|

ФАЪОЛИЯТИ ҲАЁТГУЗАРОНИИ АҲОЛӢ ДАР ЗАМИНҲОИ ВАЙРОНШУДА

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-03-05

Накша:

  1. Омилҳои инъикоскунандаи тансиҳатии инсон.
  2. Нишондиҳандаи ҳолати экологӣ дар Точикистон н.

Инсон - дараҷаи ташаккулёфтаи организми зинда дар сайёраи Замин аст. Ӯ - субекти раванди ҷамъиятӣ - таърихӣ буда, инкишофи материалӣ ва маънавию мадании сайёраи Заминро таъмин мекунад, аз ҷиҳати генетикӣ бо дигар шаклҳои ҳаётӣ алоқамандии зич дорад, ба туфайли қобилияти истеҳсолӣ, коркарди ашёи меҳнат, нутқ ва шуури тараққӣ намудаю фаъолияти эъҷодкорӣ аз олами ҳайвонот ҷудо гардидааст.
Табиати биоиҷтимоии инсон инъикоскунандаи ҳаёт ва системаи шароити зист буда, ба он элементҳои ҳам биологӣ ва ҳам иҷтимоӣ таъсир мекунад.Ин шароит водор мекунад, ки ба мутобиқшавии биологӣ ва иҷтимоӣ зарурият пайдо гардад. Мутобиқшавии биологӣ хусусияти муҳим дошта, таъминкунандаи нигоҳдории функсияи биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки ҳангоми инкишофёбӣ омили асосии мутобиқаткунанда ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ ҳамчун намуди муташакил инсон ва фаъолияти ӯ натанҳо ба муҳити зист вобаста, балки омили асосии дигаргункунандаи сарвати табии маъсуб меёбад.
Инсон бо хиради азалӣ доштанаш дар шароити вазнини ҳаёт роҳи зиндагии худро ёфт, яъне заминро азхуд намуда хоҷагии кишоварзиро ба роҳ монд ва талаботи худро қонеъ гардонд. Ин худ як раванде буд, ки таркиби сарвати табииро қудрати тағйидодан пайдо кард. Тағйирёбии сарвати табии ва таркиби он дар оянда ба худи инсон низ таъсир намуда ҳаёти ӯро дигаргун намуд (бевосита ба дарозии умр, гирифторӣ ба бемориҳои гуногун, таъсири офатҳои табии).
Аз рӯи маълумоти Иттиҳоди Умумиҷаҳонии тандурустӣ бар меояд, ки тандурустии инсон - ин ҳолати руҳӣ, табиию иҷтимоии беҳдошти ӯст. Тансиҳатии инсон аз нуқтаи назари фалсафӣ - ин категорияи баробарии ҳам миқдорӣ ҳам сифатӣ буда, аз амалӣ гаштани хуқуқи шахсӣ ва ҷамъиятӣ соҳиб гаштан ба идора намудани ин ҳуқуқҳо аст. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ – иҷтимоӣ тансиҳатии инсон ин потенсиали табиӣ, хиради ҷамъият, ки барои арзиши маънавӣ, руҳӣ равона карда шудааст.
Андозаи аз даст додани саломатӣ дар нишондиҳандаи беморӣ, вайрон шудани сохтор ва функсияи организм инъикос меёбад, ки қобилияти адаптивии инсон тағйир меёбад. Ба қобилияти инсон ва саломатии он нишондиҳандаҳои табии инкишофи организми инсон ба инобат гирифта мешавад, ки роли нишондихандаи биохимиявӣ хеле назаррас аст.
Олимон муайян кардаанд, ки нишондиҳандаи бемориҳо паҳншавии онро инъикос менамояд, кадоме, ки миқдори беморӣ дар як сол ба 1000 зарб карда шуда, ҳамчунин миқдори миёнаи шумораи аҳолӣ низ ба инобат гирифта мешавад. Ин нишондиҳандаи манфии саломатии ин ё он шаҳр ё ноҳияро инъикос мекунад.
Аз рӯи маълумоти Иттиҳоди Умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳолати саломатии инсон дар давлатҳои ҷаҳон гуногун буда, якчанд омилҳо ба он таъсир мекунад. Ба ҳолати тансиҳатии инсон бевосита таъминоти иқтисодӣ таъсир мекунад, ки он 50- 60 % саломатии инсон ба он вобаста аст, 20 – 30 % саломатии инсон ба дараҷаи сифати хизматрасонии тиб вобаста аст, танҳо 18 - 20 % саломатии инсон ба муҳити зист ва сифати сарвати табии вобаста бошад ҳам, лекин роли ин омил беандоза бузург аст. Сарвати табиие нест, ки инсон онро дар рӯзгори худ истифода набарад аз ин лиҳоз аз ҳар тараф ба саломатии инсон гуногун шуда сарвати табии таъсири худро мерасонад. Масалан ҳангоми дар таркиби об аз 1,5 м\г зиёд будани консентратсияи пайвастагиҳои заҳрӣ дар дандонҳои инсон доғҳо пайдо мешаванд Дар вақти дурру дароз истеъмоли оби дар таркибаш 0,025м\г метил, симоб дошта вайроншавии системаи асаб дар инсон ба амал меояд. хангоми истеъмоли оби дар таркибаш 100 мг\г консентратсияи натрий дошта хурдсолон ба баланд шудани фишори хун гирифтор мешаванд. Паҳн шудани бемориҳои сирояти бешар ба воситаи ҳаво, об, хок вобаста буда ба оқибатҳои паҳншавии холера, зардпарвин, тиф, туберкулёз меоварад. хар як сарвати табии метавонад сабаби асосии паҳншавии бемориҳо гардад.
Дар вақти нодуруст нигоҳдорӣ ва ё рӯйпӯш намудани заҳрхимикатҳо, поруҳои минералӣ, моддаҳои химиявӣ - паҳншавии бемориҳои эндикрионологӣ, аемияи кӯдакон, туберкулёз ба амал меояд.
Мувофиқи маълумоти Иттиҳоди Умумиҷаҳонии тандурустӣ дар охири асри ХХ зиёда аз 7 млн. нафар одамон гирифтори бемориҳои ба сарвати табии ва сифати он вобаста буда гирифтор шуданд ва аз онҳо бештар аз 500 ҳазор нафарашон ба марг расиданд. Ин ҳолат ба дарозии умри инсон таъсир мекунад, ки он сол то сол кам шуда истодааст. Нигоҳдории саломатии инсон ё ба вуҷудомадани бемориҳои гуногун ин алоқамандии мураккаби дохили экосистема ва биоэкосистема буда, таъсири омилҳо ба он хеле назаррас аст. Аз ин бар меояд, ки ҳар як сарвати табии ба ҳамдигар ҳамчун занчир дар алоқамандии том вуҷуд дошта, бевосита ба саломатии инсон таъсир мерасонад.
2. Нишондиҳандаи ҳолати экологӣ дар Точикистон.
Аз маълумоти олимон бар меояд, ки ду нишондаҳандаи ҳолати экологӣ муайян карда шудааст :
1. Нишондиҳандае, ки тансиҳатии инсонро инъикос мекунад, ин ба равандҳои иҷтимои табии нигаронида шудааст, он бевосита дар асоси ба ҳам алоқамандии шароити иҷтимоӣ ва муҳити табии техногениро ба ҳам вобаст намуда ба динамикаи дарозии умр таъсир мекунад: Масалан нишондиҳаи пасти дароз умри инсон ва афзудани фавт ин нишондиҳандаест, ки ҳолати тансиҳати инсон хеле дар доира паст қарор доштанаш инъикос мегардад. Аз рӯи ақидаи М.С. Бедний «таваллуди зиёд ва фавти баланд ба давлатҳои аз ҷиҳати экологӣ ақибмонда хос буда, дар ин давлатҳо иқтисодиёти паст, шароити иҷтимоии бе ниҳоят ноқуллай ҳукмфармо аст.Дар шароити таввалуди зиёд ва шароити иҷтимои иқтисодӣ паст буда, ҳолати тансиҳати инсон манфӣ гардида боиси паҳн шудани бемориҳои гуногун мегардад»
Муайян карда шудааст, ки давраи афзудани шумораи фавт ба давраи истифодаи васеъи химизасияи хоҷагии қишлоқ рост меояд. хангоми баҳо додан ба фавт аз тарафи олимон маълум гардид, ки нисбати аҳолии шаҳр, аҳолии дар деҳот зиндагӣ кунанда бештар ба марг гирифтор мешаванд, зеро таъсири заҳрхимикатҳо ба ин аҳолиҳо зиёдтар будааст.
Аз ҳама хатарноктарин ҳодиса барои тансиҳатии инсон ин паҳншудани заҳрхимикатҳо дар ҳаво аст. Солҳои пеш барои коркарди пахта бештар авиохимияро истифода мебурданд, ки ин ба афзудани фавт меовард, ҳоло бошад ин усул аз байн рафт ва нисбатан фавт низ дар байни аҳолии дар деҳот зиндагӣ дошта паст гардид.
Тадқикоти донишгоҳи эпидемологӣ ва гигиенӣ нишон дод, ки соле ҳаҷми истифодаи пестисид 14,5 000 т.ро ташкил медиҳад, ки аз он 42% таъсири фаъол ва миёна фаъол дорад. Ин заҳрхимикатро барои коркарди шолӣ, ҷуворимакка, пахта истифода мебаранд. Ин истифодабарӣ ба таркиби об, хок, ҳаво бетаъсир набуда, бевосита ба саломатии инсон таъсири худро мерасонад. Фишори пестисиди асосан дар ноҳияҳои хоҷагии қишлоқ ривоҷ ёфта бештар дида мешавад, ки ба ин ноҳияҳо Конибодом, Исфара, Бобоҷон Fафуров, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Масчоҳ шомил аст. Дар ин ноҳияҳо бештар боқимондаҳои пестисидҳо дар обҳавзҳои кушод ҷамъ шуда ба обҳои зери заминӣ ҳамроҳ мегардад ва ҳатто ба обҳои нӯшокӣ таъсир мерасонад,ки он ҳамчун занҷир аз як сарват ба сарвати дигар гузашта таркиби табии онро дигаргун мекунад.
Боқимондаҳои пестисидҳо натанҳо ба об, балки ба таркиби ҳаво низ таъсир мерасонад.Гурӯҳи зиёди аҳолии ин марзҳо дар натиҷаи ҳамроҳ шудани заҳрхимикатҳо ба таркиби ҳаво, об ва маҳсулоти ғизоӣ ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. Муҳимтарин вазифа дар замони муосир омӯзиши механизми интоксикатсияи заҳрхимикатҳои таркиби маҳсулоти хоҷагии кишоварзӣ ва сарватҳои табии аст, ки то чӣ андоза ба саломатии инсон таъсир менамояд. Муайян карда шудааст, ки таъсири заҳрхимикатҳо ба биота низ назаррас буда, боиси вайроншудани экосистемаи маҳалҳои зерин мегардад.
2. Бо баробари сохтани обанборҳо, аз худ намудани массивҳои табиӣ, инкишоф додани шаҳрҳои калон, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тағйир додани ҳолати табии ба амал меояд. Махсусан ҷараёнҳои ҳаво тағйир ёфта боиси афзудани шамол, фаъолияти эрозионии он мегардад. Омили асосии таъсиркунанда ин нобаробар гарм шудани ҳарорату, бухор гаштани об дар марзҳои азхуд шаванда ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷа дигаргунии ҳарорати шабонарузӣ ба амал меояд. Ин ҳолат ба одамоне, ки бештар бемориҳои дил, диққи нафас доранд таъсир мерасонад ин ин бемориҳоро ба хуруҷ меоварад.
Муайян карда шудааст, ки дар байни гуногун пайвастагиҳои химиявӣ, ки дар натиҷаи гуногун роҳхо ба таркиби ҳаво ҳамроҳ мегардад зиёда аз 28 ингредиентҳо заҳрнок ба саломатии инсон хавфи зиёд меоварад, аз ин пайвастагиҳои химиявӣ бенз – 0- пирен, аммиак,сулфур, алдегид, фармалдегид, толуол доимо дар гардиш буда ба саломатии инсон таъсири худро мерасонад. Аз татқиқоти олимон бар меояд, ки одамоне, ки бештар аз бемориҳои сактаи дил, системаи эндокриннологӣ, диабети қанд шикоят доранд дар марзҳои саноат тараққӣ намуда зиндагӣ мекунанд. Мутахассисони соҳаи тиб муайян кардаанд, ки таъсири техногенӣ ба муҳити зист ба он меоварад, ки аҳолии маҳалро ба бемориҳои нооромии руҳӣ гирифтор месозад.Аз ин рӯ вазияти марзҳое, ки дар он ҷой аҳолӣ зиндагиӣ мекунад вобаста ба ҳодисаҳо ва равандҳои техногенӣ баҳои экологӣ дода ба панҷ дараҷа тақсим кардааанд, ки ин тақсимот дар Тоҷикистони Шимолӣ бештар омӯхта шудааст:
1 Дараҷаи мусоид.
2 Дараҷаи қаноатбахш.
3. Дараҷаи бошиддат.
4. Дараҷаи бӯҳронӣ
5. Дараҷаи ҳалокатовар.
Ба дараҷаи мусоид марзҳои кам азхуд шуда, ворид карда шудааст,ки дар ин марз ҳам аз ҷиати табии ва ҳам аз ҷиҳати таъсири инсон ба сарвати табии дигаргунӣ назаррас нест. Масоҳати заминҳои вайрон гардида аз 10 % зиёд набуда, қобилияти барқароршавӣ дорад ва ба тансиҳатии инсон наонқадар таъсир мерасонад. Олимон ҳангоми татқиқот муайян карданд, ки ба ин дараҷаи мусоид бештар марзҳои массиви Палос, Мирзоравот хос аст.
Дараҷаи қаноатбахш – ин марзҳо қисман аз худ гашта, тағйироти наонқадар зиёдро дар муҳити табии ба амал овардаанд. Масоҳати заминҳои вайронгашта аз 20% зиёд набуда, дар ин марзҳо доимо тағйирёбии ҳодисаҳои табии, табии – техногенӣ, техногенӣ - геологӣ ба амал меояд. Ба ин марзҳо ноҳияи Истаравшан, Fончӣ, Масчоҳ бштар хос аст.
Дараҷаи бошиддат. Ба ин дараҷа бештар марзҳое дохил карда шудааст, ки поймаҳои дарёю террасаҳои он, ё худ заминҳои чарогоҳӣ, ки дар асоси он масоҳати вайроншавии замин аз 30% зиёд нест. Дар ин марзҳо тағйироти ҳодисаҳои табиӣ, табии техногнеӣ бештар ба амал меояд. Ин заминҳои вайроншуда соҳилҳои дарёи Сир ва заминҳои чарогоҳии кӯҳҳои Муғул ва Қурамаро дар бар мегирад.
Дараҷаи бӯҳронӣ - заминҳои шӯрокшудаи хоҷбақирғон, Исфара, Ашт, Қайроққумро дар бар мегирад ва ин марзҳо оби ифлосшудаи сатҳи заминӣ ва заминӣ доранд Аз ин рӯ масоҳати вайроншудаи замин 40% -ро ташкил медиҳад, ки барои барқаррор намудани ин марзҳои солҳои зиёд ва маблағи кофӣ заррур аст.
Дараҷаи ҳалокатовар - зонаҳои партовҳои радиоактивӣ, сарҳади зонаи сейсмикӣ, зонаи фаъоли ҷараёнҳои боришот, кандашави, фурӯравиро дар бар мегирад. хамчунин паҳншавии ҳодисаю равандҳои вайроншавии экосистемаҳо ба пӯшиши хок, сатҳи об, хок таъсир намуда масоҳати заминҳои вайроншуда 50% -ро ташкил медиҳад. Ба ин марзҳо бештар Қаромазор, Ҷанубии Фарғонаро дохил кардаанд.

Дидан карданд: 1708

Мавзӯъҳои монанд:

Экология - асоси назариявии ҳифзи муҳити зист

Сарватҳои табиӣ ва истифодаи онҳо

​Шароитҳои табиӣ ва таъсири фаъолияти

Шакли баҳисобгирии муҳосиби чист?

Омилҳои экологӣ. Биосфера. Тавсифи умумии биосфера

Ҳолати ҳозираи мухити зист. Манбаҳо ва сарчашмаҳои ифлосшавии атмосфера.

Экология ва саломатии инсон

Таъсири ифлосшавии мухити зист барои саломатии одам.

Проблемаҳои глобалии экалогӣ. Принипҳои самаранок истифода барии захираҳои табии.

Инкишофи техногенез ва омилхои ба он таъсиркунанда дар Точикистон

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: