|

Системаҳои пардохти электронӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-05-24

Пардохти маҳсулот ва хизматрасонӣ раванди гузаронидани пулҳои муайян дар намуди пули нақд ё ҳуҷҷатҳои лозимӣ бо ёрии технологияи махсус ба роҳ монда мешавад.
Моҳияти гуногуни пардохти вуҷуд дошта бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Дараҷаи идентификатисияи тарафҳо гуногун шуда метавонанд: аз комилан махфӣ будан ҳангоми пардохти нақд то идентификатисияи пурра ҳангоми пардохт бо корти қарзӣ. Инчунин назорати трансаксия аз методҳои пардохт вобастагӣ дорад.
Роҳҳои имконпазирии пардохт дар тиҷорати электронӣ ба чунин гурўҳҳои сегментӣ тақсим мешаванд:

  • пардохти нақд;
  • пардохт бо корти қарзӣ;
  • истифодаи телебонк ва технологияи WAP;
  • пардохт бо системаи интернет-банкинг;
  • пардохт бо истифодабарии системаи Интернет.

Пардохт бо пули нақд бо хизматрасонии хаткашон (курер), пардохт ва гирифтани моли фармуда аз мағоза, пардохти гузошташуда интиқол бо истифодаи телеграф ва почта, интиқоли бонкӣ ба роҳ монда мешавад. Пардохт бо пули нақд тавассути хаткашон яке аз роҳҳои содда ва боваринок мебошад. Дар ин ҳолат харидор метавонад моли пешниҳодшударо тафтиш намояд ва фурўшанда соҳиби пули нақд гардад. Вале ин метод баъзе камбудиҳо низ дорад, ки яке аз онҳо душвор будани дастрасии мол берун аз ҳудуди шаҳр ва гарон будани хароҶотҳо. Пардохт барои моли фармуда аз методи якум фарқе надорад. Харидор фармоиши худро дар интернет ҷойгир менамояд ва баъди чанд вақт моли лозимиро дастрас менамояд. Дар мавриди истифодаи пардохти гузошташуда моли фармуда ба суроғаи харидор тавассути почта фиристода мешавад. Арзиши мол дар почта дар вақти дастрас кардани он пардохт карда мешавад. Дар ин метод маҳдудияти мавқеи ҷуғрофии харидор вуҷуд надорад. Камбудии ин метод аз он иборат аст, ки харидор имконияти бо мол шинос шуданро надорад. Мумкин аст, ки мол дар роҳ вайрон шуда бошад. Пардохт бо истифодаи телеграф, почта ва бонк ба методи пештара монанд мебошад. Аз ин метод одатан  корхонаҳо истифода мебаранд.
Ду намуди кортҳои пластикӣ мавҶуд аст:
- корти пластикӣ, ки дар майдони магнитӣ (чип) pin–код ва дигар ахборотҳо оид ба соҳиби корти пластикӣ ҷойгир аст. Чунин намуд кордҳо кордҳои кредитӣ ном доранд. Дар марҳилаи ҳозира кортҳои Visa, MasterCard ва монанди онҳо васеъ истифода бурда мешавад.
- корти пластикӣ, ки дар лентаи магнитӣ ахборот оид ба корт, ҳолати суратҳисоб (ҳамёнҳои электронӣ) қайд карда мешавад. Чунин кортҳоро – кортҳои дебетӣ меноманд.
Моҳияти пардохт тавассути интернет бонк дар истифодаи терминалҳо барои идоракунӣ бо суратҳисоби бонкист. Ин усул мавҶудияти суратҳисоб дар бонкҳои интернетро талаб мекунад. Воридшавӣ ба бонки интернет бо нишон додани логин ва парол ба роҳ монда мешавад.
Пардохт барои мол бо истифодаи системаҳои пардохти электронӣ яке аз роҳҳои беҳтарин ба шумор меравад. Зеро харидор метавонад дар Ҷойи дилҳоҳ бо истифодаи компютер ва шабакаи интернет маблағгузорӣ намояд.
Интернет, ки барои ҳамаи истеъмолчиён дастрас аст, ба системаи пардохт, шартҳои зеринро мегузорад:
- конфеденсиалӣ- ҳангоми пардохт, харидор бояд донад, ки маълумоти пешниҳодкардаи ў фақат барои шахсони ҳуқуқӣ дастрас мегардад;
- аутентефикатсия- харидор ва фурўшанда бояд донанд, ки ҳамаи тарафҳо, ки дар харидуфурўш иштирок менамоянд шахсони масъул мебошанд;
- пуррагии ахбор – маълумотро ба ғайр аз харидор ва шахсони масъул, дигар ҳеч кас тағйир дода наметавонад;
- усулҳои пардохт- имконияти ҳама методҳои пардохт барои моли харидорӣ карда шуда;
- авторизатсия – ҷараёне, ки системаи пардохт мавҷудияти маблағ дар суратҳисоби харидорро муайян менамояд;
- кафолати таҳдиди фурўшанда – эҳтимолияти хатар, ки вобаста ба бозгашти маҳсулот ба вуҷуд меояд, бояд бо ҳуҷҷатҳои махсус бо ҳама ташкилотҳои лозима ба мувофиқа оварда шавад;
- пардохти хурдтарин барои трансаксия – пардохт барои коркарди трансаксияи супориш ва пардохти маҳсулот ба нархномаи он медарояд. Бинобар он поёнравии нархи трансаксия рақобати системаи пардохтиро зиёд менамояд;
- боэътимод – системаи пардохт бояд дастрасии зиёд ва шохаҳое надошта бошад, ки дар ҷараёни кор ба нуқсон оварда расонад;
- масштабиронӣ – афзудани миқдори фурўшандагону харидорон, ки системаи пардохтро истифода мебаранд, набояд ба вайроншавии инфраструктура оварда расонад;
- қулайӣ ва соддагӣ –Ҷараёни пардохт чун пардохтҳои оддӣ бояд содда бошад.
Корти пластикӣ - ин маводи пардохтии шахсӣ буда, шароити пардохти ғайринақдии маҳсулотро фароҳам меоварад. Инчунин бо корти пластикӣ имконияти гирифтани пули нақд аз банкоматҳо мавҶуд аст. Вазифаи асосии корти пластикӣ ин таъминкунии махфии маълумот оид ба соҳиби корт иборат аст. ИҶрои ҳолатҳои пардохт, ки дар Ҷараёни хизматрасонии кортҳои пластикӣ ба миён меояд, бонк-эмитент яъне бонке, ки корти пластикиро чоп карда ба ўҳда дорад. Бинобар он кортҳои пластикӣ дар давоми истифодаи он, ҳамчун моликияти ин бонк ба шумор меравад. Хусусияти ўҳдадории бонк-эмитент аз намуди кортҳои пластикӣ иборат аст (Visa –электрон, классик, gold ва ғайра). Ҷараёни тасдиқкунии фурўш ё интишори пули нақд авторизатсия номида мешавад. Барои ин нуқтаи хизматрасонӣ ба бонк дархост мефиристад, ки ў бояд салоҳияти дорандаи корти пластикиро тасдиқ намояд. Масалан чунин амалиёт дар банкоматҳо тариқи ворид кардани pin–код ба амал бароварда мешавад. Яке аз роҳҳои авторизатсия – ин аз истифодаи POS (Point Of Sale) иборат аст. Дар ин ҳолат корти пластикӣ ба POS терминал аз ҷониби фурўшанда Ҷойгир карда мешавад. Pin-коди корти пластикӣ тавассути таҷҳизоти дигар ба таври пинҳонӣ аз ҷониби харидор ворид карда мешавад. Ҷараёни авторизатсия ба таври автоматикӣ ба амал меояд. Чунин амалиёт дар мавриди аз банкомат дастрас кардани пули нақд низ гузаронида мешавад. Одатан банк-эмитент бо фаъолияти қабули кортҳои пластикӣ аз ҷониби корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ машғул нестанд. Ин амалиётро бонк-эквайер иҷро менамояд. Вазифаи асосии бонк-эквайер аз амалиётҳои авторизатсия, гузаронидан ба суратҳисоби фурўшанда барои мол ва хизматрасонӣ ва монанди онҳо иборат аст. Дар баъзе мавридҳо бонк-эмитент вазифаи инчунин бонк- эквайерро иҷро менамояд.
Истифодаи кортҳои пластикӣ барои гузаронидани амалиёти пардохт тавассути интернет дорои камбудиҳои техникӣ мебошад. Дар интернет на ҳамаи амалиётҳои авторизатсияро истифода бурдан мумкин аст. Дар ин ҷода амалиётҳои хакеронро бояд махсус қайд намуд. Дар баъзе мавридҳо бо истифодаи кортҳои пластикӣ хариди мол махдуд карда шудааст. Аз тарафи дигар дар ҷараёни харид бо кортҳои пластикӣ бонк-эквайзер фоизи муайян барои хизматрасонии худ мегирад. Аз ин лиҳоз барои харидор истифодаи кортҳои пластикӣ на он қадар самаранок мебошад. Вақтҳои охир дар шабакаи интернет чекҳои электронӣ ва пулҳои электронӣ васеъ истифода бурда мешавад. дар Федератсияи Русия яке аз ситемаҳои пардохт WebMoney ва PayCash ба шумор меравад. Системаи WebMoney дар бонк суратҳисоби худро дорад. Ў одатан чекҳои электрониро ба пули нақд мефурўшад. Тавассути чекҳои электронӣ муштарӣ ҳамёни электронии худро пули электронӣ мегузаронад. Пулҳои электронӣ пулҳои воқеи набуда акси пулҳои воқеиро инъикос менамояд. 

Дидан карданд: 3458

Мавзӯъҳои монанд:

Асосҳои барномасозии Web

Суғурта дар Интернет

Масъалаҳои техникии сохтани веб – саҳифаҳо

Таҳсилоти фосилавӣ дар интернет

Хизматрасонӣ дар шабакаи Интернет

Бехатарии пардохт дар Интернет

Сиcтемаҳои пардохти электронӣ дар асоси пулҳои электронӣ

Системаҳои пардохти электронӣ

Асосҳои назариявии тиҷорати электронӣ

Интернет- мағозаҳо

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: