DURAHSHON.TJ Universal content of TJK

  • Обратная связь
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

ҲУҚУҚИ ДИПЛОМАТӢ: Ҳуқуқи дипломатии миссияҳои махсус

Дата: 2016-01-13

Дар  ҳуқуқи байналхалқи дар зери мафҳуми миссияҳои махсус – миссияҳои муваққати фаҳмида мешавад, ки аз намояндагоне иборатанд, ки як давлат ба давлати дигар барои иҷрои вазифаҳои мушаххас /дар асоси шартномаи байни ду давлат/ равона мекунад. Дар илми ҳуқуқи байналхалқӣ ва амалияи давлатҳо ин шакли баамалбарории робитаи беруна «дипломатия  ad hoc»  яъне мақомотҳои мувақатии дирломатии давлатҳо дар хориҷа номида мешавад.
Боз метавон қайд намуд, ки миссияҳои махсус – ин вакилони давлатҳо, ки ин ё он функцияҳоро дутарафа иҷро мекунанд / инҳо вакил дар гуфтушунидҳои дутарафа, дар маросимҳои гуногун, мисол, ҳангоми ба вазифа таъин намудани сардори давлат, дар маросими дафн ва ғайра/.
Ҳолати ҳуқуқии миссияҳои махсус бо Концепсияи Венагӣ оиди миссияҳои махсус соли 1969 муайян карда мешавад.
Ҳар як субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ / давлат ташкилотҳои байналхалқӣ / ҳуқуқ доранд, ки миссияҳои махсусро равон ва қабул кунанд. Функцияҳои миссияҳои махсус бо мақсад ва вазифаҳои ҳамон миссия алоқаманд мебошад.
Вазорати корҳои хориҷии давлати мавқеъгирифтаи сафир  оиди ҳайати миссияҳои махсус, ҳозир шудани онҳо ба давлати мавқеъгирифтаи сафир ва қатъ гаштани кори онҳо бояд доимо дар алоқа бошад.
Миссияҳои махсус ва сарони он ба иҷрои функцияи худ аз вақти барқарор намудани алоқаи расмӣ бо вазири корҳои хориҷӣ ё бо дигар мақомотҳои ваколатдори давлати мавқеъгирифтаи сафир шурўъ мекунанд. Давлати мавқеъгирифтаи сафир бояд ҳамаи имкониятҳоро барои иҷрои функцияҳои миссия пешниҳод кунад. Миссияҳои махсус метавонанд вазифаҳои худро дар ҳудуди давлати сеюм амали гардонанд. Лекин бояд қайд намуд, ки танҳо бо розигии давлати мавқеъгирифтаи сафир.
Моддаи 21 Конвенцияи Вена оиди миссияҳои махсус  соли 1969 муқаррар мекунад, ки сардори давлат, ки дар миссияи махсус роҳбари мекунад, инчунин сардори ҳукумат, вазири корҳои хориҷа ва дигар шахсони олии мансабдор, ки дар миссияҳои махсус иштирок мекунанд, дар ҳудуди давлати мавқеъгирифтаи сафир ва давлати сеюм аз иммунитету имтиёзҳое, ки ҳуқуқи байналхалқӣ эътироф кардааст, истифода мебаранд. Албатта, функцияҳои миссияҳои махсус, ҳайати онҳо, иммунитет ва имтиёзҳо бо вазифаҳое, ки дар назди онҳо вогузор карда шудааст, алоқаманд мебошад. Одатан ин масъала дар асоси розигии тарафайн сурат мегирад. Ин амали дар Конвенцияи Вена соли 1969 оиди муассисаҳои махсус дарҷ ёфтааст.
Агар ба имтиёз ва иммунитетҳои шахсии сардорони миссия нигарем, дар ин ҷо пеш аз ҳама принципи дахлнопазирии шахсии сардор ва аъзоёни ҳайати давлатии миссияҳои махсусро қайд кардан ба маврид аст. Қароргоҳи шахсии аъзоёни миссияҳои махсус чун қоида ҷой дар меҳмонхона ба шумор меравад. Қароргоҳ мукотибот, молу мулки онҳо дахлнопазиранд. Сардор ва аъзоёни шахсии дипломатии миссияҳои махсус аз ҳамаи андозҳо, боҷу хироҷ озоданд. Агар функцияҳои аъзоёни миссияҳои махсус қатъ  гардад, иммунитет имтиёзҳои онҳо то вақти ҳудуди давлати бударо тарк кардани шахсони мансабдор ё бо тамом шудани мўҳлати онҳо давом меёбад.

Просмотр: 2512

Категории

Ҷомеашиносӣ (Сотсиология)
Ҳуқуқи инсон
Қонунҳо
ҚИССАҲО
Этика ва Эстетика
Энергетика
Экология
Шоирон
Шеърҳо
Фарҳангшиносӣ
Фалсафа
Туризм
Тиҷорати Электронӣ
Тиҷорат (Коммерция)
Таърих
Табрикнома
Суғурта
Системаи иттилоотӣ
Сиёсатшиносӣ
РУШДИ ИНСОНӢ
Психология
Омор (статистика)
Нархгузорӣ
Намунаи ҳуҷҷатҳо
Молшиносӣ
Молия ва қарз
Менеҷмент
Математика
Маркетинг
Маркази Миллии Тести
Макроиқтисод
Логистика
Либос
Консепсияҳои табиатшиносии муосир
Кимиё (Химия)
Иқтисодиёт
Информатика
Идеология
Забони тоҷикӣ
Диншиносӣ
Демография
Дандонпизишкӣ (Стоматология)
Гумрук
География
Бонк
БМ ва дониш
БиоХимия
Биология
Биогеография
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Асосҳои соҳибкорӣ
Андоз ва андозбандӣ
web -дизайн
VBA- барои 2003
PHP ва MySQL

DURAHSHON.TJ

Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.

Рекемендуем

  • Главная
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Информация

Номер тел.

+992 92 854 6699

whatsapp

Email Address

Email : info@durahshon.tj

Location

TAJIKISTAM

© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved