Дата: 2016-02-18
Накша:
1.Маълумот дар бораи мизоч.
2 Задашавии хислат.
3.Характиристикаи психологии типхои психико- ичтимои.
1.Маълумот дар бораи мизоч.
Шахсият дар фаъолият хамон вакт ба муваффакият сохиб мегардад,ки агар касби интихобкардааш ба кобилият, дадачаи акли, хусусиятхои шахси ва ба шавки у мувофикат намояд.
Аз ин лихоз донистани шавку рагбат,хусусиятхои шахси ва типологияи худ барои ба муваффакият ноил гаштан омили асоси мебошад.
Ба чахони дохилии шахсият бо таъсири мухити беруна дигаргун мешавад, хеле гуногун аст ин:
1.Вач?нокии хо?иш ва шав?хои ро?барикунанда.
2.Хусусият?ои арзиш?о,идеал, максад?ои ?аёти,.
3.Хусусият?ои худба?одихи,безобитаги,асабноки.
4.Хусусиятхои типологияи шахсият.
Яке аз хусусиятхои асосии шахсият ин мизоч мебошад.
Хар як инсон аз хурди дорои ягон мизоч мебошад.
Мизоч характеристикаи динамики шахсият ва шаклхои чавоби нисбати гирду атроф ва сохаи эмотсионалии уро меомузонад.Он кувва ва суръати равандхои психики,муносибати байни хаячон ва боздори кобилияти баланд ва пасти аз як холат ба дигар холат гузаштан,харакатноки ва инертнокии психика,мустахкамии ташаккули малака ва одатро нишон медихад.Мизоч хамчун хусусияти инфироди шуур, хислат,кобилият ва шавки уро инъикос наменамояд.
Аз ин лихоз дар намуди хамаи мизочхо мо одамони доно ва беакл,боистетъдод ва беистеъдодро диданамон мумкин аст.Мизоч хамчун тарзи ирси бо инстинктхои одам зич алокаманд мебошад.Инстиктхо ин дар ирсият программаи мутобикшави,худмухофизаткуни, давом додани насл,муносибат ба худ ва дигарон сабт мегардад.Инсон дорои инстинктхои гуногун мебошад.
Дар инсон кадоме аз инстиктхо бештар доминанта аст типологияи уро муайян кардан мумкин аст. 7 намуди типологияро чудо мекунанд.
Типи Эгофили.дар ин намуд инстинкти худнигохдори мустахкам мебошад.Аз хурдсоли инхо ба модари худ дилбастаги доранд,бештар охистакор буда,мутаасиршавандаги ,нисбати дард бетокати,Безобитаги ва дар маркази диккат будан мебошад.
Типи генофили.Дар чунин одамон инстинктидавом додани насл бартари дорад.Аз хурди онхо ба оила дода шудаанд ва чунин бачагон ороманд агар хамаи аъзои оила бошанд,ба якдигар гамхори намоянд.Онхо низ барои оилаи худро ба курбони меоранд.
Типи алтруисти.Инстинкти алтруисти бештар доминанта аст.Аз хурди онхо хусусиятхои мехрубони,гамхори нисбат ба дигарон ва охирин чизхои худро барои кассе дарег намедорад,дасткушо мебошанд.Инхо одамоне,ки худро дар чамъият барои бехбудии одамон,дармондагон,беморон мебахшанд .Инхо нигохдорандаи мехрубони,хает ва инсоният мебошанд.
Типи таткикотчи.Дар у инстинкти тадкикотчи бартари дорад.Аз хурди онхо кунчкоб,доимо савол медиханд»барои чи,аз чи сабаб»,биер китоб мехонанд ва таткикотхо мегузаронанд,Аз ин хел бачагон одамони эчодкор ташаккул меебанд.
Типи доминанти. Инстинкти доминанти бештар хос аст.Аз хурд инхо дар байни бачагон бозихо ташкил мекунанд,дар назди худ максад гузошта барои ба он ноил шудан иродаи худо зохир мекунанд.Корчаллон ва дар оянда талаботи мансабдори зохир мегардад..Инхо сарварон,сиесатмандон,Ташкилотчиен ва хамзамон хислатхои вазнини онхо ин худбин,чохил аст
Типи либертофили.Дар онхо инстинкти озоди бештар аст.Холо аз кудаки онхо барои озодии худ зиддият зохир мекарданд.Нисбат ба дигарон бештар мустакил гашт,хусусиятхои якрави,нисбати дард пуртокати,ба таваккали майл доранд,шиори онхо «Озоди аз зарури» мебошад.Онхо нигахдори озоди,шавкхо,Индвидуал?нокии хар як кас мебошанд.
Типи дигнитофил-инстинкти сазовори обрую эътибор мустахкам аст.
Холо аз бачаги ин хел бачагон ба ягон намуди зуровари тоб намеоваранд:бо кудак танхо бо мехрубони ва боваркунони муросо кардан мумкин аст.Ин хел одамон баои нигох доштани номус, иззату обру ба хама чиз ба монанди озоди,мансаб ,оила,шавкхои касби даст кашиданашон мумкин аст.Шиори онхо «Обру аз хама киммат»мебошад.Инхо нигахдорандаи ору номус,кадру киммати шахс айни замон хаети одами сазовор аст.
Холо дар замони Гиппократ чор намуди мизоч маълум буд.ин холерик,сангвиник,флегматик ва меланхолик.
Таълимоти И.П.Павлов дар бораи шаклхои системаи асаб дар омузиши муаммои мизоч маълумотхои навро пешкаш намуд.И.П.павлов асосхои физиологии мизочро пеш аз хама тадкик намуда омухтааст.У инчунин таснифоти аники нишонахое,ки ба мизоч хос аст муайян намуд ва ба мазмуну мундарачаи мавфуми мизоч маводхои нав хамрох намуд.
И.П.Павлов чунин кайд намуд,ки мизоч на танро ба системаи асабие,ки хусусмяти ирси дорад балки он ба он тасиротхое,ки доимо инсон ба он дучор мнояд вобаста аст.Бо хамин И.П.Павлов мизоч танхо хусусияти ирси набуданашр исбот намуд.
Асоси таснифоти мизочро И.П.Павлов ба се нишонаи равандхои асаби ин кувва ва сусти,дар мувозинати буда ва дар мувозинати набуда ,серхаракати ва сустхаракатиро вобаста намуд
Нишонахои номбурдашуда намудхои фаъолияти системаи асаби хайвонот ва одамро муайян мекунад.Ба гайр аз ин боз нишонахои иловаги низ мавчуд хастанд,ки он танхо ба одам хос буда,аз бартарии системаи сигналии якум е системаи сигналии дуюм иборат аст.
Акнун чунин нишонахо ,ки типии системаи асабро мувофики таълимоти И.П.Павлов дар инсон муайян мекунанд дида мебароем.
Аввалан бо нишонахои зур ва сустии ангезанда ва протсесси боздориро мебинем.Системаи асаби зур дар кобилияти мехнати,камтар мондашави,фаъолноки,истодагари,бочурати зохир мегардад.Сифатхои номбурдашуда дар фаъолиятхои мехнати,таълими,чамъияти ва дар холатхои гуногуни хаети низ дида мешавад.Истодагари хамчун нишонаи кувва ин адеквати.яъне истодагарии «кори» барои ба максад ноил шудан мебошад,агар дар ин холат якрави зохир гардад он нишонаи инертнокии шасхсият мебошад.
Кувваи раванди боздори дар муттамарказии диккати фаъол ва давомнокии он зохир мегардад.Типи пуркувват хохиш ва фикри худро химоя карда,ба маслихату хамдарди камтар эхтиеч дорад.Дар вакти зарури аз талабот ва хохишхои худ даст кашидан .ба осони аз сар гузаронидани гуруснаги,ташнаги,дард низ хоси намуди кувваи системаи асаб мебошад.
Типии системаи асаб суст чунин нишонахо дорад :ин нофаъоли,тез мондашави, сусти ва мондашавии диккат,ба куввахои худ бовар накардан,нобовари ба куввахои худ,тарс,номустакилиятноки аст.
Мо аввалин нишонаи типии системаи асаб е мизоч-зур ва сустии протсессхои асабиро дида баромадем.
Нишонаи дуюм-ин серхаракатии протсессхои асаби,ки он тезиги ва осонии ивазшавии хаячон ва боздориро муайян мекунад. Типи серхаракати ба тези алокахои муввакатиро ташкил мекунанд ва дар вакти нозарури тез нест мекунанд. Ин хел одамон аз як намуди фаъолият ба дигар тез гузашта,ба шароитхои нав тез мутобик мешаванд.Ивазшавии табъ низ ба онхо хос буда,аз як андеша ех ба ичрои амал мегузаранд.Баракси он .дар холати камхаракати е инертноки алокахои маваккати сустар ташкил шаванд хам вале онхо нисбатан мустахкамтар мебошанд.Аз як холат ба дигар холат гузаштан ,реасияи интихоби суст,халли муаммохо бештар бо дермони ва мушкили кабул карда мешавад.Одатхои мустахкамшударо бо мушкили ислох мекунанд.
Сеюм нишона ин дар мувозинат ва дар мувозинат набудани протсесси хаячон ва боздори мебошад.дар одамоне,ки аз чихати асаби-психики солим мебошанд,байни равандхои боздори ва хаячон доимо мувозинати дида мешавад.Дар мувозинат буда ин яъне гуе ба пахлухои баробари тарозу монанди дошта.Дар мувоинат буда ин боздории хуб буда он дар худдори, худидоракуни,пуртокати,Интизор шуда тавонистан дида мешавад.Дар мувозинати набудан холатхои серхаракатии дастон (баъзан харакатхои беихтиер),импулсивноки,бетокати,саросемаги,реаксияи тези эмотсионали дида мешавад,ки ин нишонаи бартарии протсесси хаячон бар боздори мебошад.
Дар мувозинати набудан ва он бештар боздори зохир шудан холатхои мондашави,бемадори,апатия,хоболуди,боздори дар нутк ва харакат дида мешавад.Чунин боздории посбоникунанда дар холатхои мушкили гуногуни хаети ,ки талаботхои зиед нисбати фаъолияти системаи асаб пешниход мекунад,дида мешавад.
Назарияи мизоч ва хислат?ои он.
Аз руи нишонахои овардашуда,мумкин хашт назарияи мизочхои дидан мумкин аст.
1.Зур,серхаракат,дар мувозинатбуда.(сангвиник)
2.Зур,камхаракат(инертнок),дар мувозинат буда.(флегматик.)
3.Зур,серхаракат,дар мувозинатнабуда. (холерик)
4.Зур,камхаракат,дар мувозинатнабуда (вонамехурад)
5.Суст,серхаракати, дар мувозинат буда.
6.Сусти,камхаракат(инертноки),дар мувозинат буда(меланхолик)
7.Суст,серхаракат.дар мувозинат набуда.
8.Суст,камхаракат(инертнок) дар мувозинат набуда.
Як кисми онхо дар хает дида мешаванд.вале кисми дигари он холо омухта нашудааст.Асосан чор типии мизоч муайян мебошад,ки инхо сангвиник,холерик,меланхолик ва флегматик мебошад.
Сангвиникхо- хело серхаракат,зиндадил ва одамони таасуротнок мебошанд. Онхо тез ба мухит ворид шуда мутобик мегарданд.Онхо тез ва ба осони донишхоро меомузанд ва онхо он кадар мустахкам намебошанд.Дар муошират бо онхо осон буда,сергапу муомилотнок мебошанд.Ба кор тез шуруъ мекунанд вале агар он чидду чахдро талаб кунад то ба охир расонида наметавонанд.Аз дигар тараф онхо хеле фаъоли серхаракат мебошанд.Онхо хушчакчак хандончак,агар ягон монеъаги набошад,онхо бокатъи пеш рафта метавананд.
Флегматикхо- нисбат ба сангвиникхо дар мувозинат буда,бештар сустар,устувортар,дар холатхои мушкили зиндаги нисбатан охистатар муносибат мекунанд вале мустахкамтар мебошад.Онхо маводхоро сустар дар хотир доранд хам вале дар хотирнигохдори босифаттар мебошад.Барои ба максад ноил гаштан устувор ва катъи хастанд.Онхо бештар устувор,катъи,батокат мебошанд.
Холерикхо-намояндаи типии зур,серхаракат ва дар мувозинат набуда мебошад.Холерикхо хело чакон,фаъолиятнок,тез,реаксияи боздошта нашаванда.Онхо импул?сивнок,чангара,бетокат буда,дар он чое,ки охистаги,ороми талаб карда мешавад холерикхо мушкили мекашанд.
Меланхоликхо-намояндагони ин мизоч вариантхои гуногуни системаи асаби сустро дар бар мегиранд.Хусусиятхои хоси онхо ин тез мондашави,манфиати худро тасдик карда натавонистан.Дар онхо эмотсияхои манфи нисбат ба эмотсияхои мусби бештар зохир мешавад.меданхоликхо фаъолнокии кам зохир мекунанд ва дар холатхои вазнин тез ба рухафтодаги дода мешаванд.Дар онхо бештар мутаасиршави ва дудилаги дида шуда,хло пуртокату сулхчу мебошанд.
Хислат
Мавфуми мизоч ва хислат хело наздик мебошад.
Калимаи «хислат».ки мазмуни он «хусусият»,мебошадаз тарафи файласуфи юнони кадим Теофраст(асри 4-3 пеш аз милод)кабул карда шудааст.
Хислат –ин сифатан гугогунии хусусиятхои шахсият буда,он мазмуннокии ва таъсирнокии онро нисбат ба рафтор муайян мекунад.
И.П.Павлов ба гайр аз таткики фаъолияти системаи асаб инчунин хусусиятхои типии инсониро чудо намуд ин: фикркунанда ва эчодкор мебошад.Дар намуди фикркунада системаи сигналии дуюм нисбат ба ситемаи сигналии якум бештар мебошад.
Барои ташаккул ефтани хислат шароит ва кушишхои муайян заруранд,ин ба монанди одами дигар(волидайн,идеал) зарур аст,воситахои ташаккули хислат ин тарбия,фармон,таъсироти беруна ваинчунин воситахои дохили чидду чахд,худтарбиякуни зарур аст.
Дар 20-50% одамон якчанд хислатхои онхо бештар ташаккул ефтатанд,ки дигар хусусиятхои бархам медиханд,ки дар натича задашавии хислат ба вучуд меояд.Дар натичаи мураккаб будани муносибати байнихамдигарии одамон ,мушкилихо ва мухолифатхо ба вучуд меояд.Дарачахои аксектуатсияи хислат гуногун буда,он аз зинаи паст то зинаи баланд холати бемори(психопатия)мешавад.Психопатия ин вайроншавии хислат(гарчанде хусусиятхои акли солим аст)мебошад,ки муносибати онхо бо мухит вайрон гашта ,хатто ба хавфнок мегарданд.Вале аксентуатсияи хислат доимо зохир намешаванд ва бо мурури солхо бартараф мегарданд ва ба меъер наздик мешаванд.Аксентуатсияи хислат бештар дар наврасон ва навчавонон(50-80%) зохир мешаванд,зеро махз дар ин синну сол даврахои бухрони барои ташаккулебии хислат мебошад.
Хар як сифати хислат ,гарчанде он хеле хуб бошад хам сифатхои манфии худро инъикос мекунад,ки дар натича он ба шахс монеъ ва атрофиен монеъ мегардад ва хамчун «характери вазнин»намудор мегардад.Ин аксентуатсияи хислат мебошад,ки олимон якчанд намуди онро чудо намудаанд.
1.Гиперфаъол.Ин хел одамон хело чакон,серхаракат,мустакил,ба сарвари,таваккал майл доранд.Ба эродхо эътибор намедихад,худтанкидкуни дида намешавад.
Барои атрофиен нисбат ба ко рва одамон чидди муносибат карда натавонистан.саросемаги маъкул нест.Корхои монотинни ва якранга ,интизоми сахт оварда мерасонад,ки онхо бадчахл шуда мухолифат мекунанд.Ин хел одамон дар корхое,ки бо муносибат,муошират алокаманд аст хубтар кор мекунанд.ин фаъолияти ташкилотчиги,хизматрасони,варзиш,театр мебошад.
2.Дистими.Дар ин типии одамон доимо табъи нохуш ин хафаги,ногапи,Камгапи,нофаъолияти дида мешавад.Онхо дар чойхои серодам худро бад хис мекунанд ва бо дигар одомон тез унс намегиранд.Дар холати мухолифатноки чавоб гардонида наметавонанд,ки ин сустигии онхо мебошад.Ба одамон хусусиятхои Чидди муносибат кардан,поквичдони.хакикатпарварии онхоро кадр мекунанд.Вале хусусиятхои аз одамон худро дур кардан,сустфикр кардан,холати хафаги, ба дустиги е хамкори халал мерасонад.Чой е ивазкуниифаъолият ба онхо мушкил мебошад.Ин тарзи аксентуатсияи хислат дар одамоне,ки бештар ба мизочи меланхолик таалук доранд мансуб аст.
3.Сиклоидхо.Аксентуатсияи хислат дар вакти баланд ва е паст шудани табъ дида мешавад.Дар вакти табъи хуш онхо геперфаъол ва дар вакти табъи нохуш дар онхо дистимии мегарданд.Дар вакти паст будани табъ хелобезобита мешаванд,ки хатто то ба худкуши омаданашон мумкин аст.Ин холатхои ивазшаванда онхоро хело монда мекунад ва амалхои гайричамддошт ба монанди иваз кардани чои кор,ихтисос,чои истикомат карданашон мумкин аст.Чунин намуди аксентуатсияи хислат ба холерикхо хос аст.
4.Эмотиви.Ин хел одамон хело хассос,дилгир.ва ноомадии ночизро низ хеле вазнин аз сар мегузаронанд.Онхо ба эроду таърифхо хеле хассосанд,аз ин лихоз бештар табъи нохуш доранд.Онхо.бо одамони наздик,ки онхоро тез мефахманд маъкул аст.
Ба мухолифат хело кам хамрох мешаванд вадар он роли пассивро ичро мекунанд.
Хафагиро дар худ нигох медоранд.Онхо хело масъулиятнок буда.вазифаи додашударо софдилона ичро мекунанд.
Ин хел одамон оиладори хуб мешаванд аммо бисер хассоси,гиренчаки дигаронро аз худ дурр мекунад.
Дар сохахои санъат,тарбияи бачагон,тиб,нигохубини хайвоноту растанихо ба муваффакиятхо ноил шуданашон мумкин аст.
5.Намоишкори(демонстративн?й).Ин хел одамон кушиши онро доранд,ки доимо дар маркази диккат бошанд ва ба максади худ бо кадом рохе,ки набошад ноил шудан мехоханд ин,оби дида,аз хуш рафтан,чангу чангчол,бемори,худтаърифкуни,сару либос,дуруггуи ва гайра.Онхо тез рафторхои ношоистаи худро аз хотир мебароранд.Ин хел одамон бо максадноки,хусусияти актери,фантазияхои ачоиб дигаронро ба худ чалб мекунанд вале хусусиятхои худбини,дуруггуи,худтаърифкуни,танбали аз худ дурр месозад.
6.Андармони.(застреваю?ий).одамоне,ки чунин аксеттуатсияи хислат доранд дар хиссиет,фикрхои худ андармон мешаванд.Онхо хафагии худро фаромуш карда наметавонанд ва кассосгир хастанд.дар вакти мухолифат хело фаъол хастанд ва дусту душманро аник чудо мекунанд.Хукмфармои ва насихату васиятро дуст медоранд.
Ба одамон серталабии онхоба муваффакият ноил гаштан.принсипноки,хакикатпарвари хело маъкул буда,хафаги.шубханоки.касосгири,рашк,худпапасти макбул намегардад.
Саволхо барои мустахкамкуни.
1.Типология дар бораи чи бахс мекунад?
2.чанд намуди типологияи одамонро медонед?
3.Мизоч чист?
4.И.П.Павлов асоси физиологии мизочро чи гунна исбот намуд?
5.Намудхои мизочро шарх дихед.
6.Хислат аз мизоч чи фарк дорад?
7.Аксентиатсияи хислатро маънидод намоед.
8.Кадом намудхои аксентуатсияи хислатро медонед?.
Просмотр: 9181
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved