Дата: 2016-01-09
Хадафи мархилаи гузариш
Хадафи мархилаи гузариш дар ин соха аз хамкории интихоби бо муассисахои махаллии молияви бо максади баланд бардоштани нишондихандахои фаъолияти онхо ва таъсиси миёнаравони боэътимод барои фаъолияти БААР дар чахорчубаи хати КХХ, КХМ ва БМИТ иборат мебошад. Стандартхои баланди идоракунии корпоративи ва шаффофии молиявиро ба даст оварда ва эхтимол дар муассисахои амалкунанда ё нави молиявии Точикистон иштирок намуда, БААР кушиш менамояд, ки дар соха ракобат зиёд шавад ва самараи намунави пайдо гардад, зеро ки дигар муассисахои молияви кушиш мекунанд, ки ба дастовардхои шарикони БААР ноил гарданд. Баробари ин, бояд кайд кард, ки бо назардошти шароити душвори дар ин ё он соха чойдошта алхол пешрафт ногузир тадричи мешавад ва хар замон катъ шуда метавонад.
Самтхои асосии фаъолият
Молиякунии корхонахои хеле хурд ва мусоидат ба инкишофи тичорат Барои баланд бардоштани самараи кори бонкхои махалли БААР ба сифати воситахои асоси карзхои кутох ва миёнамухлат тавассути хатхои барои КХХ, карзхои миёна ва дарозмухлат тавассути хатхои барои КХМ таъиншуда ва механизмхои БМИТ-ро дар якчояги бо бахшхои кумаки техники истифода менамояд. БААР ташхиси дакики бонкхои махаллии интихобкардаашро барои аз чумлаи онхо муайян кардани шарикони самаранок барои таъсиси чунин механизмхо амали мегардонад. Гайр аз ин, минчумла нисбати БМИТ, ХМТХОМ воситаи мухимтарини фаъолгардонии кори БААР бо бонкхои махаллие мегардад, ки ба талаботхои БААР дар масоили шафофии молияви ва идоракунии корпоративи чавобгу буда, вале сармояи кифоя надоранд ва ниёманди маблаггузори аз чониби БААР мебошанд.
Аз бонкхои шарик инчунин талаб карда мешавад, ки сатхи идоракунии корпоративи, шафофият ва муборизаро бо сафедкунии маблагхо дар чахорчубаи накшаи амалиёти ислохкунанда, ки чузъи таъсиси хати карзи барои КХХ мебошад, баланд бардоранд. Кумаки техники ба сектори бонки
Барномахои КХХ ва СРТ расонидани кумаки зиёди техникиро барои баланд бардоштани тахассуси мутахассисон аз руи масъалахои баходихии карзи ва идоракунии молиёт, инчунин барои мусоидат намудан ба татбики ин шаклхои нави хизматрасони дар фаъолияти бонкхои махалли пешбини менамоянд. Барои бехдошти шароитхои батанзимандози ва назорат дар ин сектор БААР минбаъд хам муколамаи сиёсиро идома хохад дод. Яке аз намунахои ин кор семинар дар бораи системаи сугуртакунии пасандозхо барои Осиёи Маркази гашт, ки онро БААР якчоя бо АБСП (Агентиибайналмилалии сугуртаи пасандозхо) мохи явнвари соли 2003 дар Базел доир намуда, он асосан аз чониби хукумати Швейтсария якчоя бо корпоратсияи сугуртаи пасандозхои Япония маблаггузори карда шуда буд. Семинар барои макомоти танзимкунандаи бонки, аз чумла ба Бонки милли (ки алхол конунро дар бораи сугуртаи пасандозхо тахия менамояд), имконияти нодири шиносоиро бо чихатхои мусби ва манфии системаи сугуртаи пасандозхо пешкаш намуда, барои таъсиси системахои
самаранок фаъолияткунанда дар кишвархои Осиёи Маркази мусоидат намуд.
Тахкими базаи асосии сектор
Новобаста аз он ки БААР бо мушкилоти чидди дар сохаи идоракунии корпоративии бо паст кардани сахми БААР дар сармояи ТСБ алокаманд дучор гашт, БААР минбаъд низ бо эхтиёткори барои дарёфти имконоти иштирок дар сармояи як катор бонкхои кайхо амалкунанда ва ё нав ба максади тахкими базаи асоси ва сатхи миёнаравии молияви дар сектори бонкии кишвар кушиш менамояд. Ташхиси дакики муассисахои шарики барои ин максад интихобшуда ва муколамаи мунтазами сиёси бо Бонки милли барои тахкими тафохум нисбати шароити талабшаванда барои чалби инвеститсияхои бевоситаи хусуси ба сектори бонки самти мухими ин кор мегардад. БААР муколама и сиёсиро дар масъалахои идоракунии корпоративи, батанзимдарории бонки ва назорат бо назардошти тачрибаи кори худ бо ТСБ фаъол мегардонад. Аз руи имкон, БААР инвеститсияхои иловагиро аз сарчашмахои давлати ва хусуси барои ширкати муштарак дар сармояи бонкхои алохида чалб менамояд.
Просмотр: 2105
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved