Дата: 2015-10-12
Накша:
1.Назарияи классики менечмент
2.Назария?ои навклассикии менечмент
3.Назария?ои муосири менечмент
Ба а?идаи муаллифони энсиклопедияи мене?менти касбии амрико? ну?таи ибтидоии рушди мене?менти муосир ин соли 1886 мебошад, ?амон сол со?ибкор Г. Таун дар ?амъомади ?амъиятии му?андисон-механи?он бо маър?заи «Му?андис ?амчун и?тисодч?» баромад намуд, ки ин маър?за, нахустин бор зарурияти мене?ментро ?амчун ихтисос ва фанни илм? замина гузошт. Ин маъруза ба Фредерик Тейлор таассуроти баланд бахшида ?ро ба навиштани назарияи «мене?менти илм?» ?авасманд намуд.
Дар сол?ои 1880 му?андис-худом?зи амрико? ом?зиши системавии раванд?ои ме?натиро о?оз намуд. Баъди мене?ери кор?онаи «Миндвейл Стил Воркс»-и Филаделфия шудан вай аз бесарусомонии дар ташкилоти саноат? буда ба ?айрат афтод. Байни мене?ерон ва коргарон ягон хел ?амкор? набуд. Форигбол? ва беътибори нисбати вазифа ?укмрон гардида буд. Коркарди ма?сулот бисёр ?ам кам буда, к??на будани та??изот?о ва курсаводии коргарон ба боис гардида буд. Фаъолияти худро дар «Миндвейл Стил Воркс» Тейлор бо ?оринамудани мубориза бо ?аро?от?ои ме?нати исорфкорона ва ва?тгузаронии ?айрисамаранок, ченкунии сарфаи ва?тро барои кор?о (хронометра?) о?оз намуд, ки дар нати?а ба системаи «мене?менти илм?»-и вай дохил шуданд.
Соли 1895 Тейлор ма?олаи аввалини мене?ментии худро нашр намуд. Соли 1903 китоби «Мене?менти сех?» ва соли 1911 « Принсип ва метод?ои мене?менти илм?»- и Тейлор нашр гардид. Баъди баромад дар назди комитети синфии намояндагон оид ба ом?зиши системаи сехии мене?мент, Тейлор ш??рати баландро со?иб шуд. Дар «Мидвейл» ва баъдан дар «Бетхем Стил» Тейлор мене?ментро дар ча?ор параметр та?и?от намуд: ба меъёрдарор?, омили ва?ту вазифа, ?удокунии систематик? ва ом?зиш, омил?ои пул?.
Тейлор асосгузори мене?менти муосир буда ба сифати поягузори илми мазкур Файол, Эмерсон, Форд ва дигар олимон сахми арзандаи хешро гузоштанд.
Пайрав ва шогирдони намоёни мактаби илмии Тейлор мухандиси амрикои Генри Лоуренс Ганнт (сол?ои 1861-1919) мебошад, ки тадкикот?ояшро на ба омузиши амалиёти алохида, балки ба масоили менечменти истехсоли равона кардааст.
Максади асосии Ганнт такмили механизми тараккиёти иктисодиёти кор?она бор охи азнавсозии системаи ташаккули вазифа?о ва таксими мукофот ва кадркунии мехнат мебошад. У системаи музди корро асоснок намуд, ки аз шакли вактбайъ ва корбайъ таркиб ёфтааст.
Ба назарияи идоракунии илми зану шавхар Френк ва Лилиан Гилберт?о сахми арзанда гузоштаанд.Тадкикоти он?о зимни чустчуи рох?ои бехтарини ичрои кор бор охи истифода аз амал?ои одди сурат гирифтааст.
Гилберт?о ба хулосае омаданд, ки дар самаранокии мехнати коргар, ташкили илмии мехнат ахмияти калон дорад. Баъди вафоти Френк хамсари у – Лилиан тадкикотро андаке бо тарзи нав давом дода, ба омили инсони дар истехсолот диккати махсус додаст.
Пайравони дигари мактаби илмии идоракунии Тейлор олими намоёни амрикои Гарринтон Эмирсон (сол?ои 1853-1931) мебошад. У аз руи ихтисосаш лингвист буда, дар сини бисту сесолагиаш рохбарии илмии шуъбаи лингвистикаи Донишгохи штати Небраскаро ба ухда дошт. Вале дере нагузашта Эмирсон аз кори илмии худ даст кашида, ба амалиёти бонкию тичорати машгул мешавад ва баъдтар хисобкуни?ои мухандисию иктисодиро барои рохи охан ичро намудааст. Соли 1900 китоби у «?осилноки чу насоси идоракуни ва музди кор» ва соли 1912 асари дигари у бо номи «Дувоздах принсипи ?осилноки» нашр гардид.
Генри Форд (сол?ои 1863-1947) – асосгузори саноати автомобилсозии Амрико буда, хамзамон яке аз намояндагони назарияи идоракунии илми, муаллифи маъруфи «фалсафаи тачриба» мебошад. Вай назарияеро дар илми менечмент тахрези намуд, к ибо равияи «фордизм» дар сол?ои баъдина машхур гашт ва мохияту мазмуни он дар китоб?ои у «Хаёти манн, дастовард?ои ман», «Имруз ва фардо» гирд оварда шудааснд. Мазмуни асосии назарияи Г.Форд мухтасаран ин тавр аст:
*музди баланди мехнат барои хар як коргар, вале назорати катъи ба фаълияти 48 соатаи он?о дар як хафта;
* таъмини ?олати бехтарини мошин?о, эхтиром нисбати худ ва дигарон
Максади асосии фаъолияти сохибкориашро Форд тан?о дар хизмати халол ва манфиатдор барои чамъият мешуморид. Соли 1914 у дар заводи худ барои кормандон музди мехнати баландтаринро чори намуд.
Сахми бузурги Ф.Тейлор, Г.Гант, Ф. ва Л.Гилберт?о, Г.Форд ва дигарон намояндагони шинохтаи мактаби идоракунии илми дар он аст, ки он?о аз чумла принсип?ои зерини илмии идоракуниро тахрези ва асоснок намуданд.
Мактаби маъмурии идоракуни низ ба мактаби классики менечмент шомил буда дар ташаккули он сахми калон гузоштанд.Намояндагони мактаби идоракунии имлии (Тейлор, Форд, Гилберт?о) тадкикоти худро асосан ба халли масоили мухими ташкили илмии мехнат бахшидаанд.Вале, бо сабаби гузаштани вакт, раванди идоракуни дар натичаи тавсия ва пешни?од?ои чолиби мактаби илмии идоракуни мавкеи ва ахмияти мустакил пайдо намуд ва он дар дар ташаккули фикру андеша?ои нав дар менечмент ё ин ки назарияи маъмури сабаб гардид.
Пайдоиши назарияи маъмурии идоракуни асосан бо номи олими фаронсави Анри Файол алокаманд аст.Файол дар тулии 30 сол (1888-1918) рохбарии ширкати бузурги истихрочи фаронсави-«Комамбол»-ро ба ухда дошт. Собикаи кори у дар ин кор?она хеле тулонист. Хангоми ба вазифаи директории генералии ширкат таъин шуданаш, ин кор?она вокеан дар ?олати муфлисшави карор дошт.Тачрибаи бисерсолаи худро хулоса намуда, А.Файол «назарияи маъмури»-ро тархрези намуд.Маколаи аввалинаш бахшида ба гоя?о ин таълимот дар сохаи идоракуни соли 1900 навишта шудааст.Соли 1916 асари вай бо номи «Идоракуни умуми ва саноат» аз чоп баромад.
Дар катори А.Файол сахми назаррасро дар инкишофи назарияи идоракунии маъмури олимони дигар Л.Урвик ва Д.Муни гузоштанд.
Назарияи навклассики менечмент
Дар адабиёти сохаи менечмент ин назария?о асосан бо номи мактаби «Муносибат?ои инсони ва илм?ои рафтори» шинохта шудааст.
Дар сол?ои 30-50-уми асри ХХ дар мамолики Гарб гоя?ои мактаби нав- «назария?ои навклклассики» бо ном?ои «Муносибат?ои инсони» ва «Илм?ои рафтории идоракуни» васеъ пахн шуд.Сабаби пайдоиши ин таълимот дар он аст, ки назария?ои классики идоракуни омили инсониро хамчун унсури асосии самаранокии ташкилот тан?о то як андозаи муайян ба инобат мегирифтанд.
Хусусияти фаркунандаи назарияи «Муносибат?ои инсони» ин зохир намудани диккати махсус ва бештар ба омили инсони аст. Вокеан, дар хар кор?она чараёни идоракуни махз аз танзими фа?олияти одамон огоз мегардад, ки ин дар хакикат яке аз масъала?ои марказии менечмент мебошад.
Намояндаи дигари назарияи «Муносибат?ои инсони» пажухишгари амрикои Мэри Пракет Фоллетт (1868-1933) мебошад, ки тадкикот?ояшро ба омузиши муносибат?ои ичтимои-рухии гурух?ои хурди мехнати бахшидаст.Асраи илмиаш бо номи Давдали мехнати (1920) уро дар ча?он андеша?ои бизнес ва идоракунии давлати машхур гардонидасст.
Ба ташкили назарияи ва тачрибаи муносибат?ои инсони сахми равоншиноси намоён ва яке аз асосгузорони назарияи навклассики менечмент Элтон Мейо (1880-1949) хеле бузург аст. Вай як катор озмоиш?ои максаднок гузаронидасст, ки бо номи «Озмоиш?ои ?отиромон» маълум аст.
О.Шелдон (1894-1951) ба сифати яке аз ухдадори?ои ичтимои ба коргарон актидаи эхтиромона муносибат кардани шарти мухими фаъолияти инсон донистааст.Вай исбот намуд, ки дар катори самарнок истехсол намудани махсулоту ташкили хуб ва муттасили хизматрасони, сохибкор бояд дар назди истеъсолгарон чавобгарии ичтимоию ахлоки дошта бошад. Аз ин ру нишондоди Шелдон чори намудани техникаю техналогияи нав на тан?о бо максади баланд бардоштани ?осилнокии мехнат, балки барои бехтар намудани бехбудии аъзои чамъият хам равона карда мешавад.
Ч.Бернард (1886-1961) назарияеро ба миён гузошт, ки тибки он хадафи ташкили бизнес бояд ба ниёзи иштирокчиёни бевоситаи он мутобикат кунад.
Намояндагони машхури ин мактаб Ренсис Лайкерт, Дуглас Мак Грегор ва Абрахам Маслоу мебошанд. Дар тадкикоти доманадори хеш он?о тараф?ои гуногуни системаи хавасмандкуни, хусусияти ?окимияти ва нуфуз, сохтори ташкили, иртибот дар ташкилот, сарвари ва гайраро мавриди омузиши чидди карор доданд.Тадкикоти он?о дар сол?ои 60-ум ба пайдоиши навъи махсуси идоракуни-менечменти кормандон сабаб гаштааст.
Назария?ои муосири менечмент
Дар нимаи дуюми асри ХХ дар назарияи менечмент се нуктаи назар ташаккул ёфтанд: чараёни (аз охири сол?ои 50-ум), системави (аз нимаи сол?ои 70-ум) ва ?олати (сол?ои 80-ум).
Аз руи нуктаи назари чараёни дар ташкилот идоракуни чун раванди ягонагию доимии хамкори хисобида мешавад.Менечер бояд дар хамбастии хеле зич функсия?ои накшагири, ташкил, мотиватсия ва назоратро амали гардонад.
Дар замони муосир нуктаи назари системавиро метавон методологияи унверсиалии менечмент хисобид, зеро он хамаи раванд ва зухуроти мухити дохиливу берунаро дар ягонаги ва хамоханги тахлил мекунад.
Нуктаи назари ?олати дар мактаби бизнеси Гарвард тахрези шудааст ва ба менечерон халли фаврии масъала?оро дар ?олат?ои мушаххас пешни?од мекунад.
2.2.Мактаб?ои илмии мене?мент
Аз ибтидои асри ХХ олимон оид ба риво?у равна? додани илми мене?менти муосир кор?ои зиёди тад?и?отию илмиро и?ро намудаанд, ки он?оро ба 4 гур??и калон ?исмат мекунанд:
МАСЪАЛА
Просмотр: 6598
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved