|

Мавзӯъҳо

Маводхо, лексияхо аз фанни Андоз ва андозбандӣ

Мафҳум ва намудҳои имтиёзҳо дар бахши андоз

Дата добавления: 2017-11-17

Добавил (а): Алишер Фозилов

Ҳангоми муқаррар намудани андозҳо бояд ҳамаи омилҳои андозбандӣ, аз ҷумла: андозсупорандагон; объекти андозбандӣ; манбаи андоз; давраи андоз; тартиби ҳисоб кардани андоз; тартиб ва мўҳлати пардохти андоз; дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои андоз ва асосҳо барои ба даст овардани (истифодаи) онҳо аз ҷониби андозсупоранда муайян карда шаванд (з.б.1.м.7 КА ҶТ). Аз ин муқаррарот бармеояд, ки зерфунксияи ҳавасмандгардонии қонунгузори андоз пеш аз ҳама ин муқаррар кардани имтиёзҳо дар мавриди андозбандӣ аст, ки бо роҳи ба категорияи алоҳидаи шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо фароҳам овардани реҷаи хуби андозбандӣ амали мегардад.

Просмотров: 1120

Дигар андозҳои аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ пардохтшаванда

Дата добавления: 2017-11-17

Добавил (а): Алишер Фозилов

Андоз аз истифодабарандагони қаъри конҳо бо фароҳам омадани вазъи мусоиди сармоягузорӣ ва мустаҳкам намудани истифодаи самараноки захираҳои табиӣ дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби мақомоти дахлдор додашаванда роиҷ гардид. Танзими ҳуқуқии он дар асоси боби 37 КА ҶТ ба роҳ монда шудааст. Низоми андозбандиро ҳамчунин қарордодҳо оиди истифодаи қаъри замин муқаррар менамоянд ва дар ҳолати иштироки якчанд субъект дар ин гуна қарордодҳо низоми якхела чун андозсупорандаи ягона нисбати онҳо пешкаш карда мешавад.

Просмотров: 889

Андоз аз амволи шахсони ҳуқуқӣ

Дата добавления: 2017-11-17

Добавил (а): Алишер Фозилов

Шахсони ҳуқуқӣ дар баробари шахсони воқеӣ дорои ҳуқуқҳои амволӣ мебошанд, ки тибқи қонунгузории граждании ҷумҳурӣ кафолат дода шудааст. Аслси фаъолияти ҳама гуна шахси ҳуқуқиро амвол ташкил медиҳад. Бинобар ҳамин андозбандии амволи шахсони ҳуқуқӣ маввқеи хоса касб карда одатан ба режими ҳуқуқии ин амвол алоқамандӣ дорад. Дар адабиётҳои ҳуқуқии муосир он ҳамчун андози алтернативӣ номбар шудааст ва дар алоқамандӣ бо андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ баррасӣ мешавад.

Просмотров: 831

Андоз аз фоидаи ташкилотҳои тиҷоратӣ

Дата добавления: 2017-11-17

Добавил (а): Алишер Фозилов

Ба сифати супорандагони ин андоз одатан ташкилотҳои тиҷоратӣ — ширкат ва ҷамъиятҳои хоҷагие баромад менамоянд, ки дар шаклҳои ташкилию ҳуқуқии бо Кодекси граждании ҶТ муқарраршуда созмон меёбанд. Ба онҳо ширкатҳои комил, ба боварӣ асосёфта, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, дорои масъулияти иловагӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ дохил мешаванд.

Просмотров: 1094

Аксиз

Дата добавления: 2017-11-17

Добавил (а): Алишер Фозилов

Ба ҳисоби яке аз ўҳдадориҳои асосии андозсупорандагон супоридани андози аксиз дохил карда мешавад, ки ҳамчун сарчашмаҳои мустаҳкамгардидаи ғанигардонии буҷети давлатӣ баромад менамояд. Аксиз (андози аксиз) тибқи муқарароти қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида шуда, ба гурўҳи андозҳои ғайримустақим дохил аст.

Просмотров: 1396

Андоз аз арзиши иловашуда

Дата добавления: 2017-11-17

Добавил (а): Алишер Фозилов

Андоз аз арзиши иловашуда дар марҳилаҳои аввалини инкишофи андозбандӣ муқарар карда шуда, ба гурўҳи андозҳои умумиҷумҳуриявӣ шомил гардид. Ин намуди андоз бори аввал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андози арзиши иловашуда» аз 06.01.1992 с. ҷорӣ карда шуда, дар м.19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосҳои низоми андоз» аз 20.06.1994 с. ва минбаъд дар фасли 7 (аз боби 24 то боби 32) Кодекси андоз аз 12.11.1998 с. мустаҳкам гардид. Айни замон танзимнамоии ҳуқуқии андози арзиши иловашуда бар асоси меъёрҳои фасли 7-уми КА ҶТ аз 04.12.2004 амалӣ гардонида мешавад.

Просмотров: 1289

Хусусиятҳои фарқкунандаи андозбандии шахсони ҳуқуқӣ

Дата добавления: 2017-11-17

Добавил (а): Алишер Фозилов

Андозбандии шахсони ҳуқуқӣ аз андозбандии шахсони воқеӣ бо як қатор хусусиятҳои худ фарқ мекунад, ки аз мазмуни қонунгузории ҷорӣ бармеояд. Гап сари он меравад, ки дар тафовут аз шахсони воқеӣ ҳолати ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ хосияти махсусгардонидашударо доро мебошад, ки вобаста ба як қатор тамоюлҳо муайян карда мешавад.

Просмотров: 580

Андозбандии шахсони ҳуқуқӣ

Дата добавления: 2017-11-17

Добавил (а): Алишер Фозилов

Гурўҳи асосии андозсупорандагонро дар ҷумҳурӣ шахсони ҳуқуқӣ ташкил менамоянд. Воқеан қонунгузори имрўза дар ҷараёни танзимнамоии ҳуқуқӣ аз истилоҳи «шахсон» васеъ истифода менамояд ва ҳолати ҳуқуқии онҳоро ҳамзамон ба пуррагӣ тавъам намедонад.

Просмотров: 869

Низоми андозбандии шахси воқеии соҳибкор

Дата добавления: 2017-11-08

Добавил (а): Алишер Фозилов

Ба қавли Людвиг фон Мизес яке аз асосгузорони назарияи иқтисодиёти либералӣ «соҳибкор инсоне мебошад, ки дар шароити номуайянӣ, ки хоси ҳама гуна ҳаракатҳост, фаъол аст».

Просмотров: 938

Андоз аз амволи шахси воқеӣ

Дата добавления: 2017-11-08

Добавил (а): Алишер Фозилов

Барои шахсони воқеӣ қонунгузории андоз ўҳдадории супоридани  андоз аз ҳисоби амволро низ муқаррар кардааст. Ашхосе воқеӣ тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои амволиро соҳиб буда, метавонанд онро истифода баранд, тасарруфӣ намяонд ва ё ихтиёрдорӣ кунанд.

Просмотров: 1290