Дата: 2016-01-09
Максад: донишчуёнро бо мафхуми ирода шинос намуда, ба онхо сифатхои иродавии одам ва механизмхои ташаккулёбии онро кушода додан.
Мафхумхои асоси: ирода, амали иродави, амалиёти импулсиви, кувваи ирода, муборизаи вачххо, абулия, апраксия, таваккали, тахаввур, худтанзимкуни (саморегуляция).
НАКША:
Хар як фаъолият аз амалхо иборат буда, амалиёт максаднок, пешаки ба накша гирифташуда ва гайриихтиёри буда метавонад.
Дар амалиёти ихтиёри (преднамеренное) худтанзимкуни мавкеи мухим дошта, он дар ба накша гирифтану ичрои амал зохир мегардад.
Шакли махсуси амалиёти максаднок амали иродави аст, ки барои бартараф кардани монеахо равона карда мешавад.
Амали иродави ду хел мешавад:
Амали иродавии мураккаб ба таркиби фаъолияти иродави дохил шуда, дар он хусусиятхои иродавии шахс зохир мегардад.
Аз ин чо, ирода чунин фаъолияти психикии одам аст, ки дар амалхои шуурона ва барои ба даст даровардани максади муайян нигаронида шуда, зохир мегардад ва ичрои ин амалхо ба бартараф намудани душворию монеахо алокаманд аст.
Ирода ин лаёкати шахс мебошад, ки у максадноки, амалиёт ва рафторхои худро дуруст дониста фаъолият ё корро ичро мекунад. Олим – физиологи рус И.М. Сеченов чунин навишта буд: «Ирода он чихати амалиёти акли ва ?иссиёти маънави мебошад, ки барояш одам харакат мекунад». Ирода аз амалиётхои одди сар мешавад. Мисол: хонанда оромии синфро вайрон кард. Амалиёти вай импулсиви аст. Ё худ амалиёти иродави аз хурди дар кудакон сар мешавад. Чунин амалиётхо монанди рох гаштан, аз ёд кардани кара, муносибат кардан бо одамони наздик рафтори импулсиви ё рефлектори мебошад. Гайр аз ин амалиётхои одди импулсиви боз амалиётхои максаднок ьаст, ки дар он одам максад мегузорад, шууран сарфахм меравад, фикр мекунад. Барои ин амалиёти максаднок пеш аз хама талабот ба ву?уд меояд. Баробари талабот ба ву?уд омадан дар вай тасаввурот ва хохиш пайдо шуда, ин хохиш ба вачхи дохили мубаддал мешавад.
2. Ирода хамчун фаъолнокии одам.
Рафтори иродавии одам ба воситаи системаи сигналии дуюм ичро карда мешавад. Иродаи одам дар мехнат вобаста ба шароити хаёти моддии чамъият ташаккул меёбад ва дигаргун мешавад.
Ирода – ин шакли махсуси фаъолии шахс, намуди махсуси ташкили рафтори у мебошад, ки бо максади гузошташуда муайян карда мешавад. Ирода ичрои 2 вазифахои бо хам алокамандро таъмин менамояд: вазифаи бедоркуни ва боздори. Вазифаи бедоркуни фаъолии одамро таъмин менамояд, ки фаъолии амалиётро бо ёрии хусусиятхои холати дохилии субъект ба ву?уд меорад.
Вазифаи боздории ирода, ки дар ягонаги бо вазифаи бедоркуни баромад мекунад, хангоми нигохдори дар зохиршавихои нофорами фаъолноки ба ву?уд меояд. Шахс метавонад бедоршавии вачххо ва ичрои амалхоро, ки ба чахонбини, идеалхо ва эътикодхои у мувофикат намекунад, боздорад. Ба танзимдарории рафтор бе боздори имконнопазир аст. Дар ягонагии худ вазифахои бедоркуни ва боздории ирода бартарафкунии душворию монеъахои шахсро дар рохи ба максад расидан таъмин менамоянд.
Яке аз зохиршавихои нисбат хосиятноки ирода хангоми рафтори одам дар шароитхои таваккалу тахаввур (риск) аён мегардад.
3. Сохти амали иродави
Системаи сигналии дуюм барои ташкили амалхои иродави ахамияти калон дорад. Амалхои иродави дар асоси ахбори нутки ба ву?уд меояд.
Асоси иродаро, якчоягии талаботхо ташкил медиханд, ки вачхнокии амалиёт ва рафтори пахнгаштаю гуногунро ба ву?уд меорад. Зери мафхуми вачхноки дар психология се намуди нисбатан мустакилонаи ходисахои психологи фахмида мешавад, ки онхо байни хам зич алокаманданд. Инхо: якум – вачхноки хамчун вачхе, ки ба сифати бедоркунии фаъолият баромад карда, бо конеъгардонии талаботхои индивид алокаманд аст. Яъне барои чи умуман холати фаъоли ба ву?уд меояд, кадом талаботхо субъектро ба фаъолият равон мекунанд;
Дуюм – вачхноки онро мефахмонад, ки фаъоли ба чи равона карда шудааст, барои чи махз хамин рафтор интихоб шудааст. Дар ин чо вачххо сабабхоеанд, ки интихоби равонагии рафторро муайян мекунанд, дар якчояги онхо худ равонагии шахсияти одамро ба ву?уд меоранд;
Сеюм – вачхноки воситаи худтанзимкунии рафтор ва фаъолияти одам ба хисоб меравад. Ба ин воситахо: эхсосхо ва хохишхо, шавкхо ва монанди инхо дохил мешаванд.
Дар амали иродави хамин се тарафхои вачхнокии он: сарчашмаи фаъоли, равонаги ва воситаи худтанзимкуни нишон дода шудааст. Зинахои амали иродави
Хамаи фаъолиятхои иродавии одам махз аз руи зинахои номбурда амали мегарданд.
4. Сифатхои иродавии одам ва ташаккулёбии он
Ирода чун ташкили бошуурона ва худтанзимкунии фаъолият барои бартарафкунии мушкилихои ботини равона карда шудааст. Одаме, ки иродаи мустахкам дорад, аз мушкили натарсида, онро бартараф карда метавонад. Дар ин маврид чунин сифатхои иродави: суботкори, часури зохир мешаванд.
Сифатхои иродавии одам инхоянд: максадноки, катъият, суботкори, худдори, мардонаги, часури, боинтизоми.
Ирода хамчун батанзиморандаи рафтор дар чараёни хаёт ва фаъолият дар ?омеа зохир гашта, дар рафти мехнат, таълим, бози ташаккул меёбад.
Дар инкишофи ирода ва ташаккулёбии сифатхои иродавии шахс мехнати мунтазами харруза ахамияти аввалиндарача дорад. Инкишофи сифатхои иродавии асоси хангоми муоширати доимии одам бо одамони дигар дар корхои якчоя бо онхо ба ву?уд меояд. Берун аз чамъият, берун аз ?омеа иродаи одам муътадил инкишоф ёфта наметавонад.
Дар хар як мактаббача барои инкишоф ва худтарбиякунии ирода хамаи имкониятхо мавчуд аст. Чи кадаре, ки чараёни бошууронаи тарбияи ирода барвакт сар карда шавад, хамон кадар муваффакиятхои калонро сохиб шуда метавонад.
Саволхо барои мустахкамкуни
Просмотр: 5711
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved