|

Мавзӯъҳо

Муҳаммад (с.) пайғамбари дини ислом

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Зиндагиномаи Муҳаммад. Сарчашмаҳое, ки аз зиндагӣ ва корнамоиҳои Муьаммад хабар медиҳанд, пеш аз ҳама, Қуръон (бо тафсиру таъвилҳои он) ва Сунна-ҳадисҳо мебошанд. Баъд аз инхо дар мақоми дуюм китобҳое, ки бо номьои «Сират-ун- набӣ» ва «Китоб – ул - мағозӣ» маъруф шудаанд, ҷой доранд. Аз ҷумла, «Сират»- и Ибни Ҳишом ва Ибни Исҳоқ, «Китоб- ул - мағози» - Вақидӣ, «Табақот» - и Ибни Саъд ва «Китоби – ул- маориф» - и Ибни Қутайба, «Китоб- ул- ахбор ват - таъвил» - и Диноварӣ, «Таърих» - и Яъқубӣ, «Таърих аррасул ва-л- мулук» - и Табарӣ, «Футуҳот- ул- булдон» - и Балозўриро метавон ном бурд.

Просмотров: 3054

Вазъи иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва динии Арабистон то пайдоиши ислом

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Ислом – сеюмин дини сомӣ ва охирин дини ҷаҳонӣ аст. Вай дар нимаи авали асри VII дар нимҷазираи Арабистон, ба арсаи вуҷуд қадам мондааст. Ин дин дар ҳамсоягии минтақае зуҳур кард, ки чорроҳи бархўрди тамаддунҳо буда, он нақши арзандае дар тамаддуни ҷаҳонӣ гузоштааст. Ҷазират-ул-араб аз назари ҷуғрофӣ ҳадди ақал ба се минтақа тасим мешавад

Просмотров: 1099

Хусусиятҳои асосии мазҳабҳои протестантӣ ва Мазҳабҳои асосии дини протестантӣ

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Асли ислоҳоти протестантӣ дар он аст, ки онҳо Худои осмониро дар қалби инсон ҷой доданд. Ҳаққу ҳуқуқи ҳар фардро дар озодиву соҳибихтиёрӣ диданд, дар умури динӣ, имон доштан ба василаи қалбиашро эътироф карданд. Наҷотёбӣ кори шахсии ҳар фард аст ба ин рўҳониёну папа ёрӣ карда наметавонанд.

Просмотров: 1527

Реформация ва низоҳои динӣ дар Аврупои Ғарбӣ ва пайдоиши протестантизм

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Дар асрҳои XIII -_XIV Калисои Католикӣ ба феодали калонтарин дар Аврупо табдил ёфта буд. Дайрҳои сершумор, заминҳои бепоёни ҳосилхез, андози даҳяк аз тамоми олами католикӣ, ба хазинаи Папаҳои Рим маблағҳои калонеро ҷамъ оварданд, ки ягон давлати дунявӣ дар ин масъала бо Калисои Католикӣ рақобат карда наметавонист. Ба ин қаноат накарда, Папаҳои Рим фурўши индулгентсияҳоро ба роҳ монданд.

Просмотров: 1204

Дини насронӣ. Мазҳаби православӣ

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Дар ибтидои ташаккулёбиаш дини насронӣ ду марказ дошт, якеаш дар Рим, дар Италия ва дигараш дар Константинопол, дар Византия ё чӣ тавре, ки онро дар шарқи мусулмонӣ меномиданд Рум. Дини насрони дар Шарқ дар зери таъсири давлати пурзўри Византия пайдо шуда, ҳамоно зери итоати давлат даромад ва дар идораи давлат, чун идеологияи давлатӣ ба император хизмат менамуд.

Просмотров: 3404

ДИНИ НАСРОНӢ МАЗҲАБИ КАТОЛИКӢ

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Мафҳуми «католикос», аз забони юнонӣ чун «умумӣ», «умумиҷаҳонӣ», тарҷума мешавад. Ин истилоҳро аввалин бор усқуфи Антиохия Игнатий дар миёнаи асри II дар анҷумани умумиҷаҳонии насрониён истифода бурдааст. Дар оянда бо ин истилоҳ мазҳаби насронияи тобеи калисои Римиро мефаҳмидагӣ шуданд.

Просмотров: 2494

Ташаккулёбии «Аҳди ҷадид» ва пайдоиши теологияи насрония

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Дар ибтидо насрониён китоби ягонаи муқаддаси худро надоштанд Тавроту Инҷилҳои сершуморе ҷорӣ буданд ва ҳар як ҷамоаи насрония бо ихтиёри худ ин ё он китобро муқаддас медонистанд, ки ин ҳолат ба ягонагии дини насрония мусоидат наменамуд. Дар назди роҳбарияти дини насронӣ вазифаи тартиб додани рўихати китобҳои ягонаи муқаддас меистод.

Просмотров: 894

Ба дини давлатии империяи Рум табдилёбии насрония

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Аввалин ҷомеаҳои ибтидоии насрониён пароканда буда, ҳар яке ба сари худ мустақил буданд. Насрония ҳоло ташкилот ва догмаҳои худро надошт. Ҳамаи ин ҷомеаҳоро эътиқоди умумӣ ба Исои Масеҳ чун худо ё Писари Худо муттаҳид мекард.

Просмотров: 803

Баҳсҳо оиди шахсияти Исои Масеҳ

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Исои Масеҳ – асосгузор ва симои марказии дини насронӣ аст. Дар анъанаҳои насрония Исои Масеҳ, чун одамхудо, ки дар шахсияти ў ҳам инсон ва ҳам Худо дар ягонагӣ таҷассум меёбанд, шинохта мешавад. Равияи монофизитии насрония аз шахсияти Исои Масеҳ одам будани ўро инкор карда, дар симои ў танҳо Худоро мебинанд.

Просмотров: 1344

Саромадони ғоявии насрония

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Ҳомиёни дини насронӣ даъво доранд, ки ин динро одамон наофаридаанд, балки онро ба одамон Худо додааст, агар яҳудия «аҳди аввалин»-и қадимиён бо Худо бошад, пас дини насрония «аҳди ҷадид»-и одамон бо Худо аст. Вале таҳлили муқоисавии таърихи динҳо шаҳодат ба он медиҳад, ки таъсири дигар динҳо ва назарияҳои гуногуни фалсафию ахлоқии халқҳои Шарқи Наздик, дар ташаккулёбии назарияҳои динии насрония хеле калон аст.

Просмотров: 752