Дата: 2016-01-09
Максад: Шинос намудан бо мафхумхои асоси дар бораи эхсосот ва идрок, таснифоти намудхои он, кушода додани мазмуни механизмхои физиолиги, конуниятхои умумии эхсосот ва хусусиятхои идрок.
Мафхумхои асоси: эхсосот, анализаторхо, хассосият, мутобикшави, адаптатсия, сенсибилизатсия, синестезия, идрок, апперсепсия, иллюзия, доими, константии идрок, бутуни «яклухти»-и идрок.
НАКША:
Гарчанде, ки эхсосот раванди оддитарини маърифати аст, мавкеи он дар дониста гирифтани олами хакики нихоят калон аст. Бе эхсосот ягон раванди дигари маърифати ву?уд дошта наметавонад.
Дар пустлохи майнаи сар инъикос ёфтани хосиятхои алохидаи ашё ва ходисахои олами ихотакарда, ки дар айни хол ба узвхои хисси мо таъсир мекунанд, эхсосот номида мешавад. Мо на дар бораи хеч як шакли модда ва на дар бораи хеч як шакли харакат, ба чузъ эхсосот, бо хеч рохи дигаре хеч жиз дониста наметавонем.
Дар чараёни дида баромадан ё ламс кардани ягон ашё накши хамон ашё дар шуур охиста-охиста шакл мегирад. Ин гуна накшро накши субъективии олами объективи меноманд. Мо дар чараёни эхсосот хусусияти ашё ва ходисахоеро, ки дар хакикати объективи вокеи ву?уд доранд, инъикос менамоем.
Фаъолияти мураккаби системаи асаби мо – майна механизми физиологи эхсос мебошад. И.П.Павлов дар таълимоти худ инро фаъолияти анализатори номидааст.
И.П.Павлов анализатор гуфта аппарати мураккаби асабиеро меномад, ки он тахлили амики хакикати ихотакардаро таъмин менамояд.
Анализатор аз 3 кисм иборат аст: 1) кисми атрофи ё ретсептори (маънои калимаи ретсептор «кабулкунанда» мебошад), 2) кисми гузаронанда ва 3) кисми майна ё маркази, ки пустлохи майнаи сарро дар бар мегирад.
Ба кисми атрофии анализаторхо хамаи узвхои хис (чашм, забон, гуш, бини, пуст) ва аппаратхои махсуси ретсепторие тааллук доранд, ки онхо дар узвхои даруни ва мушакхои бадан чой гирифтаанд.
Кисми гузаронанда, чуноне, ки аз худи номаш маълум аст, хаячони асабиро аз аппарати ретсептори ба марказхои майнаи сар мегузаронад. Кисми пустлохии майна шуъбаи олии анализатор мебошад. Эхсос махз дар хамин чо ба ву?уд меояд. Таьлили амике, ки бо таркиб зич алокаманд аст, махз дар хамин кисм руй медихад ва дар нихояти кор таъсири баву?удомадаи байнихамдигарии организм ва мухити беруниро муайян мекунад. Фаъолияти анализаторхо ва фаъолияти харакатии организми зинда ягонагии чудонашавандаро ташкил медиханд.
Анализаторхои беруни ва даруниро фарк мекунанд. Ретсепторхои анализаторхои беруни, яъне ретсепторхои бинои, шунавои, пуст, мазза ва буй дар сатхи бадан чойгир шудаанд.
Анализаторхои даруни ретсепторхое доранд, ки онхо дар узвхо ва бофтахои даруни чойгир шудаанд ва дар бораи тагироти худи организм хабар медиханд. Анализатори харакати мавкеи мобайниро ишгол мекунад, ретсепторхои он дар мушаку бандхо вокеъ гашта, хангоми харакат ва инчунин ламс (даст-даст) кардан эхсосро ба ву?уд меоварад. Эхсоси дард барои хамаи анализаторхо умуми мебошад ва дар бораи таъсири ангезандахои нихоят зур ба организм хабар мерасонад.
Вобаста ба табиати ангезандахое, ки ба анализатори муайян таъсир мерасонанд ва вобаста ба табиати эхсоси дар чунин холат ба ву?удоянда намудхои алохидаи эхсосро чудо мекунанд:
Эхсоси бинои. Эхсоси бинои барои олами беруниро дониста гирифтани одам ахамияти асоси дорад. Эхсоси бинои дар натичаи ба кисми хискунандаи чашм (аппарати бинои) таъсир кардани нурхои рушнои (мавчхои электромагнити) пайдо мешавад.
Ба туфайли эхсоси бинои мо шакл, равшани, ранг, андоза, хачм ва дурии ашёхоро дониста мегирем. Эхсоси бинои ба одам имконият медихад, ки мавкеъ ва самтро дар фазо муайян кунад, харакатхои худро мутобик гардонад.
Эхсоси шунавои. Мо нутки худ ва одами бегонаро шунида истода, онро назорат мекунем ва дар мавриди зарури талаффузро хам ислох менамоем. Хангоми гум шудани кобилияти шунавои одамон одатан кобилияти гапзаниро хам гум мекунанд.
Мавчхои садо, лаппишхои ба ягон самт мувофикбудаи хиссачахои хаво, ки онхо аз манбаи садо ба хар тараф пахн мешаванд. Узви шунавоии одам садохои дар як сония аз 16 то 20000 лаппиш доштаро ыабул мекунад.
Эхсоси буй. Хучайрахои буйфахм, ки дар кисми болоии ковокии бини вокеъ гаштаанд, узви эхсоси буй мебошанд.
Эхсоси мазза. Эхсоси мазза дар натичаи ба ретсепторхои мазза таъсир кардани хосиятхои химиявии моддахое, ки дар оби дахон маълул шудаанд, пайдо мешавад.
Эхсоси пуст. Ангезандахои механики ва хароратии ба пуст таъсиркунанда чор намуди эхсосро ба ву?уд оварда метавонанд:
1) эхсоси расиш (ё эхсоси тактили), 2) эхсоси хунуки, 3) эхсоси гарми, 4) эхсоси дард.
Эхсосхои харакати ва ломиса. Эхсоси харакати ё кинестези ин эхсоси харакат ва вазъияти узвхои бадан мебошад.
Якчояшавии эхсоси пуст ва харакати дар вакти даст-даст кардани ашёхо, яъне хангоми ба ашёхо расидани дасти харакаткардаистода, ломиса номида мешавад.
Эхсоси мувозинат. Узвхои эхсоси мувозинат дар гуши даруни чойгир буда, дар бораи харакат ва вазъияти сар хабар медиханд.
Эхсоси органики. Ба эхсосхои органики эхсоси гуруснаги, ташнаги, сери, бехузуршавии дил, дардхои даруни ва хоказо тааллук доранд.
Эхсосот конуниятхои худро дорад. Яке аз онхо хассоси ва зинахои эхсосот аст.
Кобилияти ангезандахои кувва ва таъсироташон гуногунро эхсос карда тавонистани анализаторхо хассоси номида мешавад.
Хассосии мутлак ва хассосии фарккуниро нишон медиханд. Хассосии мутлак ин кобилияти ангезандахои аз хама суст ва хассосии фарккуни кобилияти фаркияти сусти байни ангезандахоро эхсос карда тавонистани одам мебошад.
Бузургии хурдтарини ангезанда, ки хангоми таъсири он эхсоси андаке намоён аввалин бор пайдо мешавад, зинаи мутлаки эхсос ном дорад. Ангезандахое, ки чунин бузурги надоранд, берун аз зинаи эхсос мемонанду одам онхоро дарк намекунад.
Зинаи фарккуни дигар конунияти эхсос аст.
Зинаи фарккунии эхсос гуфта, тагйирёбии камтарини кувваи ангезандаро меноманд, ки онро ин ё он анализатор инъикос карда метавонад.
Конунияти дигари эхсосот мутобикшави ва мухолифат аст.
Кобилияти хассосии анализаторхо доими намебошад ва дар рафти онхо мутобик шуданашон ангезандаи амалкунанда тагйир меёбад. Ин ходиса мутобикшави (адаптатсия) номида мешавад.
Ба хам таъсиррасонии эхсосхо синестезия номида мешавад.
Сенсибилизатсия – баланд шудани як намуди эхсос аз хисоби омилхои даруни (ё паст шудани намуди дигари эхсос)
Идрок раванди дигари маърифати мебошад. Дар пустлохи майнаи сар инъикос ёфтани хосиятхои умумии ашё ва ходисахое, ки ба анализаторхои одам таъсир мерасонанд, идрок номида мешавад.
Фарки идрок аз эхсос аз он иборат аст, ки одам дар идрок хусусиятхои алохидаи ашёву ходисахо не, балки предмету ходисахои дунёи ихотакардаро ба шакли бутун дониста мегирад.
Идрок раванди мураккабест, ки одам бо ёрии он олами ихотакардаро чукур дониста мегирад, объектхои даркшавандаро тадкик мекунад.
Мувофики таълимоти И.П.Павлов системаи мураккаби алокахои муваккатии асаби асоси идрок мебошад. Алокаи байни анализаторхои гуногун низ асоси физиологии идрокро ташкил мекунанд.
Вобаста ба он, ки дар идрок кадом анализатор роли асосиро мебозад, идрокро ба бинои, шунавои, буй, мазза ва ломиса чудо мекунанд.
Дар асоси шакли мавчудияти материя идроки фазо, вакт ва харакатро чудо мекунанд.
Яке аз хусусиятхои идрок интихоби будани он аст, ки ба шавку хавас ва фаъолияти шахс вобаста аст.
Хусусияти характерноки идрок константии он мебошад. Константии идрок он аст, ки бо ву?уди тагйир ёфтани равшанноки, вазъияти фазоги, масофаи байни ашёву одами идрокунанда ва гайра идроки биноии ашёхо доими ва тагйирнаёбанда мебошад.
Мушохида низ яке аз хусусиятхои идрок аст. Идроки бомаксаду мураттаб мушохида номида мешавад.
Ба хусусиятхои шахсии одам вобаста будани идрок апперсепсия номида мешавад.
Идроки нодуруст ва вайрон иллюзия номида мешавад. Хамин тавр, гарчанде эхсосу идрок равандхои оддии маърифати бошанд хам, дар хаёту фаъолияти инсон ва ташаккули шахсияти у манбаи асосианд. Олимоне, ки дар халли муаммохои эхсосу идрок ва роххои ташаккули онхо сахмгузоранд инхоанд: Ананьев Б.Г, Запарожес А.В, Зинченко В.П, Лурия А.Р.
Саволхо барои мустахкамкуни.
Просмотр: 16596
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved