Мавзӯъҳо
Шумо дар инҷо метавонед бо мавзӯъҳои Иқтисодиёт шинос шавед! :)
Дата добавления: 2019-10-30 Добавил (а): Ахмедов Бахром |
Иқтисод сарчашмаи муҳимтарини таъмин намудани инсон ва ҷомеа бо неъматҳо буда, тарзу сифат ва дараҷаи пешрафту беҳбудии онро вобаста бо хусусиятҳои давраҳои рушди иқтисод муайян мекунад. Просмотров: 52 |
Дата добавления: 2019-10-30 Добавил (а): Ахмедов Бахром |
Қисмати гузашта ва ҳозираи иқтисод, доираи амалиёт мақсаду вазифа, тарз ва услуби инкишофу таҳаввули он якоҳанг набуда, зери нуфузи субъектҳои асосии он одамон, давлат, корхонаҳо ботадриҷ такмил ва густариш меёбад. Дар ин халқа таъсири давлат дар чеҳраи (шахсияти) ҳукумат нисбатан бузург буда, самт ва тамоюли пешрафт, рушду нумӯъ, мақсаду вазифа, тактика ва стратегияи онро муайян менамояд. Просмотров: 44 |
Дата добавления: 2019-10-30 Добавил (а): Ахмедов Бахром |
Тарзу услуб ва механизми танзими иқтисод ягонаю ҳамаро фарогиранда ва шахшудамонда намебошанд. Онҳо вобаста ба шароитҳои таърихӣ, сирати низомҳои иқтисодӣ, шаклҳои моликият, рушди иқтисод, дараҷа ва сатҳи пешрафти илму техника, технология, сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, қувваҳои сиёсӣ, ташаккули муносибатҳои бозорӣ ва ғайра хархела ташкил карда мешаванд. Просмотров: 35 |
Дата добавления: 2019-10-30 Добавил (а): Ахмедов Бахром |
Иқтисодиёт таърихан тибқи ду усул: усули танзими ғайридавлатӣ (бозорӣ) ва давлатӣ сурат мегирад. Танзими ғайридавлатӣ аз ҷониби субъект ва агентҳои алоҳидаи иқтисодӣ - ширкат ва фирмаҳо перомуни тақсими бозори фурӯш ва ташаккули нархҳо, ҳавзаи тиҷорат, савдои яклухту чакана, бирҷаҳои молию пулӣ, музояда, намоишгоҳҳо, низоми иттилоотӣ, асъор ба роҳ монда мешавад. Просмотров: 39 |
Дата добавления: 2019-10-30 Добавил (а): Ахмедов Бахром |
Нақш ва мақоми давлат, асосан, бо воситаи иҷрои вазифаҳои иқтисодии вай зуҳур мегардад. Охирон, барои ба эътидол даровардани фаъолияти соҳибкорӣ, механизми бозор - рақобат, нарх, тақозо, арза, ташкили шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ бештар истифода карда мешавад. Просмотров: 33 |
Дата добавления: 2019-10-30 Добавил (а): Ахмедов Бахром |
Нақш ва мақоми давлат дар иқтисоди бозорӣ. Тарз ва услубҳои иқтисоди бозор. Дахолати давлат ба иқтисодиёти бозор. Вазифаҳои иқтисодии давлат дар адабиёти мамлакатҳои Ғарб. Вазифаҳои муайянкунандаи иқтисодии давлат: ҳифзи рақобат ва рақобати нокомил. Азнавтақсимкунии даромад ва захираҳои иқтисодӣ. Просмотров: 37 |
Дата добавления: 2019-10-28 Добавил (а): Ахмедов Бахром |
Чи тавре ки аз мавзӯъҳои пештара маълум аст, таҳти рушди иқтисод чунон вазъ ва ҳолати иқтисодии миллиро мефаҳманд, ки он қодир бошад дар як давраи муайян афзуншавии маҳсулот ва даромади миллиро таъмин намояд. Просмотров: 90 |
Дата добавления: 2019-10-28 Добавил (а): Ахмедов Бахром |
Рушд ба амсоли оинаест, ки акси иқтисоди миллӣ дар он ниҳон мегардад. Маҳз аз дараҷа ва суръати афзоиши он давраҳои рушди низомҳои иқтисодӣ байни худ аз ҳам ҷудо карда шуда, мамлакатҳо, минтақаю ноҳияҳо чун тараққикарда, инкишофёбанда, қафомонда, дар ҳолати касодию рукуд боқимонда ва ғайра пазируфта мешаванд. Просмотров: 78 |
Дата добавления: 2019-10-28 Добавил (а): Ахмедов Бахром |
Чи тавре ки аз бобҳои пештара эҳсос намудем, МУМ, МУД ва даромади миллӣ аз ду ҷанба - арзиш ва натура (яъне шакли ҷисмӣ ё худ моддӣ) ба эътибор гирифта шуда, ҳисобу китоб карда мешаванд. Аз ин нигоҳ, рушди иқтисод ҳамчун нишондиҳандаи тақвиятбахши ҳаҷми умумӣ ва суръати афзоиши МУМ, МУД, ДМ низ аз ду нуқтаи назар - арзишӣ (пулӣ) ва ҷисмӣ (натуралӣ, моддӣ) тақсимбандӣ карда мешавад. Просмотров: 57 |
Дата добавления: 2019-10-28 Добавил (а): Ахмедов Бахром |
Дар бобҳои пештара ҷанбаҳои гуногуни мувозинӣ ва ғайримувозинии макроиқтисодӣ мавриди таҳлил карор дода шудаанд. Майл ва калобишҳои хаҷми маҳсулот, асосан, таҳти таъсири тағйиротҳои тақозои кулл, арзаи кулл ва тамсилаҳои гуногуни онҳо сурат мегирад. Просмотров: 86 |