|

Таърихи пайдоиш системаи оператсионии UNIX

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-04-15

Таърихи пайдоиши системаи оператсионии Unix дар қаъри Bell Telephone Laboratories (ҳоло AT&T Bell Laboratories) мехобад ва бо номи мутахассисони машҳур – Кен Томпсон, Деннис Ритчи ва Брайан Керниган алоқаманд мебошад (ду номи охирин ба хонандагоне, ки бо забони барноманависии Си машғул шудаанд, шинос мебошад).

Системаи оператсионии Multics
Солҳои 1965-1969 ширкати Bell Labs дар якҷоягӣ бо General Electric ва гурўҳи мутахассисони Донишкадаи технологии Массачусетс дар лоиҳаи СО Multics иштирок намуд. Мақсади лоиҳа – тартибдиҳии системаи оператсионии интерактивӣ буд, ки истифодабарандагони зиёдро дастгирӣ менамояд. Албатта, мо дар ин ҷо мақсади таҳлил намудани системаи оператсионии Multics-ро надорем. Танҳо қайд менамоем, ки системаи оператсионии мазкур то ҳадди истеҳсоли оммавӣ оварда нашуд, вале ин таҷриба ҷамъияти барномасозони ҷаҳонро бо як ҷаҳон фикру ақидаҳои нави илмию техникӣ пурқувват намуд. Умуман, камбудии асосӣ, ки сабаби ба истеҳсолот набаромадани СО Multics шудааст – структураи хеле мураккаби он мебошад. Дар байни иштироккунандагони лоиҳа Кен Томпсон ва Деннис Ритчи низ буданд.
Пас аз нобарории ин лоиҳаи гаронбаҳо, раёсатӣ ширкати Bell Labs, дигар ягон хоҳиши бурдани ин ё он тадқиқотро доир бо системаҳои оператсионӣ надошт.

Аввалин намунаҳои Unix
Чунин меҳисобанд, ки такони аввалини пайдоиши СО Unix тадқиқоти Кен Томпсон доир ба тартибдиҳии бозии компютерии «Space Travel» мебошад. Ў ин тадқиқоти худро соли 1969 дар компютери Honeywell 635, амалӣ менамуд, ки то ин вақт барои таҳияи лоиҳаи Multics истифода мешуд. ҳамон вақт, Кен Томпсон, Деннис Ритчи ва дигар кормандони Bell Labs намуди мукаммали системаи файлиро пешниҳод намуданд, ки як навъи он дар компютери General Electric 645 амалӣ гашта буд. Мутахассисон хостанд, ки бозии «SpaceTravel"-ро ба ин компютер насб намоянд, вале маълум гашт, ки иқтидори компютер барои чунин амал кифоя намебошад. Дар ниҳояти кор, ин масъала, бо пайдоиши компютери PDP-7, ки пурра ба ин амал мувофиқат мекард, ҳалли худро пайдо намуд.
Баъд аз он, ки бозӣ бомуваффақият ба PDP-7 насб карда шуд, Томпсон мехоҳад, ки системаи файлии қаблан таҳияшударо ба ин компютер татбиқ намояд. Асоси дигари чунин амал дар он буд, ки дар ширкати Bell Labs он вақтҳо ба воситаҳои арзон ва оддии бурдани ҳуҷҷатгузорӣ талабот пайдо шуда буд. Дере нагузашта дар PDP-7 системаи файлӣ ба кор медарояд, ки дар он чунин хосиятҳо дастгирӣ мешуданд: мафҳуми inodes, зерсистемаи идоракунии хотира ва равандҳо, ки аз тарафи ду истифодабаранда истифода шудани системаро таъмин менамуданд, интерпретатори оддии фармонҳо ва якчанд утилитаҳо. ҳамаи ин, ҳоло системаи оператсионии UNIX номида намешуд, вале хусусиятҳои хоси ин СО аллакай пайдо шуда буданд.
Номи онро Брайан Керниган пешниҳод намуд. Ў пешниҳод намуд, ки ин системаи дастгирикунандаи ду истифодабаранда UNICS (Uniplexed Information and Computing System) номида шавад. Дере нагузашта, UNICS ба UNIX табдил меёбад (талаффуз дигар нашуда, танҳо ба як ҳарф кўтоҳ мешавад). Навъҳои аввалини UNIX дар забони ассемблер навишта шуда буданд.
Соли 1971 навъи аввалин ва соли 1972 навъи дуюми UNIX баромад. ҷиҳати фарқкунандаи навъи дуюм дар он буд, ки он бо забони Би (англ. «В") навишта шуда буд. Забон ва системаи интерпретатсияи онро Кен Томпсон дар асоси забони BCPL таҳия намудааст.
Дар забони дигар (на дар ассемблер) навишта шудани система пешравии назаррас буд. Лекин, худи забони Би аз якчанд ҷиҳат барноманависонро қонеъ намекард. ҳам забони BCPL ва ҳам Би намудҳои қиматҳоро дастгирӣ намекарданд, яъне онҳо танҳо як намуди қиматҳоро дастгирӣ менамуданд, ки ба калимаи мошинӣ мувофиқат мекард. Деннис Ритчи, ки доимо бо забонҳои барноманависӣ машғул буд, чунин камбудии забони Би-ро бартараф кардани шуда, ба он системаи намудҳоро илова намуд. ҳамин тавр, дар ниҳояти кор забони Си (англ. «С") пайдо шудааст. Соли 1973 Томпсон ва Ритчи системаи оператсионии UNIX-ро ба забони Си навиштанд ва ин навъи чоруми он буд.
Соли 1974 навъи панҷуми он мебарояд, ки яке аз аввалинҳо шуда онро донишгоҳҳо дастрас менамоянд. Зеро сиёсати ширкати Bell Labs барои мақсадҳои омўзишӣ ба ройгон паҳн шудани матнҳои UNIX мусоидат менамуд (танҳо пардохтани маблағи дастурамалҳо ва ғункунандаҳои иттилоот лозим буд).
Соли 1975 ширкати Bell Labs навъи шашуми СО UNIX –ро бо рамзи V6 баровард. Соли 1977 навъи ҳафтуми система баромад, ки бо компиляторҳо ва интерпретаторҳои нави фармонҳо, гурўҳи драйверҳои нави таҷҳизотҳо мукаммал шуда буд.
Пас аз ин, ҳамкориҳои зиёди ширкати Bell Labs бо ширкатҳову гурўҳҳои гуногун оғоз меёбанд. Ба ин қатор, мутхассисони ҷавони донишгоҳи ш.Беркли (таҳиягарони Berkeley Software Distribution (BSD)), ширкатҳои UniSoft Corporation, Microsoft Corporation, Santa Cruz Operation (SCO) ва ғ. шомиланд.
Соли 1983 оиди ҳамкории ояндаи ширкати Bell Labs бо AT&T эълон шуд. Дар ин ҷо низ ширкати American Telephone and Telegraph Bell Laboratories (AT&T Bell Labs) оиди баромадани UNIX System V эълон намуд.
Соли 1987 ба зиёда аз 750 000 компютерҳо системаи оператсионии UNIX насб шуда, шумораи истифодабарандагони UNIX ба 4,5 миллион нафар расида буд.
Ин буд, шарҳи мухтасари таърихи пайдоиши СО UNIX.

Мафҳумҳои асосии СО UNIX
Дар ин ҷо бо мафҳумҳои асосӣ, структураи умумии система ва имкониятҳои асосии СО UNIX шинос мешавем.

Мафҳумҳои асосӣ
Яке аз афзалиятҳои системаи оператсионии UNIX дар он аст, ки асоси системаи мазкурро мафҳумҳои оддӣ ва фаҳмо ташкил медиҳанд. Лекин, ба соддагии ин мафҳумҳо нигоҳ накарда, пеш аз ҳама, ба онҳо одат намудан лозим аст. Бе ин, фаҳмидани моҳияти UNIX ғайриимкон мегардад.

Истифодабаранда
Аз ибтидои пайдоиши худ системаи оператсионии UNIX ҳамчун системаи интерактивӣ пешбинӣ мешавад. Яъне, UNIX барои муоширати бевосита бо истифодабаранда (кори терминалӣ) тартиб дода шудааст. Барои оғоз намудани кор, одам бояд тавассути дохил намудани номи қайдии худ (account name) ва мумкин аст, сирркалима (password) ба система «ворид» шавад. Одаме, ки бо чунин роҳ дар система ба қайд гирифта шудааст, истифодабарандаи қайдшудаи система номида мешавад. қайди истифодабарандагони навро одатан маъмури система иҷро менамояд. Истифодабаранда номи қайдии худро тағйир дода наметавонад, вале тағйирдиҳӣ ва ё муайян намудани сирркалима ба ў имконпазир аст. Сирркалимаҳо дар файли алоҳида ба намуди кодгузоришуда нигоҳ дошта мешаванд.
ҳар як истифодабарандаи СО UNIX бо ин ё он тарз файлҳоро истифода мебарад. Системаи файлии UNIX намуди шоханок дорад. Ба ҳар як истифодабарандаи қайдшуда як каталоги системаи файлӣ мувофиқ меояд ва онро каталоги «хонагии» (home) истифодабаранда меноманд. ҳангоми воридшавӣ ба система, истифодабаранда бо ҳамаи зеркаталогҳо ва файлҳои каталоги хонагии худ тамоми амалиётҳоро иҷро намуда метавонад. Умуман, агар истифодабаранда ваколатҳои кофӣ дошта бошад, ба ў ҳамаи файлҳои система дастрас шуда метавонанд.

Интерфейси истифодабаранда
Тарзи анъанавии муоширати истифодабаранда бо системаи UNIX тавассути забонҳои фармонӣ амалӣ мегардад (қайд менамоем, ки ҳоло интерфейсҳои графикӣ нисбатан бештар истифода шуда истодаанд). Баъд аз ба система ворид шудани истифодабаранда, барои ў яке аз интерпретаторҳои фармонӣ ба кор медарояд (вобаста ба параметрҳои дар файли /etc/passwd сабтшуда). Одатан, дар система якчанд интерпретаторҳо мавҷуданд, ки забони монанд, вале имкониятҳои гуногун доранд. Номи умумии дилхоҳ интерпретатори СО UNIX – shell (рўкаш) мебошад, зеро ҳар як интерпретатор муҳити атрофии ядрои системаро намояндагӣ мекунад.
Интерпретатор ҳар як фармони (ё фармонҳои) ба сатри фармонҳо дохилнамудаи истифодабарандаро иҷро менамояд. Барои анҷоми кори худ истифодабаранда фармони logout ё комбинатсияи тугмачаҳои Ctrl+d-ро пахш менамояд.
Забонҳои фармонии СО UNIX то ҳадди имкон барои фаҳмидани истифодабарандаи нав оддӣ буда, бо баробари он, барои навиштани барномаҳои мураккаб низ имкониятҳои зиёдеро пешкаш менамоянд. Имконияти охирин аз ҳисоби механизми махсуси файлҳои фармонӣ (shell scripts) амалӣ мегардад, ки метавонанд пайдарпаии дилхоҳи сатрҳои фармониро дар бар дошта бошанд. ҳангоми ба файли фармонӣ ишора намудан, интерпретатори фармонҳо файлро сатр ба сатр хонда, фармонҳоро пайдарпай иҷро менамояд.

Истифодабарандаи боваколат
Ядрои СО UNIX ҳар як истифодабарандаро мувофиқи идентификатори ў (UID - User Identifier) – қимати бутуни нотакрор, ки ба истифодабаранда ҳангоми дар система қайд шудани ў дода мешавад, мешиносад. ғайр аз ин, ҳар як истифодабаранда ба ягон гурўҳи истифодабарандагон дохил мешавад, ки ба онҳо низ ягон қимати бутун (GID - Group IDentifier) мувофиқ гузошта шудааст. қиматҳои UID ва GID барои ҳар як истифодабарандаи қайдшуда дар файлҳои қайдии система сабт шуда, мувофиқи он ядрои система ваколатҳои амалиётҳои иҷрошудаистодаро назорат менамояд.
Албатта, маъмури система, ки худ низ истифодабарандаи қайдшудаи система мебошад, бояд нисбат ба истифодабарандагони оддӣ ваколатҳои зиёдтар дошта бошад. Дар СО UNIX ин масъала тавассути ҷудо намудани яке аз киматҳои (нулии) UID ҳалли худро ёфтааст. Истифодабарандае, ки чунин UID дорад, истифодабарандаи олӣ (superuser) ё root номида мешавад. Ў ба ҳамаи файлҳо ва барномаҳои система дастрас шуда метавонад. ғайр аз ин, чунин истифодабаранда имконияти пурра назорат намудани системаро дорад. Ў метавонад кори системаро қатъ намояд ва ҳатто онро пурра аз кор барорад.
Дар муҳити UNIX чунин меҳисобанд, ки шахси вазифаи истифодабарандаи олиро ишғол намуда, бояд амалиётҳои худро пурра дарк намояд. Истифодабарандаи олӣ бояд ба структураи кори СО UNIX хеле хуб сарфаҳм равад. Ў ба бехатарии система, кори саҳеҳи он, илованамоӣ ва хориҷнамоии истифодабарандагон, кори системаи файлӣ ва ғ. ҷавобгар аст.
Боз як фарқияти истифодабарандаи олӣ аз истифодабарандаи оддии СО UNIX дар он аст, ки ба истифодабарандаи олӣ маҳдудиятҳои захираҳои истифодашаванда таъсир намерасонанд. Масалан, барои истифодабарандагони оддӣ андозаи максималии файл, қисми хотира, қисми диск ва ғ. маҳдуд карда мешаванд. Истифодабарандаи олӣ чунин маҳдудиятҳоро тағйир дода метавонад, вале онҳо барои худи ў таъсир намерасонанд.

Барномаҳо
СО UNIX дар як вақт ҳам муҳити оператсионии истифодабарии барномаҳои амалӣ ва ҳам муҳити таҳияи барномаҳои нав мебошад. Барномаҳои навро дар забонҳои гуногуни барноманависӣ навиштан мумкин аст. Вале, забони стандартии барноманависӣ дар муҳити СО UNIX забони Си (ки ҳоло, бештар ба забони Си++ иваз шуда истодааст) мебошад. Сабаб дар он аст, ки худи системаи UNIX бо ин забон навишта шудааст ва инчунин, забони Си яке аз забонҳои босифати стандартишуда мебошад.

Фармонҳо
Дилхоҳ забони фармонии оилаи shell амалан аз се қисм иборат аст:
- сохторҳои хидматӣ, ки имконияти кор бо сатрҳои матнӣ ва тартибдиҳии фармонҳои мураккабро дар асоси фармонҳои оддӣ медиҳанд;
- фармонҳои хос, ки бевосита аз тарафи интерпретатори забони фармонӣ истифода мешаванд;
- фармонҳои файлҳои иҷрошавандаи алоҳида.
Масалан, матни зерини дар забони Си навишташуда барои тартиб додани фармоне, ки ба экран аргументи худ – сатри матниро мебарорад, истифода шуда метавонад:

#include <stdio.h>
main (argc, argv)
int argc;
char *argv[];
{
if (argc != 2)
{ printf("usage: %s matni shumo\n", argv[0]);
exit;
}
printf("%s\n", argv[1]);
}
Равандҳо (протсессҳо)
Раванд дар СО UNIX – ин барномае мебошад, ки дар фазои виртуалии суроғавии худ иҷро мешавад. ҳангоми ба система ворид шудани истифодабаранда, ба таври автоматикӣ раванд тартиб дода мешавад, ки дар он барномаи интерпретатори фармонӣ иҷро мешавад. Умуман, барои ба вуҷуд омадани раванди нав ва ба кор даровардани барнома ду муроҷиати системави fork() ва exec (номи файли иҷрошаванда) истифода мешаванд.

Самтгузории дохилкунӣ/хориҷкунӣ
Тарзи самтгузории дохилкунӣ/хориҷкунӣ яке аз воситаҳои тавоно ва баробари он оддии СО UNIX мебошад. Он ба хосиятҳои зерини СО UNIX асос меёбад.
 ҳар як дохилкунӣ/хориҷкунӣ ҳамчун дохилкунӣ ба файл ва хориҷкунӣ ба файл маънидод мешавад. Клавиатура ва экран низ ҳамчун файл қабул мешаванд (якуминро танҳо хондан мумкин буда, ба дуюм танҳо навиштан мумкин аст).
 ҳар як файл мувофиқи дескриптори он (адади бутуни мусбат) дастрас мешавад. Файли дескриптори 1 дошта файли дохилкунии стандартӣ (stdin), файли дескриптори 2 дошта файли хориҷкунии стандартӣ (stdout) ва файли дескриптори 3 дошта файли хориҷкунии ахборотҳои муоинавӣ (stderr) номида мешавад.
 Барномаи дар ягон раванд оғоз шуда, ҳамаи дескрипторҳои файлҳои кушодаро аз раванди (ин барномаро) тавлиднамуда қабул менамояд.

Ядрои СО UNIX
ҳамчун дар ҳамаи системаҳои оператсионӣ, ки истифодабарандагони зиёдро дастгирӣ менамояд ва дар онҳо истифодабарандагон аз ҳамдигар ва қиматҳои системавӣ аз таъсири истифодабарандаи беваколат ҳимоя карда мешаванд, дар СО UNIX ядрои ҳимояшуда мавҷуд аст, ки захираҳои компютерро идора намуда, ба истифодабарандагон маҷмўи хизматрасониҳоро пешкаш менамояд.

Структураи умумии ядрои анъанавии СО UNIX
Яке аз афзалиятҳои СО UNIX – ин хосияти бо осонӣ аз як асоси таҷҳизотӣ ба дигар гузашта тавонистани он мебошад. ғайр аз ядро, дигар ҳамаи ҷузъҳои система аз таҷҳизот новобаста мебошанд.
Дар натиҷаи ба қисмҳои аз мошин вобаста ва аз мошин новобаста ҷудо кардани ҷузъҳои ядро, қисми асосии ядро пурра дар забони Си навишта шуда, аз хусусиятҳои таҷҳизот новобаста мешавад. қисми аз мошин вобастаи ядро бошад, дар забонҳои Си ва ассемблер навишта шудааст.
қисми аз мошин вобастаи ядрои анъанавии СО UNIX чунин ҷузъҳоро дар бар мегирад:
- дар сатҳи паст ба кор оғоз бахшидани система (то он вақте, ки он аз хусусиятҳои таҷҳизот вобаста аст);
- коркарди ибтидоии канишҳои дохилӣ ва берунӣ;
- идоракунии хотира (дар он қисме, ки ба хусусиятҳои дастгирии таҷҳизотии хотираи виртуалӣ тааллуқ дорад);
- гузаронидани равандҳо байни реҷаҳои истифодабаранда ва ядро;
- қисмҳои драйверҳои таҷҳизотҳо, ки бо хусусиятҳои техникӣ алоқаманд мебошанд.

Функсияҳои асосӣ
Одатан, чунин функсияҳои асосии ядрои СО UNIX-ро фарқ мекунанд.
- Ба кор даровардани система. Ядрои система воситаҳои ибтидоии оғози корро (bootstrap) таъмин менамояд, ки он ядрои пурраро ба хотираи компютер сабт намуда, кори онро оғоз мебахшад.
- Идоракунии равандҳо – функсияи тартибдиҳӣ, ба анҷом расонӣ ва назорати равандҳои мавҷудбуда.
- Идоракунии хотира. қисми мувофиқи ядро истифодабарии ҳамон як қисми хотираи фавриро аз тарафи якчанд равандҳо бо истифодабарии хотираи берунӣ таъмин менамояд.
- Идоракунии файлҳо – функсияе, ки абстраксияи системаи файлӣ, иерархияи каталогҳо ва файлҳоро амалӣ мегардонад. Системаи файлии СО UNIX якчанд намуди файлҳоро дастгирӣ менамояд. Одатан, СО UNIX якчанд намуди ташкили системаи файлиро дастгирӣ менамояд.
- Воситаҳои коммуникатсионӣ – функсияе, ки мубодилаи қиматҳоро байни равандҳо таъмин менамояд.
- Интерфейси барномавӣ – функсияе, ки ба истифодабарандагон имкониятҳои ядроро бо истифодаи системаи муроҷиатҳои системавӣ дастрас менамояд.

Системаи оператсионии UNIX дар солҳои охир
Системаи оператсионии UNIX, якумин системаи оператсионӣ мебошад, ки онро бо осонӣ ба дигар базаи таҷҳизотӣ гузаронидан мумкин аст. Бо баробари он, системаи мазкур асоси амалии тартибдиҳии системаҳои кушоди таҷҳизотӣ-барномавӣ ва комплексҳо мебошад. Барои тараққиёти равияи Системаҳои Кушод стандартикунонии интерфейси СО UNIX таъсири калон расонидааст.
Ба ин нигоҳ накарда, ҳоло якчанд шохаҳои СО UNIX –ро ҷудо намудан мумкин аст, ки аз ҳамдигар фарқияти назаррас доранд (гарчанде бо ташаккули раванди стандартикунонӣ чунин фарқият мунтазам кам шуда истодааст). Дар поён танҳо баъзе намудҳои СО UNIX дида баромада мешаванд.

UNIX System V Release 4 ва UnixWare
Чӣ тавре, ки маълум аст, матнҳои ибтидоии СО UNIX, аз тарафи кормандони ширкати телефонии AT&T навишта шуда, муддати зиёд ҳуқуқи муаллифӣ ва фурўши литсензияҳо ба ин ширкат тааллуқ дошт. Баъдан, аз сабаби мураккабии таҳиянамоии чунин маҳсулоти барномавӣ ва баъзе душвориҳои ҳуқуқӣ ширкати AT&T шўъбаи худро бо номи USL (UNIX System Laboratories) таъсис намуд, ки вазифаи асосии он тараққӣ додан ва паҳн намудани матнҳои асосии СО UNIX буд.
Маҳз USL навъи СО UNIX System V 4.0 –ро баровард, ки амалан ба стандарти системаи оператсионии UNIX табдил ёфта, асоси навъҳои сершумори минбаъдаи СО UNIX гаштааст.
Соли 1993 ширкати USL аз ширкати Novell вобаста карда шуда, ҳоло бошад, амалан яке аз шўъбаҳои он ҳисоб намудан мумкин аст. Бо баробари он, рамзи тиҷоратии UNIX ба консорсиуми X/Open дода шуд. Соли 1994 фаъолияти USL дар таркиби Novell қариб тамоман ноаён буд, мумкин аст, зиёд будани корҳои ташкилотӣ дар ибтидои ҳамкорӣ сабаб шудаанд. Лекин, дар ибтидои соли 1995 ширкати Novell оиди баровардани намуди нави системаи оператсионии худ – СО UnixWare 2.0 эълон намуд, ки дар асоси System V 4.2 тартиб дода шуда буд.
Ширкати Novell шаъну шарафи зиёде пайдо намуда, маблағҳои асосии худро дар бозори шабакаҳои локалии компютерҳои фардӣ ба даст овард. Системаи оператсионии шабакавии NetWare танҳо дастрасшавии шабакавиро ба захираҳои сервер барои компютерҳои бо MS-DOS идорашаванда таъмин менамуд. Нокифоя шудани имкониятҳои системаҳои оператсионии намуди MS-DOS барои истифодабарии самараноки компютерҳо, ширкати Novell–ро маҷбур намуд, ки диққати худро ба системаи оператсионии UNIX ҷалб намояд.
Навъи аввалини система бо номи UnixWare пурра дар SVR 4.0 асос ёфта, бо баробари он, як қатор имкониятҳои иловагии хоси Novell–ро низ дар бар мегирифт. қайд менамоем, ки истифодабарандагон бо кори UnixWare на он қадар қонеъ гашта буданд: кор ва идоракунии система хеле мураккаб буд. Соли 1995 навъи мукаммалшудаи система бо номи UnixWare 2.0, дар асоси SVR 4.2 бароварда шуд, ки мувофиқи ақидаи мутахассисон нисбатан беҳтар буд.

Системаҳое, ки дар System V Release 4 асос ёфтаанд
Дар ин ҷо, ба таври мухтасар як қатор маҳсулотҳои ширкатҳои тиҷоратиро қайд менамоем, ки дар базаи System V тартиб дода шудаанд.
Solaris – аз ширкати Sun Microsystems
Маълум аст, ки солҳои зиёде асоси системаҳои оператсионии ширкати Sun Microsystems (SunOS)–ро UNIX BSD ташкил медод. Лекин, аз SunOS 4.0 оғоз намуда, гузариш ба System V 4.0 амалӣ мегардад. Ин пеш аз ҳама, бо он алоқаманд буд, ки SVR 4.0 имкониятҳои функсионалии UNIX BSD–ро дар бар мегирифт. Sun Microsystems ба SVR 4.0 як қатор имкониятҳои нав илова намуд.
Solaris қисми берунаи SunOS буда, ба таври иловагӣ воситаҳои графикии интерфейси истифодабаранда ва воситаҳои мукаммали мубодилаи шабакавиро дар бар мегирад.
HP/UX – аз ширкати Hewlett-Packard, DG/UX – аз ширкати Data General, AIX – аз ширкати IBM бисёр ҷиҳатҳои фарқкунанда доранд. Аз ҷумла, дар чунин навъҳои СО UNIX воситаҳои гуногуни ташкили интерфейси графикии истифодабарандагон (гарчанде, ҳамаи онҳо ба системаи оинавии Х асос меёбанд) дастгирӣ мешаванд.
Лекин, ҳамаи ин системаҳоро асоси ягонаи онҳо - SVR 4.x муттаҳид менамояд. Бинобар он, муроҷиатҳои системавии чунин системаҳо мувофиқ мебошанд.
Ба монанди инҳо Open Software Foundation (OSF-1), Santa Cruz Operation (SCO UNIX) ва ғ. номбар намудан мумкин аст.

Баъзе намудҳои озод паҳншавандаи СО UNIX
Linux – аз донишгоҳи Хелсинки
Linux – ин татбиқи махсуси СО UNIX барои Intel-таҷҳизотҳо мебошад, ки аз тарафи корманди донишгоҳи Хелсинки Линус Торвалдс таҳия шудааст.
Ядрои система мувофиқи технологияи анъанавӣ (яъне, бе истифодаи микроядро) навишта шудааст. Лекин, мувофиқи ақидаҳои истифодабарандагони система ядрои Linux бо сифати баланди кодҳо ва ташкили модулии хуб фарқ мекунад.
Linux озод паҳн шуда, системаи оператсионии хеле қавӣ мебошад – яъне, имкониятҳои зиёди компютерро талаб наменамояд ва байни ҷавонони барномасоз мақоми хоса дорад. Амалан, ҳар ҳафта ё бештар аз он драйвери нави дар Linux коркунанда пайдо мешавад. Ба ин системаи оператсионӣ як қатор телеконфронсҳо ва форумҳои Интернет бахшида шудаанд. Инчунин, маҷаллаҳои зиёде махсус ба мавзуи Linux бахшидашуда нашр шуда истодаанд. Дар навбати худ Linux якчанд навъҳои худро дорад ва таҳлили онҳо мавзўи алоҳидаро талаб менамояд. Дар саҳифаҳои оянда ба СО Linux бобҳои алоҳида бахшида шудаанд.
Hurd Free Software Foundation
Лоиҳаи Hurd кўшиши ба интиҳои мантиқӣ расонидани лоиҳаи машҳури Ричард Столлман – GNU мебошад.
Фикри асосии лоиҳаи Hurd – ин ба сифати асоси система истифода намудани намуди тайёри микроядрои Mach буд, ки онро донишгоҳи Карнеги-Меллон озод паҳн менамуд.

Маълумотҳои ҷамъбастӣ оиди СО UNIX
Системаи оператсионии UNIX – ин маҷмўи барномаҳое мебошад, ки кори компютерро идора менамояд, алоқаи байни истифодабаранда ва компютерро амалӣ гардонида, барои иҷро намудани кори истифодабаранда ўро бо воситаҳои амалӣ таъмин менамояд. Системаи UNIX маҳз барои оддӣ, самаранок ва қавӣ намудани кори таъминоти барномавӣ пешбинӣ шуда, дорои як қатор хосиятҳои зарурӣ мебошад:
 мақсади асосии система – ин иҷро намудани маҷмўи масъалаҳо ва барномаҳои гуногун мебошад;
 муҳити интерактивӣ, ки имконият медиҳад бевосита бо компютер алоқа намуда, ба ҳар як дархосту ахборотҳо фавран ҷавоб гирифта шавад;
 муҳити истифодабарандагони зиёд, ки имконият медиҳад захираҳои компютер байни истифодабарандагон тақсим шуда, ҳосилнокӣ дар сатҳи баланд боқӣ монад. Чунин намуди ташкили кор - тарзи тақсимоти вақт номида мешавад. Дар ин ҳолат, система бо истифодабарандагон хеле бо суръати баланд муошират менамояд ва чунин ба назар мерасад, ки гуё он бо ҳамаи истифодабарандагон баробар алоқа намуда истодааст;
 муҳити масъалаҳои зиёд, ки ба истифодабарандагон имконияти дар як вақт иҷро намудани якчанд масъалаҳоро медиҳад.
СО UNIX – 4 ҷузъи асосиро дар бар мегирад:
1. Ядро -
ин барномае, ки ядрои системаи оператсиониро ташкил медиҳад; он функсияҳои дохилии компютерро ба танзим медарорад (масалан, нигоҳ доштани тартиби ҷойгирии захираҳои системавӣ). Кори ядро зоҳиран ноаён аст.
2. Shell –
ин барномае, ки тавассути интерпретатсия ва иҷро намудани фармонҳои истифодабаранда алоқаи истифодабарандаро бо ядро амалӣ мегардонад. Азбаски, он қиматҳои дохилнамудаи шуморо хонда ба онҳо ҷавоб мегардонад, пас он ҳамчун интерактивӣ маънидод карда мешавад.
3. Commands -
ин номи барномаҳое мебошад, ки бояд компютер иҷро намояд. Бастаҳои барномаҳоро воситаҳои асбобӣ меноманд. Системаи UNIX ҳалли масъалаҳои амалӣ ба монанди тартибдиҳӣ ва тағйирдиҳии матн, навиштани барномаҳо, мукаммал намудани таъминоти асбобии барномавӣ ва мубодилаи қиматҳоро бо воситаҳои асбобӣ таъмин менамояд.
4. File system –
системаи файлӣ – ин маҷмуи ҳамаи файлҳои имконпазири компютер мебошад. Он барои бо осонӣ ва зуд сабт намудан ва ҷустуҷў намудани иттилоот ёрӣ мерасонад.

Ядро
Ядро масъалаи дастрасшавиро ба компютер идора менамояд, хотираи компютерро идора менамояд, кори системаи файлиро ба танзим медарорад ва захираҳои компютерро байни истифодабарандагон тақсим менамояд.

Shell
Shell – ин барномае, ки барои бо системаи оператсионӣ алоқа намудан имконият медиҳад. Shell инчунин, забони тавонои барномасозӣ мебошад.

Фармонҳо – барномаҳо
Барнома – ин маҷмўи нишондодҳо барои компютер мебошад. Барномаҳое, ки бе тарҷумаи пешакӣ иҷро шуда метавонанд, барномаҳои иҷрошаванда ё фармонҳо номида мешаванд. Агар шумо системаи UNIX–ро барои навиштани барномаҳо истифода карданӣ бошед, метавонед муроҷиатҳои системавӣ, зербарномаҳо ва дигар воситаҳои асбобиро истифода баред.

Системаи файлӣ
Системаи файлӣ яке аз қисмҳои тақдирсози СО UNIX мебошад. Он тарзи мантиқии ташкил, идоранамоӣ ва барқароркунии иттилоотро таъмин менамояд. Системаи файлӣ структураи иерархӣ дорад.
Файл, ки воҳиди асосии системаи UNIX мебошад метавонад:
файли оддӣ, ахборотӣ, файли махсус ё канали рамзии алоқа бошад.

Файлҳои оддӣ
Файлҳои оддӣ маҷмўи рамзҳо мебошанд. Файлҳои оддӣ барои нигоҳдории ҳар гуна иттилоот истифода мешаванд. Онҳо метвонанд сатрҳои матнӣ, кодҳои барномаҳое, ки шумо навиштед ё фармонҳои барномаҳои шуморо бакордарорандаро дар бар гиранд.

Файлҳои ахборотӣ
Файлҳои ахборотӣ файлҳои олӣ мебошанд, ки метавонанд дигар файлҳо ва файлҳои ахборотиро низ дар бар дошта бошанд. Шумо метавонед дар онҳо каталог созед, каталогҳои онро хориҷ намоед, ба он файл илова намоед ё файли онро хориҷ намоед.

 

Файлҳои махсус
Файлҳои махсус ба таҷҳизотҳои физикӣ мувофиқ меоянд, ба монанди терминал, таҷҳизоти дискӣ, канали алоқа ва ғ. Система ба (аз) файлҳои махсус маълумотро ба монанди файлҳои оддӣ мехонад. Лекин, дархостҳои система барои хондан ё сабт намудани маълумот механизми оддии дастрасшавӣ ба файлро ба кор намедарорад. Ба ивази он драйвери таҷҳизоти ба файл алоқамандбуда ба кор дароварда мешавад.

Канали рамзии алоқа
Канали рамзии алоқа – ин файлҳое мебошанд, ки ба дигар файлҳо ишора менамоянд.

Умуман, оиди системаи оператсионии UNIX маълумотҳои зиёдеро овардан мумкин аст. Вале, барои тасаввуроти ибтидоӣ мавзўъҳои қайдшуда кифоя мебошанд ва дар ин асос омўзиши хусусиятҳои мушаххаси системаи оператсионии мазкурро давом додан мумкин аст.

Дидан карданд: 6164

Мавзӯъҳои монанд:

Функсияхои Microsoft Excel

Ба кордарории компютер

Обойти пароль администратора, в учетной записи Windows 7, можно за два прохода

МУНДАРИҶАИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ КОМПУТЕРӢ

DHCP (Dynamic Host Configuration Protocol) — чист?

Чӣ гуна Telnet -ро дар Windows 7 фаъол созем?

7 тарзи тезҳаракаткунонии Google Chrome

Замимаи зиддивирусии Panda Security худро вирус қабул кард

Чӣ тавр ҳуруфи тоҷикиро дар барномаи Microsoft Word гузорем?

Wireless Application Protocol (WAP)

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Амина
Санаи дохилгардида: 2014-10-12

Спасибо,

Каментарй дохил кард: www.asomuddin97@mail.com
Санаи дохилгардида: 2017-03-08

Аввал салом Дар бораи мавзуи "Таърихи пайдоиши СО UNIX " аз кадом адабиёт?о истифода бурдед???


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: