|

Тавсифи биомҳои асосӣ (давомаш)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-25

Нақша:

  1. Тавсифи ҷамоаҳои минтақавии асосии кураи Замин: саваннаҳо, бешаи тунуки тропикӣ, бешаҳои тропикӣ хазонрез.
  2. Бешаҳои тропикии нам (боронӣ). Ҷамоаҳои интерминтақавӣ.
  3. Тавсифи ҷамоаҳои минтақавии асосии кураи Замин: саваннаҳо, бешаи тунуки тропикӣ, бешаҳои тропикӣ хазонрез.

Саваннаҳо – типи растаниҳои минтақаҳои тропикӣ одатан дарахтию – буттагӣ, лекин баъзан табақаи дараххтӣ намешавад. Миқдори 900- 1500мм- ро ташкил мекунад, мавсими боонгарӣ якто ва бо давраи хушки 4-6 моҳа ивахз меёбад. Ин ивазшавӣ давраи нам бо хушку гарм барои ҳайвонҳо ва растаниҳо шароити мавҷудии ба худ хосро ҳосил мекунад. Дарахтҳо пӯсти щафс дорад. Дар вақти хушки сол баргашон мерезанд. Фарши алафгуногун- дар шароити нам аз хӯшадорони қадбаланд иборат аст. Дар саваннаҳои хушк хӯшадорони қадпаст ё нимбутаҳои гуногун мавҷуд. Дарахтҳо ё баробар тақсимшуда ё чакалак ҳосил мекунанд. Дарахтҳои зиёд шохи чатр (зонтик) монанд доранд. Бо саршавии мавсими хушкӣ қисми рӯизаминаи алафҳо хушк мешавд, баргҳои дарахтҳо мерезад. Дар давраи хушкӣ дар саваннаҳо сӯхтор мешавад, одамон барои пору шудан оташ мезананд. Дар охири давраи хушки дарахтҳо мешукуфанд, дар ибтидои давраи нам баргдор мешаванд. Барои ҳамаи саваннаҳо бисёри подаи ширхӯрон хос аст. Дар Африка – дар мамлакати классикӣ саваннаҳо – подаи бешумори щизолҳо, гӯрхарҳо (зебра), филҳо, шутурпаланг(ҷирафа), аз парандаҳо- шутурмурщи африкои вомехӯрад. Дар Авсрвлия дар савннаҳо- халтадорони гуногун, аз он ҷумла кенгуруи калон, эму аз парандаҳои беустухони тӯш ҳаёт мебаранд. Дар Америкаи Ҷанубӣ – гавазни хурд, аз парандаҳои беустухони тӯш- нанду ҳаёт мебаранд. Дар Америкаи Ҷанубӣ аз хояндаҳо овезонҳо (вискашҳо), туко-туко хеле зиёд. Дар Африка щайр аз хояндаҳо инчунин щулбадандонҳо зиёд. Дар Австралия ҳамроҳдорони хонаков бо халтадорон ивазшуда- вомбатҳо, кӯрмуши халтадор ва щ. термитҳо дар саваннаҳо сохтмони лойи месозанд.зиёди сумдорони калон ва дигар ҳайвонҳои алафхӯр дар саваннаҳо сабаби мавҷудии шумораи зиёди дарандаҳо мебошанд. Паланг, шер, гепард дар Африка, юзи аъло (ягуар) дар Америкаи Ҷанубӣ, сги ёбоии динго дар Австралия ҷои зист мебошанд. Дар саваннаҳо ҳайвонҳои мурдахӯр, масалан, гиенаҳо зиёд. Манбаи обхӯри барои бошандаҳои саванна дарёҳо хизмат мекунанд. Дар шароити нами зиёд ҷинсҳои хунмак ҳаёт мебаранд. Дар Африка- пашшаи тсетсе дар Америкаи Ҷанубӣ кана- триатомид- оварандаи касалии чагае мебошад.
Бешаи тунуки тропикӣ- аз рӯи структура гуногун. Дар Африка дар ин тавр бешаҳо баобабҳо, акасияҳо, чун дар саваннаҳо бо шохҳои чатр монанд вомехӯранд. Дар Америкаи Ҷанубӣба бешаҳои тунуки тропикӣкаатингҳо ва ҷамоаҳои дарахтӣ – буттагӣ дохил мешавад, кидарахтҳо роли калонро мебозанд ва ба авлодҳои Схинопсис ва Аспидосиерма дахл дорад, ки аз сахтиаш кебрача (табаршикан) меноманд. Дар байни дарахтҳо бутаҳо вомехӯранд. Баъзан дарахтҳои зарфи шишамонанд вомехӯрад, ки дар танаш оби зиёдро нигоҳ медорад. Сукулентҳо бисёр – кактусҳо дар Америкаи Ҷанубӣ вамолочайҳо дар Африка. Дарахтҳо дар давоми сол сабз шуданаш мумкин. Дарахтҳои сӯзандор ё хордор, зиёд ё фақат дарахтҳо ва бутаҳои хазонрез васеъ паҳншуда мебошад.
Бешаҳои тропикии хазонрез- Дар регионҳои намтар бешаҳои тунук бо бешаҳои хазонрез иваз мешавад. Дар вилоятҳои паҳншавӣ онҳо миқдори боришот 800- 1300мм, баъзан то 1400мм дар як сол ташкил мекунад. Давомнокии давраи хушк 4-6 моҳ дар як сол. Ҳар як моҳи давраи хушк аз 100мм кам, дар ду моҳ аз 25мм ка борон меборад. Дар ин тавқр бешаҳо , ба номи хазонреза нигоҳ накарда дар табақаҳои поён шумораи зиёди дарахтҳои ҳамеша сабз месабзад. Лекин онҳо дар ин ҷо нисбат нимхазонреза кам. Дарахтҳо паст бо баргҳои мураккаб, каҷу килеб. Массаи асосиро дарахтҳои табақаи поён ташкил мекунад, ки баландиҳояш аз 12м зиёд не. Дарахтҳои баландқадэмирдисент вомехӯрад, ки то 20, баъзан 37-40м мерасад. Табақаи бутаҳо сарбаста. Фарши алаф нест. Дар қитъаҳои рӯшноии беша дар фарши алафҳо хӯшадорон зиёд. Дар байни эпифитҳо архидея (саҳлаб) ва папоритникҳо вомехӯрад. Намуди намтари ин бешаҳоро муссонӣ меноманд, лекин дар байни онҳо  нимхазонреза ҳам ҳастанд.
Бешаҳои дарахти тик бо он хос аст, ки табақаи болои баргашонро мепартоянд, лекин қисми поён дар байни дарахтҳои табақаи поён ҷинсҳои ҳамеша сабз мавҷуд. Бешаҳои сало бо дархтҳои сало ҳосил шудааст, ки баргашонро мепартоянд. Дар таги беша дарахтҳо вомехӯранд, ки дар давраи хушк баргашонро нигоҳ медоранд.
Бешаҳои нимхазонрези мавсими – инчунин гуногун. Онҳо дар он ҷойҳо инкишоф меёбанд, ки давраи хушк 1-2,5моҳ давом мекунад ва ҷамъи  бешаҳо дарахтҳо баланд ва ҳамаи баргашонро зуд мепартоянд, орхидеяи (сахлаб) эпифити дар давраи хушк ба ҳолати ором мегузарад. Дар зиёдшавии нами иқлим фақат эмердҷентҳо хазонрез, дар зери онҳо ҳамаи дарахтҳо баргашонро  дар давраи хушк нигоҳ медоранд. Онҳо дар давраи хушкии давомнок то 5моҳ бо миқдори боришот кам аз 100мм баргашонро нигоҳ медоранд. Ин тавр бешаҳо аз бешаҳои боронӣ тропкии нам бо таркиби флора фарқ мекунанд. Як намуд ҷинсҳо фақат дар бешаҳои боронӣ вомехӯранд, дигарҳо ҳам дар бешаҳои боронӣ ҳам хазонрезаи мавсимӣ ва нимхазонреза, сеюмин гурӯҳ фақат дар бешаҳои мавсимӣ мавҷуд. Аз афташ табақанокӣ дар ин ҷо, чун дар бешаҳои боронӣ хуб ифода намешавад. Табақаи бутаҳо дар ҳар ду беша нест.
Аз рӯи нуфуси ҳайвонҳо ин бешаҳо бо бешаи тропики нам монанд. Сохтмони термитҳо мушоҳида мешавад. Шумораи онҳо дар 1га аз 1-2 то 2000. Шумораи моллюскаҳои хушкӣ, саранча, хояндаҳо, сумдорон зиёд мешавад, дар Австралия онҳоро кенгуру ва валлаби иваз мекунад. Аз парандаҳо роли тухмхӯрҳо (донхӯрҳо) – фотимачумчуқ (ткач) дар Африка, як намуди гунҷишак зард дар Америкаи Ҷанубӣ зиёд мегардад.
Аз рӯи ҳисоби Л.Е.Родин ва Н.И.Базилеевич андозаи биомасса барои саваннаҳо аз 268 то 666с/га, маҳсулоти ибтидоӣ 73-120с/га. Аз рӯи ҳисоби П.П.Второв ва Н.Н.Дроздов барои бешаи тунук ва саваннаҳо воҳиди хушки биомасса 50-100с/га, маҳсулоти солона 80-100с/га. Биомассаи консументҳо дар саваннаҳо ҳиссаи даҳи с/га-ро ташкил мекунад. Дар бешаи тунук зоомассаи нисбат ба саванна камтар.

  1. Бешаҳои тропикии нам (боронӣ). Ҷамоаҳои интерминтақавӣ

   Бешаҳои тропикии нам (боронӣ) – бо қатор хусусиятҳои худ тавсиф меёбад. Онҳо  дар шароити хуби намӣ ва ҳарорат месабзанд. Ин  шароитҳо маҳсулоти максималии растаниҳоро тъмин мекунанд. Иқлими ноҳияҳои паҳншавии ин бешаҳо бо тақсимоти баробари солонаи ҳарорат тавсиф  меёбад. Ҳарорати моҳона дар доираи 1-2°, баъзан зиёд тащир меёбад. Дар як вақт ҳарорати шабонарӯз аз моҳона зиёд буда то 9°мерасад. Ҳарорати мутлақи максималӣ дар бешаҳои Конго 36 °, минималӣ 18°, амплитудаи мутлақ ба 18° баробар. Дар як моҳ амплитудаи миёна 7-12°баробар. Миқдори солонаи боришот 1000-5000мм. намии ҳаво аз 40 то 100% тащирмеёбад, рӯзҳои боронӣ аз 90%, зиёд не. Ба зёд будани намӣ нигоҳ накарда қисмҳои болои дарахтҳо шакли ксероформӣ дорад. Дарозии рӯз дар минтақаҳои экваториалӣ ва тропикӣ кам фарқ мекунад. Ҳатто дар сарҳадҳои шимолӣ ва ҷанубии минтақа аз 13,5 то 10,5 соат тащир меёбад. Ин миқдори муқаррарӣ барои фотосинтези растаниҳо аҳамиятикалон дорад. Бухоршавӣ то нисфирӯзи рӯй дода , баъди нисфирӯзи борон меборад. Фаъолияти сиклонҳо монанди бӯҳрон аст. ӯ ар бешаи нами тропикӣ ду гурӯҳи дарахтҳо месабзад: дриараҳо ва номадҳо, ки сояхоҳ.
Хоки бешаи тропикӣ нам (сурх, сурху зард ва зард) фралитӣ: дар онҳо нитроген, ками фосфор ва бисёр микроэлементҳо намерасад. Рӯпӯши баргҳои рехта 1-2 см, лекин бисёр вақт онҳо намешаванд. Хокҳо камбащал.  Барои бешаҳои тропикӣ нам ҷинсҳои зиёди дарахтҳо хос аст. Аз рӯи ҳисобҳои гуногун (щафсии дарахт аз 10 см ё аз 30 см хурд ) шумораи  ҷинсҳои дарахтҳо аз 40 ( дар ҷазираҳо) то 170 ( дар материк). Ҷинсҳои алаф хеле кам аз 1-2 дар ҷазираҳо, то 20-торо дар материк.                   
Аз растаниҳои  байни табақа   -изщиҷи печон эпифитҳо зиёд.Шумораи ҷинсҳои изҷищи печон ( лиана) аз як чанд даҳҳо зиёда эпифитҳо зиёда аз 100 ҷинс ҳамаги растаниҳои байни табақаҳо аз 200-300 ва аз он зиёд.
Структураи амудии  беша;  Дарахтҳои баланд эмердҷемтҳо  кам. Табақаи бешаи тропикӣ  ифода наёфтааст.
Табақаи буттагӣ нест. Лианаҳо ( изщиҷи печон ) аз рӯи  ба дорост часпиданаш гуногун – бо ришчаҳо часпанда, гирдзананда  ё  таъкякунанда ва щайра.
Эпифитҳо ба як чанд гурӯҳ тақсим мешавад: Эпифитҳои системадор, эпифитҳои лонадор  нимэпифитҳо,протоэпифитҳо дар тропикҳои Америка мавҷуд.
Дар бешаҳои тропикӣ паразитҳо ҳастанд, аз он ҷумла растаниҳои гулдор. Тащирёби мавсимӣ бешаҳои тропикӣ хеле хурд.Баргрезӣ характери гуногун доранаданид. Баргивазкунӣ  дар давоми сол шуданаш мумкин аст. Даратҳои тропикӣ дар давоми сол ё дар як сол як чанд маротиба  шукуфта  мева доданаш мумкин. Ҷинсҳои зиёд гулҳо ҳарсол ё дар як сол дар як чанд сол як маротиба гул мекунад. Бешаҳои тропикӣ нам аз тарафи инсон тайщир дода шудааст.Дохилшави маданияти Аврупо ба Америка ба нест кардани беша овард,ки ба ҷой онҳо бо бешаҳои дуюминдараҷа ё бо ҷамоаҷои гуногун иваз ёфтааст. Биомассаи 3500-3700 баҳзан 17000 с/га,дар бешаҷои дуюминдараҷа 1400-1300 с/га ӯаз ҳамаи ҷамоаҳо калонтарини хушкӣ мебошад. Аз ин биомасса 71-80% ба ҳиссаи рӯизаминӣ щайрисабз ,4-5ҳиса барои барги сабзи рӯизамина ва факат 16-23% ба ҳиссаи ташкил медиҳад таги замине,ки ба чукури 10-30,баъзан 50см медарояд. Майдони умумӣ баргҳо аз 7 то 12га ба ҳар гектари сатҳи хок,рост меояд.Масса баробар,хазонреза хар сола 5-10% воҳиди биомассаро ташкил мекунад. Дар байни  бешаи тропикӣ бошандаҳои  бо шохҳо вобаста зиёд аст. Инҳо маймунҳо, ниммаймунҳо, кохилак, пашмканотҳо, аз ҳашаротхӯрҳо тупайҳо (ба санҷоб монанд) муш ва калломуш. Ширхӯрони зиёд- пашмқанотҳо, санҷоби паранд(овезонҳо) инчунин хазандаҳо – калтакалоси првозкунанда , қурбоққаи парвозкунанда – барои парвоз мутобиқӣ доранд. Дарандаҳо  ва парандаҳои дар ковокии дарахт хонасоз зиёд. Инҳо санҷоб, бурундуқ, каломуш, тупайҳо, эзорсурак, паранда- каркидан, бум ва щ. Морҳои дар хок гарданда, аз он ҷумлабо тухми парандаҳо щизокунанда зиёд  мебошад.
Термитҳо аз лой хонаҳо намесозанд, дар хонаҳои зеризамина ҳаёт мебаранд. Бисёрии ҷинсҳо ва гуногунии ба муносибатҳои мураккаби симбиотикӣ меорад. Масалан растаниҳо дар тана сӯрохи доранд,ки дар онҳо мӯрчаҳои даранда ҳаётбурда онҳоро аз мӯрчаҳои багхӯр эмин медоранд. Дар ноҳияҳои бешаи тропикӣ ду типи ландшафтҳои маданӣ зиёд плантатсияҳо ва обёкунанда – асосан – шоликорӣ. Плантатсияҳо – палмаи коксӣ, дарахти   нон манго (анбах), гевеи ва щ. иборат.
Ҷамоаи интерминтақавӣ-  мангрҳо- асосан барои минтақаҳои экваториалӣ ва тропикӣ хос аст. Онҳо дар маҳалли маду ҷазр инкишоф меёбанд. Дарахтҳо пӯстдо, сахт,баргҳояшон обдор, чунки оби уқёнус намки зиёд дорад. Тухмҳояшон месабзад ва дарозияш то 0,5- 1,0м мерасад. Бошандаҳои ҷамоаҳои мангрҳоба ҳаёти ду муҳит мутобиқ мебошад. Дар шохи мангрҳо тӯтӣ, маймуна ва щҳаёт мебаранд. Шумораи дарахтҳо, ки ҷамоаро ташкил мекунанд аз як чанд ҷинсҳо иборат аст.

Дидан карданд: 955

Мавзӯъҳои монанд:

Тавсифи биомҳои асосии хушкӣ. (давомаш)

Шароити Тоҷикистони шимолӣ - Вилояти Суғд

Ноҳиябандии зоогеографии Тоҷикистон

Вилоятҳои табиии Тоҷикистон ва тавсифи онҳо

Ноҳиябандии геоботаники Тоҷикистон

Ҳаёт дар ҷазираҳо

Минтақанокии баландӣ дар тақсимоти организмҳои хушкӣ (рӯизаминӣ)

Тавсифи биомҳои асосӣ (давомаш)

Тавсифи биомҳои асосӣ хушкӣ

Тақсимоти флористии Замин

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: iromov22@mail.com
Санаи дохилгардида: 2017-11-03

маъ?ул шуд

Каментарй дохил кард: iromov22@mail.com
Санаи дохилгардида: 2017-11-03

маъ?ул шуд


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: