|

Мавзӯъҳо

Дини Ҳиндуия

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Ҳиндуия – системаи диниест, ки бо таърих ва сохтори ба худ хоси ҷамъиятии халқҳои Осиёи Ҷанубӣ маҳкам пайваст мебошад ва зиёда аз 700 миллон кас мўътақиди он буда, ин дин дар Ҳиндустон, Непал ва Шри Ланка паҳн гаштааст. 

Просмотров: 3244

Эволютсияи дин ҳангоми гузариш ба ҷамъияти синфӣ

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Ба даврони ибтидоӣ, ба даврони ҷамъиятҳои тосинфӣ ба дараҷаи паст қарордоштани қувваҳои истеҳсолкунанда, сода будани муносибатҳои дохилиҷамъиятӣ характернок буд. Ин давра ҳазорсолаҳоро дар бар мегирифт ва дар доираи он таъғиротҳои муҳимм, ҳам дар истеҳсолоти неъматҳои моддӣ, ҳам дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳам дар эътиқодии динии одамон ба вуҷуд меомаданд.

Просмотров: 868

Пайдоиши шуури динӣ. Динҳои табии (ибтидоӣ)

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Динҳои табии аввалин марҳилаи зуҳурӣ майли фитрии инсон ба диндорӣ, худоҷўӣ ва тавҳид мебошад. Ҳатто дар ҳамин динҳои ибтидоию табиӣ, бо вуҷуди дар онҳо ҷои асосиро ишғол кардани тамоюлот ба сўи ширк (табиатпарастӣ, ҳайвонпарастӣ), нишонаҳое аз майли фитрии инсон ба тавҳид дар шакли наздик ба ваҳдати вуҷуд ва нишонаҳои асосии динҳои камолёфта (боварӣ ба ғайб, намирандагии руҳ, ибодат) вуҷуд доранд.

Просмотров: 6932

Нуқтаи назарҳои асосӣ дар ҳаллӣ масъалаи пайдоиши шуури динӣ

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Дар масъалаи шинохт, таъриф ва таъйини дин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ва яке аз шаклҳои худшиносиву ҳастишиносии инсон ва дар ниҳоят шуури ҷамъиятии он, пеш аз ҳама донистани ҷараёни пайдоиш ва таҳаммули динҳо бағоят муҳимм мебошад. Зеро масъалаи пайдоиш ва мабдаи зуҳури дин яке аз масоили умдае барои илми диншиносӣ ба ҳисоб меравад, ки дигар масъалаҳои илмию услубӣ аз равзанаи он равшан мешаванд.

Просмотров: 1372

Дин дар системаи маданият

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Дар илми диншиносӣ маданият – ин маҷмўаи ҳастии инсон ва ҷомеа дониста мешавад. ки дар раванди фаъолияти моддию маънавии инсон дар процессии истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва арзишҳои маънавӣ ифодаи худро меёбад.

Просмотров: 1510

Асосҳо ва заминаҳои пайдоиши эътиқоди динӣ. Унсурҳо ва сохтори дин

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Таърихан дар ҷаҳон зиёда аз 5000 динҳои мушаххас вуҷуд доштанду ҳоло ҳам вуҷуд доранд. Барои он, ки олами гуногунҷабҳаи зуҳуротҳои диниро омўзанд, дар илми диншиносӣ мафҳумҳои махсус, ки он забони ҳамин илми мушаххасро ташкил медиҳад, кор карда баромада шудаанд, таърифи ин мафҳумҳо (онҳо қариб 250 - тоанд) барои фанни диншиносӣ аҳамияти махсуси илмиро дороанд. Ин мафҳумҳо дар тўли таърихи дарози фалсафа ва илми диншиносӣ кор карда баромада шудаанду барои фаҳмиши моҳияти илми диншиносӣ заруранд.

Просмотров: 3291

Таърифи истилоҳи дин (лотинӣ - Религио)

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Дар фарҳанги забони тоҷики истилоҳи арабии «Дин», чун мазҳаб, кеш, тариқ, оин, роҳ тарҷума шудааст. Аврупоиён динро бо истилоҳи лотинии (religio) религио ифода мекунанд. Яке аз аввалинҳо шуда, таҳлили ин калимаро Марк Тулий Ситсерон (106 – 43 то мелод) пешниҳод намудааст. Ситсерон истилоҳи (religio) религиоро аз калимаи лотинии релегере (relegere), ки маънояш бозгашт ба қафо, такроран хондан, тарсидан, бармеорад. Ў динро чун худотарсӣ, парастиши худоён аз тарсу ваҳм маънидод менамояд.

Просмотров: 1711

Предмет ва методи омўзиши фанни «Диншиносӣ»

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Баъд аз пошхўрии иттиҳоди Шўравӣ таъсири дин ба ҳаёти ҷамъият хеле пурзўр шуд. Азбаски идеологияи давлати Шўравӣ ба атеизм асос меёфт ва дар донишгоҳҳои олӣ танҳо фанни «Атеизми илмӣ», баъзан «Таърихи дин», ки ҳар ду ҳам ба инкору танқиди дин нигаронда шуда буданд, ҷорӣ буд.

Просмотров: 12891