|

Мавзӯъҳо

Маводхо, лексияхо аз фанни Андоз ва андозбандӣ

Андозсупоранда

Дата добавления: 2017-11-23

Добавил (а): Алишер Фозилов

Шахсони воқеӣ ва (ё)  ҳуқуқӣ,  ки  ба зиммаашон  мутобиқи  Кодекси андози ўҳдадории пардохти андоз гузошта щудааст, андозсупоранда эътироф мешаванд.
Аз ин мафҳум бармеояд, ки андозсупоранда ҳам шахси воқеӣ ва ҳам шахси ҳуқуқӣ мебошад. Шахси воқеӣ ин шаҳрванди Ҷумиҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ мебошад. Шахси  ҳуқуқи бошад  ташкилоте дониста  мешавад,  ки дар  моликият, пешбурди хоҷагидори ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта,  аз рўи ўҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулки ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда,  татбиқ намояд,  ўҳдадори гирад,  дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.  Ашхоси ҳуқуқи бояд баланс ё сметаи мустақил дошта бошанд.

Просмотров: 626

Мафҳум ва аҳамияти ҳукуқии таснифи унсурҳои андоз

Дата добавления: 2017-11-23

Добавил (а): Алишер Фозилов

Унсурҳои андоз гуфта воҳидҳои функсионалии дохилии ифодаёбандаро меноманд, ки дар маҷмўъ сохтори ҳуқуқи андозро ташкил медиҳанд. Сохтори таркибӣ барои ҳамаи андоз ва пардохтҳо ягона мебошад ва аз ин рў ин сохтор унверсалӣ аст. Аммо ифодаёбии ин унсурҳо барои ҳар як андоз бо хусусияти хос пешбини шуда, дар натиҷа андоз намуди алоҳидаи фардиро касб намуда, имконияти фарқ намудани андозҳо ва прадохтҳоро пешбини менамояд.    

Просмотров: 761

Хусусияти андозбандӣ ҳангоми иҷроиши Созишнома оид ба тақсими маҳсулот

Дата добавления: 2017-11-23

Добавил (а): Алишер Фозилов

Бо мақсади инкишофи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии бавуҷудоии муносибатҳо дар раванди сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ,  барои кофтуков, тадқиқ  ва дарёфти ашёи хоми менералӣ дар худуди ҶТ аз ҷумла дар ҳудуди махсус минтақаи озоди иқтисодӣи созишнома оид ба тақсими маҳсулот(СТМ) баста мешавад. 

Просмотров: 742

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Дата добавления: 2017-11-23

Добавил (а): Алишер Фозилов

Ҳолати ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодӣ тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисоди дар Ҷумхурии Тоҷикистон» аз 17 майи соли 2004 № 24 муқаррар мешавад.
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ – қисми алоҳидаи (маҷҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳудуди он на фақат низоми махсуси гумрукию андозӣ, балки тартиби соддакардашудаи рафтуомади ғайрирезидентҳо ва меъёрҳои имтиёзноки истифодаи захираҳои табиӣ амал мекунад

Просмотров: 2201

Низоми соддакардашудаи андозбандӣ

Дата добавления: 2017-11-23

Добавил (а): Алишер Фозилов

Андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад.
Фасли 13 боби 41 моддаҳои 302-305 КА ҶТ ба андозе, ки  тибқи низоми  соддакардашуда пардохта мешавад бахшида шудааст. Тибқи моддаи 302 КА ҶТ супорандагони андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, корхонаҳое мебошанд, ки  даромади умумии онҳо дар оғози соли андоз  бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана аз ҳадди 3-каратаи муқаррарнамудаи КА ЧТ барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи ААИ яъне 144 сомонӣ зиёд намебошад

Просмотров: 834

Низоми махсуси андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дата добавления: 2017-11-23

Добавил (а): Алишер Фозилов

 Низоми махсуси андозбандӣ дар ҶТ гуфта ин тартиби махсуси баҳисобгирӣ ва супоридани андозу пардохтҳоро дар давраи муайян меноманд, ки бо тартиб ва ҳолатхои бо қонунгузории андоз пешбинишуда тадбиқ мегардад. Аз руи қоидаи умумӣ ин ба як андоз ивазнамудани маҷмўи андозҳои мавҷудбуда ҳисоб меёбад. Ғайр аз асосоҳои пешбурди баҳисобгири муҳосибавӣ, ҳисоботдиҳӣ ва супоридани андозҳо, реҷаи махсуси андоз- имтиёзҳоро низ ба андозсупорандаи ин низом муқаррар менамояд. Дар ҶТ ба ҳайси низоми махсуси андозбандӣ ин низомҳо баромад менамоянд:

Просмотров: 898

Қарзи андоз

Дата добавления: 2017-11-17

Добавил (а): Алишер Фозилов

Аз рўи қоидаи умуми андоз бояд дар мўҳлати муайяннамудаи КА ҶТ(мўҳлати пардохт) аз ҷониби андозсупоранда пардохт гардад. Мўҳлати пардохти андоз санаи тақвимие мебошад, ки мутобиқи КА муайян шудааст ва то ё дар лаҳзаи фарорасии он маблағи ҳисобшудаи андоз бояд ба буҷет супорида шавад, яъне ўҳдадории андоз бояд иҷро гардад.

Просмотров: 667

Тағийр додани мўҳлати супоридани андоз

Дата добавления: 2017-11-17

Добавил (а): Алишер Фозилов

Тибқи моддаи 90 КА ҶТ  тағйир додани мўҳлати пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо (ба таъхир гузоштан) ин аз мўҳлати мутобиқи КА ЧТ муқаррарнамудаи пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо, аз ҷумла пардохтҳои ҷорӣ, ба мўҳлати нисбатан дертар гузарондани он ба ҳисоб меравад.

Просмотров: 581

Паст кардани меъёри андоз

Дата добавления: 2017-11-17

Добавил (а): Алишер Фозилов

 Як намуди имтиёз дар бахши андоз ин имтиёзе мебошад, ки имконияти кам кардани меъёри андозро аз манбаи муайяни андозбандӣ ва ё тарҳи онро пешниҳод мекунад. Мисоли паст кардани меъёри андоз ин моддаи 299 КА ҶТ аст, ки тибқи он меъёри андоз аз  истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард дар ҳаҷми 2 фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад. Аммо барои корхонаҳои савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурўш меъёри андоз дар ҳаҷми 0,5 фоизи манбаи андоз муқаррар карда шудааст.

Просмотров: 529

Мафҳум ва намудҳои имтиёзҳо дар бахши андоз

Дата добавления: 2017-11-17

Добавил (а): Алишер Фозилов

Ҳангоми муқаррар намудани андозҳо бояд ҳамаи омилҳои андозбандӣ, аз ҷумла: андозсупорандагон; объекти андозбандӣ; манбаи андоз; давраи андоз; тартиби ҳисоб кардани андоз; тартиб ва мўҳлати пардохти андоз; дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои андоз ва асосҳо барои ба даст овардани (истифодаи) онҳо аз ҷониби андозсупоранда муайян карда шаванд (з.б.1.м.7 КА ҶТ). Аз ин муқаррарот бармеояд, ки зерфунксияи ҳавасмандгардонии қонунгузори андоз пеш аз ҳама ин муқаррар кардани имтиёзҳо дар мавриди андозбандӣ аст, ки бо роҳи ба категорияи алоҳидаи шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо фароҳам овардани реҷаи хуби андозбандӣ амали мегардад.

Просмотров: 932