DURAHSHON.TJ Universal content of TJK

  • Обратная связь
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Табиати зинда, хусусиятҳо ва савияҳои ташаккули он

Дата: 2017-10-24

   Табиати зиндаи рўи Замин ниҳоят гуногуншаклу гуногунранг аст. Аз рўи сохти ҳуҷайрагӣ организмҳои зинда ба беҳуҷайра ва ҳуҷайрадорҳо ҷудо мешаванд. Шакли беҳуҷайраи ҳаёт вирусҳо ва фагҳо мебошанд. Вирусҳо мавҷудотанд, ки байни организмҳои зинда ва ғайризинда ҷойгир шудаанд. Дар замони ҳозира зиёда аз 500 навъи вирусҳо ба қайд гирифта шудаанд.
Мавҷудоти ҳуҷайрадор ба чор гурўҳ – бактерияҳо, растаниҳо, замбўруғҳо ва ҳайвонот ҷудо мешаванд. Бактерияҳо яке аз шаклҳои қадимтарини ҳаёт дар рўи Замин ба шумор мераванд. Ҳар яке аз ин гурўҳҳо дар навбати худ аз синфҳо, оилаҳо, авлодҳо, намудҳо, популятсияҳо ва фардҳо иборатанд. Пайдоиши чунин гуногунрангиву гуногуншаклӣ натиҷаи инкишофи таърихии олами мавҷудоти зинда ва эволютсияи вай мебошад.
Олами растаниҳои муосир зиёда аз 500 ҳазор намудро дарбар мегирад. Олами ҳайвоноти имрўза зиёда аз 1,5 миллион намуд иборат мебошад. Дар замони ҳозира тақрибан 100 ҳазор намуди замбўруғҳо ба қайд гирифта шудаанд.  
Организми зинда системаи мураккаби просессҳои химиявӣ мебошад, ки дар ҷараёни он вайроншавӣ ва барқароршавии таркибҳои органикии молекулавӣ пайваста сурат мегирад. Биологияи молекулавии муосир муқаррар намудааст, ки тамоми мавҷудоти зинда, аз микроорганизмҳои соддатарин то инсони бошуур, таркиби якхела дорад. Оне, ки мо ҳаёт меномем натиҷаи таъсири мутақобилаи ду намуди молекулаҳо – кислотаҳои нуклеат ва сафедаҳо мебошад. Дар якҷоягию ҳамбастагӣ ин ду навъи молекула асоси ҳаёти биологиро ташкил медиҳанд.
Бунёди организми зинда аз ҳисоби синтези сафеда дар ҳуҷайраи он ба амал меояд. Синтези сафеда бошад бо ёрии кислотаҳои нуклеат сурат мегирад. Сафедаҳо макромолекулаҳои мураккабанд, ки аз пайвастаҳои химиявии аминокислотаҳо номида шаванда таркиб ёфтаанд. Яке аз муаммоҳои ҳаёт аз он иборат аст, ки аз 100 аминокислотаҳои маълум танҳо 20 - тояш дар ташаккули сафедаҳо иштирок менамоянд. То ба ҳол маълум нест, ки чаро маҳз ҳамин 20 -  тои аминокислота дар синтези сафедаҳо иштирок мекунанд.
Масъалаи дигар – аломатҳое, ки организми зиндаро аз ғайризинда фарқ мекунад, яъне «зинда аз ғайризинда бо кадом хосиятҳо фарқ мекунад?».
Аломатҳои ба мавҷудоти зинда хос зеринҳоянд:
- мубодилаи модда, яъне истеъмоли ғизо;
- нашъунамо, яъне қад ёзондан ва тануманд шудан;
- ҳаракатнокӣ, яъне дар фазову вақт мавқеъ ва хосияти худро дигар кардан;
- афзоиш, яъне аз худ насл боқӣ гузоштан;
- мутобиқшавӣ ба шароити додашуда ва ё тағйирёфтаи муҳити атроф;
- ангезишнокӣ, яъне ба таъсири беруна эътино кардан (ҷавоб гардонидан);
Ҳар яке аз ин аломатҳо дар алоҳидагӣ ба объектҳои ғайризинда низ хос мебошад. Вале дар якҷоягӣ ин шаш аломатро танҳо организми зинда соҳиб мебошад. Ин аломатҳо дар маҷмўъ меъёрест, ки зиндаро аз ғайризинда фарқ мекунад.
Системаҳои зиндаи табиат савияҳои гуногуни ташаккули хешро доранд.
Савияи нахустини ташаккули системаҳои зинда – популятсияро маҷмўи фардҳои як намуди организмҳои зинда ташкил медиҳанд, ки генофонд ва муҳити зисти ягона дошта, байни худ дар робита мебошанд. Мувофиқи тасаввуротҳои ҳозиразамон на фардҳои алоҳида, балки маҳз популятсияҳо воҳидҳои элементарии эволютсия шуморида мешаванд.
Савияи дигари ташаккули олами зиндаро системаи популятсияҳои гуногун ташкил медиҳад, ки биосеноз номида мешавад. Биосеноз маҷмўи растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳоянд, ки муҳити зисти шароити якхелаи ҳаётӣ доштаро ишғол мекунад (масалан, марғзор, бешазор, соҳили дарё, кўл ва ғ).
Маҷмўи биосенозҳои гуногун, ки аз шароитҳои географӣ, иқлимӣ, атмосферӣ ва ғ. боз ҳам бештар вобаста аст, савияи биогеосенози табиати зиндаро ташкил медиҳад. 
Ниҳоят, маҷмўи биосенозҳои гуногуни рўи Замин савияи охирини ташаккули системаҳои зиндаро ташкил медиҳад, ки биосфера номида мешавад.
Биосфера, ки «қабати ҳаётӣ» - и сайёраи Замин мебошад, қисми поёнии атмосфера, қабати болоии қишри Замин ва тамоми гидросфераро дар бар мегирад.

  
Нахустасоси мавҷудияти биосфера мавқеи астрономии сайёраи мо нисбат ба Офтоб (пеш аз ҳама масофаи байни Замину Офтоб) ва хамии меҳвари Замин нисбат ба ҳамвории эклиптика, ё худ ҳамвории мадори Замин ба шумор меравад. Ҳамин гуна ҷойгиршавии фазоии Замин иқлими онро муайян мекунад. Иқлим, дар навбати худ, сиклҳои ҳаётии тамоми мавҷудоти зиндаро муқаррар менамояд. Офтоб манбаи асосӣ ва ягонаи энергияи биосфера буда, кулли просессҳои физикӣ, химиявӣ, геологӣ ва билогиро ба низом медарорад. Аз ин ҷост, ки яке аз кашшофони қонуни бақо ва табдили энергия, табиатшиноси немис Юлиус Майер ҳаётро офаридаи нури Офтоб номидааст.

Просмотр: 4345

Категории

Ҷомеашиносӣ (Сотсиология)
Ҳуқуқи инсон
Қонунҳо
ҚИССАҲО
Этика ва Эстетика
Энергетика
Экология
Шоирон
Шеърҳо
Фарҳангшиносӣ
Фалсафа
Туризм
Тиҷорати Электронӣ
Тиҷорат (Коммерция)
Таърих
Табрикнома
Суғурта
Системаи иттилоотӣ
Сиёсатшиносӣ
РУШДИ ИНСОНӢ
Психология
Омор (статистика)
Нархгузорӣ
Намунаи ҳуҷҷатҳо
Молшиносӣ
Молия ва қарз
Менеҷмент
Математика
Маркетинг
Маркази Миллии Тести
Макроиқтисод
Логистика
Либос
Консепсияҳои табиатшиносии муосир
Кимиё (Химия)
Иқтисодиёт
Информатика
Идеология
Забони тоҷикӣ
Диншиносӣ
Демография
Дандонпизишкӣ (Стоматология)
Гумрук
География
Бонк
БМ ва дониш
БиоХимия
Биология
Биогеография
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
Асосҳои соҳибкорӣ
Андоз ва андозбандӣ
web -дизайн
VBA- барои 2003
PHP ва MySQL

DURAHSHON.TJ

Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.

Рекемендуем

  • Главная
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Информация

Номер тел.

+992 92 854 6699

whatsapp

Email Address

Email : info@durahshon.tj

Location

TAJIKISTAM

© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved