|

Мавзӯъҳо

Шумо дар инҷо метавонед бо мавзӯъҳои Хукуки инсон шинос шавед!

Намудҳои алоҳидаи шартномаи меҳнатӣ

Дата добавления: 2016-05-19

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ дар ҳолатҳое баста мешаванд, ки вобаста ба шароити табиию иқлимӣ кор метавонад дар давраи муайян (мавсим), на бештар аз шаш моҳ анҷом дода шавад.

Просмотров: 3980

Мазмуни шартномаи меҳнатӣ

Дата добавления: 2016-05-19

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Дар асоси моддаи 30 КМ ҶТ мазмуни шартномаи (қарордоди) меҳнатиро созишномаи тарафҳо, инчунин санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат, аз ҷумла созишномаи генералӣ, соҳавӣ ва шартномаи коллективӣ муайян мекунанд.

Просмотров: 3603

Ҷонибҳо ва тартиби умумии бастани шартномаи меҳнатӣ

Дата добавления: 2016-05-19

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Тарафҳои шартномаи меҳнатӣ корманд ва корфармо мебошанд. Тибқи моддаи 27 КМ ҶТ Шаҳрванде, ки ба синни 15 расидааст, метавонад чун корманд, тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бошад. Хонандагоне, ки ба синни чордаҳсолагӣ расидаанд, метавонанд тибқи ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур (моддаи 174, қисми дуюм) шартномаҳои (қарордодҳо) меҳнатӣ банданд.

Просмотров: 1290

Мафҳум ва аҳамияти шартномаи меҳнатӣ

Дата добавления: 2016-05-19

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Мутобиқи моддаи 26 КМ ҶТ Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ - созишномаи байни корфармо ва корманд мебошад, ки тибқи он корманд вазифадор аст корҳоро аз рўи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиби дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, вазифадор аст барои ҳамин кор ба корманд музд диҳад ва шароити меҳнатро, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи оид ба меҳнат ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад.

Просмотров: 1661

Назорати иҷрои шартномаю созишномаҳои коллективӣ ва масъулият барои иҷро накардани онҳо

Дата добавления: 2016-05-18

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Самараи амали шартномаю созишномаҳои коллективӣ аз бисёр ҷиҳат ба ташкили дурусти назорати иҷрои муқаррароти онҳо вобаста аст. Назорати иҷрои шартнома ва созишномаҳои коллективиро ҷонибҳо мустақиман, ҳамчунин тавассути комиссияҳои созмондодаашон, ки ба ҳайати он шумораи баробари намояндагони ҷонибҳои шартнома ва созишномаҳои коллективӣ шомиланд, амалӣ менамоянд.

Просмотров: 831

Шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо

Дата добавления: 2016-05-18

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Дар баробари аз ҷониби давлат ба низом даровардани бозори меҳнат, баҳри танзими муносибатҳои байни корфармо ва кормандон низоми (услуби) шартномавӣ-коллективӣ мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар шартнома ва созишномаҳои коллективӣ таҷассум меёбад.

Просмотров: 2194

Мақомоти шарикии иҷтимоӣ

Дата добавления: 2016-05-18

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Мақомотҳои асосии шарикии иҷтимоӣ комиссияҳо оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ - меҳнатӣ маҳсуб мешаванд, ки баҳри таъмини танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, баргузорӣ ва анҷоми муваффақонаи музокиротҳо, омода намудан лоиҳаи шартномаҳои коллективию созишномаҳо ва бастани онҳо, инчунин ташкили назорати иҷрои онҳо дар сатҳи гуногун таъсис дода мешаванд.

Просмотров: 988

Намояндагии манфиатҳои кормандон ва корфармоён дар бахши шарикии иҷтимоӣ

Дата добавления: 2016-05-18

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Он тавре, ки қаблан ишора рафта буд, ба сифати ҷонибҳои шарикии иҷтимоӣ кормандон ва корфармоён дар симои намояндагони ваколатдори онҳо баромад мекунанд. Намояндагони кормандон дар шарикии иҷтимоӣ бошанд, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо маҳсуб мешаванд, ки тартиби таъсис, доираи ваколат ва фаъолияти онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқҳо ва кафолатҳои фаъолияти онҳо», танзим менамояд.

Просмотров: 756

Мафҳум ва низоми шарикии иҷтимоӣ дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ҷамъиятии ба онҳо алоқаманд

Дата добавления: 2016-05-18

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Агар ғояҳои шарикии иҷтимоӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ҷамъиятии ба онҳо алоқаманд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нисбатан наву тоза бошад, барои мамолики Аврупои ғарбӣ як зуҳурот ва ҳодисаи маъмулу муқаррарӣ маҳсуб мешаванд. Ғояҳои шарикии иҷтимоӣ маҳз дар мамолики Аврупои ғарбӣ, бахусус Олмон баъд аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтанд.

Просмотров: 836

Муносибатҳои ҳуқуқии алоқаманд ба муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ

Дата добавления: 2016-05-18

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Он тавре, ки қаблан ишора рафта буд, яке аз қисматҳои низоми муносибатҳои соҳаи ҳуқуқи меҳнатиро муносибатҳои ҳукуқии алоқаманд ба муносибатҳои меҳнатӣ ташкил медиҳанд.

Просмотров: 1337