|

Ноҳиябандии зоогеографии Тоҷикистон

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-25

Нақша:

  1. Фаунаи Тоҷикистон
  2. Хусусияти таркиби фаунистӣ.
  3. Гуногуншаклии паррандаҳои Тоҷикистон
  4. Қитъаи Помир кӯҳистони Помир

1. Фаунаи Тоҷикистон
Олами ҳайвоноти Тоҷикистон гуногунии бузург дорад ва на фақат аз ҷиҳати таркиби намудҳо, инчунин таркиби таксономӣ баландтар, аммо ин бойигӣ ва гуногунии асосан ба ҳиссаи минтақаи миёнаи бешагӣ рост меояд, ки дар намуди типикӣ дар нишебиҳои қ-к Зарафшон, Ҳисор, Пётр 1, қ-к Тоҷикистони Марказӣ ва камтар дар ҳолати камбағал дар нишебиҳои кӯҳҳои Помири Ғарбқ ё Бадахшон ҷойгир аст. Дар ҳамаи массивҳои кӯҳӣ номбаршуда минтақаи бешаи мезофилӣ баландиҳои аз 1100-1200 то 2000-2200м, дар ҷойҳои алоҳида то 2400м аз сатҳи баҳр ишғол мекунад, яъне 800-1200м баландиро аз рӯи амудӣ фарш мекунад. Аз ин сатҳи ҷойгиршавии растаниҳои бешагӣ поён ё боло дар кӯҳҳо таркиби намудҳои ҳайвонот камбағал, камтар гуногун мегардад.
Дар қаламрави Тоҷикистон ду категорияи фаунаҳо дақиқ ҷудо мешавад: олами ҳайвоноти ҳамвориҳои патӣ (регӣ, гилӣ ва биёбонҳои шӯрзамин) ва нуфузи бошандагони ҳайвоноти кӯҳҳо (тасмаи нишебиҳо боло аз сарҳади минтақаи тункбешаи арид, яъне аз 1000-1100м баланд).
Шумораи бузурги намуд ва авлодҳои эндемикӣ ва субэндемикӣ ҳайвонот, хусусан ҳашаротҳо ва намудҳои мӯҳрадорон, ки инчунин ба минтақаи кӯҳӣ хос аст. Фаунаи кӯҳҳои Тоҷикистонро ба музофоти ягонаи зоогеографӣ кӯҳӣ осиёи миёна мансуб донистан имконият медиҳад. Мустақилияти ин музофотро дар доираи полеарктикӣ мавҷудии шумораи зиёди намудҳо ва авлодҳо, ки ареалиашон аз доираи вилоятҳои кӯҳӣ Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон берун намебуроянд ё қисман мебароянд далели эътимоднок мебошад. Музофоти зоогеографӣ кӯҳӣ Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати фаунистӣ каму беш аниқ ба 4 қитъа тақсим мешавад, аммо фаунаи кӯҳҳои Тоҷикистон ба 3-тои аз онҳо: тёншони ғарбӣ, помир ва худи тоҷикистонӣ тааллуқ дорад.
2.Хусусияти таркиби фаунистӣ ҳамаи ин қитъаҳои зоологӣ дар ҳаракат аз шимол ба ҷануб пурзӯр мегардад.
1. Ба қитъаи тёншони ғарбӣ дар ҳудуди Тоҷикистон доманаҳои нишебии шимолӣ қ-к Туркистон, ҳамаи водии дарёи Сирдарё (дар ҷумҳур бо обанбори Қайроқум ва Фарҳод), кӯҳҳои Муғуг ва Қаромазор, қ-к Қурама, қ-к Қирғиз, Чатлоқ, Тала ива Фарғона дохил мешавад. Мувофиқан қисми тоҷикистонқ қитъаи тёншони ғарбии қаламрави хурди вилояти Суғдро ишғол мекунад.
Дар нисбати фаунистӣ аз хазандаҳо калтакалоси туркистонӣ, аз парандаҳои пайдоиши европоӣ намудҳои зерин хос аст: уқоби майда, волчак, шитобчӣ майда, харкафтар, мусича, кӯкқарға, эчкемар, скворетс, кабудча, асиаки ҷангалӣ, чарғи сиёҳпешона, чағуки хокистарӣ, таранди мағалчии кӯҳӣ, таранди хокистарӣ, деряба, булбули ҷанубӣ, таранди заған, дурроҷи сиёҳ.                                                                                              
3.       Гуногуншаклии паррандаҳои Тоҷикистон
Аз гурӯҳи баҳримиёназаминӣ дар кунҷи ҷануби ғарбии қитъаи тёншони ғарбӣ вомехӯранд лошахӯри сафедсар, лачак, тювик, каклик, дҷек, авдотка, ғурғураки шикамсиёҳ, қурқуриқароқчаи тиллоӣ, сори пуштиранг, чечевичники сурхбол, досаки сафедшикам, каабӯтари кабуд, зоғчаи алпӣ, чумчуқи испанӣ, залиҷи кӯҳӣ, ҷӯри даштӣ, гаваккашони хурди харсангӣ, таранди хушхон.
Намудҳои зиёди номбаршуда бо биотаҳои кӯҳӣ, ки дар баландиҳои гуногун ҷойгиршуда вобаста аст, дигар бошандагони фазои кушод, маҳали наздидарё, ки ҷариҳои лёссӣ ё конгломератӣ мавҷуд.
Гурӯҳи минбаъдаи хоси парандаҳои лонасозӣ ин қитъаро намудҳои эрону туркистонӣ ташкил мекунанд. (бумчаи биёбонӣ, саъба, фотимачумчуқҳои сурхсарпӯшдор, заличи бадқаҳр, заличи сюарт, заличи сангзорҳо, парандаи тақлидчии биёбонӣ, таранди мағалчӣ, фотимачумчуқ, булбули сафедгардан, ҷӯри дудоға), ки қисми зиёди онҳо дар нишебиҳои кӯҳӣ аз ҳудуди поении маҳали беша то ҳудуди болоӣ зист доранд.
Гурӯҳи хеле шавқовар ва калони парандаҳои лонасози қитъаро намояндаҳои пайдоиши ҳиндӣ ва ҳиндию африкоӣ ташкил мекунанд: мусичаи хурд, майна, чарғи дароздум, чағуки ҷаннатӣ, аз онҳо ду аввалин сиантропӣ буда, бо инсон то баландии 2200-2400м аз сатҳи баҳр боло мебароянд, майна паҳншавии васеъ дорад. Гурӯҳи намудҳои парандаи пайдоиши хитоӣ дошта, чуғурчуқи калони пуштиранг, парандаи хурди сароянда аз ҷинси ғунҷишакҳои ҳимолоӣ, фотимачумчоқи сурхгардон, фотимачумчуқи кабуд, фотимачумчуқи зардшикам, мурғи толеъ, норуи сафедсар вобаста аст, бо бешаҳои арчазор, бушол, зирк дар омехтагии бо гулҳо ва растаниҳои алафӣ дар баландии 1200-1500м вобаста аст. Ба миқдори кам парандаҳои гурӯҳи тибетӣ ба ин ҷо дохил мешаванд, дар баландкӯҳҳо вомехӯранд. Аз гурӯҳи муғулӣ дар қитъа курганник, каабӯтари харсангӣ, лочин балобан, фотимачумчуқҳои биёбонӣӯмуғулӣ, сангобдаваки зардсар, парандаи хушхони боғотӣ, мағалчӣ сиёҳгардон иборат аст.
Дар қитъаи зоологӣ тёншони ғарбӣ 35 намудҳои ширхӯрон ҳисобкарда мешавад. Аз ҳама хос суғури Мензибер ва юрмон реликтӣ қайд карда мешаванд, аз васеъ паҳншудагони намудҳои ширхӯрони биёбонӣ, ки ба кӯҳҳо ворид мешаванд-хорпушти гӯшкалон, харгӯши талай, кӯрмушчаҳои оддӣ, аз намудҳои биёбонӣ тӯрон, муши регзори юлғунин ва тавушқони Северсов, аз пешазосиёгӣ муши сурхдуми регзор, аз намудҳои биёбонҳои Қазоқистон юрмони зард. Ин намудҳо то баландии 1500-1200м ба кӯҳҳо мебароянд. Аз намудҳои васеъ паҳншуда шабнишинаки сурхранг, муши бешагӣ, хомяки бешагӣ, хирс, қоқум, силовсин вам уши даштии оддӣ, аз даштиҳо хази даштӣ, чипори даштӣ, муши ҷамъиятӣ, аз намудҳои ширхӯрони мамлакатҳои ҷанубӣ сафеддандонаки хурд ва сафедшикам, ҷайра, мирмушончаи хокистарӣ, хуки ёбоӣ. Дар қитъаҳои кӯҳӣ боқимонда низ вазни таркиби намудҳои ширхӯрони бошандагони биотоби сангзор зиёд аст-пишухаи сурх, муши нуқраранг, савсори сангзор, паланги барфӣ, бузи кӯҳии Осиёи Марказӣ, инчунин намудҳои дар палеоарктика васеъ паҳншуда муши хонагӣ, гург, рӯбоҳ, қашқалдоқ, мирмушон, сагобӣ. Аммо дар ғарб, дар қисми тоҷикистонӣ қитъаи зоологӣ тёншони ғарбӣ намояндаҳои хоси он, вуҷуд надоранд, маҳз марал, оҳу, аммо суғури Мензибир эндемикӣ вомехӯрад. Зерқитъаи Фарғона, ки қ-к Туркистон ва Олойро дарбар мегирад суғури Мензибир, юрмони реликтӣ, муши даштӣ, тангсар вуҷуд надорад, аммо суғури сурх, пишухаи сурх ва муши даштӣ помирӣ вомехӯранд. Дар зерқитъаи Чотқол-Угам-пишухаи сурх, суғури Мензибир, юрмони реликтӣ, инчунин мушҳои даштӣ помирӣ, ҷамъияти ва оддӣ вуҷуд дошта, аммо суғури сурх вуҷуд надорад.
Аз ҳашаротҳо баробарқанотҳо авлод ва намуд шапаракҳои зиёд эндемикӣ, сӯзанакҳои зиёд, қӯнгузҳои тахтамӯйлабҳо хос аст. Пашшаҳои хӯшадорон эндемикӣ
4. Қитъаи Помир кӯҳистони Помир ва қисми болоии води Олойро қаламрави баландкӯҳи хеле дақиқ ҷудошаванда бо шароити иқлими хунук ва растаниҳои хеле камбағалро дарбар мегирад. Бо камбағалӣ фауна низ хос аст. Аз парандаҳо умуман наздик 120 намуд ба қайд гирифта шудааст, ки дар байни онҳо 10-12 намуд муқимӣ, 45-47 лонасози паридараванда, зимистонгузаронанда ҳамагӣ 4-5, дигар намудҳо ба категорияҳои паридагузаранда ва оворагард иборат аст.Наздик 18 намуди пайдоиши Осиёи Марказӣ ва 7 намуд пайдоиши муӯулу тибетӣ доранд. Намуди муқаррарӣ парандаҳои Помир қози кӯҳӣ, балобани тибетӣ, каргаси барфӣ, садшаи тибетӣ, улари тибетӣ, чаковаки кӯтоҳминқор, лойхӯраки бӯрсар, зернамудҳои помирӣ, фотимачумчуқҳои марворидӣ, ҷӯрҳои борикминқор ва шохдор мебошанд. Дар як вақт парандаҳои хоси тибетӣ, фотимачумчуқи заминнокӣ, хӯлмонанд, куланги сиёҳгардон вуҷуд надорад.
Агар фаунаи пароандаи лонасози Помирро аз нуқтаи назари пайдоиши нигоҳ кунем, он гоҳ намудҳои паранда чун кумай, қози кӯҳӣ, уларҳои тибетӣ ва ҳимолойӣ, чаковаки кӯтоҳминқор, садшаи тибетӣ, фотимачумчуқҳои сурх ва марворидӣ,чумчуқи барфӣ, чечевитсаи калон, ҷӯри борикминқор, мағалчӣ сафедчатоб тибетӣ ҳисобида мешаванд, ки боз якбори дигар хешигӣ орнитофаунаи Помир ва кӯҳсори тибетиро нишон медиҳад.
Қитъаи зоологӣ Помир бо набудани намояндаҳои обиву хокӣ ва хазандаҳо фарқ мекунанд. Фақат қад-қади сарҳад бо Бадахшон аз ғарб ва аз шарқ бо Олой луччашмаки олоӣ, агами ҳимолоӣ, мори обӣ, қурбоқаи чӯлӣ кабуд вомехӯранд
Дар ин ҷо ширхӯрон аз шумораи умумӣ на зиёда аз 15-16 намуд зист доранд, аз 17% камтари териофаунаи Тоҷикистон. Дар Помир чунин намудҳои ширхӯрон, чун муши помирӣ, мурмушончаи хокистарӣ, пишухаи калонгӯш, муши нуқрагин, паланги барфӣ, солонгоӣ, бузи кӯҳии Осиёи Марказӣ, архар зернамуди помирӣ, суғури сурх вомехӯранд, ки бошандагони кӯҳсори Осиёи Марказӣ ва қисми шарқии Тёншон мебошанд.
Ширхӯрони баландикӯҳи Тёншон дар Помир зиндагӣ мекунанд, лекин намудҳои бешагӣ, даштӣ ва биёбонӣ, ки барои Тёншони Шарқӣ хос дар инҷо вуҷуд надоранд.
Дар фаунаи қитъаи зоологӣ Помир намояндагони беемӯҳраҳо мавҷуд, намуд вва авлоди субэндемикӣ телей дар терескин зиндагӣ дорад. Қӯнгузҳои тахтамӯйлаб мавҷуд. Дар ноҳияи шаҳраки зиреҳдор зист доранд. Барои помир ҳашаротҳо ибтидоӣ беқанот хос аст.

3. Қитъаи Тоҷикистонӣ нишебиҳои қ-к Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Пётр 1, Вахш, Дарвоз, Ванҷ, Язғулом ва дигар қ-к Бадахшонро, ки аз 1000-1100м баланд аз сатҳи баҳр дар бар мегирад.

Дидан карданд: 1336

Мавзӯъҳои монанд:

Тавсифи биомҳои асосии хушкӣ. (давомаш)

Шароити Тоҷикистони шимолӣ - Вилояти Суғд

Ноҳиябандии зоогеографии Тоҷикистон

Вилоятҳои табиии Тоҷикистон ва тавсифи онҳо

Ноҳиябандии геоботаники Тоҷикистон

Ҳаёт дар ҷазираҳо

Минтақанокии баландӣ дар тақсимоти организмҳои хушкӣ (рӯизаминӣ)

Тавсифи биомҳои асосӣ (давомаш)

Тавсифи биомҳои асосӣ хушкӣ

Тақсимоти флористии Замин

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: