|

Хизматрасонӣ дар шабакаи Интернет

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ойбек Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-06-06

                        

Бонкҳо дар иқтисодиёти муосир нақши калонро мебозанд. Предмети фаъолияти бонкҳо ин маҳсулоти бонкӣ ба ҳисоб меравад. Маҳсулоти бонкӣ ин хизматрасонии моддӣ-нақшавӣ мебошад.
Вазифаи асосии бонкҳои тиҷоратӣинҳоянд:
- миёнравӣдар пардохт;
- миёнравии молиявии навъи якум – кредит-депозит, хариду фурўши қоғазҳои қиматнок ва асъор;
- миёнравии молиявии навъи дуюм – ҷойгиршавии қоғазҳои қиматнок дар бозор.
Ҳамаи пардохтҳое, ки дар шабака байни фурўшанда ва харидор ба амал меояд бо сохторҳои бонкӣвобаста мебошанд. Ташкили гузаронидани воситаҳои пулӣаз як суъбект ба дигар ин функсияи аввали бонкҳо ба ҳисоб меравад. Дар вақтҳои охир барои ташкили пардохтҳо байни тарафҳо бонкҳо барои мизоҷон имконияти дастрасӣтариқи интернет ба ҳисобҳои худ медиҳанд.
Хизматрасонии интернет-банкинг ин чунин хизматрасоние мебошад, ки ба мизоҷон имконияти дастрасӣ ба ҳисоби бонкӣтариқи интернет бо ёрии компутери оддӣва бо истифодабарии браузери стандартӣ медиҳад. Хизматрасонии интернет-банкинг чунин имкониятҳоро дорад:
- пардохтҳои коммуналӣ;
- пардохти алоқа (IP-телефония, мобилї, инетрнет) ва дигар хизматрасонӣ(телевизиони маҳворагӣ, таълим);
- гузаронидани маблағҳо дар асъори хориҷӣ ба ҳамагуна ҳисобҳо ва ҳама бонкҳо;
- харидуфурўши асъорҳои хориҷӣ;
- гирифтани ахборот оиди пардорхтҳои қабулшуда дар вақти реалӣ;
- кушодани ҳисобҳои гуногун ва ба он гузаронидани маблағҳо, воситаҳои пулӣ;
- пур кардани воситаҳои пулии ҳисобҳо ва ғ.
Хизматрасонии брокерӣ дар интернет (интернет-трейдинг) – ин чунин хизматрасониест, ки аз тарафи миёнравҳои инвеститсионӣ, ки аз тарафи миёнравҳои инвеститсионӣ пешкаш карда мешавад ва ба мизоҷон имконияти хариду фурўши қоғазҳои қиматнок ва асъорро тариқи интернет медиҳад.
Ин хизматрасонӣ инҳоро дар назар дорад:
- имконияти хариду фурўши активҳои молиявӣ дар вақти реалӣ;
- ташкили портфели инвеститсионии инвесторҳо;
- имконияти иштироки мизоҷон дар ҳар гуна фондҳо;
- пешкаш намудани қоғазҳои қиматнок ва асъор.
Ду тарзи асосии пешкаши хизматрасонии брокерӣ тариқи интернет вуҷуд дорад:
1) мизоҷ қоғазҳои қиматнокро мехарад ва потрфели инвеститсиониро тартиб медиҳад, албатта дар веб-сайт миёнрав бо истифодаи браузери оддӣ.
2) мизоҷ дар компутери худ таъминоти барномавии махсусро васл мекунад ва бо ёрии он ахборот мегирад ва дар бозорҳои молиявӣ трансаксия мегузаронад.
Бо системаҳои хизматрасонии трейдерӣинҳо дохил мешаванд:

  1. Системаи Remote Trader.
  2. GutaBROKER.
  3. Системаи Alor-Trade
  4. Системаи QUIK.

Туризм дар on-line низ яке аз бозорҳои вертикалии самранок шуда истодааст, ки нифси зиёди шартномаҳо тариқи интернет мешавад. Барои ин сайтҳои умумӣ, сайтҳои махсус, сайтҳои туркомпанияҳо, турагенстваҳо вуҷуд доранд ва дар онҳо ахбороти зарурӣ оиди чиптаҳо, хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо ва ғайраҳо гирифта мешавад.

Дидан карданд: 3032

Мавзӯъҳои монанд:

Асосҳои барномасозии Web

Суғурта дар Интернет

Масъалаҳои техникии сохтани веб – саҳифаҳо

Таҳсилоти фосилавӣ дар интернет

Хизматрасонӣ дар шабакаи Интернет

Бехатарии пардохт дар Интернет

Сиcтемаҳои пардохти электронӣ дар асоси пулҳои электронӣ

Системаҳои пардохти электронӣ

Асосҳои назариявии тиҷорати электронӣ

Интернет- мағозаҳо

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Бахтовар
Санаи дохилгардида: 2013-07-07

оли


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: