|
youtaj

Мавзӯъҳо

Пайдоиши дини насронӣ

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Дуюмин дини ҷаҳоние, ки баъд аз буддоия арзи вуҷуд кардааст дини насронӣ мебошад. Мувофиқи ахбороти СММ пайравони дини насронӣ зиёда аз ¼ ҳиссаи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Насрония як дини том набуда, ба се ҷараён, католикҳо, православиҳо ва протестанҳо тақсим мешавад. Дар навбати худ бошад, ин ҷараёнҳо ба равияҳои зиёде ҷудо мешаванд, ки ҳар яки онҳо фаҳмиши ба худ хоси дини насрониро дошта, бо расму оинҳои худ аз ҳам фарқ мекунанд

Просмотров: 5343

Буддоия дар Сарандеб (Сейлон). Ламаизм. Буддоия дар Тибет ва Чин

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Асосҳои таълимот, объектҳои парастиш ва ташаккулёбии сохтори дини буддоия дар Ҳиндустон шакл гирифтааст. Дар тўли таърих дар ин кишвар дини буддоия давраҳои пайдоиш, инкишоф ва таназзулро дар бар гирифтааст. Шароити иҷтимоии Ҳиндустон, сохти каставии он, дар тўли садсолаҳо аҳамияти махсус пайдо кардани анъанаҳои ҳиндуия, имкон надод, ки дар ин кишвар ин дин реша гирад ва нашъу намо кунад.

Просмотров: 1082

Ғояҳои асосӣ ва самтҳои инкишофи дини буддоия

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Аз ҳамон рўз эътиборан Буддо ба тарғиби таълимоти худ шурўъ кард. Ҳангоми тарғибот ў ба анъанаҳои ба ҳама шиноси бараҳманизм такя мекард, дар таълимоти ў ҳам идеяи таносух (сансара азнавэҳёшавӣ) ҳасту ҳам таъсири карма (тақдир; сазою ҷазо) ва ҳам таъсири дхарма (роҳи накўкорон), ин ғояҳоро ў аз динҳои ҳиндуия, аҷивика ва ҷайния гирифтааст.

Просмотров: 1365

Яҳудия, - аввалин дини монотеистӣ

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Яҳудия яке азаввалин динҳои монотеистии (яккахудоии) миллӣ ва давлатӣ буда, ба гурўҳи динҳои сомӣ таалуқ дорад. Истилоҳи «яҳудӣ» аз номи иттифоқи қабилаҳои ибронӣ, - Яҳудо, гирифта шудааст, ки он мувофиқи ривоятҳои яҳудиён, аз 12 нажоди (қавми) иброниён, калонтарин ҳисоб мешуд. Шоҳони аввалини иброниён Довуду Сулаймон (асрҳои Х-ХI пеш аз мелод) маҳз, аз ҳамин қавм буданд. Аксаран номи халқи иброниро бо ҳамин истилоҳ ном бурда, онҳоро яҳудӣ меноманд.

Просмотров: 6435

Синтоизм

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Синтоизм чун дин дар асрҳои VI – VII мелодӣ ташаккул ёфтааст. Истилоҳи «синто» ё худ «син – до» (роҳи худоён), чӣ тавре, ки асотирҳои японӣ хабар медиҳанд дар Асрҳои Миёна ба вуҷуд омадааст. Асоси онро эътиқодҳои қабилаҳои ҷазираи Кюсюи шимолӣ ташкил медиҳад, ки дар асри VI Японияи Марказиро тасарруф карда, расму оини худро дар он ҷо ҷорӣ намуда буданд.

Просмотров: 1013

Даосизм

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Файласуфи Чинӣ асосгузори досизм, - Лао-Сзи тақрибан дар асрҳои VI — V то мелод зиндагӣ кардааст. Солҳои аниқи таваллуд ва марги ў маълум нест, мувофиқи ривоят модараш ўро солҳои тўлонӣ дар батни худ гирифта гашта, пир таваллуд кардааст, иероглифи Лао-Сзи ҳам чун «кўдаки пир», ва ҳам чун «файласуфи пир» хонда мешавад.

Просмотров: 1336

Конфутсий ва таълимоти ў

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Конфутсийчигӣ – ин таълимоти динӣ, ахлоқӣ ва фалсафие, мебошад, ки онро файласуфи Чинӣ Конфутсий (551- 479 то мелод) кор карда баромадааст. Таълимоти ў дар асоси системаҳои динии Хитой, Корея, Япония ва баъзе мамлакатҳои дигар меистад.

Просмотров: 2070

Парсизм (Зардуштия)

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Пайравони ҳозираи зардуштияро дар Эрон Габру маҷус дар Ҳиндустон парс, пирсиён (форсҳо) меноманд. Мувофиқи ба рўихатгирии аҳолии Ҳиндустон соли 1980 парсҳо 400-ҳазор нафарро ташкил дода асосан дар Мумбай (Бомбай) зиндагӣ менамоянд. Онҳо шаҳрӣ буда, ҳамагӣ тоҷир ва соҳибкор мебошанд.

Просмотров: 4064

Сикхия

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Сикхия, чун ҷараёни динӣ дар Ҳиндустони асримиёнагӣ дар асрҳои XV – XVI, дар ноҳияи Панҷоб, ки дар сарҳади байни ду тамаддун, - ҳиндуи ва мусулмонӣ ҷойгир буд, пайдо шудааст. Таҳкурсии иҷтимоии сикхизмро табақаҳои ҳунармандӣ – тиҷоратии Панҷоб ташкил медоданд, аз ин рў дар ин равия таъсири ҳам ҳиндуия ва ҳам эътиқодҳои мусулмонон (хусусан тасаввуф) мушоҳида карда мешавад.

Просмотров: 790

Ҷайния

Дата добавления: 2017-03-13

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Асосгузори равияи нави динӣ, кшатрий Натапута Вардхамана (599 – 527 то мелод), ки ў шоҳи кишвари Вайшалӣ буд, ҳисоб мешавад. Мувофиқи ривоят Вардхамана оиладор буда, соҳиби духтаре будааст. Ў дар сини 30-солагӣ роҳи муҷоҳидиро пеш гирифта, аз тахти шоҳӣ даст мекашад, мероси падарро байни хешовандонаш тақсим мекунад ва тариқи зоҳидиро пеш гирифта, тарки дунё менамояд.

Просмотров: 930