Дата: 2016-01-09
Максад: нишон додани мохияти характер (хислат) хамчун хусусияти инфиродии шахс.
Мафхумхои асоси: Хислат, шаклхои анатомияи одам, астеники, задашавии хислат.
НАКША:
Характер аз калимаи юнони гирифта шуда, маънояш хулк, хусусият мебошад. Характер гуфта, хусусиятхои мустахками хоси шахсро меноманд, ки дар фаъолият ва муошират зохир мегардад. Дар забони точики характерро хислат, хулк, хусусият тарчума мекунанд. Минбаъд дар матн мо истилохи хислатро истифода мебарем.
Хислат ин категорияи чамъияти – таърихи мебошад. Он дар асоси шароити чамъиятии таърихи, мухити ичтимои ташаккул меёбад. Вобаста ба тачрибаи хаёт, шароити зиндагц, намудхои фаъолият, таъсири таълиму тарбия хислат ташаккул меёбад.
Хислатхои мустахкамшудаи шахс дар муносибат нисбат ба дигарон ва нисбат ба худ зохир мегардад. Ин тарзи муносибати дар рафторхои хамаруза мустахкам ва хос гашта, дар фаъолият ва тачрибаи хаёт намудор мегардад. Чунончи, катъият, часури, боодоби ба хислат мубаддал мегардад. Яке аз шаклхои халкунандаи мафхуми хислат ин муносибати байни ?омеа ва шахс мебошад. Махз самтнокии шахсият, ягонаги, максадноки кувваи хислатро ташкил медихад. Шарти асосии ташаккули хислат ин шумораи максадхои хаётии у мебошад.
Вазифаи асосии коркарди назарияви ва амалии мафхуми хислат он аст, ки табиати хислатро омухта, ба он таъсироти дурусти психологию -педагоги расонида тавонем.
Дар ташаккули хислатхои мусби талаботи системанок ва доимии калонсолон ва бахои объективии фаъолият роли калон мебозад.
Барои омухтани хислатхои одамон якчанд фанхо сахми худро гузоштаанд. Монанди илми киёфашиноси (физиономика), кафшиноси (хиромантия) омухтани хислат аз руи ранги чашм ё муй.
Психологи олмонц Э.Кречмер (1886-1964) дар китоби машхури худ «Строение тела характер» алокамандии байни сохтани тан ва психологияи уро муайян кардани шуд. Дар асоси мушохидахои бисёри клиники у ба чунин хулоса омад, ки тарзи сохти тан ва касалихои психики хусусиятхои шахсиятро нишон медиханд.
Э.Кречмер се шакли анатомияи одамро нишон додаст.
1. Шакли астеник? – ?омати мa?ин, китфони хурд, дасту пои хароб дошта, рангаш зардчатоб аст. Аз хурди онхо нозук ва махин буда, тез калон мешаванд, вале мушакхо васеъ нестанд.
2. Шакли варзиш? – устухону мушак?ои муста?кам доранд, пeсташон таранг, китфони васеъ ва ?ади мувофи? доранд.
3. Шакли пикник (танадор) – одамони кам?аракату фарбе? мебошанд. Онхо бештар миёна?ад буда, ?уссаашон калон, гардани кeто? ва шикамкалон ?астанд. У.Шелдон (1940)низ системаи худро пешниход намуд, ки асоси он хусусиятхои сохти тан ва намудхои соматики мебошанд. У.Шелдон ба намудхои соматики конуниятхои психики одамро дохил намуд.
1. Ба намуди сохти тани эндоморфи (астеник) хислати вистсеротониро (яъне фаъолнокии узвхои хурокхазмкуни) хос намуд.
Ба намуди мезоморфи (варзиши) хислати соматотоник (аз юнони маънояш тан) дохил намуд.
Ба намуди эктоморфи (пикник) хислати серебротоникиро (аз лотини маънояш магзи сар) хос намуд.
Дар чадвали овардашуда хусусиятхои фардии
одамон оварда шудааст.
Вистсеротони |
Соматотони |
Серебротони |
Узвхои дохилиаш хело таракки карда аст, тануманд. |
Системаи мушакхо мутаракки ва мустахкаманд. |
Узвхои хеле махин, кади дароз ва мушакхои хело нозук дорад. |
Харакатхои суст, каду коматаш логар. |
Харакатхои боварибахш, комати рост. |
Камхаракат. |
Ба кайфият майл дорад. |
Ба фаъолияти чисмони шавы доранд. |
Хассоснокии физиологи дида мешавад. |
Таасуроташ суст. |
Таасуроташ зур. |
Таасуроташ тез. |
Бо иштихост. Талабот ба хурок зиёд аст. |
|
Талабот ба маънавиёт (мутолиа, тиётур) зиёд аст. |
Чамъомадхоро дуст медорад. Бо хама дуст (ба корхои чамъияти шавк дорад) |
Талабот ба корхои чисмони зиёд аст. |
Психологияро дуст медоранд. ?иссиёти зохири. Сотсиофобия (аз чамъомадхои бисёр метарсад) |
Пуртокат. Ба мухаббат ва таърифкуни талабот дошта, ба дигарон бештар такя мекунад. |
Рафторхояш аник ва чидди. Бадчахл. Ба таваккали майл дорад. |
Камгап ва тез ивазшаванда аст. |
Хобаш хуб. Ороми эхсоси ва ботамкин аст. |
Номустахкамии психологи-дилсахт. |
Бедорхоб. Тезмондашаванда. Овозаш паст. |
Тафаккур як хел аст. |
Овозаш баланд |
Тафаккураш субективист. |
Бо таъсири нушокихои спирти сергап ва хушмуомила. |
Тафаккури обективии васеъ дорад. |
Ба таъсири нушокихои спирти устувор аст.
|
Дар вакти мушкили ба дастгирии одамон талабот дорад. |
Бо таъсири нушокихои спирти худбовари ва бадчахли зохир мекунад. |
Дар вакти мушкили ба танхои майл дорад. |
Дар психология чунин нуктаи назар кабул карда шудааст, ки хислат ба ирсият вобатта набуда, дар зохиршавии он хусусиятхои чисмхо (аввалин системаи асаб) дида мешавад. Ба кавли Ю.Б.Гипенрейтер хусусиятхои муайяни организмхо мисли биологи ё ирси хамчун имкониятхои хислат дидан мумкин аст.
Хислати шахсият хело гуногун мебошад. Дар он хислатхои алохидаро чудо кардан мумкин аст, вале онхо танхо набуда, бо якдигар пайваста ва вобаста буда, умумияти сохти хислатро ташкил медиханд. И.П.Павлов ба хусусияти хислат ахамият дода, чунин кайд кардааст, ки дар системаи умуми кисмхои алохидаи хислат ахамият гуногун дорад, яке аз онхо дар аввал намоён мегардад, дигаре никоб мепушад ва сеюмин дар охир меистад.
Хислат?ои инсон дар чунин системаи муносибат?о зо?ир мегардад:
1. Дар муносибат нисбат ба дигарон чунин хислат?о ба монанди сергап? - камгап?, ростгeй – дуруuгeй, ?алим? – бад?а?л? зо?ир мешаванд.
2. Дар муносибат нисбат ба кор хислатхои масъулиятнок?- бемасъулият?, ме?натдeст? – танбал? зо?ир мегарданд.
3. Дар муносибат нисбат ба худ хислатхои хоксор? – худбин?, худтан?ид? – худбовар?, ?авобаланд? зо?ир мешаванд.
4. Дар муносибат нисбат ба ?ама ашё?о хислат?ои сахт? – зихнаг?, э?тиёткор? – беэътибор?, тозаву озода – бесомон зо?ир мегардад.
Чунин муносибатхои додашуда дар ташаккулёбии хислатхои асоси замина гузошта, на хама вакт ба хислатхои шахси табдил меёбад. Хислати инсон ин махсуси чамъияти мебошад. Ташаккулёбии он инчунин ба хислитхои милли ва гайра вобаста аст.
Задашавии хислат (аксентуатсияи хислат)
Зохиршавии аз хад зиёди хислатхои инсониятро тадкикотчиён - задашавии хислат (аксентуатсия) номидаанд. Задашавии хислат аз меъёри миёна зиёд буда, барои ташаккули шахсият душворихо меоварад.
Аз руи мушохидаи психиатри машхур К.Леонгард аз 100-нафар одамон кариб дар 20-50 нафар баъзе хислатхо зада шудаанд, ки он бештар ба мухолифат оварда мерасонад. Хусусиятхои задашавии хислат танхо дар шароитхои махсус зохир мегардад.
Чойхои нозуки хислатро донистан лозим аст, ки ба хатогихо рох надихем ва он ба фаъолият ва муносибатхо таъсири манфи расонида натавонад.
Олими олмони К.Леонгард 12 намуди задашавии хислатро нишон додаст ва онро ба ду гурух чудо намуда, задашавии хусусиятхои хислат ва задашавии мизоч номидааст.
Ба задашавии хусусиятхои хислат намудхои намоишкори, расмиятпарасти, андармон, мутаасиршавандаро дохил намуд. Ба задашавии мизоч намудхои гипертими, дистими, сиклонид, безобитаги, эмлтиви, экстроверт ва интроверт дохил кард. Хар як намудхои задашавии хислатро дида мебароем.
1. Намуди гиперти – намояндагони ин намуд хело муомилотнок буда, доимо табъи хуш доранд, дар вакти сухан рондан харакати дасту пойро дидан мумкин аст. Ин хел одамон хеле бокувват, фаъол, чаккон мебошанд. Инчунин асабони буда, нисбат ба вазифа ва оилаи худ чидди муносибат намекунанд.
2. Намуди дистими - намояндагони ин намуд хеле камгап буда, табъи нофаъол доранд. Бештар танхогиро дуст медоранд ва тез таслим мегарданд. Онхо бештар чидди мебошанд, росткавли зохир менамоянд. Дар муомилот онхо суст ва бегайрат хастанд.
3. Намуди сиклонид – ин намуди одамон табъи тезивазшаванда доранд. Дар вакти табъи хуш онхо хело фаъол, хушмуомила, серчушу хуруш мебошанд. Дар вакти табъи нохуши баръакс.
4. Намуди пурчушу хуруш (возбудимый) – ин намуди одамон камгап ва бадкахранд. Дар вакти ороми сариштакор, рахмдиланд. Дар вакти андармони ва хаячон бошад – чангара, бадкахр, бадчахл шуда, рафтори худро идора карда наметавонанд. Дар холати андармони онхо муомилаи мукаррари зохир карда, тарбия додан, насихат карданро дуст медоранд. Дилтанганд, кушиши онро доранд, ки дар фаъолият натичаи хуб ба даст оранд. Нисбати ба худ талаботи зиёд дошта, тартиботро дуст медоранд.
5. Расмиятпарасти – ин намуд одамон бо расмиятчигии зиёд фарк карда меистад. Ин кабил хам дар кор ва хам дар зиндаги хело мичинганд. Тез асабони мешаванд. Дар муомила табъи мукаррари дошта, чидди хастанд. Дар кор хеле боэътимоднок, боинсоф ва покизакоранд.
6. Намуди эмотиви – хислатхои ба чашм расидаи ин намуд чунинанд: онхо бо гурухи дустон, одамони наздик, ки онхоро мефахманд, муносибат мекунанд. Нихоят хассос ва зудранч буда, хафагиро дуру дароз дар худ нигох медоранд. Бештар табъи худро нигох дошта наметавонанд, ба гиря майл доранд. Хислатхои чалбкунандаи онхо рахмдили, рахмхури, гапдарои ва аз муваффакиятхои дигарон сидкан хурсанд шудан аст.
7. Намуди намоишкори – ин намуд одам бештар улфатпазир мебошад. Хокимият, таърифро дуст медоранд. Онхо ба худ боварии калон дошта, тез ба дигарон мувофик мешаванд. Таърифчиги, дуруяги, худбини ба онхо хосанд.
Хислатхои чалбкунандаи онхо хусусиятхои артисти, тафаккури гайримукаррари дошта, одамонро аз кафои худ бурда метавонанд.
Экстроверти–ин хел одамон барои ахборот кабул кардан тайёранд, дилкушод, одамонро гуш карда, ба онхо ёри расонида метавонанд. Хело улфатпазир гуфтан мумкин, лекин сергапанд.
Хислатхои манфии онхо: окибати рафтори худро фикр намекунанд, бепарво, хабаркашанд ва суботкор нестанд.
Интровертхо – одамони камгап, ботамкинанд. Танхогиро дуст медоранд, ба чахони ботинии худ дода шуда, ба хар як ходиса ва вокеа бахои шахсии худро доранд. Ботамкин, ором, принсипнок, эътикоди мустахкам дошта, якрав мебошанд.
Задашавии хислати дар боло оварда шуда, доимо дар рафтор зохир намешаванд. Дар натичаи тарбия ва худтарбиякуни ин задашавихо суфта мегарданд, зеро ки хислатхои характер динамики ва тагирёбанда мебошанд.
Саволхо барои мустахкамкуни.
Просмотр: 10473
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved