|

Шароити Тоҷикистони шимолӣ - Вилояти Суғд

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-25

Нақша:

  1. Шароити табиии вилоят
  2. Иқлим ва омилҳои иқлимҳосилкунанда.
  3. Релеф ва хусусиятҳои орографӣ.

 Тоҷикистони шимолӣ дар шимол аз қираи қаторкӯҳи Туркистон ҷойгир шудааст. Ин ноҳия дар ғарб, шимол ва шарқ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷанубу шарқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамҳудуд буда, дар ҷануби ғарб бо ноҳияи табиии Зарафшон ҳамшафат мебошад.
Ҷануби ноҳияро қисми Тоҷикистонии водии Фарғона ишғол кардааст, ки дар ҳудуди шарқии ноҳияи Восеъ буда, ба тарафи ғарбӣ танг мешавад. Баландии он дар ҷойҳои пасттаринаш 300 м буда, ба шимол ба сӯйи кӯҳҳои Муғул ва ба ҷануб ба тарафи қаторкӯҳи Туркистон тадриҷан баланд мешавад.
Дарёи Сир ин қисми водии Фарғонаро ба ду қисм ба соҳилҳои рост ва чап ҷудо мекунад. Соҳили рост, ки ба тарафи кӯҳҳои Муғул ва Қурама паҳн шудааст, хеле камоб мебошад. Обёрии заминҳои васеи соҳили рост бо оби дарёи Сир солҳои охир сар шуда, як қатор муваффақиятҳо ба даст оварда шудааст.
Масоҳати ҳамвориҳои соҳили чап дар доираи Тоҷикистон то ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон давом мекунад. Ин ҳиссаи водӣ бо об бештар таъмин аст. Онро дарёҳои бисёр ва каналҳои магистралӣ аз шарқ ба ғарб бурида гузаштаанд. Дар ин қисм масоҳати калонро киштзор, боғу токзор ишғол кардааст.
Тоҷикистони шимолӣ ҳамчун дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияи кӯҳӣ ҳисоб мешавад. Локин дар Тоҷикистони шимолӣ хусусияти кӯҳии релеф нисбат ба дигар ноҳияҳои табиӣ-географии ҷумҳуриӣ хеле кам зоҳир шудааст. Қисми  зиёди территорияро фоизи ҳамворӣ ташкил медиҳад. Дар ин ҷо кӯҳҳо асосан дар канорҳои ноҳия ҷойгир шудаанд. Аз Тоҷикистони шимолӣ иқлим ва ландшафти ба худ хосе пайдо шудааст, ки аз пайдо шудани сохти хоҷагии халқӣ алоқаманд мебошанд.
Хусусиятҳои ба худ хоси Тоҷикистони шимолӣ ин баланду пастшавии ҳарорат ва ҳавои хушк дар як шабонарӯз мебошад.
Водии Фарғона ҳамвории байни кӯҳӣ буда, шакли бодоммонандро дорад ва аз шарқ ба ғарб қариб ба масофаи 300 км тӯл кашидааст. Ин водиро аз чор тараф кӯҳҳои сарбафалаккашида иҳота кардаанд, ки қуллаҳои он то 3-4 ҳ. м аз водӣ баланд мебошад. Танҳо гузаргоҳи таге, ки аз тарафи ғарб воқеъ гардида ва бо номи «Дарвозаи Хуҷанд» машҳур мебошад, кушодааст. Дарёи Сир ҳамин дарвозаро гашта, ба водии васеи шукуфони Мирзочӯл мебарояд.
Дар шимоли водӣ қаторкӯҳҳои Чаткал ва шохаҳои ҷанубӣ-ғарбӣ он силсилаи кӯҳҳои Қурама ва кӯҳи Мевағул воқеъ гардида, аз шарқ ва водиро қаторкӯҳи Фарғона ва аз тарафи ҷануб силсилаи Олой ва Туркистон печонида гирифтаанд, ки аз кӯҳҳои Қурама ва Мевағул кӯҳҳои дигари онҳо сарбаланду барфин мебошад. Баландии баъзе қуллаи онҳо қариб ба 6 ҳазор мерасад. Баландии водии Фарғона аз сатҳи баҳр аз ғарб ба шарқ меафзояд ва 300-900 метрро ташкил мекунад. Водии зархези Фарғона дорои бисёр сарватҳои гунолгуни табиӣ-нефт, газ, олтингӯгирд, озекерит, боксит, симоб, сурма, металлҳои ранга, масолеҳи бинокорӣ мебошад, ки ба туфайли ин бойигариҳои соҳаҳои гуногуни саноат инкишоф ёфтаанд.
Дар соҳили рости дарёи Сир, дар наздикии Сомғор кӯҳҳои Оқбел ва дар шарқии он Оқчол қомат рост кардааст. Ин кӯҳҳои  начандон баланд набуда, 900 аксаран аз ҷинсҳои такшонӣ иборатанд.
Қаторкӯҳи Қурама дар шимолӣ-ғарбии водии Фарғона ҷойгир буда, баландии он 3769 м мерасад. Қисми канори ҷанубу ғарбӣ онро кӯҳи Қаромазор меноманд, ки баландиаш то 2500 м мебошад. Кӯҳи  Қаромазор аз қадимулайём бо кони нуқраи худ машҳур аст.
Мураккабии релеф, гуногунии иқлими Тоҷикистони шимолӣ яке аз сабабҳои он гардидааст, ки хоки растании ин кишвар ҳам гуногун аст. Барои ин территория аз ҷиҳати хоку растанӣ фарқ кардани маҳалҳоӣ характерно аст.
Растаниҳои Тоҷикистони шимолӣ гуногун буда, ҳамчун хӯроки ашёи хоми саноат,  растаниҳои доруворӣ аҳамияти калонми хоҷагӣ доранд. Дар ин дарё набототи танҳо барои ҳамин маҳал хос бисёр аст. Ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки фақат дар кӯҳи Муғул 25 навъи растаниҳои эндемии муайян карда шудааст. Дар шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он 1350 навъи набототи гурӯҳи олӣ қайд карда шудааст, ки аз он ҷумла дар кӯҳи Муғул 800 навъи он нашъунамо мекунад.
                         2. Иқлим ва омилҳои иқлимҳосилкунанда
Иқлими вилояти Суғд натиҷаи таъсири мутақобилаи бисёр омилҳои гуногуни иқлимҳосилкунанда-мавқеи географӣ, сохти релеф, радиатсияи офтоб, пӯшиши растанигии сатҳи замин, серкулятсияи атмосферӣ, аз уқёнусҳои ҷаҳон дур будан ва ҳаракатҳои анбӯҳи ҳавоӣ аз мамлакатҳои дур аст.
Вилоят дар масофаи хеле дур аз баҳру уқёнусҳо ва дар баландии аз 250 м то 550 м ҷойгир шуда, иқлими хушк, зимистони кӯтоҳу нарм, тобистони гарм дорад. Дар байни 39-410 арзҳои шимолӣ ҷойгир будани вилоят бузургии радиатсияи офтобро муқаррар менамояд. Давомнокии ҷилои офтоб дар як сол мувофиқи баъзе маълумотҳои навтарин аз 2067 то 3166 соат нурафшонӣ мекунад. Ба иқлими вилоят бештар анбӯҳи ҳавои гарми аз тарафи уқёнуси Атлантика оянда таъсир мерасонад. Ин анбӯҳи ҳавои намнок аз ғарб ба шарқ бемалол ба водиҳои Зарафшону Фарғона ворид гашта, ба боришот ва ҳарорати ин минтақаҳо таъсири худро мерасонад. Анбӯҳи ҳавои арктикӣ бошад, асосан аз тарафи шимол ва шимоли шарқӣ ба марзи вилоят дар фасли зимистон вазида, ба хунукшавии қисми зиёди ҳудуди вилоят сабаб мегардад. Вилояти Суғд дар шимолтарини зонаи субтропикӣ ҷойгир шуда, иқлим типпи баҳримиёназаминӣ характерно каст. Дар рӯзҳои зимистон баландии офтоб 28, тобистон бошад, дар уфуқ то75 мерасад. Дар водиҳо, ҳамвориҳо, теппаҳои Тоҷикистони шимолӣ ҷамъ ҳарорати фаъол то ба 5000 мерасад. Бинобар ин барои парвариши зироатҳои гармидӯст шароити агроиқлимӣ имконият медиҳад. Аз ин лиҳоз дар Тоҷикистон шимолӣ пахтаи маҳиннахро то баландии 400-500 м, пахтаи дарознахро то баландии 850-950 м ва ангурро то баландии 1400-1600 м, зардолу то 2350-2550 м ва ғалладонаро дар ҳамаи минтақаҳои баландӣ парвариш кардан мумкин аст.
Дар водии Зарафшон иқлим хушк, зимистони камбарф ё миёнабарфӣ, давраи хунук аз 110 рӯз дар пастиҳои водигӣ то 190 рӯз дар баландиҳо амал мекунад. Ҷамъи ҳарорати фаъол то ба 4000 дар пастиҳои водӣ мерасад. Бинобар ин дар водӣ барои парвариши пахта миқдори гармӣ нокифоя буда, вале то баландии 3000 м зироатпарварӣ имконпазир аст.
Мураккабии релеф ба ин овардааст, ки як қисми ноҳияи табиӣ, водиву ҳавзаҳои байникӯҳӣ ва баландиҳои кӯҳу қаторкӯҳҳо иқлими ба худ хос дорад. Аз ин ҷо иқлим аз сатҳи ғарбу шарқ ва аз шимол ба ҷануб аз доманаи кӯҳ то қуллаҳои онҳо тадриҷан тағйир меёбад ва фарқ мекунад. Агар дар водиҳои ҳамвориҳои доманаи кӯҳу қаторкӯҳҳо тобистони гарму тафсонӣ ҳукмфармо бошад, дар ҳамон давра дар қуллаҳо «сармои абадӣ» ҳукмронӣ мекунад.
Дар ҳамвориҳои шимоли вилоят ва водии Зарафшон миёнаи моҳҳои зимистон-январ аз -10-30 бошад, ҳарорати миёнаи моҳҳои тобистон-июл то -250-300-ро ташкил медиҳад.
Дар баъзе пастхамиҳои водии Фарғона, дашти Мирзочӯл, Дилварзин ҳарорати аз ҳама баланд бо Ӯ450Ӯ470 м мерасад. Дар фасли тобистон ҳарорати ҳаво рӯзона баъзан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Ғафуров, Қайроққум, Конибодом, Бӯстон ва ғайра ба 400 мерасад. Дар ноҳияҳои кӯҳие, ки дар баландии 1900-2200 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст, ҳарорати мутлақ ба 300 мерасад. Давомнокии зимистон ба ҳисоби миёна 2,53 моҳро ташкил медиҳад, тобистон бошад тафсону дуру дароз аст. Дар вилоят қисми асосии боришот ба фасли зимистон ва баҳор рост меояд. Миқдори боришоти солона дар ҳамвориҳо, дар қисми шарқии вилоят дар минтақаи Конибодом 100 мм дар қисми ғарбии он 200-240 мм мебошад. Аз ҳама минтақаи нисбатан хушктарин доманаҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Туркистон Қурама ва Муғул мебошад. Аз қисми ғарбӣ ба самти водии Фарғона доимо бодҳои маҳаллии Бекобод ва гармсел мевазад, ки аз биёбонҳои Осиёи Марказӣ меояд ва обу ҳаво минтақаи номбурда таъсир мерасонад. Баъзан таъсири онҳо ба даштҳои Мирзочӯли тоҷик, Дилварзин, Қизили, Сомғор ва Ашт калон чанд рӯз давом меёбад. Онҳо ҳавои хушкро бо гарду чанг оварда, ба зироатҳои хоҷагии қишлоқ дар шароити камобӣ зарари калон мерасонад. Ин гуна шамолҳои сахт сабаби эрозияи хок низ мегардад.
               3. Релеф ва хусусиятҳои орографӣ
Марзи вилоят асосан аз теппагию кӯҳсор иборат буда, баландии он аз сатҳи баҳр аз 300 то 5509 м баланд мебошад. Аз ҳама ҷойи пасттарин вилоят соҳили дарёи Сир буда, дар ғарб 250 м ва дар қисми шимолу шарқии 400 м ташкил медиҳад. Дар қисми шимолии вилоят қаторкӯҳҳои Қурама ва кӯҳи Муғул, ки ба системаи кӯҳҳои Тиёншони ғарбӣ дохил мешавад, воқеъ гаштааст. Қаторкӯҳҳои Қурама дар ҳудуди Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷойгир шуда, ба марзи вилоят нишебиҳои ҷанубӣ ва шимоли ғарбӣ дохил мешавад. Баландии миёнаи он аз 2000-2500 м буда, барфҳои дар фасли зимистон борида, танҳо дар қуллаи баландтарини он Бобои об-3768 м, дар фаслҳои тобистон нигоҳ дошта мешавад.
Нуқтаи баландтарини кӯҳи Муғул Музбек ном дошта, ба 1624 м меравад. Ба тариқи мувозӣ бо кӯҳи Муғул ва соҳили чапи дарёи Сир теппаи Рухак воқеъ гаштааст, ки дар 10-15 соли охир дар натиҷаи азхудкунӣ ва обёрӣ сатҳи он симои худро торафт тағйир дода истодааст.
Аз ҳамин теппа сар карда, ба тарафи ҷанубии вилоят то қаторкӯҳи Туркистон релефи маҳал баланд шуда меравад. Қаторкӯҳи кӯндаланги хобидаи Туркистон чун девори бузург водии Фарғонаро аз водии Зарафшон ҷудо мекунанд. Баландии он дар ғарб 3163 м аст. Дар шарқ қуллаи баландтарини он пирамидагӣ 5509 м-ро ташкил медиҳад. Ҳамвориҳои калонтарини вилоят дар ду тарафи дарёи Сир воқеъ шуда, онро қисми ғарбии водии Фарғона ташкил додааст ва он барои кишту кор, боғу ток ва дигар фаъолияти кишоварзӣ ба кор бурда мешавад. Маҳалҳои ҳамвории қисми шимолии вилоятро дашти Дилварзин, Мирзочӯли тоҷик, Ашти калон, Қизили ва ғайра меноманд.
Дар байни қаторкӯҳи Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор водии Зарафшон ҷойгир шудааст. Пайдоиши водии тектоникӣ фурӯхамидаи байникӯҳӣ буда, аз ҷтнсҳои палеозой ва мезокайнозой иборатанд.
Аз водии Зарафшон ба маркази вилоят аз ҷумҳурии роҳи автомобилгард мегузарад, ки он ду ағбаи баландро гузоштааст: яке аз ағбаи Шаҳристон-3351 м ва дигаре Анзоб-3372 м мебошад.
Ҳамвориҳои доманакӯҳии водии Зарафшон бештар барои боғу роғ, сабзавот, аз ҷумла картошкакорӣ кишти ғалладона истифода мешаванд. Пастхамиҳо ҳамвориҳои дар қаламрави вилоят буда, асосан дар водии дарёҳои калон ва сойҳо дар баландиҳои аз 300 м то 2500 м воқеъ гаштаанд. Дар қаламрави вилояти Суғд қариб ҳамаи шаклҳои релефи сатҳи  хушкӣ: ҳамворӣ, теппаву баландиҳо, доманакӯҳ, пасткӯҳ, миёнакӯҳ, баландкӯҳҳоро дидан мумкин аст.

    1. Олами растанӣ ва ҳайвонот

Аз 5000 намуди растаниҳои дараҷаи олӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ нашъунамо мекунад, зиёда аз 3000 навъи он дар марзи вилоят муайян карда шудааст. Набототи он хусусиятҳои минтақаҳои амудӣ дорад: то баландии 500 м набототи биёбонӣ, 500-1500 м набототи нимбиёбонӣ, баландтар аз 1500 м ҷангалҳо ва буттазори кӯҳӣ ва аз 2500 м баландтар минтақаи растаниҳои баландкӯҳ нашъунамо мекунад.
Дар минтақаи ҳамворӣ, ки иқлимаш гарм ва хушк аст, зонаи биёбону нимбиёбон ба назар мерасад. Ин минтақа аз олами набото камбағал буда, давраи нашъунамои растаниҳо аз сабабҳои хушк будани иқлим хело кӯтоҳ аст ва аз гармии ҳаво тез рангашон хазон мешаванд.
Ба ин гурӯҳ растаниҳо ҷӯробак, лолахасак, шӯра, явшон, чинорак ва баъзе хӯшадорҳо мансубанд. Дар ноҳияҳои шимоли вилоят саксавул, чараз, янтоқ, кавар ва дигар растаниҳои мавсимӣ аз қабили ронденгема, нахӯдак, таракбош, калтик, мастак, исфарак, хори гӯсфанд ва ғайра месабзанд. Дар соҳили дарёи Сир растаниҳои гуногун зич сабзида, тӯқайзорҳоро ба вуҷуд меоварад. Дар ин ҷо дарахтони мухталиф ва растаниҳои хӯшагӣ баланд, ширинбия, эриатус, алафҳои ботлоқи тӯрон, чемиш, кешдир, қамиш, буттаҳои юлгун месабзад.

Дидан карданд: 1618

Мавзӯъҳои монанд:

Тавсифи биомҳои асосии хушкӣ. (давомаш)

Шароити Тоҷикистони шимолӣ - Вилояти Суғд

Ноҳиябандии зоогеографии Тоҷикистон

Вилоятҳои табиии Тоҷикистон ва тавсифи онҳо

Ноҳиябандии геоботаники Тоҷикистон

Ҳаёт дар ҷазираҳо

Минтақанокии баландӣ дар тақсимоти организмҳои хушкӣ (рӯизаминӣ)

Тавсифи биомҳои асосӣ (давомаш)

Тавсифи биомҳои асосӣ хушкӣ

Тақсимоти флористии Замин

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: