Дата: 2016-02-27
Муносибатҳои байналхалқии асъорӣ, яке аз шаклҳои асосии муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд.
Муносибатҳои асъорӣ гуфта чунин муносибатҳои иқтисодиеро меноманд, ки ҳангоми фаъолият намудани пул дар гардиши байналхалқӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин шакли муносибатҳо дар асоси тақсимоти ҷамъиятии меҳнат пайдо шуда инкишоф меёбанд.
Ба субъектҳои муносибатҳои асъорӣ – давлат, корхонаҳо, бонкҳо, шахсони алоҳида ва ташкилотҳое, ки ба фаъолияти берунӣ–иқтисодӣ машғуланд, дохил мешаванд.
Низоми асъорӣ гуфта шакли муайяни ҳуқуқии ташкили муносибатҳои асъориро аз ҷониби давлат меноманд.
Дар назарияи иқтисодӣ низоми миллии асъор, низоми минтақавии асъор ва низоми байналхалқии асъорро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.
Низоми миллии асъор як қисми низоми пулии мамлакат мебошад, ки дар доираи он захираҳои асъорӣ ташкил ва истифода карда мешаванд.
Низоми минтақавии асъор муносибатҳои асъориро дар байни якчанд давлати як минтақа ифода менамояд.
Низоми байналхалқии асъор маҷмўи қонун, қоидаҳо ва муассисаҳое мебошанд, ки муносибатҳои байналхалқии молиявӣ, қарзӣ ва ҳисоббаробаркуниро дар асоси созишномаҳои давлатӣ ташкил менамоянд.
Низоми байналхалқии асъор дар асоси низомҳои миллии асъор ташкил шуда аз унсурҳои зерин иборат аст:
Низоми байналхалқии асъор дар таърихи инкишофи худ се зинаро аз сар гузаронидааст: зинаи аввал аз соли 1879 то 1944; зинаи дуюм аз соли 1944 то соли 1976 ва зинаи сеюм аз соли 1976 то имрўз. Мувофиқи ин зинаҳо се шакли низоми байналхалқии асъорро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: низоми стандарти тиллоӣ; низоми асъории Бреттон-Вудск ва низоми асъори озод (Ямайка). Онҳоро низоми қурби асъор низ меноманд.
Низоми стандарти тиллоӣ чунин низомест, ки дар он тилло ба сифати асъори байналхалқӣ истифода мешавад. Ин низом дорои хусусиятҳои зерин буд:
Низоми асъории Бреттон-Вудск (низоми асъории мустаҳкам) соли 1944 ба ҷои низоми стандарти тиллоӣ ба вуҷуд омадааст. Ба ин низоми асъорӣ хусусиятҳои зерин хос мебошад:
Низоми асъори озод соли 1976 дар конфронси Ямайка ташкил шудааст ва қоидаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
Просмотр: 3423
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved