Дата: 2019-10-30
Яке аз мақсадҳои асосии танзими макроиқтисодӣ ин таъмин намудани шуғли пурра мебошад. Дар зери мафҳуми шуғл шумораи аҳолии қобили меҳнат фаҳмида мешавад, ки бо ҷои кор таъмин мебошанд.
Он қисми аҳолии қобили меҳнат, ки муваққатан ҷои кор надоранд ва дар ҷустуҷӯи коранд, бекорон мебошанд. Бекорӣ ҳодисаи объективӣ мебошад ва дар ҳама гуна низоми иқтисодӣ ҷой дорад. Ба объективӣ будани бекорӣ ҳолатҳои зерин сабабгор мебошанд:
- кӯчиши аҳолӣ, яъне одамон пайваста аз як мавзеъ ва ба мавзеъи дигар ё аз як ҷои кор ба ҷои кори дигар ҳаракат мекунанд, бинобар ҳамин ҳамаи онҳо ба кори доимӣ шуғл варзида наметаваонанд.
- тағйироти технологӣ дар истеҳсолот, ки боиси дигаргун шудани тақо-зо ба қувваи корӣ мегардад.
Вобаста ба сабабҳои пайдоишаш шаклҳои зерини бекориро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:
1. Бекории фриксионӣ - бекориест, ки дар натиҷаи ҳаракати қувваи корӣ ба вуҷуд омадааст. Ба чунин гурӯҳи бекорон онҳое дохил мешаванд, ки бо сабаби паст будани музди кор мувақатан бекоранд, ё ин ки онҳое, ки бо иллати иваз кардани ҷои зист муваққатан ҷои кор надоранд ва ғайра. Бекории фриксиониро бекории ихтиёрӣ низ меноманд.
2. Бекории таркибӣ - бекориест, ки дар натиҷаи дигаргуншавии сохто-ри идоракунии истеҳсолот ё ин ки дар натиҷаи тағйироти технологӣ дар истеҳсолот ба вуҷуд омадааст. Ба ин шакли бекорон онҳое дохил мешаванд, ки ихтисосашон ба тағйироти технологӣ ё идоракунии истеҳсолот муво-фиқат накардааст ва муваққатан маҷбур шудаанд, корро тарк кунанд.
3. Бекории даврӣ - бекориест, ки дар натиҷаи пастшавии сатҳи истеҳ-солот ба вуҷуд омадааст. Ба ин шакли бекорон онҳое дохил мешаванд, ки дар натиҷаи муфлисшавии корхонаҳо ё паст шудани сатҳи истеҳсолот муваққатан бекор мондаанд.
Бекориии фриксионӣ ва бекории таркибиро пешгирӣ намудан ғайриим-кон аст, бинобар ҳамин шуғли аҳолӣ дар сурати ҷой доштани онҳо - шуғли пурра номида мешавад.
Шуғли пурра чунин ҳолатеро дар бозори қувваи корӣ меноманд, ки дар он бекории даврӣ вуҷуд надорад. Аз ҳамин ҷиҳат мафҳуми шуғли пурра 100% ҷои кор доштани аҳолии қобили меҳнат ё ин ки умуман вуҷуд надоштани бекориро ифода намекунад.
Усули асосии мубориза ба муқобили бекорӣ инҳо мебошанд:
Просмотр: 4074
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved