|
youtaj

Мавзӯъҳо

Маводҳо аз санни Суғурта

Хусусият ва намудҳои суғуртаи шахсӣ

Дата добавления: 2016-05-30

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Суғуртаи шахсӣ - соҳаи суғуртаи ҳифзи манфиатҳои амволии шаҳрвандонро таъминкунандаест, ки бо эҳтимолияти фаро расидани марги шаҳрвандон, фавти сарпараст ё аъзои оила, ё ки аз даст додани саломатӣ, ки маъмулан боиси паст шудани сатҳи даромади оилавӣ мегардад, зич алоқаманд мебошад. Суғуртаи шахсӣ, инчунин саъю кушиши шаҳрвандонро оид ба доштани пасандозҳои оилавӣ бо мақсади таъмини даромади моддӣ инъикос менамояд.

Просмотров: 1424

Тансифи намудҳои суғурта аз нуқтаи назари хусусияти ҳисоби меъёри холис

Дата добавления: 2016-05-28

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Тансифи умумии дар боби пешина дида баромадашудаи намудҳои суғурта ба хусусияти ҳодисаҳо ва ба амволи суғурташаванда алоқаманд мебошад. Баъзе аз ин хусусиятҳо ба тарзҳои коркарди меъёри холис таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Ҳамаи намудҳои суғуртаро аз нуқтаи назари хусусияти ҳисоби меъёри холис ба ду гурўҳ тақсим намудан мумкин аст: суғуртаи шахс (ҳает) ва намудҳои таваккалии суғурта.

Просмотров: 954

Шартҳои умумии мукофоти суғуртавӣ

Дата добавления: 2016-05-28

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Мувофиқи назарияи хавф андозаи пардохт оид ба шартномаҳои муайяни суғуртавӣ бузургии тасодуфӣ мебошад. Аз ин рў, маблағи пардохт оид ба ҳамаи шартномаҳои суғуртавӣ ҳам метавонад бузургии тасодуфӣ бошад. Ин маънои онро дорад, ки дар доираи аз 0 (сифр) то маблағи калонтарини пардохтшаванда вай метавонад қиммати дилхоҳро, ки ба ма ҷмўи маблағи суғуртавии ҳамаи намудҳои шартномаҳо баробар аст, қабул намояд.

Просмотров: 704

Хусусият ва шартҳои умумии ҳисоби мукофоти суғуртавӣ

Дата добавления: 2016-05-28

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Шартномаи суғурта дар худ созиши дутарафаро та ҷассум менамояд, ки мувофиқи он суғурташаванда аъзоҳаққӣ мепардозад ва суғуртакунанда ўҳдадор мешавад, ки ҳангоми сар задани ҳодисаи дар шартномаи суғурта нишон додашуда маблағи (талофии) суғуртавиро пардохт намояд.

Просмотров: 677

Мукофоти суғуртавӣ ҳамчун сарчашмаи маблағтаъминкунии фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ

Дата добавления: 2016-05-28

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Мукофоти суғуртавӣ ин маблағест, ки суғурташавандагон барои суғуртакунӣ ба суғуртакунандагон вобаста ба бастаи (портфели) суғуртавӣ ва маблағи суғуртавӣ мувофиқи қонун ё шартномаи суғурта мепардозанд. Шартҳо ва мўҳлатҳои пардохти мукофоти суғуртавиро суғуртакунанда ва суғурташаванда ҳангоми бастани шартномаи суғуртавӣ муқаррар менамоянд.

Просмотров: 686

Таркиб ва сохти тарифҳои суғуртавӣ

Дата добавления: 2016-05-28

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Меъёри тарифӣ – нархи таваккали суғуртавӣ ва дигар харо ҷотҳо, ифодаи мутаносиби пулии ўҳдадориҳои суғуртакунанда тибқи шартномаи суғуртавии басташуда мебошад. Ҳисоби меъёри тарифӣ бо ёрии ҳисобҳои актуарӣ гузаронида мешавад. Ма ҷмўи меъёрҳои тарифӣ - тариф (тарифа) номида мешавад.

Просмотров: 747

Муайян намудани нархи ҳифзи моли махсус - хизмати суғуртавӣ

Дата добавления: 2016-05-28

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Арзиши истеъмолии хизматрасонии суғуртавӣ аз таъмини ҳифзи суғуртавӣ иборат мебошад. Дар ҳолати ба вуқўъоии ҳодисаҳои суғуртавӣ ин ҳифзи суғуртавӣ шакли подошии суғуртавӣ, рўйпўш намудани товони зарари ба шахси суғурташуда расидаро мувофиқи шартномаи суғуртавӣ дар худ та ҷассум менамояд.

Просмотров: 673

Мавфҳум, моҳият ва мазмуни ҳисобҳои актуарӣ дар фаъолияти суғуртавӣ

Дата добавления: 2016-05-28

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Ҳисобҳои актуарӣ ин усулҳои риёзӣ ва омории тадқиқоти ташаккулёбии нати ҷаҳои суғурта ва тарифҳои суғуртавӣ аз рўи намудҳои суғурта мебошад. Методологияи ҳисобҳои актуарӣ ба назарияи эҳтимолият, назарияи ададҳои калон, истифодаи омори риёзӣ ва тадқиқотҳои демографӣ асос ёфтааст

Просмотров: 937

Беэътибории шартномаи суғурта ва қатъ шудани шартномаи суғурта

Дата добавления: 2016-05-28

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Шартномаи суғурта дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии То ҷикистон аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор дониста мешавад.

Просмотров: 737

Иваз кардани суғурташаванда дар шартномаи суғурта

Дата добавления: 2016-05-28

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Дар ҳолати вафоти суғурташавандае, ки шартномаи суғуртаи моликият бастааст, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои суғурташаванда ба шахсе мегузарад, ки моликияти мазкурро аз рўи тартиби меросхўрӣ қабул намудааст. Дар ҳолатҳои дигари иваз намудани суғурташаванда ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ў бо розигии суғурташаванда ба соҳибмулки нав мегузарад, масалан, ҳангоми фурўхтани моликият дар вақти эътибор доштани шартномаи суғурта ва ғайра.

Просмотров: 575