DURAHSHON.TJ Universal content of TJK

  • Обратная связь
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Дата: 2019-10-30

Таваррум хислати хоси иқтисоди бозорӣ буда, меъёри аз 5 то 10 фоизи он (таварруми бомаром) дар иқтисод ҳамчун тамоюл ё худ қонунияти мӯътадил эътироф карда мешавад.
Таваррум дар шароити низоми иқтисоди амрӣ (сотсиализм) дар шакли таварруми ниҳон (пинҳон) ва низоми иқтисоди бозорӣ дар шакли таварруми кушод арзи вуҷуд дорад. Тибқи ақидаи баъзе аз иқтисоддонон мавҷуд будани он шарти муҳим ва ногузири рушди иқтисод мебошад.
Новобаста ба афзалият ва нақшу мақоми он дар таъмини рушди иқтисод, аз ҷониби аксарият бештар ба оқибатҳои манфӣ ва таъсири нисбии он ба ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат диққати махсус дода мешавад, ки муҳимтаринашон инҳоянд:
— исбот карда шудааст, ки ҳолати «спиралии» алоқамандии нарх - музди кор - хароҷот - таваррум, ангеза (мотиватсия-р.) - и меҳнат ва ҳавас-мандии одамонро нисбат ба интихоби касбу ҳунар маҳдуд мегардонад;
— ташкил ва тақсими даромадро дар байни иштирокчиёни он маҳдуд гардонда, фарқият ва дороии табақаҳои аҳолиро амиқ мегардонад;
— ҳаҷми пасандоз ва андӯхтро маҳдуд гардонда, вазни қиёсии пасандозро кам ва қисми истеъмолро торафт зиёдтар мекунад;
— таносуби тақсими даромади миллиро дар байни меҳнат ва сармоя, яъне даромади субъектҳои иқтисодӣ, алалхусус, музди кор ва фоида, фонди андӯхт ва фонди истеъмол вайрон мегардонад;
— чи қадаре ки суръати болоравии таваррум тезтар бошад, ҳамон қадар музди кори воқеӣ пасттар мегардад. Қисми андак (ночиз)-и он барои ҳавасмангардонии ҳаққи меҳнат ва аксари он барои омили сармоя ҷудо карда мешавад. Бо ибораи дигар, дар ҳолати баланд рафтани суръати афзоиши таваррум вазни қиёсии меҳнат дар даромади миллӣ кам мешавад.
Дар асоси ин хусусиятҳои фарқкунанда чунин оқибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию маданӣ ва бурунмарзии таваррумро ҷудо мекунанд:

  1. азнавтақсимкунии даромад дар байни гурӯҳ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ, субъектҳои иқтисодӣ (аҳолӣ, фирма, ноҳия, давлат...), алалхусус субъектҳои молия - қарздиҳандагон (бонкҳо ва муассисаҳои қарзӣ) ва қарзгирандагон (аҳолӣ, фирма...);
  2. беқурбшавии  пасандози  аҳолӣ, корхонаю ташкилотҳо ва  воситаҳои буҷети давлатӣ (векселҳо, чек, банкнотаҳо, заёмҳо...);

— ҳарчи бештар маҳдуд гардидани имконияти сармоягузорӣ ба соҳаҳои асосии хоҷагии халқ ва афзудани дараҷаи таваккалии он;
— беқурбшавии фонди истеҳлок ва маҳдуд гардидани раванди такрор-истеҳсоли инфиродӣ дар корхонаҳо;
—  дар натиҷаи нобаробар боло рафтани нарх, ташкил шудани меъёри ҳархелаи фоида ва таносубхои хархелаи такрористеҳсол дар корхонаҳо;
—   ботадриҷ амиқ ва ҳамаҷониба вусъат ёфтани ҷараёнҳои номусоиди иқтисодию иҷтимоӣ: рӯпӯш кардани даромад ва сарчашмаҳои ба вуҷуд ома-дани он, даст кашидан аз пардохти андоз, патенту литсензияҳо, авҷ гириф-тани дуздӣ, фиребгарӣ, пораю ришвахурӣ, маҳаллчигӣ ва ба манфиати хеш анҷом додани ғaйpидавлатикунонии моликият...;

  1. паст шудани сатҳи зиндагонии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, амиқ гаш-тани фарқи байни табақаҳои аҳолӣ, ба миён омадани табақаҳои алоҳидаи аристократӣ ва бо мақсади хеш истифода кардани қисми зиёди сарвати миллӣ;
  2. зиёд гаштани шумораи соҳибкорон, шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, бекорӣ ва пурзӯргаштани раванди муҳоҷирати аҳолӣ, сатҳ ва дараҷаи кам-бизоатӣ;
  3. аз сабаби баланд будани нархҳо ба фурӯш нарафтани қисми асосии молу маҳсулот, боздоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ;
  4. баста шудани корхонаҳо ё худ саросар муфлисшавии корхонаҳои хурд ва дар ин асос зиёд гаштани сафи бекорон;

— ботадриҷ тезутунд гардидани зиддияти иҷтимоӣ, ихтилофҳои меҳнатӣ.
Кулли ин оқибатҳо на танҳо вазъ ва ҳолати иқтисоди миллӣ, балки фазои иқтисоди байналмиллалиро низ ба доми худ мекашад. Таваррум на танҳо муносибатҳои пулию молиявии дохили мамлакат, балки муносибатҳои асъори ҷаҳониро фаро мегирад. Вай ба сатҳ ва дараҷаи нархҳои ҷаҳонӣ таъсир расонда, онро боло мебарорад.
Дар натиҷа рақобатпазирии маҳсулоти содиротӣ паст гардида, рақобат-пазирии иқтисоди миллӣ рӯ ба касодӣ ва каср (дефисит-р.)-и савдои хориҷиро пурзӯр ва муозинии балансҳои пардохтро халалдор мегардонад. Ҳамин тавр, таваррум ҳамчун элементи одди (звенои поёни)-и мегаиқтисод, сабаби муфлисшавии тамоми андӯҳи низоми иқтисоди ҷаҳон мегардад.

Просмотр: 1984

Категории

Ҷомеашиносӣ (Сотсиология)
Ҳуқуқи инсон
Қонунҳо
ҚИССАҲО
Этика ва Эстетика
Энергетика
Экология
Шоирон
Шеърҳо
Фарҳангшиносӣ
Фалсафа
Туризм
Тиҷорати Электронӣ
Тиҷорат (Коммерция)
Таърих
Табрикнома
Суғурта
Системаи иттилоотӣ
Сиёсатшиносӣ
РУШДИ ИНСОНӢ
Психология
Омор (статистика)
Нархгузорӣ
Намунаи ҳуҷҷатҳо
Молшиносӣ
Молия ва қарз
Менеҷмент
Математика
Маркетинг
Маркази Миллии Тести
Макроиқтисод
Логистика
Либос
Консепсияҳои табиатшиносии муосир
Кимиё (Химия)
Иқтисодиёт
Информатика
Идеология
Забони тоҷикӣ
Диншиносӣ
Демография
Дандонпизишкӣ (Стоматология)
Гумрук
География
Бонк
БМ ва дониш
БиоХимия
Биология
Биогеография
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Асосҳои соҳибкорӣ
Андоз ва андозбандӣ
web -дизайн
VBA- барои 2003
PHP ва MySQL

DURAHSHON.TJ

Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.

Рекемендуем

  • Главная
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Информация

Номер тел.

+992 92 854 6699

whatsapp

Email Address

Email : info@durahshon.tj

Location

TAJIKISTAM

© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved