DURAHSHON.TJ Universal content of TJK

  • Обратная связь
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният

Дата: 2017-10-24

Биотехнология просесси технологиест, ки бо истифодаи системаҳои биологӣ, ё худ организмҳои зинда сурат мегирад. Асоси биотехнологияро дастовардҳои навтарини соҳаҳои илми муосир – биохимия ва биофизика, микробиология ва биологияи молекулавӣ, муҳандисии генетикӣ, химияи антибиотикҳо, иммунология ва ғайра ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди он ки истилоҳи «биотехнология» нисбатан нав аст (солҳои 70 – ўми асри 20 пайдо шудааст), одамон дар замонҳои қадим ҳам бо ин гуна просессҳо шинос буданд. Мисоли равшани он истифодаи хамиртуруш барои нонпазӣ, истеҳсоли ҷурғот, оби ҷав (пиво) ва ғайра.
Самтҳои асосии инкишофи биотехнологияҳои ҳозиразамон биотехнологияи тиббӣ, агробиотехнология ва биотехнологияҳои экологӣ мебошад.
Дар самти биотехнологияи тиббӣ таъсири просессҳои физикии ҳароратӣ, садоӣ, электромагнитӣ ва ғайраро ба узвҳои организми зинда муайян намуда, дар ин асос усулхои нави физиомуолиҷа инкишоф дода мешавад. Бо ин васила ба роҳу усули муолиҷаи ғайрианъанавӣ ва тибби халқӣ равшанӣ андохтан мумкин аст.
Биотехнология дар соҳаи дорусозӣ низ татбиқи васеъ дорад. Яке аз дастовард-ҳои муҳим дар ин самт ихтирои антибиотикҳо мебошад. Самти нав ва муҳими био-технологияи тиббӣ истеҳсоли витаминҳо, воситаҳои ташхисӣ, пластмассаҳои ҳалшаванда ва биоиловаҳои ғизоӣ мебошанд.
Яке аз муваффақиятҳои биотехнологияи асри 20 – истеҳсоли поруҳои маъданӣ ва пеститсидҳо мебошад, ки ҳосилнокии растаниҳоро баланд намуда ба «инқилоби сабз» замина гузошт. Вале, дере нагузашта маълум шуд, ки дар натиҷаи ин инқилоб маҳсулоти ғизоӣ ба нитратҳо ва заҳрхимикатҳо олуда шуданд. Дар натиҷа ба маҳсу-лоти «аз назари экологӣ тоза» эҳтиёҷ пайдо гардид, ки бо вуҷуди гаронии нарх талаботи бештар пайдо кардааст.
Биотехнологияи муосир яке аз воситаҳои муҳими ҳалли проблемаҳои экологӣ ба шумор меравад. Бо ин усул микроорганизмҳое истифода мешаванд, ки бо ёрии онҳо обро аз ғашҳои нафтӣ тоза мекунанд.
Яке аз шохаҳои муҳимтарини биотехнология, ки дар назди инсоният имконият-ҳои васеъ мекушояд, муҳандисии генетикӣ мебошад. Муҳандисии генетикӣ ҳамчун як бахши биологияи молекулавӣ солҳои 70 – ўми асри 20 пайдо шуда, роҳҳои коркарди комбинатсияҳои нави ашёҳои генетикиро муайян менамояд, ки дар дохили ҳуҷайраҳо афзоиш ёфта, маҳсулоти ниҳоиро синтез мекунанд. Бо ин усул микроорганизмҳои трансгенӣ ҳосил карда шуданд, ки дар баробари гени бактерияҳо, гени организмҳои дигар, аз ҷумла, одамро низ доштанд. Дере нагузашта имкон пайдо гардид, ки бо роҳи синтези микробӣ моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол, ки дар бофтаҳои растанӣ ва ҳайвонот мавҷуданд (масалан, инсулин барои касалии қанд), ҳосил карда шаванд.
Муҳандисии генетикӣ имкон медиҳад, ки организмҳои биологии нав - растаниҳо ва ҳайвоноти трансгенӣ ба воя расонида шаванд. Дар натиҷа соҳаи нави истеҳсолот – биотехнологияи трансгенӣ ба вуҷуд омад, ки ба коркард ва  истифодаи организмҳои трансгенӣ машғул аст.
Дар шароити лабораторӣ коркарди микробҳои трансгении хосиятҳои гуногун дошта ба роҳ монда шудааст. Дар айни замон истифодаи ин микробҳо дар муҳити кушод (дар табиат) қонунан манъ карда шудааст, зеро оқибати ин корҳо то ҳол номаълуманд.
Бо вуҷуди ин дар соҳаи коркарди растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳои трансгенӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Дар давоми 15 – 20 соли охир зиёда аз 25 ҳазор навъи растаниҳои трансгенӣ аз таҷрибаҳои саҳроӣ гузаронида шудаанд. Соли 2000 – ўм дар ҷаҳон масоҳати кишти зироатҳои трансгенӣ ба 28 млн. га расида, ҳосили рўёнидашуда ба 3 млрд. доллар расида буд.
Зиёда аз 25 сол мешавад, ки байни тарафдорон ва муқобилони организмҳои трансгенӣ баҳсу мунозира давом дорад. Аз ин сабаб зарур аст, ки муносибатҳо дар соҳаи биотехнологияҳои нави муҳандисии генетикӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шавад.        

Просмотр: 3006

Категории

Ҷомеашиносӣ (Сотсиология)
Ҳуқуқи инсон
Қонунҳо
ҚИССАҲО
Этика ва Эстетика
Энергетика
Экология
Шоирон
Шеърҳо
Фарҳангшиносӣ
Фалсафа
Туризм
Тиҷорати Электронӣ
Тиҷорат (Коммерция)
Таърих
Табрикнома
Суғурта
Системаи иттилоотӣ
Сиёсатшиносӣ
РУШДИ ИНСОНӢ
Психология
Омор (статистика)
Нархгузорӣ
Намунаи ҳуҷҷатҳо
Молшиносӣ
Молия ва қарз
Менеҷмент
Математика
Маркетинг
Маркази Миллии Тести
Макроиқтисод
Логистика
Либос
Консепсияҳои табиатшиносии муосир
Кимиё (Химия)
Иқтисодиёт
Информатика
Идеология
Забони тоҷикӣ
Диншиносӣ
Демография
Дандонпизишкӣ (Стоматология)
Гумрук
География
Бонк
БМ ва дониш
БиоХимия
Биология
Биогеография
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Асосҳои соҳибкорӣ
Андоз ва андозбандӣ
web -дизайн
VBA- барои 2003
PHP ва MySQL

DURAHSHON.TJ

Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.

Рекемендуем

  • Главная
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Информация

Номер тел.

+992 92 854 6699

whatsapp

Email Address

Email : info@durahshon.tj

Location

TAJIKISTAM

© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved