DURAHSHON.TJ Universal content of TJK

  • Обратная связь
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Дата: 2015-10-30

Дин қисми таркибии ҳаёти ҷомеа ва маданияти маънавӣ мебошад. Мақоми он дар ташаккули ҳаёти маънавии ҷомеа, тарбияи ахлоқии одамон нақши муҳим мебозад. Вобаста ба ин, назди илми ҷомеашиносӣ дар бобати омӯзиши дин вазифаҳои нав пайдо мешаванд, зеро он ҳамчун институти ҷамъиятӣ дар сохтори иҷтимоӣ мақоми хешро пурзӯр менамояд. Ҷрмеашиносӣ дар бораи мазмун ва моҳияти дин, дуруст ё нодурустии  таълимоти мазҳаб, низоми парастишҳо баҳс намекунад. Он динро ҳамчун як шакли воқеии ҷаҳонбинӣ, меъёри иҷтимоӣ ва арзиш, ки нақши танзими рафтору кирдор ва ахлоқи одамонро мебозад, меомӯзонад.
Дин маҳсули фаъолияти иҷтимоии одамон буда, ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, ташаккули шуур, муоширати байни фардҳо таъсири калон мерасонад. Дар ҷомеашиносӣ ду нуқтаи назар оиди моҳияти дин ташаккул ёфтааст. Нуқтаи назари якум аз таълимоти марксистӣ дар бораи дин бармеояд. Вай моҳияти динро дар эътирофи мавҷудияти қувваи фавқуттабиӣ мебинад. Нуқтаи назари дуюм ба таълимоти О. Конт ва Э. Дюркгейм алоқаманд аст. Э. Дюркгейм таъкид месозад, ки асоси динро мавҷудияти ибодат ташкил медиҳад. Ба ақидаи ин олимон ибтидои пайдоиши худ дин аз истеҳсолоти моддӣ ва ҳаёти ҷомеа ҷудо набуд, яъне ба ҷой овардани расму ойинҳои мазҳабӣ ва назорати онҳо фаъолияти хосаро ташкил намедод. Баробари инкишофи муносибатҳои иҷтимоӣ тадриҷан гурӯҳи одамоне ташаккул ёфтанд, ки фақат ба иҷрои унсурҳои ибодат машғул буданд. Масалан, пайдоиши фолбинҳо, шаманҳо. Ин дар раванди ба институти иҷтимоӣ табдил ёфтани дин қадами аввалин буд. Зинаи дигари ин раванд ба ташаккули сохти низоми иҷтимоие вобаста буд, ки дар он роҳбарону кӯҳансолони қабилаҳо дар як вақт вазифаи идоракунии ҳаёти динро низ ба зимма гирифтанд.
Ташаккули ҷамъияти синфӣ ба мураккабшавии ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла фаъолияти динӣ ва вазифаҳои иҷтимоии дин замина гузошт. Идоракунии равандҳои ибодати дин ва ба ин васила таъсиррасонӣ ба афкору ахлоқи одамон бо назардошти манфиатҳои синфи ҳукмрон ба вазифаи асосӣ табдил меёбад. Барои иҷрои ин вазифа тартиби махсуси ибодат бо нишон додани тарзу усул, макону замон ташаккул меёбад ва ҳамзамон шахсоне пайдо мешаванд, ки ин равандро идора мекарданд. Коҳинҳо ё иттиҳоди коҳинҳо аз қабили ин тоифа буданд. Таъсири қоҳинон  дар идоракунии ҷамъият хеле калон буд. Зиёда аз ин тоифаи қоҳинҳо ба  қисми таркибии дастгоҳи давлат дохил мешуданд. Вале тадриҷан вазъи иқтисодӣ ва мақоми қоҳинон дар тақсимоти боигарии зиёди ибодатхонаҳо барои мухторияти ибодатхонаҳо замина мегузорад. Акнун қоҳинон ва ибодатхонаҳо «давлатро дар дохили давлат» мемонданд. Бешаку шубҳа, дар ин ҳолат мақоми дин дар ҷомеа ҳамчун институти иҷтимоӣ хеле боло меравад.
Дар адабиёти фалсафӣ ва иҷтимоӣ мақоми коҳинон дар ташаккули низоми давлатию ҳуқуқӣ баррасӣ гаштааст. Чуноне таъкид мегардад, болоравии мақоми қоҳинон дар ҷомеа ба он вобаста аст, ки онҳо табақаи босаводи ҷамъияти ибтидоӣ буданд. Болоравии мақоми қоҳинон ва ибодатхонаҳо, пеш аз ҳама, ба он вобаста буд, ки батартибандозии давлатию ҳуқуқӣ аз қисмҳои таркибии низоми парастишҳои динӣ ба шумор мерафт. Танзими мафкуравӣ шакли синкретӣ дошта, дар як вақт танзими муносибатҳои ҳам ахлоқӣ, динӣ ва ҳам давлатӣ-ҳуқуқиро дарбар мегирифт. Баробари инкишофи муносибатҳои иҷтимоӣ ва афкори ҷамъиятӣ тамоми низоми ҷомеа мураккаб мегардад, аз ҷумла шуури динӣ ташкил меёбад. Акнун фаъолияти дин дар чаҳорчӯбаи пештара амал карда наметавонист. Вобаста ба ин, тадриҷан зербинои дин ба вуҷуд меояд, ки дар худмуайянкунии динӣ нақши ҳалкунанда бозид. Мақсади асосии ташкилоти динӣ тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти дин, талқини  меъёрҳои  мазҳаб, дар тафаккури одамон ташаккул додани орзуву ормон, тимсол, мақсад ва арзишҳо мебошад. Ба вуҷуд омадани ташкилотҳои динӣ натиҷаи инкишофи раванди ниҳодгароии дин мебошад.

Просмотр: 8337

Категории

Ҷомеашиносӣ (Сотсиология)
Ҳуқуқи инсон
Қонунҳо
ҚИССАҲО
Этика ва Эстетика
Энергетика
Экология
Шоирон
Шеърҳо
Фарҳангшиносӣ
Фалсафа
Туризм
Тиҷорати Электронӣ
Тиҷорат (Коммерция)
Таърих
Табрикнома
Суғурта
Системаи иттилоотӣ
Сиёсатшиносӣ
РУШДИ ИНСОНӢ
Психология
Омор (статистика)
Нархгузорӣ
Намунаи ҳуҷҷатҳо
Молшиносӣ
Молия ва қарз
Менеҷмент
Математика
Маркетинг
Маркази Миллии Тести
Макроиқтисод
Логистика
Либос
Консепсияҳои табиатшиносии муосир
Кимиё (Химия)
Иқтисодиёт
Информатика
Идеология
Забони тоҷикӣ
Диншиносӣ
Демография
Дандонпизишкӣ (Стоматология)
Гумрук
География
Бонк
БМ ва дониш
БиоХимия
Биология
Биогеография
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Асосҳои соҳибкорӣ
Андоз ва андозбандӣ
web -дизайн
VBA- барои 2003
PHP ва MySQL

DURAHSHON.TJ

Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.

Рекемендуем

  • Главная
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Информация

Номер тел.

+992 92 854 6699

whatsapp

Email Address

Email : info@durahshon.tj

Location

TAJIKISTAM

© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved