳдадор аст.
Дар бораи суғурта суғуртакунанда ҳамчун фурўшандаи мол – хизматрасонии суғуртавӣ баромад мекунад.
Харидорони хизматрасонӣ – шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ мебошанд, ки онҳо дар ҷараёни суғуртакунӣ иштирок мекунанд.
Интернет-суғурта – ин тарзи нави ташкили бизнеси суғуртавӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми истифодабарии он муҳит бетағйир мемонад. Мафҳуми Интернет-суғурта – ин комплекси чорабиниҳои ташкилӣ-иқтисодӣ барои қонеъ кардани талаботи мизоҷон дар ҳифзи суғуртавӣ аст.
Аз ин ҳолат бармеояд:
- тарзҳои нави ташкили ҳамкорӣ бо ми    ёнравҳои суғуртавӣ, ташки-лотҳо, ҷамъиятҳои суғуртавӣ;
- муайян кардани имкониятҳои нави пешкаши хизматрасонӣ барои мизоҷон;
- ташкили захираҳои нави ахборӣ.
Ба Интернет гузаронидани қисми бизнеси корхонаи суғуртавӣ ба мизоҷон чунин имкониятҳо медиҳад:
- тартиби маълумот пурра оиди сугуртакунанда ва хизматрасонии ў;
- мустақилона ҳисоб кардани пардохтҳо бо ёрии веб-ҳисобкунак;
- истифода бурдан аз онлайн машварат;
- додани ариза барои бастани шартномаи суғуртавӣ дар намуди электронӣ;
- бастани шартномаи суғуртавӣ ва супоридани мукофот (премия) тариқи Интернет;
- додани маълумот оиди ҳолати суғуртавӣ тариқи интернет.

Дидан карданд: 3049

Мавзӯъҳои монанд:

Асосҳои барномасозии Web

Суғурта дар Интернет

Масъалаҳои техникии сохтани веб – саҳифаҳо

Таҳсилоти фосилавӣ дар интернет

Хизматрасонӣ дар шабакаи Интернет

Бехатарии пардохт дар Интернет

Сиcтемаҳои пардохти электронӣ дар асоси пулҳои электронӣ

Системаҳои пардохти электронӣ

Асосҳои назариявии тиҷорати электронӣ

Интернет- мағозаҳо

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: vip.cameleon@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2017-02-12

Admin: Хо?иш мекунам маълумот надошта бошед дуру? нанависед!!!


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: