Дата: 2018-10-18
Балъам? Абулфазл Му?аммад ибни Убайдулло? (с.тав. номаълум – ваф. 14.11.940, Бухоро), олим, арбоби давлат?, вазири Наср ибни А?мади Сомон?. Балъам? та?рибан ним аср – даврони аморати Исмоили Сомон? дар раъиси кор?ои идораи давлати Сомониёндошта, ба шарофати тадбирандеш? ва корсози?ои о?илонаи хеш дар ташаккул ва равна?у шукуфоии нахустин давлати мутамаркази то?икон са?ми бузурге гузоштааст.
Балъам? на тан?о дар идораи кор?ои кишвар истеъдоду ма?орати комил доштааст, балки дар ташкили сипо? ва сарк?б намудани исёнгарону душманони давлати Оли Сомон ?амеша бо сарони сипо? ?амдаст буд ва дар ин корзор?о бо камоли шу?оату мардонаг? размидааст. Аз ?умла сол?ои 921-922 дар набарди зидди исёнгар Лайло ибни Нуъмон иштирок намуда, бар сипо?аш, ки аксар ба ?орату торо?и мардум маш?ул буданд ?олиб омад. Вазири со?ибраъй дар ?ар гуна вазъи бу?рон? тадбире меандешид, ки м??иби рафъи мушкилот ва исти?рори авзоъ мегардид. Балъам? бо сиёсатмадорию хирадманд? бор?о пеши ?ангу хунрезиро гирифта, ?ониб?ои даргирро ба сул? моил кардааст.
Балъам? дар а?ди ша?рёрии амирони Сомон? рисолати исло?оти и?тимо? ва далолати хайрро ба д?ш дошт, бо хиради сиёс? ва фазоили маънавию ахло?ии хеш дар тафаккури таърихи аср?ои миёна чун вазири шоистаи пайрав? ва маз?ари олии вазорат шинохта шудааст. Дар ин замина аз р?згори ин вазири донову тавоно ?икоёту ривоёти зиёд ба ёдгор мондаанд.
Балъам? дар бузургдошти илму дониш ва а?ли он низ шу?раи офо? гардида буд. Ба шарофати ибтикороташ ма?фил?ои шеъру сухан ва илму ?икмат дар дарбори Сомониён ?амеша ??ш мезаданд, адибону олимон аз ну?оти мухталиф ба Бухоро меомаданд ва бо дарёфти инояту саховат ва пуштибонии амирону вазирони Сомон? дар рушди илму адабу фар?анг са?м мегузоштанд. Боризтарин далели гироиш ва иродати Сомониён ба илму фар?анг дастгирию д?стии Балъамиивазир ва Р?дакии шоир аст. Балъам? ба каломи Одамушшуаро Р?дак? ар? мени?од ва ?унару санъаташро дар А?аму Араб беназир мешумурд. Фар?ангпарвар? ва ?ус ни иродати Балъам? ба а?ли илму адаби давр на тан?о мавриди ситоиши порсиг?ён, балки уламову удабои арабзабон ?ам ?арор гардидааст. Баъзе муаллифони аср?ои миёна аз ду асари Балъам? «Тал?е?-ул- бало?а» ва «?итоб –ул-ма?олот ёдовар шудаанд, ки то р?згори мо нарасидааст.
Балъам? соли 938 аз с?и амир Наср ибни А?мад аз вазорат дур шудааст, ки дар ?е? маъхази муътамад ба ?айд наёмадааст, эътимолан дар кораш шикасте рух додаст. Оид ба марги ? низ ахбор дар? нагардидааст.
Баргирифта аз китоби Энсиклопедияи Миллии То?ик. Чилди 2. Душанбе, 2013. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии То?ик, са?.322-323.
Ин китоб ?ариб дар аксари Шуъба?о ва толор?ои хониши Китобхонаи милл? дастрас аст. Аз ин ?илди Энсиклопедияи миллии то?ик шумо ма?олоти фаровонеро оид ба таъриху фар?анг, илм метавонед мутолиа намоед.
Та?ияи Нигина Ма?мудова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир
ба фар?анг ва ?унар
Просмотр: 1241
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved