DURAHSHON.TJ Universal content of TJK

  • Обратная связь
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Дата: 2019-10-30

Маълум аст, ки бозор, қонун ва механизми амали он муозинӣ ва мутаносибии тараққиёти иқтисоди миллиро пурра таъмин карда наметавонад. Инкишофу густариши иқтисоди миллӣ дар чорчӯбаи муозинии тарози байни даромад ва хароҷот сурат мегирад ва он бидуни танзими давлатии иқтисод имконнопазир аст. Охирон, новобаста ба хислат ва дараҷаи рушди низоми иқтисодӣ (суннатӣ, амрӣ, бозорӣ, мухталат), дар асоси механизм ва низоми молия, қарз, буҷет, андоз, бонкӣ, пулӣ ташкил карда мешавад.
Маҷмӯи тадбир ва андешаҳои давлат (дар шахсияти ҳукумат ва дигар мақомоти ҳукуқӣ) перомуни истифодаи фишангҳои молиявию қарзӣ оид ба ташкили даромад ва истифодаи он ба мақсади танзим ва истиқрори иқтисо-диёт, амалӣ гардондани сиёсати иқтисодию ичтимоӣ - ҷавҳари сиёсати хазинадори (фискалӣ ё худ сиёсати андозу буҷет)-и давлатро ташкил медиҳад.
Ҳар як ҷамъият ҳавзаҳои махсусе доранд, ки амали онхо бидуни таъсири фишанг ва механизми бозор сурат мегиранд. Онҳо дар адабиёти иқтисодӣ таҳти молҳои ҷамъиятӣ, яъне неъматҳои иқтисодӣ ва хадамотҳое, ки бештар аз ҷониби соҳаҳои мудофиаи мамлакат, илм, идора, фарҳанг, маданият ва ғайра ба таври коллективӣ истеъмол (истифода) мекунанд, машҳуранд.
Дар шароити бозор сиёсати хазинадорӣ барои манфиату дастгирии сектор (бахш)-и хусусӣ ва соҳибкории хусусӣ нигаронида мешавад. Дар ин ҷо ҳар як субъект ва агент (намоянда)-и иқтисодӣ - тавлидгари алоҳида (инфироди)-и неъматҳои иқтисодию ғайрииқтисодӣ ва хадамотҳо буда, фаъолияти хешро дар меҳвари қонунҳои бозор (тақозо, арза, нарх, рақобат, арзиш...) анҷом медиҳад. Бозор мутлақо сирати индивидуалӣ (инфиродӣ) дошта, барои амалӣ гаштани қонунҳои худ ва мақсади худ «кор» мекунад. Аз ин нигоҳ, вай ба тавлид ва таъмини молҳои ҷамъиятӣ ва қонеъ гардондани талаботи онҳо сару кор надорад.
Хароҷоти давлат, асосан, барои харидани молу хадамот харидуфурӯши яроқу аслиҳа, сохтмони роҳҳои нақлиёт; бинохои алоқаю почта, ёрдампулиҳо, пардохти музди меҳнати муаллимон, табибон, сухторхомӯшкунандагон, нафа-қахӯрон, кӯмакпулиҳо барои бекорон, суғуртаи иҷтимоӣ, нигоҳ доштани хона-парваришгоҳҳо ва ғайра масраф карда мешавад.
Тайи даҳсолаи охир дар аксарияти давлатҳои инкишофюююю ёфтаи бозорӣ бо таври васеъ усули бо воситаи буҷет батартибдарории ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ: харида гирифтани корхонаҳои ба касодӣ дучор гардида ё худ ба онҳо дасти ёрӣ дароз кардан ва аз ҳолати буҳронӣ баровардан, васеъ кардани андоза ва ҳаҷми фонди иҷтимоӣ, зиёд кардани нафақа, ёрдам-пулиҳо, имтиёз ба соҳибкорону корчаллонони хурд, ҳифзи муҳити зист, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ғайра вусъат меёбад. Ин тадбирҳо дар амалияи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба назар менамояд.

Саволҳо барои мустаҳкамкунӣ:
1. Молия чист?
2. Вазифаҳои молияро номбар кунед.
3. Пул чист?
4. Моҳияти молияро шарҳ диҳед.
5. Буҷет чист?
6. Танзими буҷетӣ.
7. Қисмҳои буҷет кадомҳоянд?
8. Хислатҳои андозро номбар кунед.
9. Сиёсати хазинадории давлат.

Просмотр: 1708

Категории

Ҷомеашиносӣ (Сотсиология)
Ҳуқуқи инсон
Қонунҳо
ҚИССАҲО
Этика ва Эстетика
Энергетика
Экология
Шоирон
Шеърҳо
Фарҳангшиносӣ
Фалсафа
Туризм
Тиҷорати Электронӣ
Тиҷорат (Коммерция)
Таърих
Табрикнома
Суғурта
Системаи иттилоотӣ
Сиёсатшиносӣ
РУШДИ ИНСОНӢ
Психология
Омор (статистика)
Нархгузорӣ
Намунаи ҳуҷҷатҳо
Молшиносӣ
Молия ва қарз
Менеҷмент
Математика
Маркетинг
Маркази Миллии Тести
Макроиқтисод
Логистика
Либос
Консепсияҳои табиатшиносии муосир
Кимиё (Химия)
Иқтисодиёт
Информатика
Идеология
Забони тоҷикӣ
Диншиносӣ
Демография
Дандонпизишкӣ (Стоматология)
Гумрук
География
Бонк
БМ ва дониш
БиоХимия
Биология
Биогеография
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Асосҳои соҳибкорӣ
Андоз ва андозбандӣ
web -дизайн
VBA- барои 2003
PHP ва MySQL

DURAHSHON.TJ

Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.

Рекемендуем

  • Главная
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Информация

Номер тел.

+992 92 854 6699

whatsapp

Email Address

Email : info@durahshon.tj

Location

TAJIKISTAM

© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved