Дата: 2016-01-09
Максад: кушода додани хусусиятхои амалкунии хаячон (эмотсия) ва ?иссиётхо, мавкеи онхо дар фаъолияти шахс.
Мафхумхои асоси: Эмотсия, ?иссиёти астеники, ?иссиёти стеники, холати рухи, аффект, рухафтода (дипрессия), кайфияти рухи, стресс.
НАКША :
?иссиёт чунин холати психикие мебошад, ки он муносибати одамро нисбат ба худ, ба одамони дигар ва хаёти ихотакарда ифода менамояд. ?иссиёт фаъолияти психикии одам: эхсос, идрок, фикр, хаёл ва хамаи намудхои фаъолияти уро фаро гирифта ба онхо тобиши муайяне медихад.
Манбаи ?иссиёт махз хакикати объективи мебошад. Одам ба ашё ва ходисахои дунёи хакики хар хел муносибат мекунад.
Он чизе, ки ба каноатманд гардонидани талаботхои органики ва чамъиятии одам бевосита ё бавосита алокаманд аст, дар у ?иссиёти мусбат (мамнани, хурсанди, мехр) ба ву?уд меоварад. Он чизе, ки ба каноатманд намудани ин талаботхо халал мерасонад, ?иссиёти манфи (норозиги, гамгини, андух, нафрат) ба ву?уд меоварад.
Пайдоиши ?иссиёти мураккабтарин ?иссиёти оли ба хастии чамъиятии одам вобаста мебошад. Бо ибораи дигар, ?иссиёт хусусияти ичтимои дорад.
Мохияти ?иссиёт дар хаёт ва фаъолияти одам бенихоят калон аст. ?иссиёт барои бартараф намудани душворихо дар таълим, мехнат ва фаъолияти эчоди ёри мерасонад.
Механизми асабию физиологии ?иссиёт чунин манзара дорад: хаячони дар пустлохи нимкураи калони майнаи сар (хангоми идрок намудани ягон объект) ба ву?удомада, дар шароити муайян дар сохаи зерпустлох пахн шуда, ба системаи вегетавии асаб гузаронида мешавад, ки бо хамин дар организм тагйирёбии мувофик ба ву?уд меоварад ва зухуроти берунии мувофики ?иссиётро пайдо мекунонад.
И.П.Павлов пайдоиши ин ё он ?иссиётро бо кувватдихи ё вайроншавии стереотипхои динамики алокаманд мекунад.
?иссиёт дар хаячон (эмотсия) равшан зохир мешавад. Он на факат хаёту фаъолияти организмро тагъир медихад, балки як катор зухуроти беруни хам дорад. Масалан, дар холати тарс ва истиробии ногахонии асаби, ки сабабаш ягон ходисаи гайричашмдошт аст, ранги одам меканад, хун аз сатхи пуст мегурезад.
?иссиёт инчунин дар харакатхои ба ном ифоданок: мимика (харакатхои ифоданоки руй) ва пантомимика (харакатхои ифоданоки тамоми бадан) зохир мешавад.
?иссиёт дар нутк ва оханги талаффуз низ ифода ёфта метавонад. ?иссиёт мусбат ва манфи мешавад. Муносибати одам ба хакикат мусбат ё манфи шуда метавонад: баъзе ходисаю далелхо форам буда, мо онхоро дастгири мекунем, дигарашро макум ва инкор менамоем. Аз хамин сабаб ?иссиёти одам дорои хусусияти мусбат ва манфи аст. Муносибати мусбати одам ба ягон чиз ба воситаи ?иссиёти каноатманди, хушбахти, хушвакти, шодии пурчушу хуруш, мухаббат ва гайра зохир мешаванд.
Муносибати манфи дар ?иссиёти норозиги, азоби рухи, гусса, гам, андух, маъюси, нафрат ва хоказо зохир мегардад.
Баъзан дар як вакт ?иссиёти мукобилро хам аз сар гузаронидан мумкин аст. Ин барои серхаракати, тагйирёбанда ва мураккабию ягонагии онхо шаходат медихад.
?иссиёти стеники ва астеники. Ду гурухи ?иссиётро фарк мекунанд: 1) стеники (рухбахш), ки хаёту фаъолияти одамро баланд мебардорад, кувва ва гайрати уро зиёд мекунад; 2)астеники (афтодарухи), ки хаёту фаъолияти одамро суст ва кувваю гайрати уро кам мекунад. Дар ин чо хусусиятхои фардии шахс нихоят баръало ифода меёбад.
Холати рухбаланди ва рухафтодаги дар одамони гуногун дар натичаи аз сар гузаронидани хамон он як ?иссиёт ба ву?уд омада метавонад.
Масалан, ?иссиёти гамгини дар баъзе одамон холати рухафтодаги ба ву?уд оварад, дар одами дигар авчи пурзури кувваро пайдо кунонида метавонад.
Фаркхои фарди дар ?иссиёт бо хусусиятхои шахсияти мутассиршаванда муайян карда мешавад. Дар ин чо типии системаи асаби одам, хусусиятхои идрок, хотиру хаёли у ва гайра роли мухим мебозанд.
Фаркхои фарди дар зухуроти ?иссиёт ба сифатхои иродавии одам хам вобастаанд.
Шаклхои азсаргузаронии ?иссиёт инхоанд:
1) Холати рухи. Холати рухи ин ?иссиёти сустифодаёфта холати ба худ хоси эхсосие мебошад, ки муддате тамоми шахсро фаро мегирад ва ба фаъолияту рафтораш таъсир мерасонад. Холати рухи аксаран дарозмуддат мешавад, мумкин аст, ки рузхо, хафтахо, моххо давом кунад ва баъзан як давраи хаёти одамро хам дарбар гирад. Холати рухи монанди хар гуна ?иссиёт дар шакли таассуроти мусбат ё манфи, масалан, дар шакли хурсанди ё андух, зудранчи ё ороми ифода меёбад.
2) Аффект. Аффект – ин ?иссиёти пурчушу хуруш ва кутохмуддат амсоли газаб, маъюси, тарс ва гайра мебошад. Аффект ?иссиёти нихоят серхаракат ва пуркувват буда, дар аснои ба ву?уд омаданаш инсон хатто назорати иродавии рафтори худро гум мекунад. Холатхои аффект аксар вакт дар одамони калонсоле, ки сустирода мебошанд ва худро идора карда наметавонанд, зохир мешавад, равандхои боздори дар бачахо хеле суст зохир мешаванд.
3) Хирс. Хирс ?иссиёти дарозмуддат, устувор ва пуркувват мебошад. Хирс хамеша ашёви аст, яъне бо мавчудияти саъю кушиш нисбат ба амал ва объектхои муайян тавсиф дода мешавад. Хирс ба ?иссиёте тааллук дорад, ки он сабаби фаъолии одам мегардад.
Хирс аз руи мазмун ва равияи худ мусбат ва манфи шуда метавонад. Саъю кушиши бемайлони донистагириро хирси мусбат номидан мумкин аст.
4) Холатхои ?иссиёти пуршиддат. Стресс. Холатхои эхсосоти пуршиддат дар вазъияти фавкулода, душвор ба ву?уд меояд ва бо шиддати калони дохили аз сар гузаронида мешаванд. Онхо таассуротхое мебошанд, ки хангоми хатар, серкории аз хад зиёди чисмонию акли, зарурати фавран кабул кардани карори масъулиятнок ва хоказо пайдо мешаванд. Ба чунин вазъият дар намудхои гуногуни фаъолияти амали, назарияви, таълими, бози, варзиши, дар амалияи муносибатхои байни хамдигарии одамон, дар шароитхои гуногуни зиддиятнокии маънави дучор шудан мумкин аст.
Холатьои ?иссиёти пуршиддатро аз руи хусусият ва кувваашон фарк мекунанд.
Хангоми ?иссиёти пуршиддати зур дар баробари дигаргунихои нишон додашуда, рафтори умумии одам хам тагйир меёбад: амалиёти умумии хаячон пайдо мешавад, ки он дар ин ё он дарачаи вайроншавии рафтор (харакатхо ва имохои бетартибу ба хамдигар номувофик, нутки канда-канда ва беалока) ифода меёбад.
Дигаргунихои психологии хангоми ?иссиёти пуршиддат ба ву?удоянда бо вайроншавии вазифахое алокаманданд, ки онхо асоси назорати бошууронаи халли ин ё он муаммохо мебошанд.
?иссиёт, чи тавре ки нишон дода будем, бо талаботи одам ва имконияти конеъ кунонидани онхо алокаманд аст. Вобаста ба хусусияти талабот ?иссиёти паст ва олиро фарк мекунанд. Хусусиятхое, ки бо конеъ кунондан ё накунонидани ин ё он талаботи физиологи, масалан, таассуротхои бо гуруснаги, ташнаги, сери, дилбехузуршави алокаманд буда, ба ?иссиётхои паст тааллук доранд. ?иссиёти паст ахамияти калони биологи дошта, дар бораи касали ё саломати, конеъ гардонидан ё нагардонидани талаботи оддитарини чисм (организм) ба пустлохи майнаи сар хабар мерасонад.
?иссиёти оли дар асоси каноат кунонидан ё каноат накунонидани талаботхои рухи ба ву?уд меояд. ?иссиёти оли возехи чамъияти дорад ва дар бораи муносибати одам ба тарафхо ва ходисахои гуногун хаёти чамъияти (?иссиёти ахлоки, акли ва зебопарасти) шаходат медихад. Мазмуни ?иссиёти оли ва тамоили онхоро чахонбинии одам, коидахои рафтори ахлоки ва баходихии зебопарасти муайян мекунанд.
?иссиёти ватандусти, башардусти, вазифашиноси, коллективизм ва гайраро ?иссиёти ахлоки ташкил медихад.
Аз тарафи инсон фахмидани манфиати чамъияти ва вазифахояш нисбат ба халк асоси ?иссиёти вазифашиноси мебошад.
?иссиёти вазифашиноси дар хаёти харруза хам зохир шуда метавонад. ?иссиёти акли низ ба ?иссиёти оли тааллук дошта, муносибати одамро ба фикр, ба чараёну натичаи фаъолияти акли ифода менамояд. ?иссиёти акли, ?иссиёти хайрат, шубха, бовари, каноатманди мебошад. ?иссиёти акли дар рафти фаъолияти маърифати ба ву?уд меояд ва хамеша бо он хамрох буда, ба он тобиши муайяни эхсоси (эмотсионали) медихад.
?иссиёти каноатманди ё гайриканоатманди дар рафти фаъолияти фикрии худи одам пайдо мешавад. Масъалан, нагз ва мохирона хал кардашуда дар одам ?иссиёти каноатмандии калон ва хушнудиро ба ву?уд меоварад.
Фикри аз тарафи мо баён кардашудае, ки ба хамсухбатамон фахмо нест, сабаби дар у пайдо шудани ?иссиёти гайриканоатманди мешавад.
?иссиёти зебопарасти, ки шаклхои гуногун ва хархелаи зухурот дорад, дар хаёти одам ба мавкеи калон сохиб аст. Муносибати зебопарасти ба хакикат хамчун ?иссиёти олимакоми, ачоиби, зебоги, хамчун ?иссиёти кахрамони, драматики, хандаовар ва гайра аз сар гузаронида мешавад. Асархои санъат: мусики, расм, хайкалтароши, насру назми бадеи, инчунин асархои архитектура хангоми мушохидаи ходисахои табиат таассуротхои зебопарастии ди??атчалбкунандаро аз сар мегазаронем.
Мухаббат низ яке аз шаклхои ?иссиёти оли аст.
Хусусиятхои ?иссиёт
Равияи ?иссиёт пеш аз хама дар асоси хусусиятхои шахс, чахонбини, акида ва эътикодхои у муайян карда мешавад. Одами эътикодаш доими набуда, зиддияти ботини дорад ва бо у парешонии эмотсионали хосаи ?иссиёт дар асоси маромхои гуногуни тасодуфи пайдо мешавад ва ноустувории хаёти ботинии одам, доими набудани принсипу эътикодашро инъикос менамояд.
?иссиёти одам хам амик ва хам сатхи шуда метавонад. ?иссиёти амик бо тамоми рухияи шахс, чихатхои асосии хаёти ботинии у (фикр, хохиш, саъю кушиш) алокаманд аст. Бо ибораи дигар, одамро факат хамон чиз сахт мутаассир мекунад, ки максади хаёт ва мохияти шавку хаваси уро ифода намояд.
Устувории ?иссиёт бо чукурии ?иссиёт дар ягонаги зохир мешавад. ?иссиёти чукур устувору мустахкам хам мебошад, холатхои дуюмдарача ва камахмият ба он таъсир намерасонанд. ?иссиёти руяки гарчанде зур шуда тавонад хам, муваккати ва гузаранда мебошад.
Ноустувории ?иссиёт дар шаклхои гуногун зохир мегардад.
Хамин тавр, ?иссиёт холати эхсоси шахс аст, ки бо равандхои маърифати алокаи зич дошта, дар ташаккули шахсият ва мавкеи у дар ?омеа сахми бузурге дорад.
Саволхо барои мустахкамкуни.
Просмотр: 6696
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved