|
youtaj

Фанни макроиқтисод ва принсипҳои таҳлили он.

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-04-07

 Фанни макроиқтисод. Макроиқтисод – ин қисми назарияи иқтисодӣ буда, фаъолияти иқтисодиётро умуман меомӯзад. Макроиқтисод нисбат ба микроиқтисод, масъалаҳои барои тамоми иқтисодиёт дахз%доштаро меомузад.
Назарияи макроиқтисодии муосир ибтидои худро аз кори фундаменталии иқтисодчии машҳури англис Ҷ. М. Кейнс «Назарияи умумии шуғл, фоиз ва пул» (1936) оғоз мекунад.
Ду намуди таҳлили макроиқтисодиро фарқ мекунанд:

  • таҳлили макроиқтисодии expost ва ё ҳисобгирии миллӣ – таҳлилии маълумотҳои оморӣ, ки ба баҳодиҳии тараққиёти иктисодии мамлакат имконият дода, барои таҳлили муқоисавии байнидавлатӣ замина мегузорад;
  • таҳлили макроиқтисодии exante – ин моделсозии пешгӯикунандаи ҷараёнҳои иқтисодӣ дар асоси консепсияҳои назариявӣ мебошад, ки имконияти муайян намудани алоқаҳои байни ҳодисаҳои иқтисодиро фароҳам меоварад. Макроиқтисод ин пеш аз ҳама таҳлили exanteмебошад.

Моделҳои макроиқтисодӣ ва нишондиҳандаҳои онҳо. Усули асосии таҳлили макроиқтисодӣ ин моделсозӣ мебошад, ки дар абстраксияи илмӣ асос ёфтааст. Барои тартиби модел хусусиятҳои (омилҳои) асосӣ ва зарурии ҷараёни тадқиқшаванда ҷудо карда шуда, омилҳои дуюминдараҷа, зарур набуда, фикран истисно карда мешаванд (абстраксия карда мешаванд). Моделҳои макроиқтисодӣ бо худ шакли содакардашудаи инъикоси ҳақиқатро нишон медиҳанд, ки ифодаи формаликунонидашудаи (дар шакли графикӣ ва ё алгебравӣ) ҷараёнҳо ва ҳодисаҳои иқтисодиро барои муайян намудани алоқахои асосии байни онҳо ва қонунияти инкишофи онҳоро бо мақсади коркарди вариантҳои ҳалли муаммоҳои мураккаби макроиқтисодӣ дар назар дорад.
Моделҳо метавонанд дар намуди назарияҳо, функсияҳо, графикҳо ва ҷадвалҳо ифода ёбанд. Моделҳои макроиктисодӣ ду намуди тағйирёбандаҳоро дар бар мегиарнд: экзогенӣ ва эндогенӣ. Тағйирёбандаҳои экзогенӣ берун аз модел таъсис мёбанд. Тағйирёбии тағйирёбандаҳои экзогенӣ тағйирёбии автономӣ номида мешаванд. Тағйирёбандаҳои эндогенӣ дар дохили модел таъсис меёбанд. Ба сифати тағйирёбандаҳои эндогенӣ, одатан нишондиҳандаҳои аз тарафи ҳукумат ҷорӣ шаванда баромад мекунанд.
Ҷоришавӣ (flow)ин нишондиҳандае, ки шумораро дар фосилаи вақти муайян (дар макроиқтисод одатан як сол) тавсиф менамояд.
Захираҳо (stock)ин нишондиҳандаҳое, ки шумораро дар лаҳзаи муайяни вақт, барои муддати муайян ифода мекунад (масалан, ба 1 январи соли 2009).
Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ метавонанд мутлақ ва нисбӣ бошанд. Нишондиҳандаҳои мутлақ бо ифодаёбии пулӣ ва ё дар шумораи одамон ҳисоб карда мешавад. Нишондиҳандаҳои мутлақ бошад, бо ифодаёбии фоизӣ ва ё бо ҳиссаҳои воҳидӣ ҳисоб карда мешавад.
Дар моделҳои макроиқтисодӣ омили вақт аҳамияти хосаро дорад. Вобаста аз он ки чӣ тавр ин омил дар таҳлил ба ҳисоб гирифта мешавад, се намуди моделҳои макроиқтисодиро фарқ мекунанд: статикӣ, статикаи муқоисавӣ ва динамикӣ. Моделҳои статикӣ ҳолати иқтисодиро дар муддати вақти муайян ифода менамояд. Моделҳои статикаи муқоисавӣ натиҷаҳои гузариши системаи иқтисодиро аз як ҳолати мувозинатӣ ба дигар нишон дода, онҳоро муқоиса мекунад, вале чӣ тавр ба вуҷуд омадани ин гузаришро тадқиқ намекунад. Механизми ҷараёни гузариш дар моделҳои динамикӣ омӯхта мешаванд.
Принсипи асосии таҳлили макроиқтисодӣ агрегиронӣ – муттаҳид намудани унсурҳои алоҳида ба умумӣ, ба маҷмӯа, агрегат баромад мекунад.
Агентҳои макроиқтисодӣ. Агрегиронӣ, ки ба муайян намудани хусусиятҳои намунавии рафтор асос ёфтааст, имконият медиҳад, ки чор агенти макроиқтисодӣ ҷудо карда шаванд: хоҷагиҳои хонавода, фирмаҳо, давлат ва сектори хориҷӣ.
Бозорҳои макроиқтисодӣ. Агрегиронии ба муайян намудани қонуниятҳои фаъолияткунанда, имконият медиҳад, ки чор бозори макроиқтисодӣ аз ҳам ҷудо карда шавад: бозори молҳо ва хизматҳо; бозори молиявӣ; бозори захираҳои иқтисодӣ; бозори асъорӣ.


Аввалин маротиба истило[и «Макроиrтисод» - ро дар яке аз маrола[ои худ (с.1933) иrтисодчи – математики норвегb, яке аз асосгузорони эконометрика Р.Фриш ( дорандаи мукофоти Нобели дар соли 1969) истифода бурдааст.

Дидан карданд: 4049

Мавзӯъҳои монанд:

Мутаносибии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ. МУД-и номиналӣ ва аслӣ.

Маҳсулоти умумии дохилӣ ва усулҳои ҳисоб намудани он

Гирдгардиши маҳсулот, хароҷотҳо ва даромадҳо.

Фанни макроиқтисод ва принсипҳои таҳлили он.

Ташкилотҳои байналхалқии молиявию асъорӣ ва нақши онҳо дар танзими муносибатҳои асъорӣ

Қурби асъор. Масъалаи табодулпазирии асъор

Низоми байналхалқии асъор

Кўчиши байналхалқии сармоя ва қувваи корӣ

Ҳамбастагии байналхалқии иқтисодӣ

Тиҷорати байналхалқӣ ва омилҳои ба он таъсиркунанда

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: