|

Мавзӯъҳо

мавзухо доир ба Консепсияҳои табиатшиносии муосир

Проблемаи ҳаёт ва шуур дар Олам ва тамаддунҳои ғайризаминӣ

Дата добавления: 2017-10-20

Добавил (а): Алишер Фозилов

Масъалаи ҳаёт, шуур ва тамаддунҳои ғайризаминӣ аз ҷумлаи проблемаҳоест, ки садсолаҳо диққати на танҳо мутахассисон, балки мардуми омро низ ба худ ҷалб мекунад. Оид ба тамаддунҳои ғайризаминӣ хусусан дар осори бадеӣ, дар риштаи фантастикаи он, асарҳои зиёде иншо шудаанд. Аз нимаҳои асри 20 сар карда, ба тавассути маълумотҳои нав ба нави астрономӣ, сохта ба истифода дода шудани асбобҳои пуриқтидор ва фавқулдақиқи мушоҳидаи кайҳон ва оғози

Просмотров: 891

Космогонияи ситораҳо ва сайёраҳо

Дата добавления: 2017-10-19

Добавил (а): Алишер Фозилов

Агар ба таърихи астрономия назар андозем, маълум мешаванд, ки ҳанўз дар ҳазораҳои сеюм ва дуюми то милод дар Шарқи Қадим, хусусан дар Мисру Бобулистон донишҳои нахустини астрономӣ бо мақсади тартиб додани тақвиму солшуморӣ пайдо шудаанд. Дар айни замон донишҳои астрономии зикршуда асосан дар доираи ақидаҳои астрологӣ ташаккул ёфта буданд.

Просмотров: 2307

Кашфиётҳо дар кайҳоншиносии муосир ва аҳамияти онҳо ташаккулёбии ҷаҳонбинии шахс

Дата добавления: 2017-10-19

Добавил (а): Алишер Фозилов

Дар ҳама давру замон проблемаи пайдоиш ва эволютсияи Олам то ба ҳолати имрўзааш ҳам аз назари маърифат ва ҳам илму фалсафа яке аз масъалаҳои ҳалталаби асрорангез ба шумор мерафт. Бо вуҷуди он ки асри 20 бо бунёди назарияи нисбияти Эйнштейн, механикаи квантӣ, мукаммал шудани заминаҳои техникии мушоҳидаҳои астрономӣ ва оғози фатҳи кайҳон ба масъалаи зикршуда равшанӣ андохт, дар ибтидои асри 21 ҳам паҳлўҳои норавшани пайдоиши Олам боқӣ мондаанд.

Просмотров: 817

Синну сол ва сенарияи ояндаи Олам

Дата добавления: 2017-10-19

Добавил (а): Алишер Фозилов

Яке аз натиҷаҳои муҳимтарини тадқиқотҳои космологии асри 20 муайян намудани синну сол ва сенарияи эволютсияи ояндаи Олам ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, агар Олам ибтидо дошта бошад, пас саволи муқаррарие пайдо мешавад, ки аз лаҳзаи ибтидо то имрўз чанд вақт гузаштааст, яъне синну соли Олам чанд аст? Ба ин савол қонуни Хаббл ба осонӣ ҷавоб медиҳад.

Просмотров: 1073

Эффекти ҷойивазкунии сурх ва афканишоти реликтӣ

Дата добавления: 2017-10-19

Добавил (а): Алишер Фозилов

Ҳанӯз соли 1912 (яъне пеш аз бунёди назарияи умумии нисбияти Эйнштейн) астрономи амрикоӣ Весто Слайфер ҳодисаи ба ном «эффекти ҷойивазкунии сурх» – ро кашф карда буд. Вай рӯшноии аз галактикаҳои дигар омадаро мушоҳида намуда, муқаррар кард, ки дар спектри он нисбат ба спектри рӯшноии манбаи беҳаракат (нисбат ба мушоҳидакунанда), хатҳои спектралӣ ба тарафи дарозмавҷи спектр (канори сурхи спектр) ҷой иваз кардаанд. Мувофиқи ҳодисаи физикие, ки эффекти Доплер номида мешавад, ин ҷойивазкунӣ дуршавии галактикаҳо, ё худ васеъшавии Оламро нишон медиҳад.

Просмотров: 686

Модели стандартии эволютсияи Олам ва консепсияи таркиши бузург

Дата добавления: 2017-10-18

Добавил (а): Алишер Фозилов

Дар ҳама давру замон одамонро сирру асрори пайдоиши Олам, осмони ситоразор, Офтобу Замин, сабабҳои ивазшавии фаслҳои сол, шабу рӯз ва ғайра ба худ ҷалб менамуданд. Бино бар он, аз қадимулайём, аз замонҳое ки донишҳо оид ба ҳодисаҳои табиат асоси илмӣ (ба маънои имрӯзааш) надоштанд, дар байни мардум ақидаҳои гуногуни асотирӣ, ё худ афсонавӣ оид ба ин масъалаҳо мавҷуд буданд. Ақидаҳои динӣ бошанд пайдоиши Оламу ҷирмҳои осмонӣ ва ҳодисаҳои табиатро амру хости худованд баён менамоянд.

Просмотров: 1421

Нақш ва мақоми химия дар ҷамъияти инсонӣ

Дата добавления: 2017-10-18

Добавил (а): Алишер Фозилов

Вақте сухан дар бораи нақшу мақоми химия ва саноати химиявӣ меравад, ҳар як инсони ҳамзамони мо, новобаста аз он, ки оид ба ин соҳа маълумоти илмии кофӣ дорад ё надорад, албатта чанд сухане гуфта метавонад. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бе истифодаи нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ғайриимкон аст.

Просмотров: 1595

Сохти молекула. Бандҳои химиявӣ ва намудҳои он

Дата добавления: 2017-10-18

Добавил (а): Алишер Фозилов

Назарияи сохти молекулии моддаҳо яке аз қисмҳои асосии химияи квантӣ ба шумор меравад. Тавре қайд намуда будем, атомҳо тавассути алоқаҳои химиявӣ пайваст шуда, молекулаҳоро ба вуҷуд меоранд. Молекулаҳо ба монанди атомҳо объектҳои квантианд. Онҳо бо таркиб, массаи молекулавӣ ва формулаи сохторӣ ифода карда шуда, аз якдигар бо ин аломатҳо фарқ мекунанд.

Просмотров: 2795

Механикаи квантӣ - асоси назариявии химияи асри 20

Дата добавления: 2017-10-18

Добавил (а): Алишер Фозилов

Тавре қайд намуда будем, танҳо пас аз пайдоиши механикаи квантӣ ва дар асоси он бунёд шудани химияи квантӣ, илми химия асоси назариявӣ пайдо намуда, системаи донишҳои химиявӣ аз савияи таҷрибавӣ то ба дараҷаи назариявӣ бароварда шуд.

Просмотров: 1894

Давраҳои асосии инкишоф ва ташаккули химияи муосир

Дата добавления: 2017-10-18

Добавил (а): Алишер Фозилов

Химия яке аз соҳаҳои илми табиатшиносӣ буда, мавзўи омўзиши он элементҳои химиявӣ (атомҳо), моддаҳои содда ва мураккаби аз атомҳо ташкилёфта (молекулаҳо), табдилёбии моддаҳо ва қонунҳои ин табдилёбиҳо мебошад. Химия решаҳои чуқури таърихӣ дошта, одамон ҳанўз ҳазорсолаҳои 4 – 3 пеш аз милод аллакай бо табдилёбиҳои моддаҳои гуногун шинос буда, онҳоро ба манфиати хеш истифода мебурданд. Яке аз шохаҳои қадимтарини илми химия металгудозӣ (металлургия) ба ҳисоб меравад. Гузаштагони дури мо гудохтани мис ва ҳосил намудани хўлаи мису қалъагӣ – биринҷиро аз худ намуда буданд. Сонитар, дар ҳазорсолаи 2 то милод истихроҷи маъдани оҳан ва гудохтани он ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи ин асбобу анҷомҳои рўзғори чўбину сангин ба асбобҳои оҳанин иваз карда шуданд, ки он барои сабук гардонидани меҳнати ҷисмонӣ мусоидат намуд. Ин ҷо зикр намудан бамаврид аст, ки аз асрҳои 6 – 5 пеш аз милод то давраи Эҳё (асрҳои 15 – 16) химия дар асоси ду таълимоти натурфалсафии атомизм ва чор унсур (обу оташу хоку ҳаво) инкишоф меёфт.

Просмотров: 1472