Дата: 2017-10-24
Дар ?ама давру замон яке аз масъала?ои му?имтарин, ?олиби ди??ат, ба?снок ва хамзамон мураккабтарини табиатшинос? проблемаи пайдоиши ?аёт ва табиати зинда ба шумор мерафт. Биология ?амчун таълимот оид ба ?аёт ва табиати зинда дар замон?ои ?адим пайдо шуда, таърихан чун илми тасвирии щаклу намуд?ои гуногуни олами наботот ва ?айвонот инкишоф ёфтааст. Бино бар он дар биология усул?ои та?лил ва таснифи маълумот?ои сершумори тачрибав? оид ба табиати зинда мав?еи му?им дорад. Яке аз таснифоти (классификатсияи) аввалини олами растани?о ва хайвонот ба ?алами олимони асри 18 Карл Линей ва Жорж Бюффон тааллук дорад, ки бо сабаби ба эътибор нагирифтани омил?ои пайдоиш ва инкишофи организм?ои зинда бештар хусусияти (характери) сунъ? доштанд. Бо ву?уди ин таснифоти зикршуда барои ?амъбаст намудани дониш?ои биолог?, та?лилу тад?и?и сабаб?о ва омил?ои пайдоиш ва инкишофи система?ои зинда мусоидат намуданд. Дар заминаи ма?з ?амин тад?и?от имкон пайдо гардид, ки олимон сохтор?ои зиндаро аввал дар савияи ?учайраг? ва сониян, дар савияи молекулав? та??и? намоянд. ?айр аз ин омўзиши та?лили тан?идии тад?и?оти зикршуда биолог?оро водор сохт, ки аз таснифоти сунъ? ба таснифоти таби? рўй оваранд. Чунин кўшиш?оро мо дар тад?и?от?ои табиатшиноси шинохтаи фаронсав? Жан Батист Ламарк мебинем. Вай маълумот?ои зиёди илмии дар биологияи ибтидои асри 19 ?амъ шударо та?лилу та??и? намуда, дар таълимоти худ па?лу?ои сифатан нави на?ши му?ити атрофро дар инкишофи организм?ои зинда муайян намуд. Агар то Ламарк му?итро ?амчун омили ба организм зараровар, ё ?е? набошад омили беасар шуморанд, пас ба туфайли Ламарк вазъи му?ити атроф шарти асосии эволютсияи шакл?ои зинда шинохта шуд.
Бо маф?уми эволютсия мо дар мавзўъ?ои пештара низ дучор шуда будем (эволютсияи космологии Олам, эволютсияи геолог? ва ?айра). Дар ин маврид?о эволютсия просесс?ои тўлон?, тадри?? ва та?йирот?ои о?истаро ифода менамояд, ки дар ни?ояти кор ба та?йирот?ои ?атъии сифатии ?олати система меоварад. Дар таълимоти Ламарк маф?уми эволютсия ма?з ?амин маъноро ифода менамояд. Мувофи?и ин таълимот эволютсияи организм?ои зинда дар та?ти таъсири самтбахшии му?ити атроф ба амал меояд. Ма?з ба тавассути таьсири ин му?ит организм?о хусусияти барои ?аёт судбахшро со?иб мешаванд ва минбаъд аз насл ба насл меди?анд. ?амин тавр, мувофи?и а?идаи Ламарк ?амаи аломат?о ва хусусият?ои судбахши ба даст овардаи организм?ои зинда мерос? мебошанд ва самти минбаъдаи эволютсияро муайян менамоянд. Ин таьлимот дар таьрихи биология бо номи ламаркизм маълуму маъруф аст.
Мувофи?и ин таълимот намуд?ои организми зинда аз ачдодони дури хеш бо ро?и мутоби? шудан ба шароити та?йирёфтаи му?ити атроф пайдо шудаанд. Масалан заррофа гўё барои ба барги дарахти баланд расидан гардани худро дароз кардааст ва гуё ин аломат тадри?ан ба насл?ои оянда гузаштааст. Ё худ гардани парранда?ои об? барои ?ўта назада доштани сайди худ дар нати?аи такрор ба такрор маш? кардан дароз шудааст. ?амин тавр, Ламарк ба шароити му?ити атроф мутоби? шудани организми зиндаро нати?аи маш??ои такрор ба такрор ?исобида та?йирпазирии ирс? ва мутоби?шавиро хамон як просесс мефа?мад. ?айр аз ин камбудии дигари ламаркизм ба эътибор нагирифтани таъсири мута?обилаи диалектикии организми зинда ва му?ити атроф мебошад.
?алли классикии ин масъала ба ?алами табиатшиноси бар?астаи англис Чарлз Дарвин тааллу? дорад. Вай масъала?ои зиёди назарияв? ва та?рибавии олимони пештара, аз ?умла Ламаркро та?лил намуда, дар саё?ати илмии гирдизамин? иштирок намуд ва бо олами набототу ?айвоноти минта?а?ои гуногуни Замин аз наздик шинос шуд. Дар нати?аи ин тад?и?от Дарвин се ?онуни асосии эволютсияи табиати зиндаро кашф намуд, ки принсип?ои назарияи классикии эволютсия дар биология номида мешавад. Принсипи якум му?аррар менамояд, ки та?йирпазир? хусусияти ?удоинопазирии ?ар як мав?удоти зинда аст. Яъне ?ар як организми зинда ?ар ла?за ва доимо аломат?ои худро та?йир меди?ад. ?амин аст, ки дар табиат ду организми комилан монанд мав?уд нест. ?ар ?адар табиатро омўзем, ?амон ?адар боварии ?атъ? ?осил мешавад, ки принсипи та?йирпазир? характери умум? ва универсал? дорад. Масалан ?ангоми мушо?идаи рўяк? ба назар чунин менамояд, ки гўё ?амаи дарахтони себзор якхелаанд. Вале мушо?ида?ои боди??атона нишон меди?анд, ки яке аз дарахтон реша?ои ?афстар ва чу?ур рафта дошта, бино бар он ба хушк? тобовартар аст; пўсти танаи дарахти дигар ?афстар ва ба хунук? тобовартар мебошад ва ?оказо. Дар шароит?ои мўътадил ин фар?ият?о ба инкишофи дарахтон таъсири назаррас намерасонанд. Вале дар шароит?ои номусоид (хушксол?, зимистони ?а?ратун) ?ар яке аз фар?ият?ои ночизи зикршуда ба ?амон тайироти ?алкунанда табдил меёбад, ки ?аёт ва мамоти организмро муайян менамояд.
Дарвин бар хилофи Ламарк, ду намуди тайирпазириро фар? мекунад. Та?йирпазирии фард? ё худ номуайян, та?йирпазириест, ки аз насл ба насл дода мешавад. Ба та?йирпазирии гурў??, ё худ муайян ?амон гурў?и организм?о дучор мешаванд, ки дар та?ти таъсири омил?ои муайяни му?ити беруна ?арор гирифтаанд. Мувофи?и тасаввурот?ои ?озира та?йирпазирии муайян мерос? намебошанд. Дар замони ?озира та?йирпазирии фард? мутатсия ва та?йирпазирии гурў?? модификатсия номида мешаванд.
Принсипи дуюми назарияи Дарвин зиддият?ои дохилии инкишофи табиати зиндаро ифода мекунад. Ин зиддият аз он иборат аст, ки аз як тараф ?амаи навъ?ои организм?о майли аз рўи прогрессияи геометр? афзудан доранд, вале, аз тарафи дигар тан?о ?исми камтарини насл зинда монда, ба воя мерасад. Дар ?а?и?ат растани?о ?ар сол сад?о ва ?азор?о тухм меди?анд, мо?? бошад то миллион тухм мепошад, вале тан?о андаки ин тухм?о ба дарахт ва мо?? табдил ёфта, ба воя мерасанд ва ?обилияти насл додан пайдо мекунанд. Ин зиддияти дохил?, ки мубориза барои ?аёт ном дорад, муносибат?ои мухталифи байни организм?оро ифода мекунад. Ин муносибат?о ?ам ?амкории дохилинамудиро бар зидди шароит?ои номусоиди му?ити атроф, ?ам ра?обати байни организм?оро барои дарёфти ?изо ва ?ам мав?еи хубтари зист иш?ол намуданро дар бар мегирад. Аз ин ну?таи назар одатан муборизаи дохилинамуд? ва байнинамудиро фар? мекунанд.
Принсипи сеюм, ки принсипи интихоби таби? номида мешавад, дар назарияи эволютсияи Дарвин на?ши фундаментал? мебозад. Ин принсип му?аррар менамояд, ки чаро аз насли сершумори имконпазири организм?ои зинда тан?о ?исми ночизи он зинда монда ба бало?ат мерасанд. Яьне дар табиат механизми махсуси интихоб мав?уд аст, ки он организм?ои ба шароити мав?уда ва ё та?йирёфтаи му?ити атроф мутоби?нашударо интихобан нобуд мекунад.
Тавре худи Дарвин кайд намудааст, ин нати?а?о о?ибати ?онуни умум? аст, ки инкишофи тамоми мав?удоти зиндаро таьмин менамояд. Ин – ?онуни афзоиш, та?йирёб? ва зинда мондани организм?ои аз ?ама ?авитар ва фавтидани организм?ои аз ?ама заифтар мебошад.
Махсусияти хоси интихоби таби? аз он иборат аст, ки просесси та?йирот, аз як тараф тадри?? ва суст буда, аз тарафи дигар, ин та?йирот?о тадри?ан ?амь шуда ба та?йироти бузург ва ?алкунанда табдил меёбад ва дар ни?оят ба пайдоиши намуд?ои нав меоварад.
Просмотр: 3901
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved