|

РАВАНДҲОИ СИЁСӢ (Тартиби раванди сиёсӣ)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-04-11

Нақша:
1.   Тартиби раванди сиёсӣ.
2.   Марҳилаи қабули қарор.
3.   Фаъолияти сиёсӣ.
Ҷомиаи башарӣ ҳамеша дар инкишофу тараққӣ ва пешравӣ буда, он тарафҳои нав ба нави муносибатҳои мухталифро ба миён меорад.
Бе сабаб ин равандро яке аз категорияҳои махсуси сиёсӣ арзёбӣ наменамоянд.
Гуногунандешагӣ доир ба ин категория маҳз мураккабию пурихтилофии онро нишон медиҳад. Гурўҳе (Р. Дауз) онро ба сиёсат айниятдор, бархе аз қабили  (Т. Парсонс) хусусияти онро ё дар натиҷаи фаъолияти системаи сиёсӣ ё дар динамикаи мубориза ва ҳарифии гурўҳҳо барои мақом ё захираҳои ҳокимият» (Дарендорф) дар ҷанбаҳои амалинамоии рафтори субъектҳо баҳри манфиат ва мақсадҳои худ (Ч. Мерриам) медонанд.
Маҳз дар доираи наздикшавиҳои гуногун раванди сиёсӣ манбаъҳои асосии ҳолат ва унсурҳояшро ошкор месозад. Дар айни ҳол новобаста ба шарҳдиҳиҳои гуногун он чиз боиси эътирофи умумӣ аст, ки вай баҳамтаъсиррасонии воқеии субъектҳои сиёсии пайваста ба ниятҳои пешвоён ё барномаҳои ҳизбӣ барқарор ёфтаро не, балки натиҷаи таъсири омилҳои гуногуни дохилию хориҷиро акс менамояд.
Раванди сиёсӣ нишон медиҳад, ки чӣ тавр фардҳо, гурўҳҳо, институтҳои ҳокимият бо мақсадҳо, хусусиятҳо бо ҳам ва бо давлат таъсир расонида, нақшаҳо ва вазифаҳои хешро амалӣ менамоянд. Чун вазъият, ҳавасмандӣ, мақсади рафтори инсон ҳамеша тағйир меёбад, раванди сиёсӣ ҳама гуна муайянияти пешакиро дар инкишофи ҳодиса ва зуҳуротҳо рад менамояд.
Раванди сиёсӣ тавассути сиёсат ба воситаи шаклҳои иҷронамоии субъектҳои сиёсӣ нақша ва вазифаҳои худро нишон медиҳад, ки чӣ тавр онҳо дигар унсури системаи сиёсиро аз нав ба вуҷуд оврда, дигарашро вайрон ва сеюмашро инкишоф медиҳанд. Ҳамин зайл раванди сиёсӣ ҳам дигаргуниҳои рўякӣ ва ҳам дохили системаи сиёсӣ ва аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани онро тавсиф менамояд.
Барои раванди сиёсӣ дарозмуддатӣ ва ё кўтоҳвақтии марҳилаҳои равонасозии ҳокимият, таносуби қувваҳо ва тарзҳои қабули қарор аҳамияти муҳимеро дорост.
Раванди сиёсӣ ҳаракат, ҷараёни инкишоф, эволютсияи системаи сиёсӣ, тағъирёбии ҳолатҳои онро дар замон ва макон мекушояд.
Раванди сиёсӣ маҷмўи амали субъектҳои иниститутсионалӣ ва ғайри иниститутсионалиро бо амалинамоии вазифаҳои хоси худ дар соҳаи сиёсат, ки оқибат ба инкишоф ё шикасти ҳокимияти сиёсӣ меорад, муайян месозад.
Раванди сиёсӣ ба ҳам таъсиррасонии сохторҳои иҷтимоию сиёсӣ ва муносибатҳо, яъне онро нишон медиҳад, ки чӣ тавр ҷаъмият сохти давлатдории худро сохта дар айни ҳол давлат ҷомиаро тасҳир менамояд. Аз  назари мазмуни дохилӣ раванди сиёсӣ технологияи амалинамоии ҳокимият буда, худро ҳамчун маҷмўи нисбатан мустақили баҳамтаъсиррасонии  алоҳидаи субъектҳо, сохтор ва институтҳои ҳокимият нишон медиҳад.
Раванди сиёсӣ аз се давраи асосӣ иборат аст.
1.   Пешниҳоди манфиатҳои гурўҳ, табақа, синф ва ва институтҳои қарори идора қабул менамоянд.
2.   Қабули қарорҳо ва тақвияти идораи сиёсӣ.
3.   Амалигардонии идораи сиёсие, ки дар шакли қарори идора ифода меёбад.
Ҳама гуна раванди сиёсӣ аз зинаи амал кардан, инкишоф ёфтан ва таназзул иборат буда, таркиби хеле мураккаб дорад. Аз ҷумла
I. муносибатҳои истеҳсолӣ, ки худ дорои чунин тартиб аст:
а) истеҳсолот;   б) тақсимот;    в) мубодила;   г) истеъмол. 
II.   Субъектҳои раванди сиёсӣ.  а)  Иҷтимоӣ;    б) конститутсионӣ;
III.  Рафтори сиёсӣ (иштироки сиёсӣ ва фаъолияти сиёсӣ).
Аз рўи моҳияти барои ҷомиа доштаашон шаклҳои гуногуни танзимсозии муносибатҳои иҷтимоӣ  ба ду гурўҳ - базавӣ   ва қаторӣ (периферия) ҷудо карда мешаванд. Дар раванди базавӣ тарзҳои гуногуни ба он ҷалб намудани табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, нисбат ба давлат шаклҳои аз навсозии манфиат ва талаботи аҳолӣ дар қарорҳои идоракунӣ, усулҳои ташаккули оддии элитаи сиёсӣ фаҳмида мешавад. Яъне сухан дар бораи раванди иштироки сиёсӣ дар идора намудани давлат меравад.
Равандҳои сиёсии гўшагӣ бошанд динамикаи ташаккули асосиатсияҳои алоҳидаи сиёсӣ (ҳизбҳо, гурўҳҳо, фишороварӣ), инкишофи худидоракунӣ, дигар робитаҳо ва муносибатҳое, ки дар системаи сиёсӣ таъсири ҷиддӣ расонида наметавонад, фаҳмида мешавад.
Дар айни ҳол ҳам равандҳои сиёсии базавӣ ва ҳамкорӣ аз ҳам бе вақту хусусиятҳои амалишавию муайяннамоии субъектҳояш ба меъёрҳои ҳарифию ҳамкорӣ метавонанд ба таври пинҳону ошкоро гузаранд.
Масалан, раванди ошкори сиёсӣ он тавр тавсиф мешавад, ки манфиати гурўҳҳо ва шаҳрвандон мутассил дар навбати худ марҳилаи тайёрӣ ва қабули қарори идоракуниро барои назорати ҷамъиятӣ дастрас менамояд. Бар хилофи ин раванди ниҳонӣ ба фаъолияти ба таври ошкоро ташкилёфтаи институтҳои сиёсӣ ва марказҳои ҳокимият, инчунин ба даъвоҳои ҳокимияти шаҳрвандон, ки дар шакли муроҷиат бо ҳокимияти идоракунии давлат нигаронида нашудаанд, амал менамояд.
Ҳар кадом раванди сиёсӣ тсикл, такроршавии марҳилаҳои асосии бо ҳам таъсиррасонии субъект, сохт ва институтҳои худро дорад.
Масалан, ҳангоми тайёрӣ ба интихобот аз ташаккули электорат (ҳайати интихобкунандагон) ба органҳои қонунбарор ва иҷроия, назорат аз рўи фаъолияти онҳо оғоз меёбад. Қуллаи баланди фаъолияти ин раванд ба давраи интихобот рост омада, баъди он суст мешавад. Масалан, ҳангоми даъватҳои анҷуманҳои навбатӣ, ҷашнгириҳо ва дигар зуҳуротҳо фаъолияти ин равандро меафзоянд.
Дар айни ҳол дар давраи ислоҳоти муносибатҳои давлатӣ, тарзи иштироки сиёсии аҳолӣ таъсири ҳалкунанда надошта, балки ҳодисаҳои алоҳидаи сиёсӣ, тағъирёбии қувваҳои сиёсӣ ва таносуби онҳо ба сифати ҳалкунанда баромад менамояд.
Масалан ГКЧП 1991, райъпурсии соли 1990 ва бўҳрони октябрии соли 1993 фаъолият ва раванди сиёсиро ба куллӣ тағъир дод.
Ниҳоят, ҳама равандҳои сиёсӣ бо як чиз шарҳ дода мешаванд, ки он аз талаботи субъектҳои сиёсӣ ба ҳам муттаҳид шудаанд.
Аз ҳамин хотир вазифаи асосии ҳама иштирокдорони равандҳои сиёсӣ аз он иборат буд, ки талаб ва манфиатҳояшонро ба қарори идоранамоии институтҳои ҳокимияти сиёсӣ ҳамроҳ намоянд.
Институтҳои давлатӣ воситаи асосии баҳисобгирандаи талаботҳои гурўҳӣ ва кор кардани мақсадҳои умумиколлективии инкишофи сиёсат аст. Ҳамин тавр, ҳама равандҳои хусусии ба ин ё он тарз масъалаҳои алоҳидаи қабул ва амалинамоии қарори идоракуниро ифода менамоянд. Аз фаъолияти институтҳои давлатӣ дараҷаи марказикунонии ҳокимият, тақсими ваколатҳо байни гурўҳҳо коркарди иштирокчиён ба мақсадҳои инкишофи сиёсӣ вобаста аст. Маҳз устуворию тағъирпазирии институтҳои  ҳокимияти сиёсӣ имкон медиҳанд, мақсад ва талаботҳое, ки манфиатҳои қисми аҳолиро фарогиранда, ба инобат гирифта шавад.

§.  Реҷаи гузариши раванди сиёсӣ

Тағъирёбии равандҳои сиёсии базавӣ ва қаторӣ ба тағъирёбии шакл усул ва вазифаҳои институтҳои идоракунии давлатӣ машғул буда вобастааст.
Бештар се реҷаи гузориш фарқ карда мешавад. Якум, реҷае, ки системаи сиёсиро аз доираи муносибатҳои барқароргаштаи баӣни шаҳрвандон ва институтҳои ҳокимияти давлатӣ берун намебарорад. Дар ин ҳолат раванди сиёсӣ рафти оддии азнавтакрорсозии сохторҳои ҳамеша такрорёбандаи ҳаррўзаи байни элитаҳо ва электорат, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои маҳаллии худидоракунӣ инъикос менамояд.
Дар ин ҳолат анъана ва ирсият дар инкишофёбии робитаҳои иштирокчиёни равандҳои сиёсӣ нисбат ба ҳамагуна навовариҳо афзалияти баҳснопазир доранд.
Дуюм ин реҷаи инкишоф. Дар ин ҳолат сохтор ва механизми ҳокимият, сиёсати давлат ба дараҷае, бояд бо талаботҳои нави ҳаракати замонӣ - иҷтимоӣ ҷавобгў бошад.
Чунин тағъирёбии сиёсӣ нишон медиҳад, ки институтҳои ҳокимияти давлатии доираҳои ҳукмрон мақсад ва усулҳои идоракуниро мутобиқи тағирёбии сохтори иҷтимоӣ ва таносуби қувваҳоро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ёфтаанд.
Ин маънии онро дорад, ки инкишофи сиёсӣ ба ҳам таъсиррасонии макро ва микроомилҳои ҳокимиятро, ки ба дигар соҳаҳои  системаи сиёсӣ мувофиқанду қобилияти қабули қарор, тактикаю стратегия ва технологияи ҳокимиятдориро бо ба ҳисобгирии талаботҳои гуногуни шаҳрвандон, дониста гирифтаанд, ҳамсафар аст.
Сеюм, харобшавӣ-вайроншавии моликият. Ин маънои онро дорад, ки динамикаи тамоми раванди сиёсӣ нисбат ба меъёр ва шароити ҷамъият манфӣ аст.Ин ҷо тағирёбии сиёсӣ ба яклухтии системаи сиёсӣ ва мавҷудияти он таҳдид менамояд. Дар ин марҳила қувваҳои марказгурез қувват мегиранд. Масалан: Равандҳои сиёсӣ дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ.  
Иштироки сиёсӣ. Инсон берун аз ҷамъият вуҷуд дошта наметавонад. Ҷомеа бошад аз гурўҳҳои гуногуни иҷтимоӣ иборат буда, ҳар кадом дорои манфиатҳои хоси хешанд.
Ин гурўҳҳои манфиатдор ҳар навъ ҳадафи доштаашонро амалӣ ва ҳифз кардан мехоҳанд. Восита ва усулҳое, ки аз он истифода менамоянд, онҳоро бо ҳамдигар барқарор кардани муносибатҳои муайянро ба миён мегузоранд. Ҳамин зарурияти ба сиёсат ворид шуданашро талаб менамояд.
Дуруст аст, ки дар ҳар марҳилаи мушаххас ва ҳалли масъалаҳо миқёси ба сиёсат рў овардани омма гуногун аст. Аммо ин миқёс пеш аз ҳама ба муҳити сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангию рўҳии дар ҷомеа ҳукмрон вобаста аст.
Аслан, дар ҳеҷ як ҷомеа кулли аҳолиро ба фаъолияти сиёсию равандҳои сиёсӣ ба осонӣ ҷалб наменамоянд. Ғайр аз ин, на ҳама шаҳрвандон имконият ва шавқи дар сиёсат ширкат намуданро доранд.
Онҳое, ки дар соҳаи сиёсат соҳибмансаб шудан намехоҳанд, медонанд, ки  ин соҳа қувваю ғайрат,  дониш ва тайёрии махсуси сиёсиро талаб менамояд. Ҳамин душворӣ қувваи ҷозибаи онро суст менамояд. Агар ҳамин қувваи кашиш зиёд бошад, дар ҷомиа ҳодисаҳои номатлуб, дўздӣ, ғоратгарӣ ва эътироз меафзоянд. Дар чунин вазъият бўҳрони шахсӣ, ҷинояткорӣ ва коррупсия меафзояд.
Ба сиёсат майл намудани шаҳрвандон инчунин ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза ба мақому манфиат ва мавқеьи шахс таҳдид менамояд. Аз ин рў, баьзеҳо ба хотири муваффақияти шахсӣ дар ҳаёти сиёсӣ, баъзеҳо, барои  аз тарафи ҷомиа эътирофшавиашон, дигарон ба  хотири амалӣ гардонидани ҳадафҳҳои сиёсиашон бо ин ё он навъ ба ҳаёти сиёсӣ ворид мешаванд.
Дар маҷмўъ ин ҳадафҳо таносуби фаҳмиши шаҳрвандон ва имкониятҳои аз ҷониби ҷомиа муҳайё намударо барои амалӣ гардонидани талаботҳои сиёсӣ ифода менамоянд. Маҳз ҳамин омилҳо равандҳои сиёсии ба сиёсат ҷалб намудану иштироки оммаҳоро дар он муайян месозад.
Барои дуруст дарк намудани равандҳои сиёсӣ шакл ва гуногуннавъии иштироки сиёсиро муайян сохтан шарт аст.
Гуногуншаклию ҳархелагии иштироки шаҳрвандон дар сиёсат ба хусусиятҳои субъекти амалкунанда (синнусол, ҷинс, маълумот, касбу кор), реҷаи идоракунӣ –яъне ҷамъи он воситаҳое, ки давлат ба ихтиёри онҳо во мегузорад, инчунин ба вазъияти воқеии сиёсӣ вобаста аст.
   
§. 3. Навъҳои фаъолияти сиёсӣ
Сиёсатшиносон чунин навъҳои гуногуни иштироки шаҳрвандонро дар сиёсат ҷудо менамоянд.
1. Ғайрифаъол. Шаҳрвандон танҳо дар интихоботи ҳокимияти намояндагӣ иштирок менамояд. Ин раванд танҳо дар ҳалли масъалаҳои маҳаллӣ амал намуда, рафтори фаъолони сиёсӣ дар доираи сиёсӣ маҳдуд ва иштирокашон дар шакли сиёсатчиёни касбӣ сурат мегирад.
2.Иштирокчиёни фаъоли сиёсат.
Иштирок дар идора намудани муассисҳои ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти номзадҳо ба депутатӣ, ташкилотҳои намояндагӣ ва  муборизаи пешазитихоботӣ.
3. Иштироки фосилавӣ.
Иштирок дар маҷлисҳои сиёсӣ, дастгирии молиявии ҳизби сиёсӣ, алоқа ба ашхоси расмӣ ва пешвоёни сиёсӣ.
4.  Муносибати бе «тафовут» - и шаҳрвандон нисбат ба сиёсат.
Бо ҳама гуногуншаклии  иштироки сиёсӣ он чиз аён аст, ки ҳамаи онҳо аз рўи миқёс дар паҳншавии соҳаи иҷтимоӣ аз ҳам фарқ менамоянд. Бо таври дигар гўем муроҷиати фардҳо ба воситаҳои ҳимояи сиёсии манфиатҳояшон ё иштирокашон дар раванди сиёсӣ манфиатҳои умумимиллиро дар назар мегиранд ва ё иштирокашонро ба ҳалли манфиатҳои маҳаллӣ маҳдуд месозанд.
Дар айни ҳол иштироки фард дар сиёсат бевосита ва ё ба воситаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё намояндагӣ сурат мегирад ва он ба самаранокии иштирок вобастааст. Агар як шохааш фаъолияти фаъолони ҳизбӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ, гурўҳи манфиатҳоро муайян намояд, дигараш бе тафовутӣ бегонашавии шаҳрвандонро аз сиёсат ё бепарвогии комили онҳоро ба ҳаёти сиёсӣ муайян месозад.
Бетафовутии сиёсии шаҳрвандонро ноумедӣ аз роҳбарии ҳокимияти сиёсӣ, худро аз системаи иҷтимоӣ дар канор гирифтан, танҳо ба инобатгирии манфиати хусусӣ ё боварии комил элита ва лидерҳо ба вуҷуд меоранд.
Дар шуури одамон фикри бе иллатии пешво, оқилии онҳо, дурустии тарзи роҳбариашон чуқур ҷой гирифта, боварӣ доранд, ки ҷомиа аз ҷонибашон дуруст ва бе хато идора карда мешавад.
Акси ҳамин шахсони алоҳидаро  як умр ба муборизаи сиёсӣ мекашад. Шуғли аз ҳад зиёди шаҳрвандон ба сиёсат низ он қадар хуб набуда, боиси ноҷўриҳои ҷамъиятӣ мегардад. Бегонашавии дарозмуддати сиёсӣ ҳам ба ин ё он навъ иштирокчиёни сиёсиро ба радикализм ва экстремизм мебарад.
Сиёсатшиносон воситаҳои бо эътимоди раванди сиёсиро дар иштироки шаҳрвандон дар интихоботи ташкилотҳои ҳокимияти намояндагӣ мебинанд.
Ин шакли ба ҳам таъсиррасонии индивид ва давлат соҳаи вазифаҳои элита ва ғайриэлитаро муайян намуда, имкон медиҳад, ки дар раванди сиёсӣ фаъол ё ғайрифаъол иштирок намояд.
Вобаста ба ҳадафҳо амалҳои сиёсиро ба автаномӣ (худмухторӣ) ва сафарбарнамоӣ ҷудо кардан мумкин аст.
Дар нақшаи муносибат ба қонунҳои дар давлат амалкунанда зарур аст, ки иштироки одамонро ба сиёсат дар шакли аҳдӣ (шартномавӣ) ва ғайриаҳдӣ ҷудо намояд.
Эътирози сиёсӣ низ чун унсури раванди сиёсӣ як шакли иштироки сиёсӣ ва ифоданамоии муносибати шаҳрвандон аст. Ин як шакли мушаххасест, ки аз рўи амали нодурусти  шахсони соҳибмансаби мақомотҳои давлатӣ рўй медиҳанд. Эътирози сиёсӣ то ҳамон ҷое имконпазир мегардад, ки мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ стратегия ва технологияи сиёсиро нодуруст амалӣ мегардонанд.
Манбаи аз ҳама паҳншудаи чунин эътирози сиёсӣ, суст будани эътиқоди шаҳрвандон нисбат ба арзишҳои дар ҷомиа ҳукмрон, ҳамфикрии пасти шаҳрвандон, ба даъватҳои сиёсии режим, набудани қаноатмандии рўҳӣ аз системаи муносибатҳои барқароршудаи шаҳрвандон ва давлат тарс барои оянда ва ғайра аст.
Вобаста ба сабабҳои эътирозро ба вуҷуд оварда, шаҳрвандон метавонанд онро ислоҳ намуда, сиёсати пешгирифтаи давлатро комилан таъғир надиҳанд.
Дар ин маънӣ шаклҳои эътироз аҳдӣ ва ғайриаҳдӣ буда метавонанд.
Ба қисми якум, ҳокимият метавонад эътирози алоҳидаи шаҳрвандон, гурўҳҳои намояндагӣ, қарорҳои ҳизбҳои сиёсӣ, амалҳои алоҳидаи шаҳрвандиро ҳаллу фасл намояд.
Намунаи барҷастаи эътирози сиёсӣ ин фаъолияти ташкилотҳои гуногун ҷавонон, занон, ҳаракатҳои экологӣ, намунаи қонунии он аст. Ин ҷунбишҳо то андозае дар ҷомиа вазни муайян дошта, на танҳо барои пайдоиши ҷои нодир ба худ, балки талаботҳои комилан мушаххас пешниҳод менамоянд.
Ба сифати ғайриқонунии эътирози сиёсӣ намоишҳои зидди конститутсионӣ, роҳпаймоиҳо, фаъолияти пинҳонкории ҳизбҳои сиёсӣ, терроризм, инқилоб дохил мешаванд.
Ба хотири суст ва  аз байн бурдани чунин эътирозҳо давлат пайваста бояд  сарқонун ва асосҳои ҳокимияти  сиёсиро  такмил диҳад.

Дидан карданд: 4648

Мавзӯъҳои монанд:

Инкишофи ақидаҳои иҷтимои - сиёсии Аврупои ғарби

Сиёсатшиносӣ ҳамчун илм

ТАҲЛИЛ ВА ПЕШБИНИИ СИЁСӢ

ЗУБДАГОНИ СИЁСӢ

ТЕХНОЛОГИЯИ СИЁСӢ

МОДЕРНИЗАТСИЯИ СИЁСӢ

РАВАНДИ ҚАБУЛИ ҚАРОРИ СИЁСӢ

МАДАНИЯТИ СИЁСӢ

ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА ҲАРАКАТҲОИ ОММАВӢ

РАВАНДҲОИ СИЁСӢ (Тартиби раванди сиёсӣ)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: